Ба ифтихори 100-умин солрӯзи Устод Муҳаммад Осимӣ
Тоҷикон аз посдорону меросбарони асили фарҳанги эронӣ ва форсигӯёни ҷаҳон дар ҳавзаи Вароруду Хуросон аст. Ман ба сифати як муҳаққиқи эронии муқими Амрико дербоз дидани ин сарзамини аҳуроиро доштам. Дар бораи Тоҷикистон кишвари меросбари таъриху фарҳанги эронӣ, ки муҳаққиқони эронию аврупоӣ хеле зиёд навиштаанд, то ҷое ошно ҳам ҳастам.
Кишвар ва мардуми тоҷик аз насли асили эронинажод ва суннату одоби онро ҳифз намуда, маҳсуб меёбанд.
Ин дувумин боре аст, ки ба дидори Тоҷикистони азиз ноил меоям. Ба Тоҷикистон- ватани дуввуми худам. Бори аввал бист сол пеш буд, барои боздиди нусхаҳои қаламии форсии дар Тоҷикистон ва имсол барои ширкат дар ҷашни Борбад ( 23-29 апрели 1990 А. Р.). Маросими ҷашни Борбадро шумо тоҷикони азиз дар ниҳояти хубию бузургӣ баргузор кардаед. Хотираи ин ҷашнро ҳаргиз фаромуш нахоҳам кард. Ба умеди он ки равобити фарҳангии байни бародарони тоҷику эронӣ ва афғонӣ рӯз ба рӯз мустаҳкам шавад.
Аз кумитаи созмондеҳи 1400- умин солрӯзи устоди бузурги мусиқӣ Борбад бо имзои Раиси кумитаи тадорукоти ин ҳамоиши байналмилалӣ, академик Муҳаммад Осимӣ ба унвони инҷониб расид, хеле шод будам ва имкони сафари дуввум, дидор бо тоҷикони азиз, ин сарзамини аҳуроии муаяссар шуд. Ман ба чандин шиносон, дӯстони эронии муқими Амрико ин паёми хушро расонидам ва ба доктор Эҳсон Ёршотир ва дигарон занг задам. Устод Ёршотир низ паём доданд, ки эшон ҳам номаи даъватӣ аз номи раиси кумитаи тадорукот доктор Муҳаммад Осимии гиромӣ гирифтаанд.
Ман хеле шод будам аз он ки сафари мо ба Тоҷикистон дар рӯзҳои баҳорон, бедории табиат сурат гирифта ва мо ба табиати зебоманзари баҳори Тоҷикитстон ошно мешавем.
Баргузории ҷашни 1400-умин солгарди зодрӯзи Борбадро дар Тоҷикистон ба ҳамаи тоҷикони азиз ва ҳамаи эрониён ва ҳамаи афғонон, яъне ҳамаи ақвоми эронӣ табрик мегӯям.Табрик мегӯям аз он ки ин ҷашнро маҳз нахустинбор тоҷикони азизу сарбаланд, меросбарони асили фарҳанги эронӣ, баргузор намуданд, на Эрону Афғонистон! Зимни ин ба хусус ба хоҳарону бародарони тоҷик, ки бо ин кори бузурги худ Борбадро аз дунёи афсона ба дунёи таърих ворид карданд, ба сифати як донишманди эронӣ хеле – хеле сипосгузорӣ менамоям. Вуҷуди Борбад то пеш аз ин ҷашн аз он дунёи таърих ва афсона буд ва вуҷуди афсонавии Борбад шахсияти таърихии ӯ замина дошт, вале аз ин ба баъд ва назари ҷамъ дигаргуна мешавад, ки тоҷикони азиз бо сарварии академик, донишманди фарзона Муҳаммад Осимии гиромӣ бо шукуҳи хоса, дар кишварашон таҷлил намуданд. Аз сӯи дигар баргузории ҷашни Борбад аз ин назар ҳоизи аҳамият аст, ки пайванди моро аз даврони пеш аз ислом бо якдигар исбот мекунад ва ин корро дар имрӯз тоҷикони азиз бо таҷлили ин ҷашн исбот намуданд. Дар ин рӯзҳо шумо – тоҷикони азиз борае аз Зардушт, Авасто, гуфтори нек, пиндори нек ва кирдори нек сухан гуфтед, ки ҳама нишонаи ҳамон пайванди мо бо якдигар аст, дар ҳазораҳои пеш. Шумо азизон ва бо сарвари кумитаи ҷашни Борбад академик Муҳаммад Осимӣ собит намудед, ки шумо – тоҷикони азиз посдорони андешаву фалсафаи Зардушту дигар ниёкони хирадманиши мо ҳастед.
Аз баргузории Ҳамоиши хеле олии илмию ҳунарӣ ба мо иштирокдорони ҷашни 1400-умини Борбад болидахотир будем аз он ки шумо – тоҷикони азиз Муҳаммад Осимии донишманди сатҳи байналмилалӣ доред ва роҳбарии комиссиюни созмони фарҳангии ЮНЕСКО-ро сарварӣ менамояд. Аз дидани барномаҳои ҳунарӣ, ширкату ҳунарнамоии устодони мусиқӣ, махсусан устоди мусиқии Эрон Муҳаммадризо Шаҷариён (1940-2021 А.Р.), таронахониҳои борбадии хуниёгари тоҷик Ҷӯрабек Мурод дар оғозу хатми барномаҳои фарҳангии ин Ҳамоиш мо эрониёни дур ватанро хеле муассир намуд ва мо худро дар ин рӯзҳо дар Эрони азиз эҳсос менамудем. Кохи бузургеро дар дили ватани азизатон ба номи Кохи Борбад номгузорӣ кардани шумо – тоҷикони азиз, барои мо эрониёни дур аз ватан низ хеле муассир буд.
Барпо сохтани пайкараи Борбад дар Дарвоз ва иртифоот сар ба фалак кашид, куҳҳои ин ноҳия иқдоми сутудании шумо – тоҷикони азиз аст. Мо эрониёну афғонон низ бояд ин иқдоми шумо азизонро пайгирӣ намоем, дар шаҳрҳои худамон пайкараи Борбадро барпо дорем, то нишон бидиҳим Борбад мутааллиқ ба ҳамаи ақвоми эронист.
Ҷашни Борбад ин кори мондании бузургмарди тоҷику Эронзамин академик Муҳаммад Осимии гиромист!
Бар шумо – тоҷикони гиромӣ хушиву сиҳатӣ ва пирӯзӣ орзу дорем.
Профессор Ҷалол Матинӣ, эронии сокини Амрико, 30-уми апрели 1990
Таҳияи профессор Аскаралӣ РАҶАБОВ