18- уми август ҳамасола дар Тоҷикистон “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” ҷашн гирифта мешавад. 1043 сол муқаддам дар ин рӯз яке аз мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ, фарзанди номвари тоҷик, энсиклопедисти тоҷик, донишманд, олим, файласуф ва пизишки машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омада, ба шарафи зодрӯзи ин аллома соли 1995 Парлумони кишвар 18 – уми августро ҳамчун “Иди касбии пизишкон” ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он акнун ҳамасола дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ин инсони хирадмандро дар тамоми рӯйи дунё мешиносанду эътироф мекунанд. Асарҳои дар соҳаҳои мухталифи илм таълифкардаи Сино ба бисёр забонҳо тарҷумаву борҳо ба нашр расидаанд. Пизишкони рӯйи олам ӯро абарустоди худ медонанд. Пизишкони тоҷик бошанд бо ифтихор худро ворисони Абӯалӣ ибни Сино ҳисобида, баҳри солимии миллату давлат талош менамоянд.

Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-и он омада расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, 150 адад ба илми фалсафа ва беш аз 60 – тои он ба илми пизишкӣ тааллуқ доранд.

Бузургтарин асари ӯ “Ал-қонун-фӣ-тибб” аз 5 қисм иборат буда, давоми ҳашт аср китоби рӯимизии пизишкони тамоми рӯйи дунё ба шумор мерафт. Ин асари безавол 30 маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудааст. Абӯалӣ ибни Сино дар ин асари машҳури худ он нуктаро меомӯзад, ки саломатии инсонро чӣ гуна бояд ҳифз ва бемориҳоро табобат кард. Асарҳои дигари ӯ “Аш-Шифо” ва “Ал-Қонун” мебошанд, ки бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон ба шумор мераванд.

18 – уми августи соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро, дар оилаи Абдуллоҳ, аз зани хуштолеъ Ситорабону писаре ба дунё меояд. Падараш, ки шахси фозил буд, аз хурдӣ фарзандонашро ба роҳи донишандӯзӣ ҳидоят мекард. Истеъдоду шавқу ҳаваси ӯ аз замони кӯдакӣ наздикон ва устодонро ба ҳайрат оварда буд. Вай дар синни 10 солагӣ Қуръони карим ва як қатор илмҳои дигарро фаро гирифт. То 15 солагиаш аллакай аз илмҳои сарфу наҳв, мантиқ, табиатшиносӣ, ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса, ҳайат, фалсафа ва илоҳиёт бохабар буд. Ба омӯзиши илми тиб аз синни 16 солагӣ шурӯъ карда, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун пизишки ҳозиқ ва донишманди ин соҳа низ шӯҳратёр гардид. Аллома Абуалӣ ибни Сино дар ҷаҳон пурмаҳсултарин олим ва адиб эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17 – солагиаш дар солҳои 996 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст.

Бо вуҷуди соҳиби илму дониши васеъ будан пайваста аз пайи омӯзиш буд ва оид ба бисёр соҳаҳо рисолаву асарҳои арзишманде таълиф кард ва то ба имрӯз аз мероси Сино фаровон истифода мебаранд. “Ал-маҷмӯъ”, “Китоб-уш-шифо”, “Наҷот”, “Донишномаи Улоӣ”, “Рисолаи кимиё”, “Алқонун”, “Рисолаи тилисми форсӣ”, “Қасидаи нафс”, “Зафарнома”, “Мантиқи форсӣ” аз ҷумлаи асарҳои машҳури мутафаккири барҷаста Абуалӣ ибни Сино мебошад. Бо вуҷуди фарогирии тамоми илмҳои замонаш вай ташнаи илму дониш буд. Агарчӣ қариб ба тамоми дардҳо даво ёфт, вале дар гирифтани пеши роҳи марги инсон ноилоҷ монд ва худ низ дар синни 57 солагӣ аз олам гузашт:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макруҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Баъди гузашти 1043 сол ҳам имрӯз номи аллома Абӯалӣ ибни Сино вирди забонҳост. Ба хотири гиромидошти ин олими инсондӯст ва хирадманди нотакрор, ҳар сол дар рӯзи мавлудаш, дар Тоҷикистон “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” таҷлил мешавад. Ба ин хотир, ҳамасола субҳи 18 – уми август дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар пояи пайкараи аллома, Ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир мегардад. Пизишкон дар ин рӯз аз хидматҳои бузурги аллома дар самти тиб ёдовар шуда, фаъолияти ӯро шоистаи таҳсин мехонанд ва худро ворисони арзандаи ин нобиға мешуморанд.

Дар ин рӯз бо иштироки олимон, мутахассисони соҳаи ҳифзи тандурустӣ, пизишкон ва дигар табақаҳои аҳли ҷомеа дар саросари кишварамон чорабиниҳои тантанавӣ, маҳфилу конфронсҳо, озмунҳо ва ҷамъомадҳо доир мегардад, ки дар он пизишкони хидматнишондодаи соҳа бо унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар чорабиниҳо инчунин ғолибони озмунҳои “Пизишки беҳтарин”, “Парастори беҳтарин” ва ғайра муайян мегарданд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз ҷониби иттифоқҳои касаба низ пизишкону парасторон бо тӯҳфаҳо сарфароз мегарданд.

Аллома Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузоштааст. Вай дар пешрафт ва тараққиёти дигар соҳаҳои илми тиб низ хидмати босазо кардааст. Ӯ усулҳои набзшиносӣ, табшиносӣ, бавлшиносӣ ва вабошиносиро нишон дода, роҳҳои муолиҷаи чунин бемориҳоро тавсия додааст. Хидматҳои Ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ низ беҳамто мебошанд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба эҳтироми ин ҳакими бузург кӯчае дар пойтахт номгузорӣ шуда, ба муносибати 1000 – солагии мавлудашон дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамааш гузошта шуд. Инчунин, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ имрӯз номи ӯро дошта, бо номи ин олим “Мукофоти давлатӣ” таъсис дода шудааст.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳаи тиб дар соли бузургу таърихӣ – 32 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардҳои худро бештар намуда, баҳри саломатии инсон ва ояндаи неки ӯ меҳнати шоиста менамоянд.

Шервони УМРИДДИН

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь