Номаи мазкурро баъди асрҳо ба шумо менависам, то аз дигаргуниҳои олам, аз дастоварду шикасту комёбии фарзандони миллати хеш огоҳ шавед.
Бобоҷони азизам!
Шумо, ки дар тиб ба пешравиҳои назаррас ноил гардида будед, бешубҳа қадамҳои нахустин дар ин соҳа гузоштаед. Он донишҳоеро, ки шумо барои насли баъдина боқӣ гузоштед, вазифаи худро ба хубӣ иҷро карда истодаанд. Яъне имрӯз ҳам аз онҳо фаровон истифода мебаранд. Асарҳои Шумо дар тамоми гӯшаи дунё китоби рӯимизии табибон ва китоби таълимӣ барои донишҷуён аст. Шояд барои шумо суханони навиштаам қобили эътимод набошанд, аммо воқеият он аст, ки номи шуморо натанҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Абӯалӣ ибни Синоро нобиғаи бузург ва табиби нотакрор меҳисобанду “ Аристотель» ном гузоштаанд.
Аз замони зиндагиатон то имрӯз дар тиб пешравиҳои зиёд дида мешаванд. Аз ҷумла, тарзи табобат, таҷҳизот, махсусан, техника, ки ёрдамчии беминнати духтур гардидааст. Ҳатто бештари ҷавонон кӯшиш мекунанд, то дар ин соҳа фаъолият кунанд. Аммо бобои азиз, нияти баъзеи онҳо аз ниятҳои шумо, ки табобати инсону гирифтани дониши бештар буд, фарқ мекунад: нияти онҳо ба даст овардани пули бештар аст. Онҳо дар симои бемор фақат халтаи пулро мебинанду маҳз онро талаб менамоянд. Хилъати сафеди табибиро доғдор мекунанд. Ёд доред бобоҷон, боре Шумо дар синни ҳаждаҳсолагӣ Амир Нӯҳи Сомониро табобат карда будед ва дар назди амир ва аҳли дарбор соҳибиззату соҳибэҳтиром гардида будед. Нӯҳ Шуморо ба наздаш хонда бо камоли меҳрубонӣ гуфта буд:
-“Эй фарзанди арҷманд, дар ҳаққи мо хизмате кардӣ шоиста. Маро аз марг наҷот додӣ. Бигӯ, подоши ин хизматҳоят чӣ хизмате бароят кунам? Лаълу гуҳар мехоҳӣ ё ҷоҳу мансаб? Ба ҳамааш сазовор ҳастӣ.
– Амирам, – гуфтед Шумо, – аз он чизҳое, ки ёд кардед, на инашро мехоҳаму на онашро. Аз Шумо ман як подоши дигареро орзу дорам. Бисёр мехостам, ки ба ман иҷозат диҳед, ки ба китобхонаи шоҳӣ пой гузорам.
Он замон Амир, вазирону дабирон ва аҳли дарбор аз гуфтори Шумо моту ҳайрон шуданд. Ҳатто яке аз дарбориён бо таассуф гуфт:
-Эй ҷавон, бахтат омад карду ту онро пеши по задӣ! Аз амири хайрандешу уламопарвар молу сарват, ҷоҳу мансаб талаб мекардӣ, беҳтар набуд? Ҳоло ҳам сари вақт аст, фардо пушаймон мешавӣ.
-Ҳаргиз аз ин инъоми шоҳона пушаймон нахоҳам шуд. Шоҳ бароям дари ганҷинаи донишро агар кушояд, ман аз он баҳра мегирам, ганҷҳо меофарам ва ин ганҷҳоро барои ворисонам мерос мегузорам. Онҳо мисли молу сарват нест намешаванд, балки ҷовидон мемонанд.
Амир Нӯҳ ибни Мансур дар ҳузури аҳли дарбор хазинадорро даъват карда буд ва ба ӯ амр намуда буд, ки калиди «Кохи хирад» – ро ба Шумо диҳад”.
Не бобоҷон, имрӯз ҳам мо дорем, табибоне, ки номи худро ҷовидонӣ кардаанд, мисоли Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Мансуров… Аммо агар сафи ин бузургон садҳо нафар бошад, сафи онҳое, ки дар симои мариз фақат манфиатро мебинанд, ҳазорҳо нафар аст
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, масъалае, ки шумо дар ёфтани ҳалли он мушкилӣ кашидед, ҳоло ҳам ҷавоби худро наёфтааст. Дар ин мавзӯъ шумо рубоие ҳам доред:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Оре, баъди шумо ҳеҷ кас давои ин дардро, маргро наёфтааст. Шояд ин дард набошад, шояд қисмате аз зиндагӣ бошад, шояд бахше аз ҳаёт бошад, ки ҳамаи ҳастиро бо ҳам мепайвандад. “Ҳама чиз ояндаву раванда аст”. Дар ин бора фикр мекунаму тасаввур менамоям: Чӣ мешуд агар нафаре илоҷи ҳаёти абадиро меёфт? Он гаҳ ҳаёт чӣ гуна мешуд? Чизе нест, ки амалӣ нашавад, аммо ба шумо саволе дорам. Воқеан мехостед давои ин дардро ҳам ёбед?
Дигар масъалае, ки дар замони шумо буд, ин “кофир” хонда шудани шумо аз ҷониби баъзе муттаасибу зоҳидони риёкор буд. Бояд гуфт, ки ба ин гурӯҳ шумо ҳатто ҳамон замон ҷавоби муносиб додаед:
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр, як мусулмон набувад.
Эҳ бобоҷон, натанҳо Шумо, балки ҳамсолону ҳамасрони Шумо, садсолаҳо пас ҳам овораи мулки бегонаю дарбадару гуреза аз дасти шайху муллою куфрандеш буданд. Ёд дошта бошед, ҳатто Робияи нозанинро ин ҷоҳилон дар гармоба кушта буданд, Фирдавсии бузургро мехостанд зери фил партоянд, Адиб Собири Тирмизиро дар дарё ғарқ карда буданд. Аммо бобои азиз, бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳам ба табиби нотакрор будани Шумо касе шак оварда натавонисту наметавонад. Имрӯз ба номи шумо ҳатто яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббиро гузоштаанд ва садҳо нафар дар кунҷи дил орзу доранд, ки дар ин самт Синои сони шаванд. Кош чунин мешуд бобо… кош…
Бо ифтихор дӯстдори асарҳои безаволатон,
мафтуни кору пайкори Шумо,
набераатон Гулистон, пас аз садсолаҳо