Ҳавзаи дарёи Яғноб яке аз зерҳавзаҳои калонтарини водии дарёи Зарафшон ба ҳисоб рафта, он за шарқ ба ғарб ба масофаи 129 км тӯл кашидааст.
Яғноб, бе муҳобот, як гӯшаи ғайриодӣ ва пурра омӯхтанашуда мебошад, ки куллан аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон фарқ мекунад. Ҳанӯз А.Л. Кун –шарқшиносе дар ҳайати экпедитсияи Ф.Ф.Абрамов ба болооби водии Зарафшон (соли 1870) қайд намуда буд, ки яғнобиҳо авлоди суғдиён буда, забони онҳо нишони забони қадими суғдӣ мебошад.
Дарёи Яғноб аз шарқ ба ғарб ҷорӣ шуда, бо дарёи Искандардарё ба ҳам омада ба дарёи Фон оғоз мебахшанд, ки он дар навбати худ ба соҳили чапи дарёи Зарафшон мерезад.
Соли 1864 русҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум намуда, аскарони амири Бухороро торумор карданд ва шаҳрҳои Хуҷанду Уротеппаро (истаравшани имрӯза) соли 1866, шаҳри Самарқандро соли 1867 (5 май) забт намуданд. Ин шаҳрҳо тибқи шартномаи сулҳ ба Руссия ҳамроҳ карда шуданд. Сипас баҳори соли 1870, мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби водии Зарафшон, миригариҳои Панҷакент, Заҳматобод ва Кӯҳистони Мастчоҳро ба он ҳамроҳ карда шуданд. Баъдан, апрел-июли соли 1870, сардори музофоти Зарафшон, генерал Ф.Ф.Абрамов ба мулкҳои ниммустақили кӯҳистони Моғиён, Фон, Киштут, Фалғар, Масчоҳ, Яғноб юриш намуд, ки он дар таърих бо номи “Экспедитсияи Искандаркӯл” сабт шудааст.
Дар ҳайати экспедитсияи мазкур Абдураҳмони Мустаҷир (Мирзо Мулло Абдураҳмон ибни Муҳамад Латиф) ба сифати мутарҷим ва роҳбалад сафар кардааст. Он дар китоби худ “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” оиди минтақаҳо, деҳаҳо, дарёву чарогоҳҳо ва урфу одати ҳар як ҳавзаҳои водии Зарафшон маълумоти мухтасар додааст. Инчунин дар бораи ҳавзаи дарёи Яғноб, ки онро то деҳаи Марғтумайн (дар соҳили чапи водии Яғноб) тай намуда буд, маълумоти мухтасар навиштааст.
Омӯзиши ноҳияҳои кӯҳсори кишварро пеш аз ҳама ҳарбиёни рус ва баъдан олимони географ, геолог оғоз карданд. Харитасозҳои ҳарбӣ минтақаҳои то ҳол номаълуми ин гӯшаи кӯҳистонро дар харитаҳо ҷой доданд. Яке аз чунин минтақаҳо ин кӯҳҳои Фон ба шумор мерафт. Тадқиқодчиён бо роҳҳои мушкилгузару хатарнок гузашта, маълумотҳои географӣ, геологӣ ва ботаникиро ғун менамуданд. Сарварии тадқиқодчиёни водии Яғнобро ботаники машҳур В.Л.Комаров – академик, баъдан президенти АИ ҶШСС (1936-1945) ба уҳда дошт.
Пас аз забти кӯҳҳои Фон аз ҷониби ҳарбиёни рус, он ба ҳайати губернияи Самарқанд, ба тобеияти губернатори ҳарбии рус дохил карда шуда, ҳукумати маҳаллӣ ба амалдорону рӯҳониёне, ки барои хизмат ба ҳукумати рус, садоқат ба он қасам хӯрда буданд, супорида шуд. Танҳо дар сарварии уездҳо ва волостҳо сарварони рус ва намояндагони императори рус меистоданд.
Баъдтар, ба ин минтақа аврупоиҳо, оғоз аз соли 1883 франсуз Гийом Капюс – хабарнигори маҷаллаи олмонӣ ташриф овардааст.
Пас аз экпедитсияи соли 1870, барои омӯзиши табиати болооби водии Яғноб, ботаники машҳури рус В.И. Липский (соли 1896) сафарбар шуд. Он аз тарафи дараи Варзоб бо ағбаи Ағбакӯл (дар қисми шарқии дараи Зидеҳ) гузашта, қисми болооби водии Яғнобро (қисми шарқии водии дарёи Яғноб, болотар аз деҳаи Навобод) таҳқиқ намудааст.
Дар мақолаи мазкур оиди номҳои географие, ки пеш аз ин тадқиқотҳо вуҷуд доштанд ва дар раванди харитасозӣ ва бақайдгирии расмии маъмурӣ тағйир ёфтаанд, чанд ақидаи худро баён карданием.
Албатта, беихтиёр саволе ба миён меояд, ки харитаҳои топографии штаби генаралии ИҶШС (миқёсҳои 1:100 000 ва 1:50 000), ки маводи картографии расман пазируфта маҳсуб меёбанд ва дар онҳо номҳои географӣ бояд саҳеҳ бошанд, чаро таҳти шубҳа қарор дода мешаванд.
Дар харитаҳои гуногунмиқёси топографӣ, дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, ки аҳолии онҳо танҳо тоҷиконанд, номҳои ғайритоҷикӣ гузошта шудаанд, ки боиси тааҷҷубанд…
Оид ба ин масъала чанд далел ва хулосаҳои таҳлилу муқоисаи номҳои деҳаҳо, дарёҳо ва дигар объектҳои географии ҳавзаи дарёи Яғнобро, яъне топонимикаи географии онҳоро, ки то солҳои 1900 маъмул буда, онҳоро Абдураҳмони Мустаҷир ва В.И.Липский дар асарҳои худ дарҷ кардаанд, меорем.
Маълумотҳо оиди номҳо ва дарёҳои водии Яғноб асосан аз асарҳои ин ду муҳаққиқ, ки дар вақтҳои ғуногун ба ин минтақа сафар намудаанд ва ҳар кадоме қисми алоҳидаи ин минтақаро таҳқиқ намудааст, воқеан беғаразона, ҷолиб буда, аҳамияти таърихӣ доранд.
Абдураҳмони Мустаҷир дарҷ намудааст, ки водии Яғноб, ки дар он замон бо номи “вилояти Яғноб” маъмул буд, дар солҳои 1870 ба се сада (қисм) – Садаи Поён, Садаи Миёна ва Садаи Боло тақсим мешуд. Аз рӯи навиштаи ӯ, бо забони яғнобӣ танҳо дар деҳаҳои Садаи Миёна гап мезадаанд, дар Садаи Поён ва Садаи Боло бошад – бо забони тоҷикӣ.
* дар харитаҳои топографӣ боз чанд деҳаҳои дигар ҷой доранд, ки дар китоб дар бораи онҳо маълумоте нест.
** дар харитаҳои топографӣ, дар соҳили рост пеш аз деҳаи Шохсара харобаҳои деҳаи Бедеф омадааст, лекин пас аз деҳаи Тагичинор деҳаи Петеф ҷой дорад. Аз руи тақсимоти Мустаҷир ба Бидеф деҳаи Петеф рост меояд.
Азбаски Абдураҳмони Мустаҷир худ то рустои Варсовут омада, пас бозгаштааст, дар бораи ҳамаи рустоҳои онвақтаи ин водӣ маълумоти пурра надодааст. Ӯ доир ба урфу одат, номи деҳаҳо, дарозии роҳҳо (бо ченакҳои онвақта ба монанди газ, қадам, санг) ва дарёҳо, миқдори оби аз онҳо ҷоришаванда, ки дар роҳи сафари онҳо дар водии Зарафшон вохӯрдаанд, маълумоти мухтасар додааст.
Дар ҳама харитаҳои топографӣ ибтидои дарёи Яғноб, дар қисми ҷанубии қаторкӯҳи Зарафшон, дар ҷое, ки бо қаторкӯҳи Ҳисор ба ҳам меояд, нишон дода шудааст. Лекин И.В.Липский, ибтидои дарёро аз баҳамоии дарёи Барзангии хурд, аз ҷанубу-шарқ, аз дараи Гулбас ва дарёи Кумбил аз шимолу шарқ ҳисоб мекунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони сафари гурӯҳи тадқиқотӣ, бо сарварии И.В.Липский, яъне дар охири асри XIX қисми шарқии водии Яғноб (аз дарёи Навобод боло, дар ҷое, ки ҳавзаи дарёи Яғноб танг мешавад) на ҳамчун водии Яғноб, балки бо номи “дараи Гулбас” маълум будааст.
Дар вақти таҳлили номҳои дар китобҳои асрҳои XIX-XX ва дар харитаҳои дар солҳои 60-70-уми асри ХХ тартибдодашуда, номи дарёҳо дар бисёр ҷойҳо аз номи таърихии қаблан маълум на танҳо ба куллӣ фарқ доранд, балки дағалона хато ва махлут оварда шудаанд. Номҳои таърихии қисми зиёди объектҳои географӣ дар харитаҳои топографӣ гузошта нашудаанд. Барои мисол, дар соҳили рости дарёи Яғноб шохобе, ки аз соҳили рост ҷорӣ мешавад, дар харита Яминсу номгузорӣ шудааст. Лекин дар ҷилди якуми китоби И.В.Липский (Липский В.И. Горная Бухара. Результаты трёхлетних путешествий в 1896, 1897 и 1899 году. Ч. I-III. СПб, 1902, 1905) ин дарё дар он ҳамчун “Гули-рут” омадааст. Ё ин, ки яке аз шохобҳои дарёи Кумбил (дар харита шохоби дарёи Яғноб) бо номи Такали (дар харита) омадааст, ки он дар солҳои 1890-1900 номи Таккахонаро доштааст.
Дар ҷараёни сафари гурӯҳи тадқиқотчиён бо сарварии В.И. Липский, бино ба навиштаҷоташон, баъзе аз шохобҳои дарёҳо ном надоштаанд. Бинобар ин, В.И.Липский, номи шохоберо, ки то резиш миқдори обаш зиёд будааст, ҳамчун номи шохоби асосӣ ҳисобидааст. Ин тадқиқотчӣ ба ду шохоби асосие, ки ба ҳам омада, дарёи Яғнобро ба вуҷуд меоранд, номҳои дарёи Кумбил ва дарёи Барзангии хурд додааст. Инчунин ӯ ба шохоби дигареро, ки аз соҳили рост ба дарёи Кумбил ҳамроҳ шудаву, вале он вақт ном надоштааст, номи “дарёи Эшонҷон” додааст. Ин номро В.И. Липский ба ифтихори ҳокими замон – ҳокими болооби Яғноб, ки экспедитсияро ҳамчун роҳнамо ҳамроҳӣ намуда, маълумотҳои зиёдеро доир би ин диёр додааст, гузоштааст.
Дар харитаҳои топографӣ шохоби соҳили рост, ки аз шимолу шарқ ба ҷанубу ғарб самт дорад, то баҳамоӣ бо дарёи Барзангии Хурд, номи Яғнобро дорад.
Дарёи Яғноб аз миқдори зиёди шохобҳои ҳарду соҳил иборат аст: аз соҳили рост беш аз 49 ва аз соҳили чап – беш аз 42 шохобҳои доимиву мавсимӣ ба ин дарёи машҳуру маъмул ва таърихи бойдошта мерезанд.
Дар ҷараёни экспедитсияи географии Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2019 ва 2020) чунин мушоҳида шуд, ки дар айни замон гарчанде дар харитаҳо намҳои шохобҳои дарёи Яғнобро расман гузошта шуда бошанд ҳам, мардуми маҳаллӣ як қатор шохобҳоро бо номи қадимиашон ном мегиранд.
Таҳлили мухтасари топонимикаи ҳавзаи дарёи Яғноб нишон медиҳад, ки таърихи воқеии халқ дар номи объектҳои георафӣ сабт шуда, дар он таҷассум меёбад ва тохту тозҳою таҳоҷум ва истилою забти аҷнабиён наметавонанд онро сутурда созанд. Аз ин хотир ҷолиб аст, ки ин топонимикаи объектҳои географии ин гӯшаи нотакрору беҳамто ва воқеан таърихию бостонии кишвар бо дастаҷамъии муаррихону бостоншиносон ва табиатшиносон таҳқиқ шуда, номҳои қаблии таърихии онҳо рӯшану барқарор карда шуда, ба хотираи халқ баргардонида шаванд ва дар харитаҳои топографӣ қайд шаванд.
Маҷидов О.Ш., корманди АМИТ
Ниёзов А.С., корманди АМИТ
Раҳмонова Ф.А., корманди АМИТ