Издивоҷи дуюм хушбахтӣ наовардПинҳонӣ бо писараш дар гараж вохӯрда, дар кишвар танҳо зиндагӣ мекард…  Рӯзҳои танҳоии Штирлитси машҳур.

Пас аз ҷудо шудан аз Нонна Мордюкова, Штирлитси машҳур се сол бакалавр шуд. Соли 1966 ӯро ба мелодраммаи фаронсавӣ даъват карданд ва дар он ҷо бо Тамараи 22- сола шинос шуд. Тамара дар донишкадаи бонуфуз, забони хориҷӣ дарс медод.

Ба ҳунарманди 38- сола духтари ботамкин, доно ва аз ҳама муҳимаш орому хомӯш зуд писанд омад. Вай аз зани аввалаш фарқ мекард.

Муносибат байни ҳарду зуд оғоз ёфтанд. Штирлитс аз Тамара хоҳиш кард, то мактубҳои аз Фаронса ба ӯ омадаро тарҷума кунад.  Ӯ розӣ шуд, аммо дере нагузашта фаҳмид, ки Вячеслав моҳирона барои шиносоии наздик сабаб пайдо кардааст.

Пас аз як сол ошиқон тӯй карданд.  Ва пас аз ду сол, духтари деринтизор Анна таваллуд шуд.

Тихонов хурсанд шуд, вале хурсандияш дер давом накард.  Тамара бо тамоми фазилатҳои худ, зани бадрашк буд. Ҳунарпешаи ҳалим хеле зуд ба лӯхтаки Тамара табдил ёфт.  Ӯ маҷбур мешуд, ки барои ҳар як лаҳзаи филм, ки дар он ишорае ба ишқ шудааст, ба ҳамсараш ҳисобот диҳад.

Ҳамкасбонаш ҳам дар ҳайрат монда буданд. Тихонов гӯё иродаашро тамоман гум карда буд.  Ҳатто зоҳири Вячеслав тағйир ёфт, яъне натанҳо сират, балки сураташ ҳам иваз шуд.

Бо писараш Владимир, ки аз издивоҷи нахустинаш бо Мордюкова буд,  Тихонов дар гараж, ки ҳеҷ кас онҳоро дида наметавонист, пинҳонӣ вомехӯрд. Охир, Тамара аз муоширати онҳо шод набуд.  Пас чаро як ҷанҷоли нав барангехтан? Дар соли 1990 Владимир ногаҳон вафот кард ва Штирлитс ба маросими дафн рафт ва ҳатто дар он вақт ҳамсараш аз ин амал норозӣ будд.

Тихонов шахси пӯшидаю дамдузд буд.  Ӯ намехост, ки ҳамкасбонаш аз мушкили оилавиаш огоҳ бошанд.  Аммо сӯзанро дар хирман пинҳон кардан мумкин нест.  Леонид Бромевой, як дӯсташро ба ёд оварда, боре дар бораи зани Штирлитс чунин гуфта буд:

“- Ҳамсараш, Тамара менӯшид. Штирлитс аз ин азоб мекашид, лек онро аз дигарон пинҳон карданӣ шуд, шарм медошт.  Аммо чунин хӯсаро дар шкаф пинҳон кардан мумкин нест.  Тамара беохир ба зани ман занг мезад. Ҳарчанд  онҳо якдигарро  намешинохтанд, аммо ду соат сӯҳбат мекарданд.  Виктория муддати дароз ба ин тоб оварда, баъд ба Тихонов аз амали Тамара шикоят кард.

Ӯ танҳо оромона ба ҷои занаш бахшиш пурсид: “Бубахшед Тамараро, вай каме шахси бехуд аст …”

Дар аввали солҳои 2000-ум онҳо ба зиндагии ҷудогона шурӯъ карданд.  Занаш дар як хонаи чорҳуҷрагӣ дар маркази пойтахт монд ва Вячеслав ба дачае дар деҳаи Николина Гора кӯчид.

Идеалҳое, ки ӯ ба он бовар дошт, дар аввали солҳои 90-ум барҳам хӯрда буданд. Ӯ намехост нақши депутатҳои фасодзадаву генералҳоро бозӣ кунад. Ва танҳо баъзан дар тасвирҳои сазовор нақш мебозид.

Ягона хурсандии бузурги пирамард набераҳо – дугоникҳо Вячеслав ва Георгий буданд.  Ӯ бо онҳо вақт гузарониданро меписандид.

Соли 2009 Вячеслав Василевич вафот кард. Дар васиятномае ки карда буд  хоҳиш кард, то ӯро бо писараш Владимир, дар назди зани собиқаш Нонна дафн кунанд, аммо оилаи Тихоновҳо дигар хел қарор доданд:

Ӯ дар калисои асосии пойтахт дар оромгоҳи машҳури Новодевич дафн карда шуд.

Чунин ба назар мерасад, ки Штирлитси машҳур ҳеҷ гоҳ хушбахтии шахсиро наёфтааст. Пас маънии суханоне, ки дар охири умраш такрор кардааст, равшан мешавад:

Медонед, танҳоии ҷисмонӣ ҳаст, танҳоии рӯҳонӣ ҳаст. Ва он хеле душвор аст” …

Тарҷумаи ДИЛНОЗА Ҳукматуллоева,

аз сомонаи taynimirozdaniya.ru

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь