Хушбахт Ҳайдаршо 31-уми январи соли 1959  дар деҳаи дурдасти Ускроғи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна бо баҳои аъло, ба яке аз машҳуртарин муассисаҳои таҳсилоти олии давр – шуъбаи забони арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва онро бо мувафақкият хатм намуд. Барои ҷавононе мисли Хушбахт, ки ташнаи озодии фаъолият ва эҷодиёт буданд, имкониятҳои зиёде ба вуҷуд омада буд. Ба сони “Машриқи сад офтоби маънавӣ”(Мавлоно), Хушбахт Ҳайдаршо чун чилваи нури маърифати тобнок дурахшид. Шабеҳи нависандаи  озодманиш Хушбахт қолабҳои зеҳниро дуртар аз фаросӯи расмӣ бурд, барои атрофиён фурсати изҳори гузинаи ҷавонмардиро дод.  Хушбахти Ҳайдаршо, дар радифи равшанфикрони содиқи Ватан дар аввали солҳои 90-ум, бо қаламфарсоии беназир ва сарсупурдагии касбӣ бунёди журнализми публитсистиро дар шароити нав гузошт. Хусусияти нигориши Хушбахти Ҳайдаршо, содда ва ҷавобгӯйи замон буда, масъалагузориҳои бамаврид ва вокуниш ба ҳодисаҳои пурталотуми даврони тоза ба Истиқлолият расидаи Тоҷикистонро бо такя ба тафаккури ноби шарқшиносӣ бозгӯӣ мекарданд. Аз донишҳои фарохи дипломатӣ, сиёсӣ ва улуми тарҷумонӣ бархӯрдор буданду сафарҳои дурудароз ба кишварҳои хориҷӣ, ҷаҳонбинии Хушбахт Ҳайдаршоро аз ҳамкасбони ҷавонаш мутафовиттар ҷилва медод.  Падидаи нодири ин навъи публитсистика, натанҳо роҳи ҳалли бурунрафти проблемаҳои доғи ҷомеаро рӯнамоӣ мекард, балки тақдири муаллифони ин маводи тадқиқоти журналистиро ҳам бинобар буҳрони фарогири иҷтимоӣ-сиёсӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мекард.

Шинохти комили равандҳои диникунонии ҷомеа дар кишварҳои араб, чун солиёни дароз Хушбахт Ҳайдаршо дар он ҷо таҷрибаи мушовирӣ ва мутарҷимӣ андухта буд, ӯро ба хулосае овард, ки роҳи халосии ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли сотсиалистӣ, танҳо сохти дунявият ва пешрафти бесобиқаи илмӣ-техникӣ мебошад.

Ин тарзи тафсири масоили сиёсӣ, бо он, ки ғайриқолабӣ ва навгонӣ маҳсуб мешуд, ба доираҳои манфиатдори  хурофотпараст, чун гулӯ дар устухон буд, зеро онҳо барои мутлақандешӣ ва ҳамсонсозии андешаи миллӣ тадбирҳои хатарнокро рӯйи даст гирифта буданд. Рақиби бедордил Хушбахт бо сони марди мубориз гули сари сабади маҳфилҳо оид ба худшиносии рӯ ба рушд буд. Замони шӯравӣ маҷоли даст задан барои баҳсҳои калони миллӣ камрангтар буд,

Як хусусияти муҳимми услуби нигориши Хушбахти Ҳайдаршо ҳақиқатнигории ӯ буд.  Воқеаҳои рухдодаро дар тарозуи ҳунар ва санги маҳак мерехт ва онро бо як санъати тавсифи бемислу монанд мекорид, ки хонандаро мафтуни навиштаҳояш мекард. Ин журналисти шинохта дар ҷомеа дӯстони содиқ ва табиист, мисли ҳар нухбаи масири ҳунар, рақибони оштинопазир дошт. Мардум ба сурати муштарак аз коркарди Хушбахти Ҳайдаршо истиқбол мекарданд. Вале қувваҳои навзухӯри ба ном «оппозитсионӣ» ба роҳи Хушбахт, ки тавъам бо ободкориву созандагӣ буд, ба ҳар навъе мухолифат нишон медоданд. Ин ҳалқаҳои муфсид ва мансабдӯстони ашадӣ, интиқоди Хушбахтро ба гунаи душманӣ унвон карда, барои зеҳниятсозии афкори омма бар зидди ӯ корҳои пинҳониро оғоз карданд. Мардуми қадрдони тоҷик, то вақте имкон даст медод, сипари Хушбат ва нигоштаҳои ӯ буданд. Ҳамин зикри хайр ва поси хотир аст, ки номи инсонҳои соҳибэҳтиром ва баобрӯро бо мурури даҳсолаҳо зинда ва равшан нигоҳ медорад.

Барҳақ, инсони комил қутбнамои роҳи ҳақиқат ва солики масири зиндагист. Бо мушкилоти рӯзгор Хушбахт Ҳайдаршо оштӣ надошт. Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед мегуфт. Мавқеъгириҳои созгор ба манфиати миллӣ дошт. Ба вақти худ ва дигарон арҷ мегузошт. Устод Хушбахт Ҳайдаршо аз зумраи ҳамин нухбагони соҳаи журналистика буд, ки дар муҳити аҳли қалам бо росткорӣ ва фидокории беандоза ном бароварда буд.

Чун меҳандӯсти асил, ҷашни Истиқлолияти давлатиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфт ва барои ҳифзи армонҳои асили ватанхоҳӣ қад алам кард. Яке аз номдортарин журналисти соҳаи жанри публистика буд. Дар ҳамин давра китобе бо номи “Сиёҳ ва сафед” дар бораи аввалин журналисти точик муҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Н.Абдуллоев  таҳия ва ба нашр расониданд. Дар ҳошияи ин китоб дар бораи риёкории ходимони хурофотпараст ва риёкор таҳлилҳои воқеӣ доштанд. Солҳои 90-ум ҳамчун котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) бо қалам ва қадам мардонавор дар муқобили  қувваҳои иртиҷоие, ки Ватанро ба варта мебурданд, меистод.  Ба таъкиди дӯстон, ки “Хосияти ин маърака оҷизкушӣ аст. Ин ҷо зинҳор, нотавон манмой», Хушбахт гӯш намедод. Лаҷомгусехтаҳо ва боқимондаҳои қишри вопасгарои қуруни вустоӣ дар он солҳои наҳс ӯро ба тахаллуси “журналисти коммунист”, “бадтарин хабарнигор” ноҷавонмардона ва беадолатона ном мебурданд. Намедонистанд, ки гусастани риштаи умри нависандагони нобиға, ҳаргиз ва ҳаргиз осон нест, ҳарфу суханҳои ноби аз умқи санг сайқалёфта ва ба дили мардум ҷойёфта, хозираи Хушбахт баринҳоро ҷовидона нигоҳ медорад.  Хушбахт аз зумраи касоне буд, ки сар медиҳанду сангар не.

Чун бо истодагарии Х.Ҳайдаршо муқобилият кардан натавонистанд, ин гумроҳони аср, 19-уми майи соли 1994 дар назди ҷойи зисташ дар шаҳри Душанбе ӯро куштанд.  Омилони куштор аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, он чоҳилони шуурӣ буданд. Бузурге фармудааст, ки «инсонҳои асил ва нобиға чун ситораи дурахшони каҳкашон ҷилвагаранд. Чун худ шамъвор месӯзанд, роҳро барои дигарон равшан мекунанд, барои равшангаранд, гармиву сурур ба қалби инсонҳо нисор мекунанд ва бармегарданд бовиқор бар сӯи ёдҳо».

Имрӯз рӯҳи поки Хушбахт дар Ватан дар парвоз аст, вале он наҳзатиҳои хунхор, ки дар қатли ин рӯзноманигори оташинсухан даст доштанд ҳамеша заифу бенавоянд, ғурбатнишинанд. Чунин аст подоши амал ва қонуни нонавиштаи зиндагӣ.

 Салим Шеров, рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь