Ҳузури Наврӯз ба унвони ҷашни шодиҳову нишот ва пирӯзии рӯшанӣ ба зулмат дар густураи фарҳанги мардумони меросбари он бегумон ба замони оғози зиндагонии башарият пайванд мегирад. Ба иттифоқи он ки дар куллияи забонҳои куҳан наврӯз ба гунаҳои ба ҳамдигар наздики “навсард” дар суғдӣ, “нукруч” дар паҳлавӣ ва муарраби наврӯзро соҳиб аст, шарҳу тафсири аслии он ҳамон як таъбири рӯзи навро муқаррар месозад. Сарчашмашиносии Наврӯз, ки ба ҳамон вожаи таркибиву меҳварии он “рӯз” мепайвандад ва бо робита бар калимаи “нав” ва маънии рӯзи нав ишорате ба офариниш ва хилқат ҳам дорад, моро бар ин натиҷа мерасонад, ки он чӣ аз рӯз бармеояд, ҳамоно рӯшаноӣ аст ва ба таъкиди донишманди наврӯзнишнос Фаридуни Ҷунайдӣ “агар вожаи равшани форсии дариро бо “роучангаҳ”-и авастоӣ бисанҷем, пайдо мешавад, ки рӯз ҳамон рӯшан аст, пас Наврӯз ё рӯзи нав рӯшноии нав аст”. Бо такя бар ин матолиб метавон қимати оғози Наврӯзро ҳамоно бори дигар бар офариниш марбут донист, ба замоне, ки рӯшанӣ аз болои зулмот пирӯз гардид ва нур дар олам падид омаду рӯзгор шурӯъ шуд. Ҷолиб он аст, ки барои ифодаи Наврӯз бо такя бар ҳамин манзалати ин ҷашни оғоз Фаридуни Ҷунайдӣ таъбири “ҷони ҷаҳон”-ро истифода кардааст.
Пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоҳи таърих, ки навъе рамзи эҳёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист, ки дар сароғози маърифати гоҳшумории мардумони ориётабор, ҳатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне баҳору хазон қарор дошта. Шояд ҳамин омили барҷастаи ҳулули андешаҳои ниёкони мо бо маърифати офариниш ва асолати зуҳури Наврӯз омил омада, ки баъдан дар фарҳанги динӣ низ ин ҷашни бедориву шукуфоии табиат ва оини шодиҳо ба хилқати инсон ҳам пайванд касб намуд. Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмӯи шодиву сафо, бедориву иқдом дар халқи васоиле, ки инсоният берун аз ҳама маҳдудаҳои фикриву ақидавӣ ва сувариву ирқӣ бар он ниёз доранд, омил дар истиқболи он аз сӯи тамомии башарият ва пайванд бахшидани асли зуҳури он бо фалсафаи офариниш гардид.
Аз муҳимтарин омили дигари иртиботи Наврӯз бо офариниш ва хилқати инсон зикри нукоте марбут бар нахустин инсон – Каюмарс дар китоби “Наврӯзнома” -и Умари Хайём маҳсуб меёбад, ки ҳарчанд кашф ва дарёфти ин рӯзро ба Ҷамшеди каёнӣ интисоб медиҳад, аммо баробари ин аз ҷумла менависад: “Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърихро созад, то мардумон онро бидонанд, бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад. Мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва фармуд, ки таърихро аз инҷо оғоз кунанд. Мӯъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд.
Ва чунин гӯянд, ки чун Каюмарс ин рӯзро оғоз кард ҳар солро офтобро; ва чун як даври офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше си рӯз; ҳар яке аз онро номе ниҳод ва ба фариштае боз баст, аз он дувоздаҳ фаришта, ки Эзади Таборак ва Таъоло эшонро ба олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯзӣ аст, соли бузург ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани олам бошад”. (11-12)
Ҳамин тавр, агарчӣ ба таъкиди Ҳаким Фирдавӣ дар “Шоҳнома”, Берунӣ дар “Осор ул боқия” ва Умари Хайём дар “Наврӯзнома” асли зуҳури Наврӯз ва бунёд ниҳодани он ба Ҷамшед нисбат дода мешавад, аммо бозгӯии асотир ва ривоёте дар заминаи танини гоҳшумории қадима ва таҷлили ҷашни оғози офариниш аз сӯи Каюмарс чун нахустинсон дар тафаккури ақвоми ориёӣ ҳамоно Наврӯзро ба унвони оини бузурги бозгашт ба сӯи оғоз ва бузургдошти инсон муаррифӣ мекунад. Наврӯз ба ҳақиқат рӯзи таваллуди Инсон будааст, ки минбаъд соири ақвом бар он арҷ ниҳодаанд ва ҳамакнун ҳам ҷашни ҷаҳонӣ шуда. Ва ҳатто агар ҳамин кашфи Наврӯзро аз сӯи Ҷамшед ба унвони рӯзи бар тахт нишастани ӯ бипазирем, он ҳам дубора ба ҳамин фалсафаи оғози хилқат ва офариниш бармегардад, чун ба таъбири Артур Кристинсен, ки китобе роҷеъ ба Шоҳ Ҷамшед навишта, ӯ “Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр” будааст. Агар ин нуктаро бипазирем, ки Ҷамшед нахустин шаҳриёр эътироф гардида, пас дар китоби ведаҳои ҳиндӣ чун инсони аввалин дониста шудани ҷамшед (яъне йима) боз ҳам зуҳури ин ҷашнро ба нахустинсон дар тафаккури инсонӣ марбут мегардонад ва худи Наврӯзро бори дигар ҷашни таваллуди ҳам инсон ва ҳам зиндагонии башарият муаррифӣ менамояд.
Мурур ба сарчашмашиносии эҷоди Наврӯз ва интишори он дар даврони мухталифи таърихӣ собит месозад, ки ҳарчанд ҷашни бузург ҳамчун замони ниҳодани оғози таърих дар тафаккури асотирии мардумони ориётабор мақом ва ҷойгоҳе дар андешаи ҷаҳонӣ касб намудааст, аммо ҳамоно ба ҳақиқат аз шуруи таърих то акнун тавассути ҳамбастагӣ ва робитаи муҳкам касб карданаш бо ҷашну оинҳои ақвоми мухталиф баробари таъсиргузорӣ дар такмилаи тамаддуни инсонӣ худ низ таҳаввул ва такомул пазируфта, ба як намоди бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ бадал гардид. Ҳанӯз аз дергоҳи таърих оинҳои марбут ба Наврӯз бо таҷассуми густарда аз суннатҳои ахлоқии созгор бар рӯҳияи мардумони мухталиф, чун оғози покизагии вуҷуди инсон дар заминаи кашфу маърифати асолати об, обпошӣ бо нияти фаровонии ҳосил ва эътироз аз хушксолӣ, покиза нигоҳ доштани манзилу хонаҳо, шинонидани дарахтон ва парвариши сабзу бо орзуи шукӯҳи сабзу хуррамӣ ва амсоли ин таъсиргузорӣ намудаанд, ки аз ҷумла иттилое роҷеъ ба таъсири ин оинҳо ба фарҳанги қадимаи бобуливу мисриву қибтӣ дар манобеъ рафта. Ба иттифоқи аҳли таҳқиқ оинҳои густардае аз Наврӯзи Аҷам ҳанӯз дар айёми ҳукумати Ҳахоманишиҳо ҷараён дошта ва ҳатто сарчашмаи нуфузи ҷаҳонӣ касб намудани ин ҷашни хуҷаста ва оинҳои мухталифи он дар айёми Дориюш пайванд мегирад, ки маҳз тавассути вай бархе аз оинҳои ҷашни оғози табиатро мисриён қабул намуданд ва бар ивази ин суннатҳо мардумони ин сарзаминҳои куҳани аҷдодӣ шеваҳои хоси гоҳшумориро дар ҷомеаи хеш татбиқ карданд.
Нуфузи ҷашну маросимҳои марбут ба фарҳанги Наврӯз минбаъд низ аз сӯи хонадонҳои меросбари он дар дарбори Ашкониву Сосонӣ давом ёфта, баробари ин асари густардаи хешро ба фарҳангу оинҳои ақвоми дигар идома бахшид. Бар асоси сарчашмаҳои то имрӯз расида, баробари ғанои фарҳанги Наврӯз ба василаи афзудани оинҳо ва русуми махсуси марбут ба табиат, анҷоми корҳои ободгариву шукуфоӣ ба тадриҷ шумори рӯзҳои таҷлили он меафзуда. Дар кутуби мухталифи таърихӣ таъкид шуда, ки дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврӯз ба муддати шаш рӯз таҷлил мегардид. Фаротар аз ин, бо ибтикори бунёдгузори хонадони Сосонӣ Ардашери Бобакон таҷлили Наврӯзи миёни румиён низ муравваҷ шуд. Иқдоми нависандагону адибони ин давр дар сабти муҳимтарин падидаҳои фарҳанги Наврӯз дар сурати кутубе маъруф бо оинномаҳо аз таваҷҷӯҳи амиқи ҷомеаи мардум дар ҳифзи арзишҳои ин ҷашни бузург паём мерасонад, ки дар баробари шарҳу тафсирҳои муҳимтарин русуми давлатдорӣ, оини номанависӣ, шеваҳои чавгонбозӣ ва амсоли ин маросимҳои вежаи марбут ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои бузурги куҳан, мисли Меҳргону Тиргону Садаро дар вусъати ин навъ осор ҷой додаанд, ки бархе аз онҳо дар аҳди аввали ислом аз сӯи мутарҷимон ба арабӣ тарҷума гардида, ҳамин гуна барои эҷоди осоре ба унвони Наврӯзномаҳо дар адабиёти форсу тоҷик шомил шудаанд.
Ҳамин тавр, бо ҳузури хонадонҳои миллии Тоҳириёну Саффориён ва баъдан Сомониён шукӯҳи Наврӯз дар қаламрави таърихии мардумони форсизабон, аз ҷумла шаҳрҳои бузурги Самарқанду Бухорову Хуҷанд густардатар гардид. Наршахӣ дар “Таърихи Бухоро” ҳақиқати вуҷуди ин суннатҳои наврӯзиро зимни иттилоъ дар мавриди бозорҳои идона дар рустое аз атрофи Бухоро ба унвони Варахша ба гунаи зайл тавзеҳ ҳам дода: “Ва ин деҳаро дар понздаҳ рӯзе бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро “Наврӯзи кишоварзон” гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигоҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва “Наврӯзи муғон” баъд аз он панҷ рӯз бошад”. (6,19)
Аз каломи ин муаррихи барҷаста пайдост, ки дар айёми салтанати ин хонадони тоҷикон агарчӣ оинҳои наврӯзӣ тавсеае пайдо кардаанд, баробари ин, ин сулолаи фарҳангсолор дар ҳифозати асолати Наврӯз нақше муассир гузоштаанд, ки гуфтор аз Наврӯзи муғон ба ин шеваи кордории онон ишорат дорад. Наврӯзи кишоварзон бошад, имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик роиҷ аст.
Дар баробари ин, ёдоварӣ ба маврид аст, ки ахиран аз китобхонаи ба номи Абурайҳони Берунии шаҳри Тошканд ва китобхонаи донишгоҳи Теҳрон нусхаҳои як китоби кӯчаки “Наврӯзнома” ё рисолаи Наврӯз мутааллиқ ба қалами Ҳакими Тирмизӣ аз донишварони аҳди Сомонӣ пайдо шуд, ки соли 2016 бо ибтикори донишмандони соҳибном Аскаралӣ Раҷабов ва марҳум Шониёз Мӯсоев дар айёми таҷлили ҷашни Ҳаким Тирмизӣ дар нашриёти “Дониш” ҳамроҳ бо тарҷумаҳои русӣ ва англисии матни он ба чоп расид. Баъдан ин китобро Али Акбар ибни Муллоҳусайн бо номи “Аҳволи Наврӯз” дар соли 1219 ва Муҳаммад Шарифи Бухороӣ дар соли 1246 бо номи “Аҳкоми Наврӯз” китобат намудаанд. (7)
Ин рисола бо шеваи форсии роиҷ дар Фароруд ба қалам омада, ки баҳсе дар ин замина дар мақолаи дигар аз ин ҷониб рафтааст. Ҳамин далели таърих ва сабки нигориши ин асар паём аз нуфузи фарҳангу суннат ва оинҳои Наврӯзӣ дар қадимтарин шаҳрҳои Фароруд мерасонад, ки намунаҳое аз мафоҳим ва истилоҳ, расму оини хоси он дар ин китоб зикр ва шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Шоистаи ифтихори мо тоҷикон аст, ки маҳз ҳамин шеваи нигориши наврӯзномаҳо боз ҳам аз ҷониби яке аз шоирони барҷастаи асри нуздаҳ Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ идома ёфт, ки он дар сурати назм иншо гардидааст.
Ҳамин гуна, Наврӯз ҳамчун ҷашни офариниш ва зиндагонии дубораи табиат дар тамоми манотиқи таърихии Фарорудон, аз ҷумла қаламрави таърихии Тоҷикистони имрӯз таҷлил гардида, марҳила ба марҳила нусрату шукӯҳи тозае дарёфта то имрӯз расида, ба ҳайси суннати деринаи тоҷикон ваҷҳи эҳтироми мардум қарор дорад. Шаҳомати таърихи Наврӯз дар қаламрави таърихи ин сарзамин аз он ҳам ҳувайдо мегардад, ки соири шуарову суханварони ин минтақа низ бо муҳаббати хоса ин ҷашни бузургдошти оғозҳо ва шурӯъи зиндагонии тозаро ҳамчун василаи баёни лаҳзаҳои шодмониву массаррати инсонӣ тафсир кардаанд.
Аммо бо таассуф дар даврони Шӯравӣ муддате таҷлили Наврӯз манъ гардид ва танҳо бо талоши зиёиёни тоҷик дар соли 1969-и милодӣ ва бо тасбити асолати таърихиву фарҳангии он дубора Наврӯз эҳё шуда, иҷозаи бузургдошти он расмият пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз маросими баргузории Наврӯзи ҷаҳонӣ низ бо шарҳу тавзеҳе хос ва бо ишорат ба хадамоти ин фарҳехтагон тазаккур ёфтааст: “Наврӯз дар замони дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ будани Тоҷикистон чанде мамнӯъ буд, вале фарзандони ватанпарасту донишманди миллати мо, мисли устодон Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, барои эҳёи он кӯшишҳои зиёд карда буданд”.
Марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз ва эҳёи суннату оинҳо он ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванди муҳкам дорад. Аз файзи истиқлолияти давлатии кишвари Тоҷикистон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифта, шукӯҳи он мустадом боло меравад. Мурур ба қаламрави таърихи тоҷикон ошкор месозад, ки xадди тоҷикон бештари айём ҷашни Наврӯзро дар берун аз макону манзил ва ҳатто шаҳрҳо дар ҷойҳои вижае таҷлил менамуданд. Имрӯз бо инояти Пешвои миллат ва мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ин суннати пешиниён дубора бо сурате ҷадид эҳё шуда истодааст. Давоми чанд соли охир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва ғ. Наврӯзгоҳҳое ҳамчун макони аслии баргузории оину суннатҳои наврӯзӣ бунёд гардида, бошукӯҳтарин кох ба номи “Наврӯз” бо тарҳи нодиртарин падидаҳои фарҳанги куҳан ва намоди ёдгории нодири наврӯзгоҳи Тахти Ҷамшед қомат афрохт. Фузун бар ин, соли 2016 хотири эҳёи оини бузурги баргузории Наврӯзи бузург дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор маросими корвони Наврӯз бо шукӯҳе махсус ва иҷрои беҳтарин падида ва суннатҳои наврӯзи мардумони манотиқи мухталифи Фароруди куҳан ва меросбарони ин унсури тамаддуни башарӣ доир гашт, ки аз ҳузури дубораи пурравнақи оинҳои ин ҷашни бостонӣ ба сурати ҷадид паём мерасонад.
Дар канори ин ёдовар бояд шуд, ки манотиқи мухталифи Тоҷикистони кунунӣ аз адвори қадим шеваҳои хоса дар таҷлили Наврӯз доштаанд. Аз осори таърихӣ равшан аст, ки таҷлили Наврӯз дар қадимтарин давлатҳои қаламрави Тоҷикистони имрӯз – Суғд ва Бохтар бо сурати вижа ҷараён мегирифтааст ва ҳамин гуна аз онҳо бо унвони “Наврӯзи Суғд”, “Наврӯзи Хатлон”, “Наврӯзи Бадахшон” ва амсоли ин ёд мекардаанд.
Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, муҳимтарин падидаи фарҳанги миллатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз хоҳад буд. Дар дарозои таърихи беш аз шашҳазорсолаи ҳузури худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонеро бо ҷабрҳои сангини таърих таҷриба кардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ вогирифта. Шояд ҳамин рӯйкарди муносибати таърихӣ бо миллату ақвом ва чунин доду ситадҳо буда, ки ҷаҳон ин ҷашни бузурги мардумони форсизабонро ҳамчун фазилати беназири таърихӣ ва дастури бебадали ахлоқӣ барои тарбияти фикриву маънавии мардумон пазируфта ва имрӯз Наврӯз мунҳасир ба замону макон ва миллияту қавмият нест, балки Наврӯз муҳимтарин унсур ва рукни тамаддуни ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин матлаб дар суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чандин анҷуманҳои маҷмааи Наврӯзи байналмилалӣ борҳо садо дод.
Шинохти Наврӯз ба унвони паёми зиндагисози меросбарони он ба ҷаҳониён, аз ҷумла тоҷикон баробари ҳукми ифтихор ва сарбаланд будан, рисолати беназиреро пешорӯи мо дар масири эҳё, таблиғ ва маърифати фаротари ҳар яке аз суннат ва оинҳои хоси он во мегузорад. Вусъати Наврӯз ва падидаҳои нодири он ба ҳаддест, ки ҳатто сокинони рустову гузару маҳаллот аз шаҳру вилоятҳое аз мамолики форсизабон дар амри ғаномандии фарҳанги беназир дар ҳадди аносири хоси такя бар пиндору гуфтору рафтори нек аз худ ибдоъ кардаанд, ки имрӯз чун махсусияти мунҳасир ба фарди фарҳангии он рустову маҳаллу вилояту минтақаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз эътироф шудаанд. Бар ин асос, фароҳамоварӣ, таҳқиқу таблиғ ва дар ин замина мусоидат бар эҳёи чунин суннатҳои нодир ва беназири фарҳанги Наврӯз вазифаи муқаддаси ҳар нафар аз аҳли пажӯҳиш дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад. Аз сӯи дигар, иқдоми ҳар нафар муриду мухлиси Наврӯз барои мулҳақ шудани афзудаҳое бар таҳқиқи ойинҳои наврӯзии тамоми мардумони форсизабон заминаҳоеро фароҳам хоҳад овард, то мо ба сӯи таҳия ва нашри бузургтарин китоби мондагор дар сарнавишти Наврӯзи Аҷам-“Донишномаи Наврӯз” дар ҳамкорӣ бо донишварону пажӯҳишгарон, бостоншиносоне аз кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ҳаммеросбарони мо дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз гомҳои устуворе битавонем гузорем. Баргузори ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Тоҷикистони азизи мо соли 2016 бо ҳузури адибон ва пажӯҳишгарони мамолики меросбари Наврӯз нахустин бор сурат гирифт, баробари муаррифии Наврӯз ба унвони ҷашни ваҳдатоин, тамоюлҳои тозаеро дар шинохти бештари ягонагии фарҳанги Наврӯзи ҳамзабонон ва меросбарони муштараки он, инчунин маърифати амиқтари суннатҳои ин ҷашни куҳан дар саросари марзҳои он рӯи роҳ хоҳад гузошт. Умедворем, ки марҳила ба марҳила, сол ба сол аз роҳи ваҳдатмақомии Наврӯз сурат ва сирати ин ҷашн ва ин падидаи нодири фарҳангӣ, ҷаҳонӣ ва умумимиллиро маърифат хоҳем намуд.
Нурали НУРЗОД