Устоди гиромӣ!

Салому дуруди бепоёнамро баъди садсолаҳо нисоратон мегардонам. Тасмим гирифтам, ки баҳри шумо номае нависаму аз вазъи замона ва соҳае , ки дар он саҳми калон гузоштаед, маълумот диҳам. Аз замони зиндагии шумо асрҳо гузаштанд, замона хеле тағйир кард, аммо чизе, ки ҷовидонист ин ёди шумо дар қалби одамон аст. Мехоҳам дар рафти ин нома шуморо “бобо” ном барам ва умедворам шумо розӣ мебудед.

Нахуст аз тағйири замон ҳарф мегӯям.  Асрҳои зиёде аз даврони шумо гузаштааст, бобои азиз. Чи душвориву азобҳое кашиданд халқи мо тассавур нокарданист: ҷанг, қаҳтӣ, нодорӣ, мотам… чи балоҳое, ки наомаданд ба сари халқи тоҷик. Воқеан дар давраи шумо форс-тоҷик мегуфтанд, аммо чанд садсолаи охир халқи тоҷик ба пойи худ мустақил шуданд ва ҳоло давлати ободе бо номи Тоҷикистон доранд. На, бобо, шуморо касе фаромӯш накардааст, аз ин лиҳоз хотиратон ҷамъ бошад. Асарҳои адибони форс-тоҷикро имрӯз ҳам мехонанду меомӯзанд. Аз ҷумла асари безаволатон “Шоҳнома” – ро ҳам. Ҳа, дуруст фаҳмидед “безаволро”.

Шояд шумо, бобоҷон тасаввур ҳам намекардед, ки асари як вақтҳо аз ҷониби султон радшударо замоне “безавол” хонанд ё шояд, аллакай, дар ҳамон давра медонистед, ки он чунон машҳур хоҳад шуд, ки мисли он дар чор қитъаи олам ҳам набошад. Лек айни ҳол онро пиру ҷавон мехонанду ба маҳорати баланди шумо қоил мешаванд. Бобо, оё медонед одам кай мемирад? Мешавад замоне, ки ӯро ҳама  фаромӯш кунанд. Пас шумо намурдаед ва дар симои Рустаму Суҳроб, Исфандиёр ва дигар образҳои асаратон зинда ҳастеду хоҳед монд. То замоне, ки ин шоҳасар хонандаи худ дорад, шумо дар дили одамон зиндаед ва ман эътимод дорам, ки ин замон ҳанӯз дуру дароз меравад.

Халқи тоҷик ҳозир замонаҳои тинҷу оромро паси сар карда истодааст ва ҳама шукронаи онро доранд. Лек гилаи ҳамешагии ман аз он қишри ҷомеа аст, ки ба бузургон эҳтиром намегузоранд. Ба бузургоне, ки баҳрашон хазинаи пурганҷ – хазинаи илму донишро боқӣ гузоштаанд.  Чӣ тавр? – мепурсед шумо. -Намехонанд – посух медиҳам. Оре, хондани ин гуна асарҳоро сарфи беҳудаи вақт медонанд.

Бобоҷон оё чунин рафтор ба халқи тоҷик, ба маърифати тоҷикон рост меоянд? Фикр мекунам ки На! Мо аз азал халқи бофарҳангу соҳибмаърифат будем ва набояд инро аз даст диҳем. Вале шумо хавотир нашавед ин қисмати ҷомеа танҳо баъзеҳоро дар бар мегирад.

Чунон ки дар боло қайд кардам, “Шоҳнома” – и шумо имрӯз ҳам мислу монанд надорад. Барои бештар ҷалб намудани одамон ба хондани он ҳатто озмуни махсусро бо номи “Шоҳномахонӣ” ташкил намуданд, ки дар он иштирокчиён достони дӯстдоштаашонро интихоб карда, қироат мекунанд. Мисли оне, ки шумо бо ёру дӯстонатон ҷамъ шуда, қисматҳои ҷудогонаи онро қироат менамудед.

Дар воқеъ асари шуморо устоди насри тоҷик Сотим Улуғзода ба наср ҳам гардонидааст. Он кас ҳамаи асарро хонда, начаконидаю нарезонида кулли онро дар шакли матн онро ба хонанда пешноҳод кардааст ва бояд гуфт, ки бисёриҳо маҳз аз ин ҷиҳат бо асаратон шинос шудаанд. Вале ин қадри онро на кам, балки бештар мегардонад.

Дар охири номаам гуфтаниам, ки “Шоҳнома”-и шумо баъди гузашти ин қадар вақт низ қадри худро аз даст надодааст ва ҳам хурду ҳам калон номи шуморо мешиносанд. Натанҳо дар Тоҷикистон, балки қариб дар тамоми ҷаҳон номи Фирдавсии бузургро мешиносанд. Ҳанӯз дар замони худ Анварии Абевардӣ гуфта буд:

Дар назм се тан паямбаронанд

Ҳарчанд, ки “лонабию баъдӣ.

Авсофу қасидаву ғазалро

Фирдавсию Анвариву Саъдӣ.

Бо меҳри беандоза набераатон Гулистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь