Деҳаҳои Ночӣ, Хоҷачилдиёр, Тӯда, Шодмон ва Сурхчашмаи ҷамоати  деҳоти Мирзо Ризо дар доманаи қаторкуҳи Ҳисор ҷой гирифтаанд. Ин мавзеи биҳиштосо дар фасли баҳор, тобистону тирамоҳ ва ҳатто зимистон бо гулҳои рангоранги зебо ва табиати фораму руҳафзо, талу теппаҳои сарсабзу хуррам қалби бинандаро тасхир менамояд. Аз гуфтаи пирони барнодил ин деҳаҳо дар гузашта истироҳатгоҳи мирону подшоҳон ва қадамҷои бузургон будааст. Бошандагонаш хеле меҳрубон ва меҳмоннавоз буда, то имрӯз анъана ва урфу одатҳои гузаштагони худро нигоҳ дошта меоянд. Шуғли асосии онҳо кишоварзӣ мебошад. Ин деҳаҳо бо чашмаҳои табиӣ фаровон ва обҳои зулолу гуворояш ба чашмҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшад.

Наврӯз аз куҳантарин ҷашни миллии ориёиҳо ба шумор меравад. Он ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳору мавсими донапошии деҳқон истиқбол мешавад. Чун дар дигар деҳаҳои Ҳисори Шодмон низ Наврӯзро пиру барно бо хурсандии беинтиҳо пешвоз мегиранд. Онҳо хуб медонанд, ки ҷашни Наврӯз ба ягон мазҳаб иртиботе надорад ва сирф ҷашни мардумӣ ва миллӣ мебошад.

Рӯзҳои аввали Наврӯз дар ин деҳаҳо бо хонабаророн оғоз мегардад. Ин корро асосан занону духтарон бар дӯш доранд. Онҳо анҷомҳои хонаро ба берун бароварда, зери нури офтоб паҳн карда, метаконанд. Сипас дегу табақ, косаю чимча ва дигар лавозимоти рӯзгорро шуста, ҷо ба ҷо мегузоранд. Мардум, ба хусус навҷавонон либоси идона ба бар карда, гуруҳ-гуруҳ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гуштин, бӯзкашӣ, бандкашӣ, хурусҷанг, дастхобонӣ ва ғайраҳо мебароянд. Занҳо барои беҳтар намудани шароити рӯзгордорӣ аксаран ба бозор рӯй меоранд ва ба харидани асбобҳои гуногуни маишии рӯзгор, бозичаҳои кӯдакона, сару либос машғул мешаванд. Барои густурдани дастархони идонаи наврӯзӣ ба харидани ҳар гуна ширириниҳо, ба мисли хурмо, мавиз, ҳалвою кулчақандҳои лазиз мепардозанд.

Ба хотири гуселонидани охирин соатҳои соли куҳан ба сабзазорон, лаби ҷӯю дарёҳо меоянд ва ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Аз болои ҷӯйҳое, ки обашон софу мусаффост, ин сӯю он сӯ меҷаҳанд. Мақсад аз ин амал барҳам додани кинаву адоват, раҳоӣ аз дарду ғаму мусибат ва дигар ноҷуриҳои зиндагӣ мебошад. Чунин мепиндоранд, ки ин ҳама ноомаду ранҷуриро об бо худ мебаранд ва соли ҷадид барояшон бахт, шодию бахту сурур ва комёбӣ оварда, аз ҳосили фаровони меваю ғалла кулвору анборашон ғанӣ мегардад, нарху наво арзонӣ мешавад.

Сабзондани гандум ва суманакпазӣ яке аз рукнҳои ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад. Занҳо атрофи дег ҷамъ меоянду сурудхонон бо навбат кавча мезананд. Дар ин деҳаҳо чанд навъи суманак омода мешаванд, масалан, суманаки дегӣ, ки бисёр маъмул буда, дар дег тайёр карда мешавад, суманаки бирёниро бошад, дар равған мепазанд, пухтани суманаки кулчагӣ низ бисёр аҷиб аст. Пас аз пухтани нон, лахчаҳои танурро берун меоранд,зери онро мерӯбанд, сипас хамири аз афшурдаи гандум тайёршударо кулча намуда, ба зери танур мечинанд ва бо лаълии калон рӯи кулчаҳоро мепушонанд ва лахчаи оташро аз болои лаъли гузошта, даҳони танурро ба матои ғафс мепушонанд.Саҳарии барвақт яке аз занҳои солхурда, ки соҳиби фарзандони солим аст, даҳони танурро боз мекунад ва суманаки кулчагии мисли қанд тайёршударо ба ҳақу ҳамсояҳо баробар тақсим менамояд.

Бо ғизоҳои лазизи наврӯзӣ – кабкпалав, кадупалав, кишмишпалав, сабзипалав, хонума, ҳафтсину ҳафтшини хони пурфайзи наврӯзӣ меороянд. Дар тайёр ва омода намудани таомҳои наврӯзӣ ҳаштод дарсад аз равғани зарду маска истифода мебаранд. Аз ширинии тут ва ангур тарҳалво тайёр мекунанд, инчунин, ҳалвои сафед, мураббои сабзигӣ, кадугӣ ва сақичак- рамзи сафедӣ ҳамчун шифоҳи бахшидан мебошад, ки аз мавизу чормағз омода мешаванд, хеле серистифодаю маъмуланд. Нонҳои чапотӣ, кулча, фатири варақин, фатири курак, фатирхамир, тагкоронӣ, фатир бо пиёз, фатир бо пудина рӯи дастархон фаровон гузошта мешаванд. Ин ҳама хурокҳо бисёртар дар фасли баҳор пухта мешаванд. Сабзаҳо тару тоза нав аз замин мерӯянд, аз қабили пудина, барги шибит, барги ангур, сиёҳалаф ва ғайраҳо.

Ҳар яке аз ин таомҳои миллӣ рамзҳои ба худ хос доранд. Масалан, ривояти пухтани суманак чунин мебошад: Ривоят мекунад, ки зане ду писари хурдсол доштааст ва баъд аз сари шавҳараш онҳоро танҳо калон мекардааст. Бевазан пораи нони фарзандони ятимашро аз дари мардум меёфтааст, яъне он ҷо кор карда, музд мегирифтааст. Хушксолӣ мамлакатро хароб ва мардумро кашоқ мегардонд ва рӯзе мерасад, ки дар суфраи зан як каф орд ҳам намемонад. Шом фаро мерасаду писарони хурдсолаш нон мепурсанд. Зан ашкашро аз онҳо пинҳон намуда, барои фиребиданашон таги деги холӣ оташ мегиронад ва мегуяд ҳозир ширинакҳои оча хурок мепазам.

Кӯдакҳоро аз интизорӣ хоб мебараду зан болои сари онҳо ашк мерезад. Шаб мегузарад ва зан аз садои ба дег задани кафгир бедор шуда, ба берун менигараду манзараи аҷиберо мебинад. Таги дегаш оташ фурӯзон асту дар гирди дег си нафар бонуи сафедпуш бо навбат дегро мекобанд. Зан ин манзараи аҷибро то субҳ тамошо мекунад, каме ғанабаш мебарад. Очаҷон мо гуруснаем- ин садо занро бедор мекунад ва ӯ ҳодисаи шаб дидаашро ба хотир оварда, ба сӯи дег меравад. Аз таги дег лахчаҳо мисли ситораҳои шабафрӯз чашмак мезананд. Зан чун сарпуши дегро бардошт аз ҳайрат дар ҷояш шах мешавад. Даруни дег хуроке меҷӯшид суп – сурх ва бӯйи хушаш дар атроф паҳн мешуд. Аз ин хуроки хуштаъм ҳам кӯдаконаш хурданду ҳам ба атрофиён тақсим намуд. Чун аз ӯ пурсиданд, ки номи хурок чист, мегуфт: си малак, чунки онро си малак пухтанд. Он сол аз файзи суманак он кишвар обод шуд, аммо то замони мо номи он каме тағйир ёфта, суманак ё сумалак шудааст. Мардуми деҳ дар ин боранд, ки ин хурок аз тарафи Худованд дода шудааст, аз ин рӯ, онро муқаддас медонанд.

Арафаи ҷашни Наврӯз дар матое нону кулча, меваҷот ва ширинӣ баста ба хонаҳои хешу таборон ва пирони деҳа савғо мефиристонанд. Боздид ё худ идгардак ин тавр оғоз мегардад: ҳамдеҳаҳо ба дигарон- он хонаводаҳое мераванд, ки давоми сол наздикони худро аз даст додаанд. Дар ҳаққи фавтида дуо намуда, ба аҳли хонавода саломатию хушбахтӣ ва баробари кору муваффақият таманно мекунанд. Дар хонаҳои наварусон базми наврӯзӣ меороянд, навхонадоронро табрику таҳният гуфта, барояшон зиндагии саршор аз меҳру муҳаббатро орзу менамояд. Сипас, ба аёдати беморон мераванд.

Хусусияти дигари Наврӯз дар ин рустоҳо он аст, ки мардум гуруҳ-гуруҳ ба манзили хомушон рафта, дасти дуо мебардоранд, тибқи одати маълум ба сари қабри наздикони худ санг мегузоранд ё дарахт мешинонанд. Анъанаҳои дигари наврӯзӣ аз ҷониби мардуми саховатпеша риоя мешавад, гузоштани деги дарвешон аст. Онҳое, ки имконияти молӣ доранд, чорво забх карда, ба фақирон, мусофирон ва пиру барнои деҳа зиёфат медиҳанд.

Мардум дар ин боваранд, ки хосияти гузоштани деги дарвешон ин яъне, ки пайғамбари дини Насрония Исои Масеҳ худро барои гуноҳҳои мо қурбон кардааст, мебошад.

Ин ёдоварӣ ба маврид аст, ки пухтан ва ранг кардани тухи мурғ ҳам бо пусти пиёз ва рангҳои сунъӣ ва тухмҷангак яке аз одатҳои маъмулист, ки дар ҷашни Наврӯз дар ин деҳаҳо гузаронида мешавад.

Боз якчанд анъанаҳои наврӯзӣ ҳастанд, аммо имрӯз на он қадар онро мо истифода мебарем, вале кушиш ба харҷ медиҳем, ки анъанаҳои миллии тоҷик аз байн наравад. Зеро ҳар як давлатро аз рӯйи миллат, фарҳанг ва забонаш мешиносанд!

Меликова Мадина,

донишҷӯи курси 1-и ДДФС ба номи М. Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь