(Нақде бар филмномаи таърихии шоир ва нависандаи ӯзбек Хуршеди Даврон)

Дидану шунидани ҳақиқат бамаротиб осонтар аз гуфтанаш аст. Танҳо роҳи гуфтани ҳақиқат ин аст, ки аз сидқ дифоъ аз ҳақиқат кунӣ.

Пазируфтани ҳақиқат низ кори басо мушкилест, бахусус барои онҳое, ки аз дурӯғҳои ночизе чизҳои бузургеро халқ мекунанд.

Ҳамагӣ нек медонем, ки таърифҳои дурӯғин ва ситоишҳои мутамалиқона аз зумраи нописандидатарин амр дар ахлоқ аст. Бо камоли таассуф, дер боз аст, ки тамаллуқ ба шиддат гиребони ҷомеаро гирифта ва ин падидаи шум ҳамвора дар ҳоли нумӯст. Фоҷиа аст, агар омилони аслии вусъати падидаҳои номатлуб нухбагони аҳли илму адаб бошанд.

Ниҳояти таҳсинҳои муболиғаомезу дурӯғини шоирон нисбат масъулин оғози таммаллуқу чоплусист. Ҳушёр бояд шуд, тамаллуқи аҳли донишу маърифат нангу орӣ ба армуғон меоварад.

Таҷовуз ва таҳоҷуми ошкору ниҳони олимон, донишмандон, шоирон ва нависандагони таърихсози Ӯзбекистон ба ҳарами мероси маънавӣ ва таърихи сарзамини аҷдод пӯшида нест. Дурӯғгӯён чунон рафтор мекунанд, ки гӯйӣ худ ҳақиқат пинҳон бошад. Бад-ин сабаб аст, ки табоҳкорӣ хулқашон шуда ва дурӯғгӯйӣ роҳашон. Ҳатто панди арзишманди падарбузурги маънавиашон Алишер Навоиро низ пок аз ёдашон бурда, ки сареҳан мефармояд:

Илмни ким воситайи жоҳ этар,

Ӯзинию халқни гумроҳ этар.

Дуруст аст, агар имрӯз аз гуфтани ҳақиқат сарфи назар кунанд, фардо худ ва мардум дучори гумроҳӣ хоханд шуд.

Бо воситаи нақди мӯъҷази худ бар яке аз навиштаҳои таърихии шоир, нависанда ва муаррихи Ӯзбекистон ҷаноби Хуршеди Даврон мехоҳам бигӯям, ки ранҷидан аз ҳақиқат беҳтар аз таскини дурӯғин аст. Умедворам, шоири муҳтарам ва низ аҳли илми Ӯзбекистони бародарӣ хоҳанд пазируфт, ки аз роҳи дурӯғ сохтани таърих дар ниҳояти кор натиҷаи мусбат ба бор нахоҳад овард, чаро сардиву сояҳо наметавонанд хуршедро хомӯшу пинҳон кунанд.

Ишора:

Хуршеди Даврон 20-уми январи соли 1952 дар шаҳри Самарқанд (Ӯзбекистон) ба дунё омадааст. Гуфта шудааст, ки аз ҷониби модар насабаш ба Махдуми Аъзами Даҳбедӣ мерасад. Ӯ фориғ ут-таҳсили факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тошканд аст (1977). Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аст. Вакили Парлумони миллӣ (2000-2004).

Ӯро дар Ӯзбекистон ба унвони мутахассиси масоили тасаввуф ва коршиноси беҳамтои таърихи Самарқанд, Амир Темур ва хонадодони Темуриён мешиносанд. Ашъораш ба забонҳои мухталиф тарҷума шуда ва худ низ мутраҷими муваффақ аст.

Дар тарҷума ва таълифи осори таърихи маҳорати хоссе дорад. Чунончӣ, драмаи шоир ва нависандаи бузурги турк Намик Камол «Ҷалолиддини Хоразмшоҳ»-ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Хуршеди Даврон муаллифи песаҳои таърихии «Ситораи Олгул» дар бораи зиндагии ситорашиноси маъруф Султон Муҳаммад ибни Шоҳрух ибни Темур Улуғбеки Кӯрагон, «Шоҳ Бобур» дар бораи ҳаёти Зоҳириддин Муҳаммад Бобур мебошад. Ба далели ин ки ӯ шоири ширингуфтор аст, ҳаводорони зиёде дорад.

Қиссаи «Сарбадорон ва раҳбари ҷавон»

Он гуна, ки зикраш омад, Хуршеди Даврон насаб ул-асл самарқандист ва бешак, муҳаббати беандоза бар таърихи зодгоҳаш дорад. Зоҳиран, муҳаббаташ кизб нест. Бахусус, шефтаи таърихи корнамоиҳои Амир Темури Ланг аст, ба ҳадде, ки ин шахсият табдил ба фармонравои қалбаш шудааст. Нависанда дар бораи Темури Ланг ва хонаводаи осори мутаъаддиде дорад. Аз ҳама маъруфтаринаш силсилаи ҳуҷҷатӣ-бадеии «Темурнома» («Темуриада»), ки соли 1996 ба табъу нашр расида ва он қисса ва филмнома миёни аҳли илму фарҳангии Ӯзбекистон бисёр маъруф гардидааст.

Таблиғ ва ташвиқи ҳамин мавзӯъ аст, ки Хуршед Давронро ба маддоҳи беназири муосири Амир Темури Ланг бадал кардааст. Шакке нест, нависандаи чирадаст бо манобеъи таърихӣ ошност ва пайваста дар навиштаҳояш ба осори муаррихин ва нависандагони форсифорсигӯйи асри муғулу темурӣ ирҷоъ медиҳад (албатта, ағлаб ба тарҷумахои ӯзбекӣ ва русӣ) то аз ин тариқ боварии бештареро дар миёни аҳли адаби Ӯзбекистон касб карда бошад. Бо ин ҳол, шоири таърихнавис бо усули таҳқиқи таърих ноошност ва аз ҳикматаш маҳрум.

Мақсади аслии шоир ва нависандаи таърихдӯст бештар азиму бошукӯҳ нишон додани Амир Темури Ланг ва ҷойгоҳи ӯ дар таърих аст. Ва анҷоми ҳамчунин иқдомро, ба мисли даҳҳо тан аз нависандагони забардасти Ӯзбекистони муосир ба унвони вазифаи муқаддаси худ дар назди миллату ҷомеъааш медонад.

Зимнан, ҳаргиз ба ҳеч ваҷҳ қасди навиштани тақризе ба силсилаи ҳуҷҷатӣ-бадеии «Темурнома» («Темуриада»)-и шоири азизи самарқандии мо надоштам. Вале ба далели ин ки бахше аз асари эшон ба гунаи мустақим марбут ба таърихи Сарбадорони Самарканди асри темурӣ аст ва низ ба сабаби ин ки дар ғояти хеш шоир амдӣ ва ё ғайри амдӣ муҳиммтарин мавзуоти таърихи воқеъии зодгоҳашро таҳриф кардааст, дигар нахостам дар баробари ба хоки зиллат кашидани номи неки муборизони озодихоҳии самарқандиёни асри муғулу Темур сокит биншинам.

Аз рӯйи инсоф нахоҳад буд, вуҷуди баёни мухтасару мӯъҷази таърихи қиёмҳои мардумии Сарбадорони Хуросону Самарқандро дар «Темурнома» нодида бигирем. Таърихчаи қиёми Сарбадорон аз килки нависанда берун дар наёфтода. Вале ошкор аст, он чӣ, ки муаллифро ба ёди ҳикоёти таъричаи наҳзатҳои миллӣ-озодихоҳии мардумони Хуросону Мовароуннаҳр овардааст, ҳамоно Темури Ланг аст.

Ин бахш аз таърихи корномаи Темури Ланг дар «Темурнома»-и Хуршеди Даврон «Қиссаи Сарбадорон ва раҳбари ҷавон» («Sarbadorlar qissasi ва Yosh sarkarda») ном дорад. (Р. к. ба: Sarbadorlar qissasi & Yosh sarkarda. Sarbadorlar. «Temurnoma» (1996) videofilmidan 6-7-qism. https://kh-davron.uz/…/xurshid-davron-sarbadorlar…

Аз унвонаш пайдост, ки ин қиссаи таърихӣ ихтисос бар баёни лаҳазоте аз куллии воқеаи наҳзати Сарбадорияи Самарқанд дорад. Интиқоди комили мазмуни қиссаи шоир дар ин навиштор шарт нест. Бо як калом метавон гуфт, ки таваҷҷӯҳи марказии нависанда ба тасвири шахсият ва ситоиши меҳрубониҳои Темури Ланг нисбат ба қазияи тақдири раҳбарони Сарбадория равона шудааст. Тибқи назари шоири таърихсози самарқандӣ, Темур Ланг шахси бисёр раҳим аст ва бад-ин лиҳоз аст, ки ӯ Мавлонозодаи Самарқандиро аз таҳдид ва хатари қатл наҷот додааст. Шоир саъй бар он дорад, ки аз ин тариқ номи «Соҳибқирон»-ашро дар дафтари таърих ба унвони амири раҳмдилу дурандеш сабт намояд.

Хуршеди Даврон дар навиштаҳояш ҳамвора талош дорад, то адабиётро бо таърих ва таърихро бо адабиёт пайванд бидиҳад. Агарчӣ гоҳе дар оғози ин роҳ муваффақ аст, вале дар ниҳояти кор аз асли таърих ва ҳикмати он ба кулл бебаҳра аст. Аз назари нависанда барои ҳар касе, ки пирӯз аст, бояд мадҳияҳо сароида шавад. Ӯ имон дорад, ки Тимури Ланг яке аз ин гуна шахсиятҳои таърихист.

Таваҷҷӯҳ фармоед ба иқтибосҳои баргузида аз қиссаи мазбур барои ошноӣ бо тарзи тафаккур ва шеваи интиқол ва тафсири ҳодисае ба қалами муаллиф «Темурнома». Ӯ ин гуна менигорад:

«Қӯшин кӯзланган манзилга етгач, сарбадорлар бошлиқлари Конгилга келиб, амир Ҳусайнга совға-саломни топирдилар ва унинг ҳокимиятини тан олишларини қайта-қайта билдирдилар. Амир ӯша куни сарбадорлар шарафига катта базм уюштирди. Аммо эртаси куни сарбадорлар яна Конигилга келганларида, уларни қӯлга олиб, ӯлимга буюрди. Бу фитнадан бехабар Темур амир Ҳусайнга қанча гап уқтирмасин, у ӯйлаган ниятидан қайтишни истамади. Амир Темур озгина қӯшин билан унга қарши чиқолмаслигини англар, тишини-тишига босиб, сӯнгги дамгача сарбадорларни қутқариш учун барча чорани қӯллашга уриниб кӯрди. Бироқ, амир Ҳусайн унинг гапини назарга илмади, бу билан Мовароуннаҳрга ким эга эканини кӯрсатмоқчи бӯлди.

Биринчи бӯлиб мавлоно Хурдаки Бухорий, кейин Абубакр Калавий бӯйнига қилич урилди. Мавлонозодага навбат етганда Амир Темур ортиқ чидаб туролмади, ирғиб ӯрнидан қалқди-да, ҳайбат билан бақирди:

– Бас, сиз билан ортиқ бӯлолмасман!

Каме пойинтар меафзояд:

«Ғазаби қӯзғалиб, амирусайн ҳам ӯрнидан турди. Икки иттифоқчи бир-бирлар йинтпоиаттиқ тикилдилар. Икковининг ҳам қӯли қилич дастасида қотган эди. Шунда ҳаёлига нима келгани номаълум амир Ҳусайн бирдан жаллодга қараб “Тӯхтат” дегандек ишора қилди. Ранги-рӯйи оқариб кетган Мавлонозодани унинг қошига судраб келдилар.» (Р. к. ба: https://kh-davron.uz/…/xurshid-davron-sarbadorlar…

Боқии ҳикоёти воқеъаи таърихӣ дар «Темурнома» ба ҳамин минвол аст. Ҳудуди тафаккури фаласафии нависанда, ҳатто замоне, ки дар бораи Сарбадорони Самарқанд менависад, бо номи Темур маҳдуд аст. Чашмони хирадаш фаротар аз корномаҳои дурӯғини Ланги ҷаҳонгир чизеро намебинанд.

Интиқод

Рост бояд гуфт ва он ошкор аст, таҳрифи воқеъиятҳои таърихӣ аз тарафи шоир ва нависандаи ширингуфтори ӯзбек Хуршеди Даврон андоза надорад. Дурӯғҳои бофта ва хаёлҳои тофтааш ба ҳаддест, ки аз сардии суханонаш дар бораи наҳваи қатли раҳбарони Сарбадорони Самарқанд оби дарёҳо ях мекунад.

Далоили бо ин наҳваи зишту ношинохтанӣ «дигаргун» кардани вокеъиятҳои таърихӣ дар кишвари Ӯзбекистони муосир, бисёранд, вале муҳиммтарин аз онҳо ин аст, ки на танҳо нависандагон, балки муаррихин ва муҳаққини ӯзбек, манзури навиштаҳои муаррихини форсӣ ва муҳтаво ҳикоёти ононро ба хубӣ дарк намекунанд, чаро ки аҳли қалам дар тӯли садсолаҳо фоқиди макотиби таърихнигори миллии худ будаанд.

Дур набояд рафт. Бардоштҳои мутлақо ғалат ва иштибоҳоти фоҳиши онон ба ҳаддест, асомӣ ва алқоби шахсиятҳои таърихии асри Темури Лангро ба забони модарии худ ба хато навиштаанд. Чунончӣ, худ шиори таърихнавис Хуршеди Даврон фақат ва фақат дар қиссаи мазбур асомии муаллифин ва бархе аз афроди таърихии асри Темури Лангро: аз қабили Ибн Баттута, Илёсхоҷа, Абӯ Бакр Кулуй, Мавлонозодаи Самарқандиро, ба ғалат ба шакли «Ибн Боттута», «Илёсхӯжа», «Абубакр Калавий», «Мавлонозодайи тирандоз» (манзураш аз Мавлонозодаи Самарқандӣ буда – Л. Б.) навишта ва ба эҳтимол, эшон иштибоҳи олимони ӯзбекро ногоҳона вом гирифтааст.

Меъёри баёни сухандон нишонаи арзиши суханаш аст. Дар ҳамин иқтибосе, ки аз қиссаи мазбури шоири таърихнигори самарқандии ӯзбек Хуршеди Даврон ба унвони намунае аз тарзи таффаккур ва шеваи интиқоли воқеъоти таърихиаш оварда шуд, худ муаррифгари сатҳи ҳунари таърихнишиносии ин шоири таърихдон метавонад бошад. Бешак, дар иқтибосҳои фавқ мавориди зиёде ҳастанд, ки воқеъияти таърихӣ ба наҳваи бисёр зишту номуносибу муғризона таҳриф шудаанд, чунончӣ:

Нахуст, Зиёфатеро, гӯйӣ, ки ба гуфтаи нависандаи қисса оқои Хуршеди Даврон, хони чағатоӣ амир Ҳусайн аз роҳи макр барои раҳбарони сарбадорияи Самарқанд дар мавзеъе ба номи Кони Гил баргузор намудааст, таҳрифи ошкорои таърихи маҳз мебошад, ки бедаранг нашъаи ранг аз ширк гирифта ва ғояташ ҳамоно нафс аст.

Зимнан, мебояд таъкид намуд, ки қасди аз миён бардоштани раҳбарони сарбадорияи Самарқанд нақшаи дақиқ ва қаблан тарҳрезишуда ҳар ду умарои маккор буд. Зиёфатеро, ки сухан дар борааш меравад, шакке нест, ҳар ду (амир Ҳусайн ва Темури Ланг) бо маслаҳат ва машварати якдигар дар Кони Гил баргузор карда буданд.

Дувум, таъкидҳои мукаррари муҳаққиқин, шоирон ва нависандагони муосири Ӯзбекистон, аз ҷумла, шоири мо Хуршеди Даврон дар мавриди ин ки Темури Ланг аз «макри» амир Ҳусайн аслан огоҳӣ надошт, дурӯғи дигари шохдорест аз махзани хаёлпардозиҳояш берун омадаанд. Ҳақиқати маҳзи таърих ин аст, ки Темурланг худ аслитарин муқассир ва мусаббиби қатли раҳбарони сарбадорияи Самарқанд буд.

Мудаллатарин бурҳони қасди Темури Ланг дар ҷиҳати аз миён бардоштани раҳбарони Сарбадория дар иқдомоте, ки ӯ пас аз саркӯбии наҳзати сарбадория, нисбат ба муборизон ва озодипарстони шаҳри Самарқанд карда буд, пайдост, ки тафсираш ба гунаи муфассал дар навиштаи мо «Темур ва самарқандиён» омадааст.

Хуллас, дар ин бахш аз қисса шоир Хуршеди Даврон аз ин тариҳ хостааст ахлоқи бенур ва хашини Темури Лангро пурнуртар созад, бо асли таърих ҳаргиз рост намеояд ва ин ҳама зиёдахоҳии муаллиф дар воқеъ, ба ҷуз аз самараи хуффату хориаш наметавонад бошад.

Севум, назари шоир дар бораи ин ки, гӯйӣ: «биринчи бӯлиб мавлоно Хурдаки Бухорий, кейин Абубакр Калавий бӯйнига қилич урилди», таҳрифи дағали дигари додаҳои тамомии муаррихини асри миёна, дар бораи таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд навиштаанд, мебошад. Дар ин тасвири шоир ва «суратгари моҳири таърих», на танҳо ба моҳияти таърихии яке аз муҳиммтарин рӯйдодҳои гузаштаи миллӣ тавҳин шуда, балки бо камоли худхоҳӣ тақдири ҷавонмардони таърих, аз осмони ҳурмат ба хоки зиллат кашида шудааст. Бо ин гуфтораш шоири баландҳиммати мо ошкоро зидди ҳақиқати таърих рафта, то аз ин роҳ обишхӯри нифоқ ва зуруфи худхоҳии худро серобтар намояд.

Он чӣ аз гуфтори нависанда маълуму маъруф мавриди тамаъи уст. Дар ин тасвир ва тасовири дигараш иллати адами таваҷҷӯҳи шоир ва нависандаи қиссаи мазбур ба додаҳои таърихӣ маълум нест. Ин дар ҳоле аст, ки ҳарфи ҳамаи муаррихини асри темурӣ, бар хилофи хаёлпардозиҳо ва навиштаҳои нависандаи мост. Нек мебуд, агар «шоири назокатбини таърих» таваҷҷӯҳи лозимро бар асли мақсад ва матлаби муаррихини кадим, яъне ба маънии шиори машҳури мардони озодипарасти Самарқанд «Сарбадор медиҳем» мекард, на ба маъние, чун «Сар ба шамшер»!

Чаҳорум, мадҳу ситоишҳои муаррихин ва шоирони муосири ӯзбек, ки ҳар як дар осори хеш аз муҳаббати хосси Темури Ланг нисбат ба шахсияти Мавлонозодаи Самарқандӣ ба амал меоранд, бешак, ҳосилаи тахаюллоти ифротии аҳли қалам аст.

Ҳаққи гап ин аст, ки таъриф ва тамҷидҳои бемаврид ва беасоси ашхоси таърихӣ ва таҳрифҳои таърих аз суйи олимон ва суханварон, на чеҳраи зотии фазилат асту, на баҳраи назокати ҳунар, балки он ҳама аъмоли аз берун олами хуш, вале аз дарун олами зишт, фақат ва фақат барои касби ному шӯҳрати хеш ва барои фирефтани зеҳнҳои мардуми ноогоҳ ироъа мегарданд.

Албатта, ногуфта намонад, ки таърифу тавсифҳои ҷаълӣ ва тамҷидҳои маснӯъе, ки дар осори илмӣ ва адабии олимон ва нависандагони муъосири Ӯзбекистон аз шахсияти Темури Ланг ба амал бароварда мешаванд, аз ҷумла, мадҳу ситоише, дар киссаи таърихии шоири хушгуфтори мо сурат гирифтааст, мутмаинан, амали дурусте нест, чаро ки худ эшон аз садоқат ба он чизе, ки дар борааш мегӯяд, эътиқод надорад ва дар қалби худ чунин набуда ва нест.

Амали мутамаллиқ нишонаи хории ӯст. Шоир ва нависандаи чарбзабоне, ки таърифу тавсифи бемавридро далел бар ҳунари волои худ мешморад, дар воқеъ, хорӣ ва зиллати худро ба намоиш мегузорад. Бад-ин хотир, инсоне, ки дар талаби ризо ва хушбахтии мардумаш аст, ҳаргиз набояд дурӯғ гӯяд, ҳатто аз таърихи миллат ва меҳани худ.

Инсон фақат дар замоне метавонад сазовори эҳтироми ҳақиқии мардум шавад, агар дар пиндораш озод ва дар кирдораш одил бошад; ҳамвора таваҷҷӯҳи холисона ба ҷалби назар ва қалбҳои мардум дошта бошад, дар ғайри сурат, пиндору кирдораш тамомии арзишҳои инсониро хор ва пояҳои зинати оламро рафта – рафта ба ларзиш хоҳад даровард.

Манобеъ:

Бойматов Л. Д. Тимур и Сарбадары Самарканда. Рецензент: д. и. н. В. В. Трепавлов. – Душанбе, «Дониш», 2011, – 114 с.

Бойматов Л. Д. Сарбадары Самарканда. Отв. ред. д. и. н., проф. А. Ш. Кадырбаев, Рецензент: д. и. н. В. В. Трепавлова. LAP. – Берлин, 2015. – 105 с.

Бойматов Л. Д. Сарбадорони Самарқанд. Воқеъиятҳо ва андешаҳо. Муҳаррири масъул ва муқарриз: Академики илмҳои Тоҷикистон Акбар Турсон Интишороти “GlobeЕdit”, 2019, – 140 с.

Луқмон Бойматов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь