Воқеан, сухан яке аз шаклҳои тафаккур, фикр ва худшиносӣ мебошад, ки дар сарнавишти инсон нақши бузург дорад. Тавассути сухан таҷрибаи бойи маънавии гузаштагон ба наслҳои нав интиқол мегардад. Таърихи санъати суханварӣ ба таърихи пайдоиши инсоният рост меояд, зеро инсон аз оғози пайдоиши худ мақсад ва хостаҳои худро бо ишора ба дигарон баён менамуд. Тадриҷан суханварӣ одоби расмии ба худ хосро гирифт ва баъди пайдоиши системаҳои ҳокимиятӣ дар ҳудудҳои муайян, ин раванд арзиш ва мақоми махсус пайдо намуда, хусусияти сиёсӣ касб намуд.

Аз таҳлилҳо бар меояд, ки дар Шарқ ва маданияти шарқӣ сухандонию суханвариро мардум хеле эҳтиром гузошта, вожаҳои гуногунеро барои ифода ва баёни он мавриди истифода қарор додаанд, ба монанди хитоба, суханварӣ, калом, воизӣ, нотиқӣ ва ғайра. Дар аксар мамолики Машриқзамин суханварон мавқеи хос доштанд. Мардум ба онҳо эътиқоди қавӣ дошта, онҳоро бо номҳои воиз, хатиб, қиссахон, ровӣ ва амсоли инҳо муаррифӣ менамуданд.

Бояд гуфт, ки мутафаккирони форсу тоҷик дар асарҳои ҷудогонаи худ ва дар як силсила асарҳои илмии хосияти таърихӣ-сиёсӣ дошта дар одоби суханварӣ, муоширати шоҳон, фасоҳату балоғати сухан ба андозаи гуногун маълумот доданд. Дарвоқеъ, бузургмардони тоҷику форс дар ашъори худ арзиши сухан ва суханвариро хеле барҷаста нишон доданд. Дар миёни сарчашмаҳои бадеӣ ва таърихие, ки дар он оид ба маданияти суханварӣ маълумотҳои нодир оварда шудааст, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020) яке аз намунаҳои беҳтарин аст. Дар ин асар, ки ба давлатдории чандин сулолаи ориёинажод бахшида шудааст, муносибатҳои байни кишварҳо дар ҳолатҳои гуногун – ҳамкорӣ, сулҳ, ҷанг, ҷустани иттифоқчӣ бар зидди давлати сеюм, мукотибаи давлатдорон, фиристодани сафир, пазироии меҳмонони хориҷӣ, оростани гуфтушунид ва дигар этикетҳои дипломатӣ қисми ҷудонопазири инъикоси воқеаҳо ба шумор мераванд.

Тавре ки Пешвои миллат дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” менависанд: «“Шоҳнома” дар замоне эҷод гардид, ки аз як сӯ, ҳокимияти миллии мо -давлати Сомониён рӯ ба шикаст ниҳод, аз суйи дигар, ҷойи арзишҳои Аҷамро арзишҳои сифатан нави исломӣ фаро мегирифт. Ва Фирдавсӣ тавонист ба ранҷу азоби тоқатфарсо нигоҳ накарда, бо сухани ҷазоби шоирона Аҷамро аз нав зинда карда, мероси бузурги фарҳангӣ ва анъанаҳои ватандӯстии халқашро барои наслҳои оянда ба ёдгор бимонад». Қайд кардан бамаврид аст, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” – и безаволи худ оид ба қадру манзалати сухан, хирадмандию равшанфикрӣ, ширинзабонию нармгуфторӣ нақл мекунад. Фирдавсӣ аз марди доно тақозо мекунад, ки бо забони шево ба мардум паёми хирадро расонад ва бад-ин васила онҳоро ба сӯйи бедории фикрӣ ва саодату хушбахтии зиндагӣ раҳнамун созад.

Ба андешаи Фирдавсӣ чизе баъд аз сари инсон боқӣ намемонад, ба ҷузъ сухан ва кирдори нек. Сухан, аз дидгоҳи ӯ, чун рамзи ҷовидонӣ ва мояи гаронбаҳои абадист ва нишонаи одамӣ дар олами ҳастист.

Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,

Суханро чунин хормоя мадор.

Пӯшида нест, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Дар асарҳои мазкур омӯзиши расму ойини давлатдорӣ, анъанаҳои дипломатияи тоҷик, масъалаҳои ташрифотӣ, аз қабили тартиби омодагирӣ ва доир сохтани мулоқотҳои сарони давлатҳо, қабулу гусели ҳайатҳои (сафоратҳои) кишварҳои хориҷӣ, ҷараён додани мукотибаи дипломатӣ, одоби суханварӣ ҳангоми муколама ва гуфтушунидҳо, суҳбат оростан ва ғайра ба таври мукаммал нишон дода шудааст.

Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» доир ба сифатҳои сафирон гуфтааст. Махсусан, барои сафирону намояндагони давлат донишмандӣ ва қобилияти баланди суханварӣ доштанро муҳим арзёбӣ менамояд:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Дар ашъори безаволи ҳаким Фирдавсӣ сифатҳои умдаи фиристодагон – муаррифгарони давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳаммияти забондонию суханварӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд. Мутафаккир нақши забони шеворо дар кушудани асрори нуҳуфтаи ҳастӣ муҳим дониста, қайд мекунад, ки танҳо касе бедору огоҳ буда метавонад, ки сухани некӯ ва хирад андар забон дошта бошад. Ба андешаи ӯ, аз инсон ба ҷуз аз сухан ва кирдори нек чизи дигаре боқӣ нахоҳад монд. Масъалаҳои мухталифи марбути санъати сухан аз тарафи мутафаккир дар «Шоҳнома» бо лаҳни гуворо, шеваи зебо ва услуби хоса ба таври барҷаста ифода ёфтааст.

Фирдавсӣ асари худро дар асоси ғояи муборизаи қувваҳои нек ва бад тартиб додааст. Муаллиф дар симои қаҳрамонони достон муборизаи фидокоронаи насли навро дар роҳи истиқлолияти ватани худ тасвир менамояд. Ҳар фарди соҳибзавқ аз ин шоҳасар метавонад манфиати зиёдеро баҳри хеш бардошт намояд.

Саидова Ф.С.,

ходими калони илмии ИФСҲ АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь