Воқеияти таърихӣ ин аст, ки миллати куҳанбунёду мутамаддини тоҷик дар масири пурпечу фарози таърих бисёр абармардҳои донишманд ва сиёсатмадорони бузургеро тарбия намуда, ба арсаи сиёсат овардаанд, ки онон бо дониш ва ақлу заковати хеш идораи умури давлатро бар ӯҳда гирифта, ҳатто амирону султонҳои ғосибро раҳнамоӣ менамуданд ва дар пояи адлу адолат ва ҳақиқату раиятпарварӣ, дар устувор нигоҳ доштани пояи давлатдорӣ нақши муҳим бозидаанд. Яке аз ин гуна чеҳраҳои фурӯзон ва ахтарони ноёби тоҷик, шахсиятҳои нексиришт, донишманди барҷаста, вазири нотакрор Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ, маъруф ба Низомулмулки Тусӣ ба шумор меравад, ки ӯ на танҳо дар таърихи халқи тоҷик, балки дар таърихи куллӣ ақвому халқиятҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон нақши муҳим бозидааст.
Низомулмулк соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тӯс, дар оилаи Низомулмулк чашм ба олами ҳастӣ кушода, даврони кудакӣ ва айёми таҳсили ибтидоияшро дар зодгоҳаш гузаронида, хату савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ азхуд менамояд ва ба гуфтаи Ибни Фундуқ, вай “хислати пире бо чеҳраи кӯдак дошт”. Дониш ва ақлу заковати баландаш имконият фароҳам овард, ки ӯро ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб намоянд ва бо истеъдоди фавқулоддае, ки дошт, аз вазифаи дабирӣ то мақоми вазорат дар замони Салчуқиён расида ва бо фазилату идроки хеш тавонист низоми давлатдории ниёгонаш – Сосониён ва Сомониёнро дар замони вазорати худ дар давлати туркони Салҷуқӣ татбиқ намояд.
Қобил ба зикр аст, ки Низомулмулк дар муддати қариб 30 сол (1063 – 1092) вазирии хеш дар империяи бузурги Салчуқиён дар идоракунии кишвар, саркӯбии мухолифони сулолаи салчуқӣ ва фатҳи кишварҳои ҳамсоя кӯшишу тадбири зиёде нишон дод, ки давлати Салчуқиёни ин давр ба муқтадиртарин давлатҳои ҷаҳони онрӯза мубадал гардида, ҳудуди паҳновареро аз соҳили Баҳри Миёназамин то Қошғар дарбар мегирифт.
Воқеан, нақши вазир Низомулмулк (1063-1092) баҳри шукуфоиву тараққии давлатдории Салчуқиён ниҳоят бузург аст. Ӯ ба таҷрибаи хонадони Сомониён ва Ғазнавиён такя карда, империяи боазамати Салҷуқиёнро ба низоми муайян дароварда, худсариву саркашии сипоҳиёни туркман ва ашрофу рӯҳониёни тоҷикро низ то андозае пешгирӣ кард. Маҳз дар даврони вазорати ин вазири донишманд давлатдории Салҷуқиён ба дараҷаи баландтарини худ расид. Дар ин маврид, яке аз муҳаққиқини осору аҳволи Низомулмулк Аббоси Иқбол менависад: “Хоҷа Низомулмулк дар муддати бисту нӯҳ солу ҳафт моҳ, вазорат дар зери дасти Албарслон ва Маликшоҳ дар идораи умур ва фатҳи билол (кишварҳо С.М.) ва саркӯбии мухолифини ин ду подшоҳ чунон кифоят ва ҳусни тадбир ба харҷ дод, ки давлате васеъ аз Ҳалаб гирифта то Қошғарро таҳти амри эшон овард ва ному нишони он ду султонро дар шарқу ғарби олам маълум кард, то он ҷо ки бояд қисмати умдаи шуҳрату пешрафтеро, ки дар корҳо насиби Албарслону Маликшоҳ шуда, аз баракати хирадмандиву кордонии Хоҷа донист”. Дар ҳақиқат, рушду такомул ва шукӯҳу шаҳомати давлати Салчуқиён, хосатан замони ҳукмронии Албарслону Маликшоҳ маҳз ба шахсияти хирадманди Низомулмулк вобастагии қавӣ дорад. Дар ин хусус, яке аз донишмандони рус А. Кримский барҳақ, дуруст қайд месозанд: “Бо шарофати Низомулмулк, аз як тараф, давлати дар натиҷаи задухӯрди байниҳамдигарӣ ва тохтутози зиёди сулолаи Салчуқиён хароб ва бесарусомонгашта каму беш ба тартиб оварда бошад, аз тарафи дигар, иқтисодиёти давлат ба по гузошта мешавад”.
Бояд зикр кард, дар айёми вазорат Низомулмулк доимо осудаҳол набуд. Ҷоҳталабону ҳасудон пешрафти кори вазири тоҷикро дидан намехостанд ва дар назди шоҳ бадгуйиҳо менамуданд. Дар баробари ин, Ҳасани Саббоҳ ва Турконхотун (зани султон Маликшоҳ) бо ӯ душманӣ варзида, фурсати муайянеро интизор буданд, ки ӯро аз байн баранд. Дар натиҷаи ин душманӣ, ба қавли Забеҳулло Сафо: Вазири кордону лоиқе, ки умури мамлакати васеи салчуқиро идора мекард ва созмоне, ки ӯ барои ҳукумати салчуқӣ тартиб дода, салтанати ононро аз ҳоли силтаи як қавми ваҳшии биёбонгард берун овард ва ташкилоти муназзам бад- он бахшид” – аз дасти ин афроди ҷоҳталаб 14 октябри соли 1092 ҳангоми сафар ба Бағдод дар роҳ кушта мегардад ва бо куштани ӯ давлати Салчуқиёни бузург низ рӯ ба инқироз меорад.
Низомулмулк тамоми фаъолияти пурсамари хешро барои ободу зебо гардонидани шаҳрҳои аҷдодияш ва беҳтар намудани вазъи зиндагии миллати хеш равона мекард ва ба қавли донишманди тоҷик Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ дар асл “мақсади Хоҷа тинҷию оромии мамлакат, адолатпешагии подшоҳон, барандохтани зулм аз кулли қаламрави кишвар, ба илму дониш фаро гирифтани мардуми амалдорони давлат ва амсоли ин буд ва бад-ин хотир… бояд мояи ифтихори мо бошад”.
Бояд гуфт, ки Хоҷа бисёр инсони фурутан ва хоксор буд. Ибни Ҷавзӣ дар “Алмунтазам” мегӯяд: “Ҳар гоҳ Абулқосим Қушайрӣ ва Имоми Ҳарамайн Ҷувайнӣ барҳузури Хоҷа ворид мешуданд, дар муқобили онҳо бармехост ва онҳоро дар канори худ менишонду бо онҳо бо як камоли адаб суҳбат мекард. Аммо ҳангоме ки Абуалӣ Формазӣ бар ӯ ворид мешуд дар муқобил вай бармехост ва ӯро ба ҷойгоҳи худ менишонд рӯ ба рӯи ӯ зону мезад.” Рӯзе аз ин ҳолат пурсон шуданд, ки чаро чунин мекунад, ӯ дар посух гуфт:“Абулмаъоли Ҷувайнӣ ва Абулқосим Қушайрӣ ва амсоли онҳо замоне, ки барҳузури ман ворид мешаванд, бисёр маро тамҷид (таъриф, ситоиш С.М.) мекунанд ва маро аз манзалате, ки дар он ҳастам болотар мебаранд. Суханони онҳо сабаби эҷоди кибр дар даруни ман мешавад. Ҳар гоҳ Формазӣ ба назди ман меояд айбҳо ва зулмҳои маро ёдовар мешавад, ки сабаб мегардад, аъмоли худро ислоҳ намоям”. Аз ин ҳикоят бармало мушаххас мегардад, ки Хоҷа чӣ гуна шахси фурутану хоксор аст ва нисбати уламо ва донишмандони бузург эҳтироми хос доштааст.
Вазири нотакрори тоҷик дар замони худ яке аз симоҳои барҷаста буда, дар рушду инкишофи илму фарҳанг хизмати бузург кардааст. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ дар шаҳрҳои гуногуни мамлакат мадрасаҳо сохта шуда, донишмандони бузург ба мадрасаҳо ҷалб карда мешуданд. Низомулмулк барои ташкил намудани мактабҳои олии диния – мадрасаҳо кӯшиши зиёде кард. Дар бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла, дар Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв ва ғайра ин қабил мактабҳо таъсис ёфта, ба шарафи ташкилкунандаи худ унвони “Низомия” гирифтанд. Низомулмулк бо ташкили ин мактабҳо табақаи рӯҳониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиқоди аҳли суннатро тарбият намуда, бар муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мубориза мебурд.
Дар таърихи маданияти халқҳои форсу тоҷик Низомулмулкро на ҳамчун вазир, балки ҳамчун муаллифи “Сиёсатнома” мешиносанд. Асар, инчунин бо номи “Сияр – ул мулук” ва “Панҷоҳ фасли Хоҷа Низомулмулк” низ машҳур аст. Қайд намудан ба маврид аст, ки султон Маликшоҳ дар солҳои охири ҳукмрониаш ба фозилону донишмандони дарбор мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатдорӣ рисолае тартиб диҳанд, то ки дар он таърихи мулкҳои гузашта ва ҳодисаҳои гуногуни рӯзгор нақл ёбанд. Дар ин бора, Хоҷа худ чунин менигорад: “…Бандаро фармуд, ки баъзе аз сияри некӯ, аз он чӣ подшоҳонро аз он чора набошад, бинавису ҳар чизе, ки подшоҳон ба кор доштаанд ва акнун шарти он ба ҷой намеоранд, чӣ писандида ва чӣ нописандида, он чи бандаро аз дида ва дониставу шунида ва хонда фароз омад, ёд карда шуд ва ба ҳукми фармони олӣ ин чанд фасл ёд карда шуд”. Низомулмулки Тусӣ ҳам бо ин мақсад асари хешро таълиф намуда, пешкаши Маликшоҳ менамояд ва ба шоҳ писанд меафтад. Асар дар ин замон аз 39 фасл иборат буд ва баъдан ба он 11 фасли дигар илова намуда, асарро такмил медиҳад ва сиёҳнависи онро ба дасти котиби дарбор Муҳаммади Мағрибӣ месупорад, то онро тозанавис кунад, вале марги нобаҳангом ба ӯ имкон намедиҳад, ки тозанависи онро бубинад. “Сиёсатнома” ё “Сияр-ул-мулук” асари таърихӣ ва панду ахлоқи буда, солҳои 1091-1092 эҷод шудааст, ки то ҳол шуҳрати хоса дорад.
Низомулмулк дар ҳар як боб пас аз баёни масъалаи асосӣ барои тасдиқи ин масъала аз ҳаёти шоҳони гузашта, сарлашкарон, вазирону олимон ва шоирону нависандагон нақлу ривоят, ҳикояҳо меорад, ки онҳо характери пандомӯзӣ доранд. Ақидаҳои ӯ дар бораи ягонагии давлат аҳамияти калон доранд. Низомулмулк ба воситаи ҳикоятҳои пандомез тарзу усули корбарии роҳбарони давлатро нишон дода, аз онҳо талаб мекунад, ки бояд роҳи адолат, некандешӣ, накукориро нисбат ба халқ пеш гиранд.
Бояд гуфт, ки “Сиёсатнома” тавре, ки худи Низомулмулк дар охири китобаш изҳор доштааст: “Ин китоб ҳам панд аст ва ҳам масал аст ва ҳам тафсири Қуръон ва ахбори ҳазрати Расул (с) ва қиссаи анбиё… ва ҳам сирату ҳикояти подшоҳони одил аст. Аз гузаштагон хабар аст ва аз мондагон самар аст ва бо ин ҳама дарозӣ мухтасар аст ва шоистаи подшоҳи додгар аст”. Дар ҳақиқат иншои ин асар беназир аст ва Маликушшуъаро Баҳор низ дар тавсифи он чунин менигорад: “Насри Хоҷа Низомулмулк, ки дар дар насри қадим ду сутур назири онро натавон ёфт аз равонию зебоӣ ва муҷассама доштани маънӣ”.
Бояд қайд намуд, ки Низомулмулк таҷрибае, ки дар солҳои дар вазорат қарор доштанаш фароҳам овардааст, дар ин китоби худ ҷамъоварӣ кардааст ва имрӯз он яке аз ҷумлаи беҳтарин осори форсӣ – тоҷикӣ шумурда мешавад. “Ин китоб дар салосати иншо ва ҷазолати иборату равшании матолиб ва муҳимияти мавзӯъ дар миёни китоби форсӣ (тоҷикӣ, С. М.) камназир аст. Нуқтаи дигаре, ки дар “Сиёсатнома” қобили зикр метавон буд, он аст, ки аз он метавон иттилооти амиқе дар боби ташкилоти сиёсию иҷтимоии мамлакати Эрон (Осиёи Миёна, Афғонистон низ, С.М.) дар давраи пеш аз ғалабаи муғулону хоса дар давраи Салчуқиён ба даст овард. Ва ин ҷанбаи хос аст, ки “Сиёсатнома”-ро дар қатори беҳтарин китобҳои фарҳангу ташкилоти иҷтимоии Эрон… қарор медиҳад”(Таърихи адабиёти Эрон, Забеҳулло Сафо, ҷ.2, Д., 2011, С.-190).
Хулоса, Низомулмулк аз зумраи он шахсиятҳои некандеш ва нексиришти миллати тоҷик мебошад, ки бо кору пайкори беназири худ дар таърихи қавму халқҳои турк ва миллати номдори тоҷик нақши муассир бозидааст. Гарчанде, бо баёни чанд андешаи кучак наметавон тамоми корҳои нек, фаъолияти дурахшон ва хислатҳои накӯи ӯро баён дошт, аммо ҳаминро бояд гуфт, дар ҳақиқат дар таърихи тамаддуни башар кам дар кам вазиронеро бад – ин гуна бузурги метавон ёфт, ки барои пешрафту нумӯи як давлати ғосиб ва миллати хеш ин қадар хизмат намуда бошад. Имрӯз ҳар як нафар афроди бо нангу ори тоҷикро месазад, ки аз саргузашти ибратбахшу ибратомӯзӣ ин вазири нотакрору бузурги тоҷик огоҳ шуда, панде андӯзанд ва дар оянда дар фаъолияти ҳамешагии худ аз он истифода намоянд.
Самандар Маҳмадаминов,
донишҷӯи курси 3 ДМТ