Мусаллам аст, ки ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, дар ташаккул ва таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми форсу тоҷик ҷойгоҳи махсус доранд. Зиёда аз ин, бовару ормонҳои бостонӣ дар боло рафтани фантазияву тахайюли рангин, шакл гирифтани тафаккуру шуури миллӣ ва билохира тавсеа ёфтани биниши фалсафии ақвоми эронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик нақши калидӣ доштаанд.

Силсилаи бовардоштҳои бостонӣ, ки раванди ормонгаройии миллиро тақвият додаанд, бар мабнои воқеиёти рӯзгор ва зиндагии реалию заминии мардум бофта ва сохта шуда, инъикосгари рӯҳияи миллию мардумӣ будаанд. Гузашта аз ин, таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми форсу тоҷик ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва сиёсат дуруст карда, дар арсаи тамаддуни башарӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

Ба назари муҳаққиқон, гуманизм (инсондӯстӣ), саентизм (хирадмадорӣ) ва ратсионализм (ақлгаройӣ) аз мақулаҳои асосии секулоризм мебошанд. Аз тарафи дигар, таъбири англисии “secular space” ба маънои фазои дунявӣ ё ҷою маконе далолат мекунад, ки ақлу мантиқ ва илму дониш аз таъсири ҷоду (magic) ва афсона (mythology) озоданд ва ин ақлу мантиқ ва илму дониш метавонанд дунёи мардумро ба таври солим шакл бидиҳанд. Ба ин маънӣ, решаҳои қолиб ё формати зиндагии дунявӣ ва ба истилоҳ, секулориро, ки тайи ду асри ахир миёни ақвому милали ҷаҳон ба сифати ҷаҳонбинии алтернативӣ ва низоми фарогири сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданӣ маҳбубият пайдо кардааст, метавон дар маҳдудаи фарҳанги миллӣ пайдо кард. Муҳимтар аз ин, тарз ё шеваи зиндагии секулорӣ (дунявӣ) хамирмояи ормонгаройии миллиро ташкил медиҳад. Ба ин далел, ормонгаройии миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагони мо созмон ёфтааст, дар замон ва шароити муосир барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Ин аст, ки файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ устод Комил Бекзода таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистааст (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389). Махсусан, дар шароити сахти бархӯрдҳои тамаддунӣ, боло гирифтани манофеи сиёсию геополитикӣ ва ташаннуҷи хатарҳои глобалӣ эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти мероси фарҳангӣ ва ниҳоятан, истифодаю корбасти қолибҳои фалсафию сиёсии дар барномарезиҳои расмию давлатӣ амри зарурӣ ба шумор меравад.

Мисоли равшани ормонгаройии миллӣ, ки бар асоси дидгоҳи дунявӣ таҳаққуқ ёфтааст, устураи Ҷамшеди Пешдодӣ мебошад. Ин устура (манзур устураи Ҷамешед аст)-ро метавон ба унвони мафкураи давлатдории миллӣ матраҳ кард, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшеди Пешдодӣ чарх мезанад. Дар маркази таваҷҷуҳи асотири марбута, ки дар “Вандидод”-и Авасто мунсаҷим шудаанд, шахсияти заминӣ ва инҷаҳонӣ (дунявӣ ё секулорӣ)-и Ҷамшеди Пешдодӣ қарор гирифтааст. Тибқи бовардоштҳо, ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва ободу зебо сохтани он (ҷаҳон, гетӣ, дунё)-ро меъёр ва шеваи зиндагии худ ва соири инсонҳо талаққӣ карда, дар татбиқи барномае ҳамчунинӣ саъю талош варзидааст (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360). Аз ин лиҳоз, фарҳанги Ҷамшедиро, бемуҳобо, метавон пешзаминаи низоми давлатдории дунявӣ шумурд.

Мардонагӣ ва шарофати Куруш- шаҳриёри дунявигарои миллиро дар бахшҳои 32 ва 34-и Маншур мушоҳида мекунем: “Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд…Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам…” (таваҷҷуҳ шавад ба: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ӯро дида, мардуми Бобул ба вай унвонҳои “Шоҳи Бобул”, “Шоҳи сарзаминҳо” доданд. Куруши Кабир дар Бобул сиёсати родмардӣ, инсондӯстӣ ва ба истилоҳи имрӯза, демократии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Эрон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122).

Баъди суқути давлати Сосониён, ки меросбарони аслии империяи Ҳахоманишӣ ва Курушӣ буд ва тасаллут ёфтани сиёсат ва идеологияи аҷнабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ, тайи дусад сол сиёсат ва фарҳанги миллӣ “давраи сукут”-ро аз сар гузаронид (манзур таъбири “ду қарни сукут” аст, ки бозсохти донишманди бузурги эронӣ доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб буда, мунтаҳо, унвони китоби мавсуф (ниг.: Зарринкӯб Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон, 1381)-ро ташкил медиҳад)). Пас аз ҷаҳду талошҳои зиёд хонадонҳои миллӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардиданд ва давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён рӯйи кор омаданд. Махсусан, дар замони салтанати Сомониён тадриҷан сиёсати миллӣ бар пояи фарҳанги дунявӣ дар ҷомеа нуфуз пайдо кард. Дар ин давра забони миллӣ, ки пойдевори сиёсату фарҳанги бумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқ биниши дунявӣ дар бастагӣ бо тафаккури миллӣ машрӯият касб кард. Афзун бар ин, дар қаламрави давлати Сомониён доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину сиёсат ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт, маҳдуд гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ (961-984) китоби машҳури “Тафсири кабири Табарӣ” ба забони миллӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. –С.138). Маҳз дар даврони Сомониён мардум дар фазои дунявият ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карданро таҷриба намуданд. Дидгоҳи миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо тафаккуроти дунявӣ дар қолаби офаридаҳои адабӣ-бадеӣ, ҳунарӣ ва фалсафии адибону донишмандони замони Сомонӣ (устод Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва амсоли онҳо) зуҳур кард ва мардум ба муҳит ва фазои солими озодиҳои динӣ-имонӣ одат намуд.

Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият ва тафаккури дунявӣ дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ-мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.

Бояд ёдовар шуд, ки донишмандон маъмулан, ду модели мутафовити секулоризм ва дунёмадориро матраҳу баррасӣ кардаанд: яке, модели фаронсавӣ ва дигаре, модели англосаксонӣ. Ба ин манзур, модели фаронсавии дунявият тамоюли аз саҳнаи оммавӣ ба мадори фардият кашидани зуҳури мансубияти динии шахс ва ҷудосозии шадиди дин аз давлат хос аст. Баръакси ин, модели англосаксонии дунявият зуҳури тамоюлоти диниро дар фазои оммавии ҷомеа ҳамчун таҳдид ба суботи иҷтимоӣ баррасӣ намекунад ва давлат дар баробари такя ба арзишҳои динӣ дар татбиқи ҷомеапазирии мақсадноки одамон инчунин дар танзими қонунии ин равандҳо фаъолона иштирок менамояд (ниг.: Усмонзода Хайриддин, Фаттоҳзода Саидмурод. Манфиатҳои миллӣ ва исломи сиёсӣ. //Минбари халқ, №13 (1359), 6 апрели соли 2022. С.3).

Ба ин тартиб, вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият ва осебпазир намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад.

Хушбахтона, давлати миллии мо бо такя ба мероси сиёсию фарҳангии гузашта роҳи давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин масир қадам бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ҳаракат мекунад. Ба сухани дигар, тафаккури дунявӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ рушд мекунад, тафаккури кушоду боз аст ва он ба ҳар навъ андеша ва мафкура эҳтиром мегузорад, вале таҳмили андеша ва фишори ақидатиро қабул надорад. Дар тасаввури инсони дунявӣ ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон(манзур раҳбарияти низоми давлатдории дунявӣ аст), беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар шароити ибодат, фароғату истироҳат ва шуғлу таҳсил таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни табақаҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, бовармандони динӣ ва ҳаводорони созмонҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоваранд.

Дар низоми давлатдории дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мунсифона бархӯрд карда тавонанд. Ҳар қадар дар ҷомеа тафаккури дунявӣ реша давонад, ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад. Ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар низоми давлатсозии дунявӣ, ки дар қолаби асотири бостонии миллӣ рехта шудааст, раҳонидани инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеа аз бунбасти ҷаҳолату хурофот мебошад. Давлат бо такя ба неруҳои фикрию маданӣ барои зиндагии арзандаю шоиста шароити мусоид фароҳам меоварад ва дар заминаи саводнок кардани мардум барномарезиҳои мушаххасро пиёда месозад. Ҳамкории мунтазами давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ як амри маъмулӣ маҳсуб меёбад, боиси ҳалли муаммо ва мушкилоти мавҷуда мегардад. Муҳимтар аз ин, дониш ва хиради ҷамъӣ асос ва пояи давлатдории дунявиро ташкил медиҳад ва ҷомеае, ки дар сатҳи баланди фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ қарор дорад, ҷомеаи секулорӣ ва хирадмеҳвар аст. Ин аст, ки собиқа ва таҷрибаи таърихии сохтмони давлати дунявиро доштем ва корбасти эҷодкоронаи бовардовариҳои бостонии миллӣ дар ҷараёни давлатсозии дунявии тоҷикӣ муҳим ва тақозои замон аст.

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь