Устод Лоиқ Шералӣ аз шоирони шаҳири муосири тоҷик аст, ки ҳар як навишта, дидаву шунида, қадамгоҳаш ва хосса иртиботаш ба хонандагони худиву хориҷӣ, барои аҳли илму пажуҳиш ва умуман дӯстдорони шеъри ҷаззобу дардошнояш бисёр арзишманд мебошанд. Аслан дар таҷрибаи ҳуҷҷатшиносиву таҳия кардан ва ба тамиз даровардани бойгониҳои шахсони маъруфи миллат ҳар сатру саҳфа аз бозмондаи ин бузургон ва ё ба онҳо иртиботе дошта, арзиши зиёд дорад, балки қимати онро ба ҳеч нақдинае андоза кардан нашояд. Мо низ пайваста ба ин натиҷа расида истодаем ва умед аст, ки дар ҳифзи ҷойю макон, қадамгоҳи бузургмардон, осори боқимонда ва камёфти онҳо муносибати эҳтиромкоронаи бештар ба амал бароварда мешавад. Ин силсила номаҳои аҳли адаб арзиши зиёдеро молик аст. Номаҳо, мукотиба ба тавре бозгӯкунандаи зиндагии шахсӣ, иртибототи хусусиву ҷамъиятӣ, фарогирандаи ҳодисаҳои адабиву илмӣ ва фарҳангии рӯз ба шумор мераванд. Мо инро ҳам бояд фармӯш накунем, ки номаҳо бештар хусусияти зеҳнӣ доранд ва дар онҳо масъалаҳо, албатта, аз диди шахси номанигор баён мешаванд. Ҳатто муҳим аст дар назар дошта бошем, ки ин мукотиба миёни киҳо сурат гирирфтааст, чунки он ба чигунагии иттилооти мавҷуда ва баҳо ба масоили зиндагӣ муассир меафтад. Ба ин маънӣ, ба номаҳо муносибати айниву илмӣ ва таърихӣ намудан, ба фикри банда, аз шартҳои муҳимми пажуҳиши номанигорӣ мебошад.

Номанигории устод Лоиқ, ки миёни хонандагонаш ва намояндагони илму адаби хориҷӣ иртибот гирифтааст, гувоҳ ба арзиши мактубнависӣ дар омӯзиши зиндагӣ, рӯҳия, шуҳрат ва савияи инсониву адабии шои р мебошад. Бояд гуфт, ки ин номаҳо як қисм аз номанигории устод аст, ки дар бойгонии ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфуз аст. Итмимнон дорем, ки пас аз чопи онҳо дигар аз муассисаҳо ва аҳли хонаводаи устод ба нашру табъи мукотиботи устод мусоидат хоҳанд намуд ва мо дар бораи ин ришта аз фаъолияти  устод маълумоти бештаре ҳосил хоҳем кард. Ҳамин нуктаро низ ёдовар шудан лозим аст, ки устод, хосса аз рӯи муҳаббате, ки ба мухлисонаш дошт, ба мактубҳои онҳо посух дода ва дар рӯи лифофаҳо аз ин хусус қайд ҳам кардааст. Агар хонандагони муҳтарам аз ин ҷавобномаҳои устод дошта бошад, ақалан нусхаи онро ба суроғаи ИЗА ба номи Рӯдакӣ (хиёбони Рӯдакӣ, бинои рақами 21, ба А. Набавӣ) ирсол доранд, бисёр кори хайреро иҷро карда, маҳсуб мешаванд.

Ҳоло номаҳое, ки манзури хонандагони гиромӣ мегарданд, ҳам аз дӯстдорони ашъори устод, ҳам аз илму адаби тоҷику хориҷӣ мебошад, ки миёни онҳо Иржи Бечка, ношири маҷаллаи украинии «Днипро» Петкун адиби озарӣ А. Ҳусейнӣ, аҳли адаби тоҷик Адаш Истад, Бурҳон Ғанӣ, А. Давронов ва дигарон ҳастанд. Инак, он номаҳо, ки мунтахаб шуданд, бо сабку услуби муаллифонашон пешниҳод мегардад:

Қаламат монанди шамшер бурро бошад, Лоиқ!

Дар ҳақиқат ман ҳанӯз аз синни мактабхониам ба шеърҳои шоири ҷавон Лоиқ Шералӣ шиносам.

Нашриёти дустдоштаи мо «Ирфон» аллакай соли 1968 «Илҳом»-и Лоиқро аз чоп бароварда ва мухлисони шеър туҳфа кард, ки дар ин «Илҳом» 23 шеъри хубмазмуни шоир ҷой дода шудаанд.

Модоме, ки манро ба сафи Армияи Советӣ даъват намуданд, бо худ ин китобчаи пурмазмунро гирифтам, дар сари ҳар як қадами танҳоӣ шеърҳои пурмазмуни Лоиқ розгӯи рози дили ҳар як аскаранд ва махсусан розгӯи дили худам.

Дар ҳақиқат шоир дар шеърҳои «Ватан», «Модар», «Фарзандон», «Қарз», «Бачагӣ», «Ҷашни ҳаждаҳсолагӣ» махсусан қаламашро ба тариқе рондааст, ки гӯё ин суханонро аз давраи бачагӣ интихоб намуда бошад.

Ба ман мисраҳои охирини шеъри «Модар» бисёр хуш омад, чунки ҳангоми ба Модари пирам мактуб навиштан, ин мисраҳоро сараввали мактуб мегардонам.

Баъди роҳи дур чун хобанд шабҳо,

Менишинӣ бар сари болинашон.

То бубинӣ дар ҷабину дар сару рӯҳояшон

Аз сафар, аз роҳҳо ному нишон.

Ё ки ин мисраи дигари шеър:

Ногаҳон бинӣ ту як мӯи сафед

Бар сари фарзанд тобад нимашаб,

Оҳ гӯӣ дар дили шаб бо алам,

«Ин қадар барвақт?»-гӯӣ зери лаб.

Редаксяи муҳтарам, изҳори хоҳиш менамоям, ки ташаккури мани мухлиси адабиётро ба шоири ҷавон Лоиқ Шералӣ расонед!

Ман шабу рӯз бетоқат мунтазири шеъру ҳикояҳои нави туам, Лоиқ!

Қаламат доимо тезу бурро бошад.

Роҳи сафед, шоири азиз!

Бо эҳтироми мухлиси шеърҳои шумо Мирзосафар Шамсиддинов,

Вилояти Валдимир, ш. Гулсы-Христаль. в/ч.  771113 «Б», 12. 03. 1971

Салом, акои Лоиқ!

Аҳволатон чӣ тавр? Соғу саломат ҳастед? Шеърҳои тозаи Шуморо хонда, лаззат бурда гаштем. Китоҳои «Хоки Ватан» ва «Ташнадил»-ро гирифтем. Фақат «Резаборон»-ро дастрас карда натавонистем. Илоҷаш бошад узот мекардед.

Агар аз мо пурсед, пас аз Душанбе баргаштан, ба аз нав кор кардану дида баромадани тарҷумаҳо сар кардам. Ба якчанд шахсҳо хонондам. Ба қарибӣ ба Бухоро шоир Сайёр омада буд, ӯ тарҷимаҳоро гирифта бурда, ба Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон муҳокима кунонд. Муҳокима хеле нағз гузашт. Эркин Воҳидов илтимос намуд, ки дар нашриёте, ки худаш кор мекунад, тавсия намоянд (Эркин Воҳидов ҷонишини сармуҳаррири нашриёти «Ёш гвардия» мебошад). Дар айни замон тарҷумаҳо бо тавсияномаи Иттифоқи нависандагон ба нашриёти «Ёш гвардия» супорида шуд.

Бо мақсади ба Шумо хабар додани ин воқеа ҳамин хатро навиштам.

Акои Лоиқ! Агар шумо бо Эркин Воҳидов гапзанон кунед, ба тез баромадани китоб ёрдаматон мерасид. Он кас Шуморо хеле ҳурмат мекунанд.

Корҳои худам бад не. Аз нашриёти «Ёш гвардия» китоби нахустинам барои кӯдакон «Афсонаи манора», аз нашриёти ба номи Ғафур Ғулом маҷмӯаи шеърҳои «Гул дар каф» мебарояд.

Ба дӯстони душанбегӣ аз мухлисони бухорогӣ салом расонед.

Хайр!

Фиристондани «Резаборон»-ро бори дигар илтимос мекунам.

Бо эҳтиром Самандар Воҳидов.

Бухоро, 15-уми сентябри соли 1976-ум.

Салом бародари азиз, Лоиқҷон!

«Ҳоло ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист!»…

Ба Шумо бори дувум мактуб навишта истодаам. Аз ин ҳайрон мешудагистед? Ман мактуби дуввуми худро аз ин ду моҳ пеш менависам гуфта гашта будам. Вале каме андеша кардам. Аз як воқеа баъд ба навиштани ин мактуб шурӯъ намудам. Ва умед дорам ин ба Шумо малол намеояд.

Дар наздикӣ дар хонаи адабиётичиёни шаҳри Тошканд мушоираи қаламкашони ҷавон баргузор гардид. Дар он ҷо чун мухлиси шеър (натанҳо чун мухлис, чун қаламкаши ҷавон) ман ҳам иштирок доштам. Шоири (устоди) дӯстоштаи ман Абдулло Орифов хеле дер карда бошад ҳам, ба ӯ ҳам сухан доданд. Вай суханашро бо сатрҳои «Рафиқон! Аз диёри Саъдию Ҷомӣ, дӯсти ман Лоиқҷон ба шумоён саломи гарму ҷӯшон бирасонд» сар кард.

Аз ин сухани ӯ зали пур аз одам гулдурос зад. Ман дар оғӯши ҳарорату ҳаяҷон будам!

О, Лоиқҷон, бародарӣ ҷонӣ! Ин чӣ бахт! Ҳангоме ки сухан дар бораи диёри пурқуллаҳои офтобии тоҷикон равад, дар чашмони ман оташ мавҷ мезанад, тамоми вуҷудам бо эҳсоси ширине меларзад! Ҷӯрабек Муродовро ҳеч кас монанди ман дӯст медошта бошад, дар дунёи зебо!? Ман ба ӯ ҳам менависам. Миннадорӣ изҳор менамоям, ки ӯ фарзандӣ тоҷикон аст! Дар пеши пояш сар мегузорам! Аз ин фахр менамоям.

Оре, ман Тоҷикистонро чун маҳбубаи худ дӯст медорам!

Мумкин аст, ки маҳбубаи ман моро тарк гӯяд! Вале Тоҷикистон ҳаргиз аз дили ман бурун нахоҳад рафт! Ман онро чунин тасаввур мекунам. Шеъри Мирзою Мӯъмин, Лоиқу Гулрухсор нурҳое, ки аз чашмони Рӯдакӣ куштанд, мудом бо ман ҳамсафару ҳамнафасанд!

Ман онҳоро чун нури чашми худ мебинам. Ба бахти ман дар дунё чунин одамон ҳамзамони ман ҳастанд!

Бародарҷон, қисмат маро ҳам ба пайраҳаи шеър овард! Аз қисмати худ наменолам! Соли 77 нахустин шеърҳои ман дар «Алманах»-и ҷавонон чоп мешаванд. Дар радиои Ӯзбекистони офтобӣ бошад, аллакай ба ман роҳи сафед доданд.

Магар ин бахт не?! Оре, бахт аст! Бо Мирзою Ғафур, Мӯъмину Роберт, Лоиқу Абдулло ҳамқисмат будан барои ман бахт аст!

Вақте меояд, ки ман Мирзоро, Мӯъминро, Лоиқро – шамъи тоҷиконро ба ӯзбекҳо шинос мекунам. То ки донанд, дар тоҷикон низ чунин одамон будааст!

Ба Шумо чун қуллаҳои осмонбӯси Помир камолот мехоҳам, бародари азиз!

Бо меҳр ва эҳтиромӣ шогирдӣ, додари Шумо Сироҷиддин Саидов,

ш. Тошканд, 2. 03. 1977

Салом, Лоиқ!

Силсилаи «Дастёри офтоб»-ро хонда беҳад хурсанд шудам. Аз он хурсанд шудам, ки чунин шеърҳои оташин то ҳол дар адабиёти тоҷик набуданд. Биёед, акнун чунин мавзӯъҳои умумиро як сӯ гузорем. Ба эҳёи маданияти бобоҳоямон даст занем.

Ман аз номи ҷӯраҳоям ва шахсан худам илтимос мекунам, ки ба кори муқаддасе даст занед. Ин навиштани «Достони оташ» дар бораи якумин қаҳрамони тоҷик – Спитамен мебошад. Ҳоло ба корномаи ӯ 2300 сол шудааст. Ӯ бо Искандари Македонӣ барин сарлашкари бузург ҷангида, ба ӯ якчанд маротиба шикастҳо додааст. Самарқанд ва Панҷекатро ҷонсипорона мудофиа кардааст.

Тасвири ҷанги Спитамен бо Искандари Македонӣ дар Музеи Панҷекат будааст, ки аз қаъри 23 аср то замони мо омада расидааст.

Мо ҳама умедворем, ки ин кори хайрро анҷом медиҳед. Зеро фақат Шумо онро нависта метавонед!

Адабиёт бисёранд «Суғдиёна»-и Ҷавдат Илёсов, «Таърихи халқҳои СССР», «Таърихи халқи тоҷик», асарҳои таърихнависони Юнони қадим ва ғайраҳо.

Бо эҳтиром Адаш Истад,

Худои зебоӣ ва муҳаббати суғдиён – Ноҳид ёратон бод!

  1. 8. 1968, Самархови Самаркандск. ран. п/о «Калбе»

 Салом муаллими азиз, шоири маҳбуби ҷавонон

Шояд дар ҳайрат монед, ки ин мактубе, ки бори аввал ба дастатон расидааст, аз кист ва он чикора?

Ман дӯстдорандаи илму адаб, яке аз он ҳазорон мухлисони шеърҳои обдори Шумо ҳастам.

Ҳар як шеъре, ки бо имзои Шумо дар матбуоти даврӣ чоп мешавад, ҳарисона, чун ташналаби дар биёбони беоб буда, дам кашида мехонам, мехонам ва боз шумораҳои ояндаи газетаву журналҳо, хусусан «Садои Шарқ»-ро чун ошиқе, ки маҳбубаашро дар ҷои ваъдагоҳ интизорӣ мекашад, уммедвор мешавам. Вале мутаассифона, аз он маҷмӯаи шеърҳоятон, ки дар давраҳои гуногун интишор ёфтааст, ягон нусха дар даст надорам. Бо вуҷуди ин (ҷӯянда-ёбанда) аз дигар бачаҳо ёфта на як-ду, балки чор-панҷборӣ хондам.

Лекин ҳеч не ки ин дили ошиқ ташнашикан шавад!

Боре китоби «Сари сабз»-атонро дар дасти яке аз духтарон дида бисёр хоҳиш кардам, ки ақаллан як шаб гирифта хонам, лекин надод. Рост аст, ки дар умрам аз касе чунин хоҳиш накарда будам. Ҳамин сабаб шуд ва алам кард, ки қалам ба даст гирифта, ба худи Шумо – муаллиф арз кунам.

Аз «Илҳом», «Сари сабз», «Соҳилҳо», «Нӯшбод» якнусхагӣ мефиристодед, сарам ба осмон мерасид ва агар илоҷ нашавад мебахшед, ки Шуморо ба ташвиш монондам.

Ба ҳар ҳол чашмам дар роҳ!

Бо эҳтироми зиёда Давронов Абдувалӣ (Умед),

донишҷӯи курси 1. факултети таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод.

Салом, шоири баркамол

Ассалому алайкум, дӯстдори ҷавонон, шоири баркамол, умеду ояндаи адабиёти тоҷик, Лоиқ Шералӣ!

Навиштани нома ва иҷро намудани эҳсосоти хонанда ба ходимони адабиёту санъат анъанаи хубест. Шумо як гуруҳ адибони тоҷик анъанаҳои пешқадами адабиётамонро давом дода, дар шакли нав мазмунҳои тоза ба вуҷуд меоред. Бӯстони адабиёти тоҷик аз Шумо сарсабзиҳои бузурге умед дорад. Дар байни адибони ҷавон Шумо ситораи мунавваред, ки рӯз то рӯз дар осмони назми тоҷик пурқувват, равшантар ва бузург метобед. Шумо Лоиқед, лоиқи шеър, адаб, сухан ва минбаред.

Намедонам он меҳру муҳаббат ва ихлоси худро ба Шумо чӣ тавр арз намоям. Истеъдоди беназиратон бисёр одамонро дар таҳайюр овардааст. Ашъори дилкашатон вирди забонҳост. Касе нест, ки дар Кӯлоб аз ашъори Шумо намунаеро наорад. Чи тавре ки мегӯянд, «Нав ор, ки навро лаззати дигар аст». Оре, шеъри Шумо нав аст, лаззати дигар дорад. Боиси иншои ин нома шеъри ба Сино бахшидаатон гардид.

Ин шеър бисёр хуб, ба маънӣ буда, ба дилҳо зуд ҷой мегирад. Ман чунин ақида дорам, ки Шумо барин шоир метавонед ҳомии адабиёт гардед.

Ҳазорҳо раҳмат! Бисёриҳо мегуфтанд, ки дар адабиёти тоҷик рубоӣ ва ғазал барҳам хӯрда бошад. Аммо инро ман ба шахсияти Шумо алоқаманд медонам. Зеро «Ҷоми Хайём» имрӯзҳо соғари дасти бисёриҳо шуд. Яъне Шумо «Хайёми сонӣ» ин жанрро зинда кардед. Дар адабиёти советии тоҷик давраи дувуми эҳёро ба амал овардед. Ғазалҳоятонро чӣ гӯям?!

Ин суханон ҳаргиз ситоиш ё ҳарзагӯӣ нестанд. «Хоки Ватан»-ро ба каф гирифтаед ва чун Темурмалик ба армон намебаред, аз азал қасди худро мегиред, ҷовидон мемонед. «Дардову надомато, ки ман мемирам» гуфтаед. Не, ҳаргиз, Шумо адабӣ мемонед. Шумо дили шӯридае доред, ки он аз ишқ, сӯз, ҳаёт, мамот ҳикоят мекунад. Шеъратон лолаи аз хун дамида, чакидаи ақлу хуни дил аст. Чӣ дили бузурге! Аз ашъоратон ҳис мешавад, ки Шумо донандаи хуби таърих, забон, санъат, адабиёт ва маданияти бузурги халқамон ҳастед. Рости гап, баъди қироати шеъри

«Ишқ ҳам пир мешавад афсӯс,

Ошиқӣ дар мешавад афсӯс», –

чанд қатра ашки чашмам рехт. Ана шеър, мана шоир, аҳсант.

Шумо баҳред ва ман ин ҷо аз баҳр танҳо аз соҳилаш ҳикоят кардам. Маҷмӯаҳои Шумо «Қуръон»-и мананд. Агар лаҳзае онҳоро аз даст гузорам, парешон мешавам, ки чизи нодиреро гум кардаам. Дигар чӣ гӯям: Умеду орзуи ман солҳои сол бардаму «шӯрида» будани Шумост. Бисёр мехостам шеъре нависаед, ки адабиёт ин гуна шеърро надида бошад, сухане гӯед, ки кас аз шунидани он бе «тарабхона» маст гардад, самоъ кунад.

Ин асли орзуву бозхости ман.

Бисёр хурсанд мешудам, ки як-ду сухан аз худ ҳикоят мекардед ва манро бо ду-се шеъри тозаатон шод мегардондед.

Бо эҳтиром Ҷумъахон Икормов,

ш. Кӯлоб, мактаби № 9 12. 01. 1974

 Дӯсти муҳтарам Лоиқ Шералӣ!

Мебахшед, ки заҳмат медиҳам. Дар «Маориф ва маданият» шеъри Шумо «Ҳамосаи бародарӣ»-ро хондам, ба ман бисёр маъқул. Аммо иҷозат диҳед, чанд савол диҳам:

  1. Байти Мирзо Турсунзода аз кудом шеър?
  2. Дар банди 2: маънои «Мо – ганҷи як хазина…».
  3. Дар банди 3: Нуқлу наволи як хон (яъне «сладости одного дастархона»?).

Мо созу барги як роҳ – як шоҳроҳи даврон (?)

Хурду бузург тобон (?)

  1. Дар банди 4: будем мо фулузе, шамшер сохт моро (?)

Миллат шинохт моро. Ҳамоин (?)

  1. Маънои банди 5: (?)
  2. Дар банди 6: гуна-гуна рӯем (?)

Ин як ҷоро лутфан ба ман ба (русӣ ё тоҷикӣ) равшан кунед.

Мехоҳам шеърро ба чехӣ тарҷума кунам.

Бо салом эҳтиром Иржи Бечка, адрес:Dk IiRi Becka,

Институти востковсусил Лазеньска 4

 Донишманди муҳтарам, Иржи Бечка!

(Посухи устод Лоиқ ба Иржи Бечка)

Мактубатонро гирифта хеле шод шудам. Агар он шеъри шогирдонаи ман ба Шумо писанд омада бошад, барои ман хушбахтист. Акнун ба саволҳои Шумо ҷавоб медиҳам.

  1. Байти Мирзо Турсунзода аз шеъри «Пиёлаи мо».
  2. «Мо ганҷи як хазина» – яъне тилло, нуқра ва дигар чизҳои қиматбаҳое, ки дар як хазина ҳаст.
  3. «Нуқлу наволи як хон», яъне ҳар гуна неъмате, ки дар як дастархон ҳаст.
  4. «Созу барги як раҳ», яъне тӯшаи раҳ.
  5. «Хурду бузург тобон» – ситораҳои хурду калоне, ки дар осмон ҳастанд, ишора ба миллатҳои хурду бузурги ватани мо.
  6. «Будем мо фулузе, шамшер сохт моро», яъне мо метале будем, оҳан ё фӯлод будем, аз он инқилоб шамшер сохт.
  7. «Миллат шинохт моро», яъне моро чун миллат ташаккул дод.
  8. «Ҳамоин», яъне ҳаммаслак, ҳамақида, ҳамфикр.
  9. «Маънои банди панҷум: Эй ки ба дӯстию ягонангии мо бовар надорӣ, бубин ҳатто қабристонҳои бародарӣ (братские могилы) мисоланд. Хуни мо дар ҷангро ба ҳам омехтааст».
  10. «Гуна-гуна рӯем» – мисли дарахтони ҳархелаи як боғ, дар як боғ ҳар дарахт бо меваю навъи худ мерӯяд. Мисли ҳар халқ бо маданияти худ…

Ба шумо барори кор орзу дорам, устод!

Бо эҳтиром ва самимият, Лоиқ Шералӣ

Уважаемый Лоик Шерали!

Извините, что беспокою вас письмом.

Пишет вам редактор переводной поэзии издательства «Днипро» поэт Петькун Александр Григорьевич.

В последнее время я готовлю для журнала «Ранок» («Утро») страницу молодой таджикской поэзии. Буду вам признателен, если вы пришлете оригиналы и подстрочники наиболее вам понравившихся стихотворений.

С уважением.

  1. 03. 1978 г.

Издатеьство «Днипро», редакция поэзии и драматургии,

Петькуну А. Г.

Бародари азиз, Лоиқ!

Аввало салому эҳтироми зиёде ба Шумо мефиристам, сонӣ, мехоҳам як воқеаро, ки бо шеърҳои Шумо алоқаманд аст, нақл кунам.

Соли гузашта ман як моҳ дар касалхона хоб кардам (касали сактаи дил). Дар як палата мо ду нафар будем. Ҳампалатаи ман духтури номдор, дақиқан докторшаванда буд. Нисбат ба ман саломатии ӯ беҳтар буд. Бештар газетаҳои марказӣ, журнали «Крокодил» ва «Вокруг света»-ро варақ мезад.

Пас аз даҳ рӯз духтурҳо иҷозат доданд, ки ман ҳам бо хондани китобҳои бадеӣ кам-кам машғул шавам. Аз хона баром чанде китоб ва журнали «Садои Шарқ»-ро оварданд.

Ман аввал ба он ҳампалатаам чанд рубоии Умари Хайём, ғазалҳои Ҳофизу Ҳилолиро қироат кардам ва барояш «тарҷума» намудам. Оҳиста-оҳисата ӯ ҳаррӯз аз ман хоҳиш мекард, ки барояш шеър хонам ва таҳлил кунам.

Маълум шуд, ки ӯ умуман аз адабиёти мо бехабар будааст. То синфи V дар кадом деҳи Ӯзбекистон таҳсил карда, пас ба забони русӣ дар омӯзишгоҳу институти тиббӣ таҳсилро давом дода, ба ҳамин дараҷа расидааст.

Мо якҷоя ба мутолиаи «Садои Шарқ» шурӯъ кардем. Ҳар чизе, ки дар журнал чоп шуда буд, ман мехондам ва ба ӯ мухтасар нақл мекардам. Агар шеър бошад, ман қироат мекардам, вай гӯшу ҳуш мешуд.

Рӯзе аз шумораи 3 (1974) ман шеърҳои «Хоки Ватан», «Таърих гувоҳ аст», «Айнӣ», «Ҳамдарди куҳистон», «Ганҷи куҳистон», «Баландиҳо», «Таманно»-ро ба он кас хонда додам. Он кас хоҳиш кард, ки шеърҳои «Хоки Ватан», «Таърих гувоҳ аст», «Айнӣ», «Баландиҳо» ва «Таманно»-ро бори дигар оҳиста-оҳиста қироат кунам ва ҳар хаташро ба ӯ фаҳмонам. Ҳамин тавр кардам.

Ӯ хеле минатдор шуд ва ба ман гуфт, ки гӯё барояш як олами нав кушода бошам, ман ба ӯ фаҳмондам, ки олами навро барояш Умари Хайё, Ҳофиз, Ҳилолӣ ва Лоиқ бахшиданд. Ман фақат аз он хурсанд будам, ки як нафар тоҷики басаводи бистарӣ ба забони модараш шеър шунида, руҳан сиҳат меёфт ва ба қавли худаш олами навро ворид мегашт. Пас аз шеъри «Таърих гувоҳ аст»-ро хондан, хоҳиш кард, ки барояш китоби Б. Ғафуров «Таджики»-ро пайдо кунам. Ба ӯ китоби хостагиашро расонидам. Дар як ҳафта мутолиа кард ва ба ман гуфт: «Тамоми гап дар ин китоб будаасту мо худамон худамонро беҳуда паст зада мегаштем. Ҳанӯз ҳам мо худамонро намешиносем».

Манро ҷавоб доданд, баъди чанд рӯз он рафиқ ҳам ба хонааш рафтааст. Мо дар бадали як моҳ бо ҳамдигар бародар ва дӯст шудем. Ҳоло ба хонаи ҳамдигар рафтуой дорем. Шаб мо ҳамроҳ дар як сӯҳбате будем. Ӯ аз ман пурсид, ки оё дар газетаи «Маориф ва маданият» шеърҳои Лоиқ «Дар девони Рӯдакӣ ба ҷои бисёрнуқтаҳо» ва «Баъд аз ҳазор сол…»-ро хондам?

Ман намедонистам ба ӯ чӣ гӯям! Маълум шуд, ки ӯ пас аз касалхона адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро бо завқ мутолиа мекардааст. Ана ҳамин буд он воқеа. Шеърҳои Шумо, Лоиқ, ана ҳамин тавр барои бисёр одамон олами нав мекушояд, бисёр касонро аз бистари беморӣ мехезонанд, бисёр одамонро дар зиндагӣ раҳнамо ва маромнома мешаванд.

Ҳамеша саломату чашми замона, оинаи давр ва фарзанди айём бошед.

Бо камоли эҳтиром, Баҳром Шер,

8 июни 1975, ш. Душанбе.

Ассалому аллекум бародари азиз, Лоиқшоҳ!

Хоҳ боварият ояд, хоҳ наёяд, ман бародари ту Бурҳон ҳастам. Ҳамон Бурҳонам, ки шояд аз лавҳаи хотират рафта бошад. Маълумат бод, ки ман бо аҳли оилам сиҳату саломат ва тансиҳатии ту ва фарзандонатро ҳамеша дар талабем.

Лоиқшоҳ!  Ростӣ, ҳамаи ёру дӯстонро ёд кардаам. Ҳамон суҳбатҳои ширин, ҳамон суханҳои беолоиш. Ҳатто пазмони нақлҳои Абдулло Дӯст ҳам шудаам, бовар кун (Абдулло як шоири муосир аст – ташреҳ муаллиф Б. Ғ). Хулоса, ба гуфти як шоир: «Аз дуои душманон беҳтар бувад, дашноми дӯст», гуфтагӣ барин. Ҳа, воқеан, як мақолаатро дар саҳифаи Литгазета хонда, хеле шод шудам. Ва ба ҳамаи ҳамкорнам, ки шахсони адабогоҳанд, тавсия кардам, бихонанд, хонда нуқтаи назарататро писандиданд.

Вақте ки таъриф карданд, ман ҳам худамро ба ту ҳамфикр шуморидам ва илова кардам, ки мақоларо боз чанд абзатси дигар кашол додан мумкин буд. Ростӣ, номи шумо дӯстон боиси ифтихор аст. Вақте ки ҳамкоронам  китоби  устод Ф. Муҳаммадиевро мутолиа карданд, кӣ будани тоҷикро ба хубӣ дарк намуданд. Ҳа, гуфтагӣ барин танқиди ашъори дӯстамон Саидалӣ ба маврид аст. Барои чи шоир (яъне С. Маъмур- Б. Ғ) худашро ба машинаи сабуркрав монанд накардааст. Медонӣ барои чӣ? Ба хотири он ки мабодо авария нашавад. Лекин чунин гуфтанаш мумкин буд.

Кош мошин мебудам, мошини дӯхт,

Хубрӯён бар сарам пар мезаданд…

Мисли ҳамин ин шеърро то ба садҳо мисраъ давом додан мумкин аст.

Лоиқшоҳ! Аз номи ман ба акои хеле азизамон Убайдулло, ба муаллими муҳтарам Ансорӣ ва дӯсти беғашамон Мастон, ки шеърхониашонро аз радиои хориҷа шунида будам, ба Сорбону Меҳмон ба ҳамкоронат, ба ҳамаи онҳое, ки номи маро аз ёд набурданд, саломи самимӣ бигӯ.

Мана рӯзҳо рафтанд. Ҳар рӯз аз девори ман ту як хишт кам мешавад. Рӯзе мерасаду ба қавли як шоир мегӯем:

Асо аз ростӣ, ҳар дам ба гӯши пир мегӯяд,

Дигар дар хоб хоҳӣ дид айёми навҷавониро…

(устод Лоик «навҷавониро» ба «ҷавониро» таҳрир кардааст» – А.Н.)

Дуогӯи ту Бурҳони ту,

Илова:

Кош мебудам нохунҳои тез,

Бонувон бар рӯи шавҳар мезаданд.

P.S.  Ин мактуби маро гум накун, замоне ки ту «аз дафтари ёдбуд» менависӣ, ба ту лозим мешавад.

Лоиқи беҳтар аз ҷон, салом!

Муттаасифона, тавре шуд, ки зиёрат ва худоҳофизӣ муяссар нагардид. Албатта, бандаро мебахшед! Хоҳишмандам саломи маро ба дигар дӯстон, махсусан оқои Убайд, ки фарзанди лоиқи кишвар ҳаст, бирасонед!

Лоиқҷон, чанд шеър аз адабиёти муосири тоҷик тарҷума ва ҳозир кардаам, умедворам, ки ба зудӣ чоп гардад.

Байтҳои онрӯзиро ба шакли ғазал оварда, барои ёдгорӣ ба ҳузурат тақдим мекунам:

Баҳри мо ҷаннат намудӣ дарраи Варзобро,

Сокиту ором кардӣ ин дили бетобро.

Гуфтаму дилдор гуфто: «Кошки имкон буд,

Бо ту инҷо сар намудам як шаби маҳтобро».

Хандаи ширини ту гуфтам маро беҳуш кард,

Гуфт: «Аз ёдат мабар ин шӯхиҳои обро».

Ин замон бо тори дил Лоиқ садо зад аз канор:

«Бор Илоҳо, боз овар мақдами аҳбобро».

Аз ҳабибонам ҳабиби беҳтар аз ҷонам бигуфт:

«Печу тоби мавҷҳоят бурд аз ман тобро».

То бишӯям аз дилам ғамҳои ҳиҷрони туро,

Боядам май-ноб кардан ин ҳама селобро!…

Ба соқӣ ва муғанниҳои олиқадр саломи ҷудогона…

А. Ҳарӣ

Муаллифи муқаддима ва таҳия

Абдухолиқи Набавӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь