Чанде пеш, аниқтараш санаи 3 декабри соли 2024 дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” дар муаллифии Умар Умарзода мақолае зери унвони «Тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар оини зардуштӣ» ба нашр расид. Мақоларо муаллиф дар саҳифаи худ гузошта, бо ин баҳси шадидеро дар байни корбарони ин шабака ба вуҷуд овардааст. Албатта, зиёд мавзуҳое ҳангоми баррасӣ дар чунин шабакаҳо мавриди баҳсҳои тунд қарор мегиранду банда камтар ба онҳо диққат медиҳам. Аммо ин мавзуъ, ки ба таърихи беш аз 3, 5 ҳазорсолаи халқи мо иртибот дорад каминаро дар канор гузошта натавонист. Агарчанде, он ҷо посухи сазовор ба муаллиф додам, боз ба он қонеъ нашуда, тасмим гирифтам, ки тариқи матбуот масъаларо манзури хонандаи закитабъи тоҷик гардонам.

Дар ибтидо қайд намудан зарур аст, ки мақола ғаразнок буда, дар он эҳсоси нафрат нисбат ба таъриху фарҳанги бойи зардуштия, ки як марҳилаи дуру дарози таърихи тоҷиконро дар бар мегирад ба назар мерасад. Муаллиф бо овардани як иқтибоси носаҳеҳ аз китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» ин динро ҳамчун тарғибкунандаи чунин рафтори зишт муаррифӣ мекунад. Бо ҳамин мазмун, чунин менависад: «… аз назари таълимоти Зардуштия ҳамҷинсгароӣ ҳеҷ эроде надорад ва ҳеҷ як кори зишту гуноҳ маҳсуб намешавад». Далели аслии муаллиф, ки ба он такя зада чунин иддао мекунад як суруди нотамом ва ё носаҳеҳ аз “Вандидод”-и китоби «Авесто» мебошад. Бо мақсади дақиқияти масъала иқтибоси мазкурро, ки дар фаргарди 8, бахши 5, зербахшҳои 27 – 30 оварда шудааст, манзури хонанда мегардонем ва пасон ба таҳлили он мепардозем: «Эй додори ҷаҳони астуманд! Эй ашаван! Агар марде ба созиш бо марде дигар кунмарзӣ кунад, подафраи гуноҳаш чист ва товони он кадом аст ва чӣ гуна чунин касе метавонад аз ин гуноҳу олудагӣ пок шавад? Аҳура Маздо посух дод: Чунин гуноҳеро ҳеҷ подафра ва товоне нест…».

Воқеан, ҳар хонанда аз хондани чунин як маълумот, дарҳол мисли зиёд ҳаводорони мақолаи Умарзода хулосаи нодуруст бароварда, нисбати таърихи гузаштаи хеш ҳисси нафрат пайдо мекунад. Сад афсӯс, ки душманону нотавонбинони таърихи фарҳангу тамаддуни бузурги ориёиҳо – тоҷикон имрӯз аз ҳисоби худи тоҷикон чун “меваҳо”-и неруҳои беруна, ки таи ҳазор сол ҷадал намуданд то моро маънаван маҳв намоянд, амал намуда, ба решаҳои хеш ноогоҳ теша мезананд.

Ба назари мо, бо овардани як иқтибос ва бе таҳлилу тафаккур дарҳол қабули он ҳамчун ҳақиқати илмӣ, нишонаи камхирадӣ ва ё нотавонбинию бахилист. Дар ҳамин маврид худи Зардушт мегӯяд: «… Он чиро, ки аз ман мешунавед, бо хиради дуруст ва маниши пок ва равшании хеш биписандед, арзёбӣ кунед, в-он гоҳ бипазиред».

Таҳлил ва баррасии сарчашмаҳои таърихӣ, ба хусус китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» баръало нишон медиҳад, ки ҳамҷинсгароӣ ва ё ба ибораи худи зурдуштиён “кунмарзӣ” (ливота, амрадгароӣ) дар ин дин як амали баду нобахшиданӣ ба ҳисоб меравад. Инро мо дар якчанд саҳифаи «Авесто» мушоҳида намуда метавонем. Масалан, дар фаргарди 1-уми «Вандидод» чунин оварда мешавад: «Нуҳумин сарзамину кишвари неке, ки ман – Аҳура Маздо офаридам, Хнента дар Гургон буд. Пас он гоҳ Аҳримани ҳама тан марг биёмад ва ба патёрагӣ гуноҳи нобахшиданӣ – кунмурзиро (анотурта, педаратсия) биофарид». Дар ин ҷо ҳамҷинсгароӣ чун гуноҳи нобахшиданӣ ва офаридаи шайтон – Аҳриман эътироф мешавад. Дар фаргарди 8, бахши 5 ва зербахши 26 бошад, нисбати марде, ки бо зӯри ҳамин амалро иҷро мекунад чунин ҷазо муқаррар гардидааст, ки дар матни асл мехонем: «Агар марде ба зӯр бо марде дигар кунмарзӣ кунад, подафраи гуноҳаш чист? Аҳура Маздо посу дод: Ҳаштсад тозиёна бо аспаҳе-аштра, ҳаштсад тозиёна бо сраушо-чарана (номи чӯбдастест, ки пешвоёни дин барои танбеҳи гуноҳкорон дар даст мегирифтаанд)». Аҷиб дар ин аст, ки муаллиф ҳамин иқтибосро ҳам овардааст, аммо умуман мавриди таҳлил қарор надода чизе, ки мехостааст дунболи он шудаст.

Дар зербахши 32 ин мавзуъ шадидтар маҳкум шуда мардумоне, ки хоҳ маҷбурӣ ва ё ихтиёрӣ ба ин амал майл мекунанду даст мезананд девпарасту ҳамсони девон ва ҳамхобаи онҳо дониста мешаванд. Дар таълимоти маздаясно (зардуштия) “дев”, “даева” номи ҳамагонии офаридагону коргузорону дастёрони Аҳриман (Шайтон) аст, ки дар баробари офариниши аҳуроӣ истода ва ба патёрагӣ (бадхоҳию каҷрафторӣ) бо он ситезанд. Худи Аҳриманро “девон”, “дев”, яъне солору фармонравои девон хондаанд.

Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки дар таълимоти ин дини аҷдодии мо чунин амали зиддиахлоқӣ шадидан маҳкум мешавад. Аммо ин ҷо баҳс сари мазмуну моҳияти матни зербахши 27 – 30 меравад. Тавре, ки дар боло ишора шуд, аз мазмуни матн бармеояд, ки гӯё ҳар нафаре, ки бо хоҳиши худ ба ҳамҷинсгароӣ машғул мешавад подоши баде намегирад. Оё дар воқеъ чунин аст?

Аввалан бояд ба назар гирифт, ки ҳамин қисми «Авесто», яъне «Вандидод» агарчанде дар қиёс ба дигар қисмҳо пурратар боқӣ мондааст, аммо он ҳам комил нест. Бо кадом далел?

Ба ҳамин зербахши 27 – 30 агар мантиқан таваҷҷуҳ намоем ин гуфтаи мо баръало эҳсос мешавад. Матн бояд ба чор қисм (27, 28, 29, 30), мисли дигар зербахшҳо ҷудо мешуд. Матни мазкур (агар сохти гузориши дигар зербахшҳоро ба назар гирем) воқеан ба як қисм ҷудо шудааст ва он ба гумони ғолиб танҳо зербахши 27 аст. Матни зербахшҳои 28, 29 ва 30 дар асл боқӣ намондааст;

Се нуқтае, ки аз тарафи таҳриргарон дар фарҷоми ҳамин зербахш гузошта шудааст барои аҳли китоб маълум аст, ки матн идома дорад.

Аз он, ки бештари авестошиносон муътақид бар онан, ки «Вандидод» матни комили то замони мо расида мебошад, аслан эшон «Вандидод»-и таҳияшудаи аҳди Сосониёнро дар назар доранд. Масалан, донишманди даниягӣ Артур Кристенсен ба ин назар аст, ки Вандидод ягона қисми комилест, ки аз «Авесто»-и даврони сосонӣ то замони мо расидааст. Дар асл он низ комил нест.

Бо ба назар гирифтани сарнавишти талхи китоби «Авесто» дар дарозои таърих яқин аст, ки бештари суруду нигоштаҳои он маҳв шудаю зери бодҳои тунди таърих нопадид шудаанд. Ҳатто ҳамон таҳрири замони Сосониён ҳам комил нест. Бо ҳуҷуми маргбори араб бештари қисмҳои «Авесто» ба коми оташ кашида шуд ва то замони мо ба навиштаи академик Бобоҷон Ғафуров, чаҳоряк қисмати «Авесто»-и замони Сосониён омада расидааст.

Ба назари ман, дар идомаи ҳамин матни нотамом бояд таъкид мешуд, ки инҳо деванд ва сиришту вуҷудашон чунин шакл гирифтааст. Бо кадом далел? Ба муҳтавои зербахши баъдӣ, яъне 31 таваҷҷӯҳ намоед: «Эй додори ҷаҳони астуманд! Эй ашаван! Дев кист? Девпараст кист?…», бо ҳамин, сухан ин ҷо дар мавриди “дев” меравад. Агар ба дигар бобу бахшҳои «Вандидод» (тарзи гузориши мавзуҳо, сохтор) диққат намоед мушоҳида мешавад, ки мавзуҳо бо тартиби муайян пайгирӣ мешаванд. Аммо дар ин ҷо бошад сухан якбора аз “дев” сар мешавад. Ин тарзи гузориш бори дигар собит мекунад, ки матн пурра набуда, зербахшҳои 28, 29 ва 30 дар ҳақиқат несту нобуд шудаанд.

Бардошти муаллиф доир ба он, ки дар таълимоти зардуштия нафарони бо хоҳиши худ ба ин амали касиф даст зада подоши баде намегиранд, хатост.

Зиёд сарчашмаҳои таърихие ҳастанд, ки гузаштагони дури моро, ки муътақид ба оини зардуштӣ буданд, чун мардуми озодаю пок ва дорандаи суннатҳои зебои оиладорӣ муаррифӣ намудаанд. Аммо дар ин миён, сарчашмаи асл худи китоби муқаддаси «Авесто» ба шумор меравад, ки чунин амалҳои зиштро аз ҳар лиҳоз маҳкум мекунад.

Гуноҳ будани ҳамҷинсгароӣ ё худ ливотагарӣ дар ҳамон матни нопурраи зербахши 27 – 30 низ зикр шудааст. Тавре дар анҷоми матн оварда шудааст: «Чунин гуноҳеро ҳеҷ подафра ва товоне нест…». Аз ин мебарояд, ки чунин рафтор “гуноҳ” эътироф шудааст ва барои ҳамагон маълум аст, ки гуноҳ ин амали бад, ҷурм, ҷиноят, хатокорӣ мебошад.

Дигар далел: Дар китоби «Авесто» ба таври ошкоро нафароне, ки бо майли худ (бо хоҳиши худ) ливотагарӣ мекунанд девпарасту бадсигол гуфта мешаванд. Барои исботи ин андеша боз руҷуъ мекунем ба «Авесто». Дар зербахши 32-и «Вандидод» дар посух ба ин, ки “дев кист?” чунин оварда шудааст: «Аҳура Маздо посух дод: Марде, ки бо марде кунмарзӣ кунад ё марде, ки бигзорад марде бо ӯ кунмарзӣ кунад, дев аст». Такроран таваҷҷуҳ шавад: «… ё марде, ки бигзорад марде бо ӯ кунмарзӣ кунад, дев аст». Яъне, бо хоҳиши худ ин амалро иҷоза диҳад пас вай дев аст, ва манзур аз дев ӯ осию руҳсиёҳ аст.

Идомаи матни мазкур ин гуфтаҳоро боз рӯшантар менамоянд: «Ӯст, ки девпараст аст. Ӯст, ки ҳамхобаи наринаи девон аст. Ӯст, ки ҳамхобаи модинаи девон аст. Ӯст, ки модадев аст. Ӯст, ки дар андаруни хеш ҳамсони дев аст. Ӯст, ки дар ҳамаи ҳастии хеш ҳамсони дев аст. Ӯст, ки пеш аз марг ҳамсони дев аст ва пас аз марг яке аз девони нопайдо шавад. Чунин аст марде, ки бо марде кунмарзӣ кунад ё марде, ки бигзорад марде бо ӯ кунмарзӣ кунад». Инҷо низ шадидан маҳкум шудани ин рафтор ва махсусан дар ҳоле, ки тарафҳо майл доранд, ба назар мерасад.

Дар сартосари китоби муқаддаси «Авесто» муқовимат ба муқобили деву девсиратон талқин мешавад. Ба таври мисол, инҷо аз «Ясно» чанд иқтибос меорем: «Ман хастуям, ки маздопараст, зартуштӣ, девситезу аҳуроикешам»; «… эй Зартушти поки девситез ва пайрави дини Аҳура аз дудмони Пурушасп»; «Девону модадевон аз ин ҷо дур шаванд!»; «Девонро нафрин мекунам; маздоясниам, зардуштӣ, зиддидевам аҳуракеш» ва ғайра. Агар кунмарзӣ амал ё худ одати девпарастон (шайтонпарастон) бошад, пас девситезие, ки дар сартосари «Авесто» ишора мешавад боз як далели дигаре ҳаст дар мавриди маҳкум шудани ин амал дар таълимоти зардуштия.

Тавре дар боло ишора намудем, дорои ахлоқи баланд ва суннатҳои зебои оиладории ниёгони моро зиёд олимону коршиносон ва сайёҳони сатҳи ҷаҳонӣ дар осори худ борҳо зикр намудаанд. Ҳатто тибқи манобеи таърихӣ қабл аз зуҳури зардуштия низ ҷадди мо нексиришту покизаахлоқ буда дар минтақа ва ҷаҳон арзишҳои баланди инсониро таблиғ менамуданд. Муаллифи китоби «Таърихи Систон» доир ба ахлоқу одоби тоисломии ниёгони мо руҷуъ намуда, қайд мекунад, ки эшон мардумони хушахлоқу аҳли ибодат буданд ва дар идома чунин менависад: «Пас аз он бад – он шуғл рафтандӣ ва зино ва лавота (бачабозӣ, амрадбозӣ, шарҳи муаллиф) ва дуздӣ ва хуни ноҳақ миёнашон ҳаром буд. Ва мурдор нахӯрдандӣ ва то забиҳат накардандӣ, он чи ҳалол аст акнун хӯрдани он, нахӯрдандӣ ва садақа бисёр додандӣ ва ҳамеша мизбон будандӣ ва меҳмонро наку доштандӣ ва ин ҳама аз ҷумлаи фароиз доштандӣ бар хештан. Духтару хоҳару модарро ба занӣ накардандӣ».

Агар тадқиқотҳои охири олимонро дар мавриди замони зиндагии Зардушт ба инобат гирем он ба асрҳои XVII – XVI п.м., ба замони подшоҳии Гуштосп (Виштосп) – шоҳи Каёниён рост меояд. Аз он рӯзгорон, тахминан 3600 сол сипарӣ шуд. Муддати 1100 ё 1200 соли охири ин, халқи мо пайрави ба дини ислом дорад. Пас маълум мешавад, ки гузаштагони мо наздики 2400 сол аслан ба дини зардуштия эътиқодманд буданд. Пас чунин мақолаҳоро гуфтан мумкин аст як навъ туҳматномаест болои таърихи 2400 солаи мо. Албатта нашри чунин мақолаҳои ғаразнок дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар самти поймол намудани арзишҳои миллӣ, ташаккули тафаккури зиддимиллӣ, зарба задан ба пояҳои давлатдории миллӣ ва ривоҷи хурофоту бегонапарастӣ хоҳ нохоҳ замина мегузорад.

Мутаассифона, дар гузашта низ, махсусан пас аз густариши дини ислом аз ҷониби бархе олимони мусулмони Шарқ чунин ҳарзагӯиҳо нисбати фарҳанги тоисломии мо ба назар мерасид. Албатта, эшон чун дар замони ҳукмронии таълимоти ислом, ҳамчун идеологияи давлатҳои вақт зиндагӣ ва эҷод мекарданд, табиист, ки бештари вақт аз доираи муқаррароти ин таълимот берун намегуфтанду наменавиштанд. Мубаллиғони исломӣ он замон ҳарчӣ мехостанд болои фарҳанги тоисломии тоҷикон – эрониён туҳмат зада, бо ин роҳ мекӯшиданд, ки эҳсоси нафрати мардумро нисбати гузаштаи худ ташаккул бидиҳанд. Баръакс, худи арабҳо ливотагару бадахлоқ буданд. То ислом ва сад афсӯс, ки пас аз ислом ҳам аз чунин амалҳои бади хеш то ҳанӯз даст накашидаанд. Махсусан, нисбати писарбачаҳои ғуломи худ ин амалҳоро раво медиданд. Ба навиштаи устоди зиндаёд Зафари Мирзоён: «Ногуфта намонем, ки ягон араб, на дар замони пеш ва на ҳоло Ғулом ном надорад, зеро ғулом аз калимаи «ғулм – غلم» меояд, ки маъниаш баҳраварии ҷинсӣ аст ва арабҳо ба писарбачаҳое мегуфтанд, ки аз онҳо сӯъистифода мекарданд».

Чанд нафаре, ки дар таърихи асримиёнагии мо ин чаҳорчӯбаҳоро убур намудаю дар гуфтору осорашон воқеиятро тасвир карданд аз тарафи зимомдорони замон оқибат мавриди ҷабру истинтоқ қарор гирифтанд.

Дини зардуштия на танҳо дар таърихи тамаддуни ниёгони мо, балки дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири мусбӣ гузоштааст. Таълимоти Зардуштро метавон як инқилоби бузурги фарҳангӣ дар таърихи тамаддуни башар арзёбӣ намуд. Он аввалин таълимоти тавҳидӣ дар асоси ахлоқи баланди инсонӣ буда, ҳатто ба дину оинҳои пасин низ таъсиргузор будааст. Тавре, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менависанд: «Зардуштия нахустин дини яктопарастӣ дар ҷаҳон буда, дорои сохтори мушаххас ва аҳкоми динӣ бар пояи ахлоқ мебошад. Ин сохтору низом чандон нерӯманду тавоно поягузорӣ шудааст, ки рукнҳои умда ва асосии онро тақрибан тамоми динҳои ҷаҳонии имрӯз ба орият гирифтаанд».

Бо гузашти 3600 сол ҳанӯз ҳам осори таълимоти ин дин дар рӯзгори мо ҷой дорад. Мо хело зиёд анъана ва урфу одатҳоеро дар таърих то ба имрӯз ҳифз намудаем, ки сарчашма аз оини зардуштӣ мегирад…

Муҳри бадахлоқӣ задан ба оини поки ниёгон – зардуштия аз як тараф таҳқири таърих ва фарҳанги миллат бошад аз ҷониби дигар пеши дигарон ошкоро теша задан ба решаҳои хеш мебошад. Сад афсӯс, ки як мушт аз ҳамватанони хурофотии мо дар зери ин мақолаи таҳқиромез бо нигоштаю гузоштани акси ангушти “беҳтарин” мавқеи зиддимиллии худро нишон додаанд.

Бародарон! Бас аст ба решаи худ теша заданҳо. Имрӯзҳо дигарон аз ҳеҷ чиз барои худ таърих сохта, даъвоҳои замину замон намуда истодаанд, мо бошем болои баъзе аз саҳифаҳои таърихи бойю рангини хеш “бо чашмони кушода” хати батлон мекашем. Доираю қувваҳое дар атрофи мо чун анкабут тор зада талоши онро доранд, ки таърихи моро таҳриф намуда аз он барои ҳифз ва амалӣ намудани манфиатҳои худ аслиҳа созанд ва он аслиҳаро барои маҳви маънавии мо истифода бубаранд. Шоираи миллат Гулрухсор Сафӣ хело ба маврид мегӯяд:

Мазан худро, ки ҷони мо намондаст.

Зӣ хуни мо ба ҷуз сафро намондаст.

Барои зарбаи дигар бародар,

Дигар дар пушти Айнӣ ҷо намондаст.

Ҳатман бештари нафароне, ки назари нафратомез нисбати оини зардуштӣ ва умуман таърихи тоисломии мо доранд бо мутолиаи ин нигоштаи мо дақиқ аст, ки моро муттаҳам ба пайрави кеши зардуштӣ намуда, кофиру муртад ҳукм мекунанд. Инҷо баръало таъкид мекунам, ки камина зардуштӣ нестам, аммо аз он, ки гузаштаи ман зардуштӣ буд бо тамоми ҳастиям ифтихор мекунам ва то ҷои имкон мекӯшам ин сарвати бебаҳои аҷдодиро аз боди буҳтону туҳматҳо ҳифз кунам.

Давлатшоҳ Маҳмудов,

омӯзгори факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь