Ҳарчанд дар мавриди нашри китоб дар Осиёи Миёна бисёр таҳқиқоти судманд вуҷуд дорад, аммо ин навишта махсусан ба нақши яке аз барҷастатарин ноширони китоб, ки аз минтақаи мазкур бархоставу дар фаъолияти худ кӯшидааст, то ҳарчи бештар тавассути китобу фарҳанг Осиёи Марказиро бо манотиқи дигари ҳамсангар пайванд диҳад, тахассус дорад. Ин нафар Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандии саҳҳоф мебошад, ки бештар бо лақаби дигар – «тоҷири кутуб» маъруфият дорад. Фаъолияти ноширии ӯ бештар дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ҷараён дошта, дар шаҳрҳои Лакҳнав, Лоҳур, Пешавар, Бамбей, Мумбайи Ҳиндустону Покистон; Истанбули Туркия, Кобул ва Мазори Шарифи Афғонистон, Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Хӯқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна сурат гирифта бошад ҳам, ӯ ба сайру саёҳати минтақаҳои зиёдтар ноил гардидааст. Дар мавриди кор ва пайкори Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷа дар навиштаҳои гуногун маълумот омадааст, ки яке аз беҳтарин маълумот китоби «Маъвои дил»-и Раҳим Ҷалил мебошад (7). О.П. Шеглова бошад, бори аввал дар навиштаҳои илмии худ ба таври мушаххас дар бораи ӯ хабар медиҳад (9, 195-209). Дар баробари Шеглова дигар мусташриқони русзабон ҳам дар ин кор бо ӯ баробарӣ доранд. Масалан, Г.Л. Дмитрев дар мақолаи хуби худ бо номи «Паҳншавии китобҳои дар Ҳинд чопшуда дар Осиёи Миёна дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20» дар бораи ӯ маълумоти муҳим меорад. Аз рӯи маълумоти Г.Л. Дмитрев Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷа дар зарфи танҳо се моҳ аз минтақаҳои Шибҳи Қораи Ҳинд ҳудуди 400 нусха китоб ба Осиёи Миёна дастрас карда будааст, ки дар миён мавзӯоти мухталиф доштани китобҳо ҳолати табиист. Ҳамчунин, ба ишораи олими мазкур бештари ин китобҳо ба ғайр аз ду китоб, ки дар Туркия ба табъ расида буд, дар Ҳиндустон интишор ёфтаанд (4, 249). Аз сабабе, ки бештарин китобҳои нашрнамудаи ӯ дар матбааи Нувал Кишури Лакҳнави Ҳиндустон ба зевари табъ ороста шудааст, бархе муҳаққиқон ӯро шогирди Нувал Кишур қаламдод мекунанд. Мо дар ин навишта, ҳарчанд фарогири кулли ҷанбаҳои фаъолият ва ё шахсияти тоҷири кутуби хуҷандӣ нест, кӯшиш мекунем, то хусусиятҳои камтар таҳқиқшудаи зиндагӣ, мақоми маънавӣ ва фаъолияти ӯро ба маъраз гузорем.

Муҳаққиқи рус О.П. Шеглова дар яке аз мақолаҳояш ишора мекунад, ки чопи сангӣ ба Осиёи Миёна ҳудудан дар асри 19 ворид шуда (8, 65) ва ин аз дигар минтақаҳои форсинишин хеле баъдтар сурат гирифтааст. Масалан, дар Шибҳи қораи Ҳинд, Осиёи Сағир, Хуросону Форс дастгоҳҳои чопи сангӣ пештар аз Осиёи Миёна ворид шудаву ба фаъолият оғоз карда буданд. Сабаби асосии аз ин лиҳоз қафо мондани минтақаи мавриди назар гирудорҳои сиёсии се хонигарии ҳукмрон дар он аст. Вале як сабаб он ҳам буда метавонад, ки дар ин минтақа беш аз пеш касби хаттотӣ роиҷ буда ва нусхаҳои фаровоне дар фосилаи замонии мавриди назар дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хӯқанду Гурганҷ, Хуҷанду Истаравшан, Фарғонаву Тошканд ва амсоли ин шаҳрҳо ба риштаи китобат даромадаву рушди чашмгири ин санъат низ боиси дертар вуруд ёфтани чопхона дар он шуд. Ҳамчунин, дастгоҳҳои чопӣ, ки тавассути русҳо ба шаҳрҳои Осиёи Миёна дохил шуда буданду барои нашри рӯзномаҳо кор фармуда мешуданд, дар ҷаҳонбинии мазҳабиву таассубии он замонаи аҳли хониш, ки аксаран таълимоти динӣ доштанд, хуш пазироӣ наёфта буданд.

Аммо муҳаққиқи фавқуззикр ва муҳаққиқони дигар ҳам, ки дар мавриди чопи сангии ин ё он минтақаи тоҷикнишин баҳсу таҳқиқ кардаанд, дар кори таъйини сабабҳои вуруди он ба Осиёи Миёна як андоза сукут кардаанд. Ҳол он ки муҳимтарин омил ва поя дар ин раванд равобити мустаҳками тоҷирон, ки ҳамчун ноширони китоб зимоми фаъолият боло кардаанд, бо минтақаҳои гуногун буд. Мо бо номи даҳҳо ноширони кутубу хаттотон, тоҷирону саҳҳофон ва шерозабандон дучор меоем, ки аз ин минтақа бархостаанд. Инҳо Мулло Абдулқодир Махдуми Шошӣ, Хоҷа ибни Саййид Муҳаммади Тошкандӣ, Ҳоҷӣ Қодир Абдуррауфи Самарқандӣ, Абдулҳакимхоҷаи Бухорӣ, Мирзо Абдулхолиқи Бухороӣ, Мулло Султон ибни Мулло Собири Бухороӣ, Мулло Акмалхони Самарқандӣ, Мулло Абдурраҳмони Хуҷандӣ, Мулло Шарифхоҷаи Хуҷандӣ, Идрисхоҷа ибни Эшонхоҷаи Хуҷандии тоҷири кутуб, Мулло Абдулҳамиди Муфтӣ ибни Мулло Саййид Абдуллоҳи Мударрис, Ҳоҷӣ Юсуфи Муқимбой ва дигарон мебошанд, ки равшангарони роҳи маърифату дониш низ ба ҳисоб мераванд. Маҳз ҳамин ноширони китоб сабаб шуданд, ки бозори хариди китоб дар шаҳрҳои Осиёи Миёна гарм шавад ва фикри дар ин ҷо ҳам гузоштани дастгоҳи чопи китоб ба донишмардону тоҷирон биёяд.

Дар байни тоҷирони мазкур кор ва фаъолияти Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандии тоҷири кутуб куллан тафовут дорад. Ӯ дар кори интишори кутуб ба қуллаҳои баланд даст ёфта будааст. Мо ин нуктаро аз авроқи унвонии китобҳои нашрнамудаи ӯ низ ба мушоҳида гирифта метавонем. Чун дар онҳо навиштаҷоти аҷоибро, ки ба китобҳои дигар тоҷирони кутуб хос нест, дида метавонем. Масалан, дар саҳифаи унвонии китоби «Қиссаи гурба ва муш» чунин ҷумла зикр шудааст: «Дар ин замони фурӯхт тавъамон ба фармоиши Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ» (ниг. 6). Яъне, ин навишта бозгӯи ҳолати тиҷоратӣ дорад. Дар баъзе китобҳо бошад, танҳо аз «ҳоҷий-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн» будани мавсуф ёд мешаваду халос. Бо вуҷуди ин, навиштаҳои бисёр ҷолиберо ҳам дар саҳифаҳои унвонӣ аз китобҳои нашрнамудаи ӯ дидан мумкин аст. Чунончи, дар китоби «Шарҳи Ҷомӣ ҳошияи Исомуддин бар «Фавоид-уз-зиёия» омадааст: «Бо ҳазорон хубӣ ва хушуслубӣ ба ҳусни эҳтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқсоҳиби Хуҷандӣ» (ниг.: 1). Калимаи «соҳиб» ин ҷо ҳамчун сиғаи эҳтиром зикр мешавад, ки дар байни ҳиндувон ва тоҷикзабонони маскун дар ин минтақа роиҷ будааст. Аз навиштаи боло маълум мешавад, ки хусусияти тиҷорати китобҳо ва амалкарди рӯнамо дар ин тиҷорат чӣ гуна бо навиштаҷоти китобҳо ҳаммаром пеш мерафтааст.

Ҳамчунин, дар китоби «Шарҳи Ҷомӣ маа ҳошияи Исомуддин» (нашри 1322/1904) мехонем: «Ҳасби фармоиши бандаи даргоҳи Рабб-ус-самадӣ ва уммати Муҳаммадӣ, саллаллоҳу ъалайҳи васаллам, ва хидматгори уламои динӣ, яъне ҳоҷий-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн Сиддиқхоҷаи Хуҷандии тоҷири кутуб» (ниг.: 2). Мо дар мавриди ибораҳои «бандаи даргоҳи Рабб-ус-самадӣ» ва «уммати Муҳаммадӣ» чизе зикр карданӣ нестем, аммо ибораи «хидматгори уламои динӣ» дар назари мо бисёр ҷолиб аст. Яъне, дар ин ибораи чеҳраи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷа на танҳо ҳамчун тоҷири кутуб ва ё саҳҳоф шинохта мешавад, балки ӯ ҳамчун чеҳраи фарҳангӣ ва маънавӣ низ мавқеи хосе дорад. Ибораи мазкур айнан дар саҳифаи унвонии китоби «Сияри туркӣ» такрор шуда, ба он танҳо қисмати дуоияи «дома баракотуҳу» изофа мегардад (ниг.5). Ибораи «дома баракотуҳу» дар гузашта одатан дар мавриди шахсиятҳои рӯҳонӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амсоли истифода мешуд ва корбаст шудани он дар мавриди танҳо шахсияти тиҷорӣ аслан дуруст нест. Пас, маълум мешавад, ки Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи саҳҳоф кайҳо чун шахсияти фарҳангиву бомаданият мавқеи хос пайдо карда будааст.

Мушоҳидаҳои мо нишон медиҳад, ки навиштаҳои мазкур ва иддае аз навиштаҳои дигар аз хушкориву завқи тоҷири хуҷандӣ дар муқовабандӣ, тарзи ҷилдсозӣ ва ҷобаҷогузории китобҳо дарак медиҳад. Масалан дар хотимаи китоби «Ғиёс-ул-луғот», ки бо «Мунтахаб-ул-луғот» якҷоя чоп шудааст, чунин мехонем: «Ал-Ҳамду Лиллаҳ, ки дар ин айёми фархундафарҷом китоби «Ғиёс-ул-луғот» – ҷомеъи луғоти арабу аҷам маа «Мунтахаб-ул-луғот» ба тарзи ҷадид, ки ҳар саҳифа ба чаҳор колим (қисмат) дар баъзе луғоти «Ғиёс-ул-луғот» ва дар баъзе «Мунтахаб-ул-луғот» таҳрир шуда ва дар ибтидои саҳифа бар сари колимҳо номи ҳар як аз ин ду навишта, то яке бар дигаре муштабаҳ нашавад. Ибтидои боб аз ҳар ду китоб аз як саҳифаи муқобили якдигарӣ карда шуда, агарчи ин ҳар ду китоб якҷоӣ яке дар матну дигаре бар ҳошия… табъ шудааст, лекин на бо ин хубист, ки ҳар як баробари дигаре чун ду дарёи заххор ҷорӣ шуда, мисдоқи «Мараҷа-л-баҳрайн» гардида. Ҳасби фармоиши Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандии тоҷири кутуб дар матбааи Муншӣ Нувал Кишури воқеъи Лакҳнав… санаи 1912, мутобиқ ба моҳи сафар-ул-музаффари санаи 1330 ба ҳусну хубӣ табъ шуда» (3, 758). Аз навиштаи боло чанд нуктаи бисёр муҳим бармеояд. Яке, ба сифати чоп ва чигунагии ҷойгиршавии маводи китоб диққат додани Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ. Яъне, тибқи ишораи мазкур агарчи ин ду китоб пештар низ дар як муҷаллад ба нашр расида буданд, он мувофиқи табъи гуҳарсанҷи ношири хуҷандӣ набудааст ва аз ин рӯ тасмими бозчопи онро дар шакли комилан дигар пеш гирифтааст. Сипас, дар нуктаи таммати хусусиятҳои фарқкунандаи нашри худро аз дигар нашри китобҳои мазкур баён доштааст.

Нуктаи дигар он ки тоҷири хуҷандӣ дар олами нашри китобҳо шуҳрати беандоза доштааст. Чунонки аз унвонҳои ифтихорие, пештар аз ин ҳам дар саҳифаҳои унвонии китобҳо зикр шудаанд, ин нукта ба хубӣ дарк карда мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе китобҳои нашрнамудаи Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷа маълумоти дигаре ҳам дар бораи ӯ дида шуд. Ҳарчанд, ин маълумот иборат аз шеър асту хусусияти сарчашмавӣ надорад, вале бисёр ҷолиб менамояд. Шеър аз тарафи яке аз мухлисону ҳаводорони тоҷири хуҷандӣ навишта шуда, ба иборати зайл аст:

Сад шукру сипос мар Худоро,

Сад наъту дуруд Мустафоро.

Олу асҳобро ситоям,

Аз уҳдаи манқабат бароям.

Матбӯъ шуд ин китоби зебо,

Яъне, ки «Ғиёс» дар луғатҳо.

Бо ӯ шуда «Мунтахаб» чунон ҷуфт,

Гуфтӣ ту, ки котибаш гуҳар суфт.

Аз хоҳиши тоҷири сарафроз,

К-аз ҳиммати хеш гашт мумтоз,

Он номвари ҷаҳони дониш,

Бикшод дари дукони дониш.

Бо сидқу сафо чу ком дорад,

Хоҷа Сиддиқ ном дорад.

Дар табъи кутуб чу ҷаҳд фармуд,

Бинмуд атову бахшишу ҷуд.

Аз ҷуду сахои ӯ чӣ гӯям,

Мамнуни наволи ӯст олам.

Бигрифт дукони ӯ ҷаҳонро,

Ҳам шаҳри Хуҷанду Марғинонро.

Шаҳри Хӯқанду ҳам Бухоро,

Ҳар ҷой дуконаш ошкоро.

Ё раббӣ, ба ҳиммати баландаш,

Медор ба гетӣ арҷмандаш.

Ҳамаи нуктаҳои мазкур, ки бозгӯ аз шахсияти адабӣ ва мураввиҷи фарҳанг будани Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандист, дар зимн ишоратҳои дигаре ҳам дорад. Барои он ки агар ӯ ба ҳайси як шахсияти бо мавқеъ дар ин самт агар намебуд, чунин сифаткуниҳо дар мавриди ӯ воқеъ намегардид. Сониян, тамоми ин нуктаҳо асосҳои воқеӣ ҳам доранд. Яъне, кори беш аз пеши тоҷири кутуб буд, ки дар ҷаҳони илм иддае ӯро хидматгори илм гуфту дигаре тарвиҷгари дониш. Пас, ҳамин сифатҳо, ки доир ба як ношир ва тоҷири кутуб баён шудаанд, агар дар мавриди дигар тоҷирони кутуби мовароуннаҳрӣ низ гирдоварӣ шаванд, масъалаи ба кадом роҳу восита ба Осиёи Миёна ворид шудани санъати чоп низ ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро аз дигар манотиқ овардани китобҳо омили асосии бавуҷудоии чопхонаҳои сангӣ шудааст.

Парвинахон Додохӯҷаева

муаллимаи кафедраи грамматикаи

забони арабии факултети Забонҳои шарқи

МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь