Шарҳи мулоқоти нахустин раиси Шӯрои нозирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев бо Иосиф Сталин оид ба таъсиси кишвари шӯроии тоҷикон.

…Дар бораи хидматҳои таърихии Абдураҳим Ҳоҷибоев барои давраи нави таърихи тоҷикон чунин хулосаҳо метавон баён кард:

1- Рӯзгор ва фаъолияти раҳбарии сиёсии Абдураҳим Ҳоҷибоев қисме аз таърихи халқи тоҷик дар давраи мубориза бар зидди ҷараёни туркигароӣ, бунёди ҷумҳуриҳои шаклан ва мазмунан нави иҷтимоӣ аст. Сабақ гирифтан аз рӯзгору корномаи Абдураҳим Ҳоҷибоев барои дарки адолат ва ҳифзи ҳақиқати таърих дар ҷомеаи навбунёди тоҷик муҳим аст. Шинохти он бо ҳама мушкилот, иштибоҳот ва қаҳрамониаш дар роҳи дарки дирӯзу имрӯз ва фардои миллат ҳамеша муҳим аст.

Таҳқиқи вазъи замон ва рӯзгори Абдураҳим Ҳоҷибоев исбот мекунад, ки мавсуф дар сатҳи мақомоти раҳбарии солҳои 20-30 садаи бист ҳамчун роҳбари дорои донишу фазилати баланд эътибор пайдо карда буд. Нахустин раҳбари нозироти кишвар шахси дорои эҳсоси баланди миллатдӯстӣ ва тоҷикият маҳсуб меёфт, ки бо такя ба донишҳои куҳан ва нав имкони густурдаи таҷрибаи ҳаллу фасли масоили сиёсиву иҷтимоии замонаро дар ихтиёр дошт. Вай аз лиҳози фарогирии забони русӣ ва донишҳои дигари русиву аврупоӣ дар шароити комилан дигари навгониҳои иҷтимоӣ низ роҳбарӣ шоиста буд. Дар миёни равшангарони давра маъруфияти хоссе доштани ӯ аз як баҳои устод Садриддин Айнӣ низ равшан мешавад, ки Ҳоҷибоеви Хуҷандиро “шахси худогоҳу бедордил” номидааст.

2- Абдураҳим Ҳоҷибоев соли 1924 ба сифати яке аз экспертони асосии тақсими милливу марзии қаламрави Осиёи Миёна аъзои раёсати КИМ(б) Туркистон, узви бурои ташкилии КМ ҲК(б) Ӯзбакистон интихоб гардид ва дар ҷаласаҳои марбута бо суханрониҳои пайваста нақши муҳим бозид. Аз ҷумла, муҳимтарин санади ибтикори ӯ дар ин замина “Фишурдаи матолиб оид ба масъалаи вазъи тоҷикон” (21-уми июни соли 1924) мебошад, ки барои ошноии узви комиссиюни марзбандии миллӣ аз чигунагии таърихи қавми тоҷик омода шудааст (“Тезисы по вопросу о положении таджиков”.-ОГА ГБАО, ф. 1, оп. 1, д. 28, л. 71-74 // Масов Р. История топорного разделения.-Д.: Ирфон, 1991.-С. 53-60; Таджики: История национальной трагедии.-Д.: Ирфон, 2008.-С. 71-77).

Ин асар нахустин санади кӯшиши пайвастаи як нафар мақомдори сиёсии 24 сола дар роҳи шинохти таърихи воқеии қавми тоҷик ба шумор меравад, ки дар синни бистучаҳорсолагӣ таълиф шудааст. Ба гуфтаи профессор Ш. М. Султонов ин фишурда “эссеи таърихии махсус, ҳуҷҷати нодири таърихӣ ва инсониест, ки дар лаҳзаи басо бомасъулият ва бӯҳронӣ дар тақдири таърихии халқи тоҷик офарида шудааст”. (Абдурахим Ходжибаев и его время, с. 89).

Ин асари тақдирсоз дар ҳалқаи санадҳои дигари тоҷикшиносии ин давра нахустин қадами ҷиддие буда, нақшу аҳамият ва арзиши он дар ҷараёни баҳсу набардҳои баъдӣ дар роҳи қоматафрозии ҷумҳурии мустақили тоҷикон низ қобили таваҷҷуҳ аст. Ин асар ибтидои ҳавсалаи илмии том ва ҳадафмандонаи муаллиф дар роҳи исботи ҳастии маънавии миллати тоҷик мебошад, ки вазъи тоҷику Тоҷикистон, ҳамчунин ишқу алоқаи тоҷикпарастии насли раҳбарии вақтро дар замони шаклгирии ҷумҳуриҳои нави шӯравӣ дар бар мегирад.

Дар асар симои Абдураҳим Ҳоҷибоев ба сифати як нафар олими таърихдон пеши назар меояд ва, аз ин рӯ, беҳуда нест, ки он ба раванди илми тоҷикшиносӣ такони хоссе бахшид. Матолиби ин фишурда баъдтар дар шинохти воқеии таърихи тоҷикон аз ҷониби уламои мӯътабар такмил ва тақвият ёфтаанд. Аз ҷумла, қазияи исботи ҳастии миллати тоҷикро академик В. В. Бартолд дар очерки «Тоҷикон» (Таджикистан.-Ташкент, 1925; Тоҷикон (Тарҷума аз мақолаи проф. Бортулд). Баёни таърихӣ. Тарҷумаи Қ. Дайламӣ.-Маҷаллаи “Дониш ва омӯзгор”, 1926, №1), устод Садриддин Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” (Маскав, 1926) матраҳ кардаанд.

Фишурдаи тоҷикшиносии Абдураҳим Ҳоҷибоев самти аслии ҷустуҷӯҳои муаллифро бозгӯй мекунад, ки минбаъд барои таълифи рисолаи “Тоҷикистон” мусоидат кард (Таджикистан. Краткий политико-экономический очерк Таджикской ССР.-Москва, 1929; ба забони тоҷикӣ ва расму-л-хати форсӣ: Ҷумҳурияти ҳафтум – Тоҷикистон.-Сталинобод-Тошканд: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1930).

3- Хидмати муҳими дигари Абдураҳим Ҳоҷибоев дар раванди тақсими милливу марзии қаламрави Осиёи Миёна нақш ва таъсири ӯ дар таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аст. То ин вақт кӯшиши «кумиссиюни миллии ӯзбакӣ оид ба тақсими милливу марзӣ» ба таъсиси вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда буд (дар ин бора ниг.: Масов Р. Таджики: История национальной трагедии.-Душанбе, 2008).

Дар силсилаи мавод ва таҳқиқоти масоили марзбандии миллӣ, ки то ба ҳол дар ихтиёр доштем, ин масъала ба таври муфассал намоён нашудааст. Аммо, имрӯз имкони васеи дастрасӣ ба мавод ва манобеи даставвали бойгониҳо дарак медиҳад, ки дар ҷаласаи мазкур гузоришгари асосӣ роҷеъ ба масъалаи таъсиси ҷумҳурии мухтори тоҷикон ба ҷои вилояти мухтор Абдураҳим Ҳоҷибоев будааст.

Аз ин рӯ, имрӯз барои мо, алоқамандони таърихи халқи тоҷик дар садаи бисту як дар роҳи дарки ҳақиқати рӯйдодҳои он замон ин натиҷа муҳим аст, ки ҷаласаи Бурои ӯзбакӣ дар асоси суханронии Абдураҳим Ҳоҷибоев қарори комиссиюни тоҷикиро оид ба таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати Ҷумҳурии Ӯзбакистон тасдиқ кард (БМҲ, ф. 62, оп. 2, д. 1744, л. 414. Дар ин маврид ниг.: Ш. М. Султонов. Абдурахим Ходжибаев и его время, с. 73-74).

Ин натиҷа дар ҷаласаи ғайринавбатии Бурои сиёсии КМ ҲК(б)Р аз таърихи 11-уми октябри соли 1924 таъйид гардид, ки “ба ҷои вилояти автономӣ дар ҳайъати ҷумҳурии Ӯзбакистон Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон таъсис карда шавад” (БМҲ ИМЛ, ф. 17, оп. 3, д. 468, л. л. 1-2).

Ба ин муносибат метавон хулоса кард, ки дар таърихи тақсимбандии милливу марзӣ ва таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ҳанӯз саҳифаҳои нав ва тару тоза зиёданд, ки бояд ба воқеияти он баҳои муносиб ва арзанда дода шавад.

4- Рисолаи илмӣ-оммавии Абдураҳим Ҳоҷибоев очерки мухтасари сиёсиву иқтисодии кишвар аст, ки дар арафаи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардид ва соли 1929 аввалан ба забони русӣ дар Маскав, сипас соли 1930 ба забони тоҷикӣ дар Тошканд-Сталинобод бо номи “Ҷумҳурии ҳафтум – Тоҷикистон” нашр гардид. Ин рисола моҳи декабри соли 1929 дар рӯзҳои Анҷумани дувуми КИМ Шӯроҳои ИҶШС даъвати панҷум ба кулли ширкатдорони анҷуман эҳдо шуд.

Бо рисолаи “Тоҷикистон” марҳалаи дигар, давраи нави шинохти таърих аз ҷониби як нафар раҳбари ҷавони сиёсӣ, давраи такмили ормонҳои таърихнигории мавсуф оғоз меёбад. Ба ин маънӣ, солҳои 1924-1930, яъне фосилаи байни таълифи “Фишурдаи матолиб оид ба масъалаи вазъи тоҷикон” ва рисолаи “Тоҷикистон” марҳалаи тадриҷии рушд ва такмили тафаккури таърихшиносии Абдураҳим Ҳоҷибоев ба шумор меравад.

Рисолаи “Тоҷикистон” яке аз аввалин кӯшишҳои муҳим ва босамари шинохти таърихи халқи тоҷик ва вазъи кишвар дар замони нав дар сатҳи мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ аст, ки зимни рӯзгори ҳассос ва сарнавиштсоз дар радифи “Таджики”-и аллома В. В. Бартолд, “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ ва осори дигар ба сифати шиносномаи миллати тоҷик пазируфта шуд ва дар посух ба назариёти пантуркистӣ – исботи қавми муаззаме бо номи тоҷик дар қаламрави Осиёи Миёна мақоми муҳим дарёфт.

5- Нуктаи аз ҳама муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳим Ҳоҷибоев саҳм ва нақши ӯ дар таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон – табдили ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии мустақил аст ва дар ин роҳ мулоқоти бевосита бо сарвари кишвари шӯравӣ Иосиф Сталин аҳамияти вежа дорад. Санади муҳими ин рӯйдод – номаи Абдураҳим Ҳоҷибоев ба Шириншоҳ Шоҳтемур аз Бойгонии Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизби коммунисти Тоҷикистон дарёфт гардид.

Ин санад ошкор мекунад, ки моҳи июн-июли соли 1929 Абдураҳим Ҳоҷибоев дар шаҳри Маскав қарор дошт, бо сарони вақти кишвар дар гуфтугӯ ва табодули назар буд, қазияи таъсиси ҷумҳурии мустақилро матраҳ мекард. Аз равиши нома маълум мешавад, ки гузориши масъала чандон одӣ ва сабук сурат нагирифта, вазнинӣ ва мушкилоти зиёд ба миён омада буд. Дар маҷмӯъ мушкили асосӣ мавҷудии ихтилофи назар дар бозрасӣ ва ҳалли қазияи тоҷикон маҳсуб меёфт.

Ба ин тариқ, дар ин нома воқеоти марбут ба таъсиси ҷумҳурии мустақили тоҷикон арз ва дарҷ шудааст. Ин санади хеле муҳим баёнгари талошу ҷадалҳои ҳамешагии як нафар мақомдори сиёсӣ дар роҳи ҳалли қазияи тоҷикон, давуғеҷи чандкарата ба Маскав, гуфтугӯи пайваста бо мақомдорони сиёсии Кремл ва ниҳоят, гуфтугӯи мустақим бо Иосиф Сталин дар масъалаи таъсиси ҷумҳурии ҷудогонаи тоҷикон аст.

Ба асли нома таваҷҷӯҳ шавад:

“Здравствуй, дорогой Шотемур! Я хотел бы все тебе сообщить телеграфно, но это не вышло, ибо не все же можно передавать по телефону.

Сообщаю: 1) По узбекским вопросам здесь вермишель. Начала нет, конца тоже нет, т. к. полностью решение ЦИКа нам еще не известно… БЫЛ у товарища Рыкова, Ворошилова и ВЧЕРА У ТОВ. СТАЛИНА.

Тов. Сталин дал ряд директив, о которых скажу: Тов. Сталин и все другие поддерживают вхождение в Союз непосредственно Таджикистана…” (Бойгонии пажуҳишгоҳи таърихи ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ф. 1, оп. 1, д. 1222, л. 73, д. 469, л. 43-45, д. 1299, л. 27).

То имрӯз дар шинохти қазияи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фикр қобили эътимод буд, ки чанд номаи вежаи роҳбарияти Тоҷикистон ба унвони Бурои сиёсии КМ ҲК(б)У ва шахсан ба сарвари вақти кишвари шӯравӣ Иосиф Сталин, Бурои Осиёи Миёна ва КМ ҲК(б) Ӯзбакистон дар роҳи истиқлоли Тоҷикистон – соҳиби ҷумҳурии ҷудогона шудани тоҷикон нақши асосӣ доштанд. Албатта, масоили вазъи тоҷикон ва талабномаи ҳаллу фасли он дар чанд номаи раҳбарони тоҷик – Нусратуллоҳ Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур ба Маскав матраҳ шуда буданд. Ба назари мо, ин муҳимтарин талошу хидмати онҳо дар роҳи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки метавон ба қаҳрамонии каммонанди таърихӣ баробар кард. Ин хидмати онҳо намунаи фидокории беназири миллӣ аст.

Аммо, матолиби ин нома хеле равшан ва дақиқ исбот мекунад, ки дар роҳи рост шудани қомати давлати ҷавони тоҷикон, таъсиси ҷумҳурии ҳафтуми Шӯроҳо, давлати нави шӯравии Тоҷикистон нақши Абдураҳим Ҳоҷибоев кам набудааст.

Аммо хидматҳои созандагии ин шахсияти мунири таърихи давраи нави тоҷикон чӣ подоше дошт? Чаро аз номаи аъмоли Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ҳамнаслони ӯ – Нусратуллоҳ Махсум ва Абдуқодир Муҳиддинов нишонаҳои душманӣ ҷустуҷӯ карда, қоматашро шикастанӣ шуданд?

Танқиди ҳизбии Абдураҳим Ҳоҷибоев охири соли 1933 оғоз ёфта, соли 1934 ба авҷи аъло расид, дар солҳои 1935-1936 низ ин баҳс идома дошт. Дар доираҳои расмии Тоҷикистон ва марказ ин ҳодисаро рӯйдоди муҳим ва ҷолиби сиёсиву иҷтимоӣ ба шумор оварданд. Аммо, ба назар мерасад, ки дар ин муноқишаи сиёсӣ бештар аз амалкарди сиёсии Абдураҳим Ҳоҷибоев айбу гуноҳи пурхатар, нуктаҳо ва нишонаҳои зараровари “натсионализми великорусӣ, великоӯзбакӣ, великотуркӣ, великоэронӣ ва натсионализми миллӣ” (сарсухани Г. И. Бройдо дар анҷумани дувуми ҳизбии Тоҷикистон.-Тоҷ. сурх, 1934, №30, с. 2) ҷустуҷӯ ва ба ҷабру шикасти вай мусоидат шудааст.

Ба назари мо, таърихи сарзанишҳои Абдураҳим Ҳоҷибоев нукоти муҳим ва ибратомӯзе низ дорад, ки барои дарки асолати қавмӣ -миллатгароӣ ва тоҷикпарастии ӯ дар фосилаи солҳои 1924-1930 мусоидат мекунад. Муншии нахустини Бурои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б)У К. Я. Бауман дар суханрониаш барои шикасти эътибори сиёсии Абдураҳим Ҳоҷибоев ин нуктаро таъкид кардааст, ки барои мо – имрӯзиён хеле муҳим аст: “Ҳоҷибоюф ба ҷои он ки вазифаи муттафиқии интернасионалии меҳнаткашони миллатҳои гуногунро ба назар гирифта, дар амал манфаати оммаи меҳнаткашонро ҳимоя кунад, бо проекти авантюристӣ дар бораи Тоҷикистони “бузург” овора шуд, …дар соли 1930 ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани вилояти Сурхон-Дарё, Самарқанд ва Бухоро(ро) таклиф кард. Ин авантюраи зарарнок аст ва фақат лаёқати тарбия намудани шовинизми тоҷикро дорад” (Тоҷ. сурх, 11 январи соли 1934, с. 2-3).

Ин гуна майлу хоҳиши Абдураҳим Ҳоҷибоевро муддаиёни дигар низ ошкор ва таъкид карданд: “Ҳоҷибоюф мехост, ки нисфи бисёртари Фарғонаро ба Тоҷикистон диҳад ё …Сурхон-Дарёро… ба Тоҷикистон гузаронад. На танҳо Сурхон-Дарё, балки тамоми ҳудудҳоро дар хусуси ба Тоҷикистон гирифтани Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо ҳаракат карда мегашт ва мегуфт, ки: “агарчи Самарқанд, Бухороро гирифта натавонем, лекин албатта Сурхон-Дарё ба мо мерасад”. Мана ин аст аломати миллатчигии Ҳоҷибоюф” (Материалы 4-ой сессии ЦИК Советов Тадж. ССР IV-созыва.-ЦГА РТ, ф. 11, оп. 3, ед. хр. 333, л. 12).

Ҳамин тариқ, рақибони сиёсии Абдураҳим Ҳоҷибоев дар солҳои 30 садаи бист дар роҳи интиқод аз талошу таклифи ӯ барои шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва вилояти Сурхон-Дарё, барои ба миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ кардани шаҳрҳои таърихии тоҷикон дарак додаанд, ки ин гуна самтгирӣ аз чашмандози он замон иддаои “миллатгароӣ”, “шовинистӣ” ва “великодержавӣ” маҳсуб меёфт.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзгори начандон дури таърих – аз охири солҳои 80 садаи бист, яъне баъди фарорасии фазои муносиби худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ дар роҳи шинохти мавқеияти сиёсиву иҷтимоии Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ҳамнаслони ӯ ба гардани онон айбу тамғаҳои сиёсӣ – “хиёнаткорӣ”, “миллатфурӯшӣ”, “тарсуӣ”, “буздилӣ” ва… зада, ҳатто бархе андешамандон – муаррихон, адибону адабиётшиносон, забоншиносон ва файласуфони охири садаи бист – ибтидои садаи бисту як аз “ҷинояти сахттарин” ва “гуноҳи нобахшиданӣ”-и роҳбарони сиёсии солҳои 20-30 садаи бист ба унвони тоҷики ӯзбакшуда, ба вежа “кӯшиши беҷуръатонаи” Абдураҳим Ҳоҷибоев дар мавриди Самарқанду Бухоро масъала ба миён гузоштанд. Дар осори андешамандони кунунӣ асосан ин фикри Ҳоҷибоев интиқод шудааст, ки: «Алҳол дар Тоҷикистон ҷанги ҳамватанӣ меравад ва байни Самарқанд ва Тоҷикистон роҳ нест, бинобар ин Самарқанд наметавонад чун пойтахти Тоҷикистон қарор гирад» (Аз ҷумла ниг.: Муқаддимаи китоби “Таджики: История национальной трагедии” бо номи “Слово о новой книге”, с. 213).

Бояд дар назар дошт, ки ниҳоли қомати Абдураҳим Ҳоҷибоев дар солҳои 30 садаи бист бо ин “ҷурм”-ҳо шикаста гардид. Хушбахтона, рақибони сиёсӣ дар роҳи шикасту “афтонидан” далелҳое низ овардаанд, ки қазияро ба манфиати ӯ ҳам дар он давра ва ҳам дар замони мо ҳаллу фасл мекунанд. Моддаи айбномаҳое, ки аз ӯ пайдо кардаанд, барои дарки аҳамияту мавқеияти миллӣ ва тоҷикияту тоҷикпарастии ӯ дар он марҳалаи муассири таърихи тоҷикон ба кор меоянд. Интиқодгарони сиёсатгарои Абдураҳим Ҳоҷибоев ба хотири маҳкум кардани қазияи тоҷикият ва тоҷикпарастӣ ба танқиду саркӯбии раҳбарони мақомоти сиёсии Тоҷикистон пардохтанд.

Шинохти ҳақиқии зиндагӣ ва корномаи сиёсии Абдураҳим Ҳоҷибоев ба ҳамзамонони мо сабақи ҷиддӣ дар роҳи дарки дуруст ва комили таърихии дирӯзу имрӯз ва фардои миллат, ҳифзи адолат ва ҳақиқати таърих дар ҷомеаи навбунёди тоҷик дорад, ки ба назар гирифтани он ҳамеша муҳим аст. Абдураҳим Ҳоҷибоев дар лаҳзаҳои ҳассос ва муҳими таърихии миллати тоҷик ба арсаи набард ва фаъолияти сиёсӣ ворид шуд ва новобаста ба ҷавонӣ ба ҳаллу фасли масоили нозук ва муассири халқҳои Осиёи Миёна – марзбандии миллӣ ҷалб гардид ва ӯ дар ин роҳ ба манфиати миллати тоҷик талош кард.

Диди сиёсӣ ва афкори миллии Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ин давра зинаҳои аввали роҳи таърихии таҳаввули миллати тоҷик ва бунёди заминаҳои онро дар замони нав бозгӯ мекунанд. Дар чашмандози ӯ ормонҳои замон бо муҳимтарин нуктаҳои таърих ва замони гузашта ба ҳам омада, минбаъд барои такмил ва тақвияти консепсияи омӯзиши таърихи миллат замина ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, таълифоти Абдураҳим Ҳоҷибоев – “Фишурдаи матолиб оид ба масъалаи вазъи тоҷикон” ва “Ҷумҳурияти ҳафтум – Тоҷикистон” нахустин қадамҳои шинохти таърих дар перомуни сиёсати шӯравӣ буда, дар он муҳимтарин саҳифаҳои дирӯзу имрӯз бо ҳастии маънавии миллат тавъам мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ормонҳои тоҷикшиносӣ ва дифоъ аз ҳақиқати миллӣ сабаби маҳви сиёсӣ ва террори рӯҳониву маънавии Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ҳамкорони сиёсии ӯ – Нусратуллоҳ Махсум ва Абдуқодир Муҳиддинов гардиданд. Мағзу ҷавҳари саркӯбии Абдураҳим Ҳоҷибоев, махсусан, талош барои “тоҷик” будан ва “тоҷик” мондан, талош барои дифои асли таърихи тоҷикон, пойфишорӣ барои шаҳрҳои бузурги таърихии онҳо – аз ҷумла, Самарқанду Бухоро аст. Ин гуна фаҳмиш ва талошу самтгирӣ дар вақташ (солҳои 1933-1934) ба сари Абдураҳим Ҳоҷибоев ошӯб ва муноқиша овард.

Аз нақду таҳқиқи рӯзгор ва корномаи сиёсии афроде амсоли Абдураҳим Ҳоҷибоев метавон ба ин натиҷа расид, ки фалсафаи хосси даҳаи 20 садаи бисти тоҷикон ба ҳам тавъам будани созандагиву бунёдкорӣ бо амри сӯхтан ва нобуд кардани мағзи миллӣ ва қишрҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аст.

Абдураҳим Ҳоҷибоев буду шудашро дар роҳи сохтмони Тоҷикистон дод ва худ нобуд шуд. Ба ҷойгоҳи Абдураҳим Ҳоҷибоев ва ҳамандешону ҳаммаслакони ӯ ба сифати падидаи (феномени) камназир ва бесобиқаи таърихи тоҷикон дар замони нав бояд руҷӯъ кард. Инҳо мағзу ҷавҳари миллати тоҷик дар давраи ҳассос ва сарнавиштсоз ба шумор мерафтанд. Мо бояд консепсияи миллатсозии раҳбарони сиёсии даҳаи дувуми садаи бист, аз ҷумла тарҳи маънавии бунёди миллатро дар чашмандози Абдураҳим Ҳоҷибоев мавриди баҳрабардории ҷиддӣ қарор диҳем.

Таърихи зиндагонии Абдураҳим Ҳоҷибоев таърихи зиндаи тоҷикон дар солҳои 20-30 садаи бист аст. Вай аз роҳи дифои ҳақиқати миллат ба маснади раҳбарӣ расид ва дар ҳамин раҳгузар сарашро дар тундбоди ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи шӯравӣ бохт…

Абдураҳим Ҳоҷибоев ба ҳақиқат яке аз муассисони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёдгузори давлати нави миллии тоҷикон дар замони шӯравӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ва қадршиносии ин гуна хидматҳои бунёдӣ дар замони мо “намунае аз ҳақшиносии таърихӣ” (М. Шакурии Бухороӣ) хоҳад буд.

Ин байти шоири бузурги инқилобии тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ шоҳиди ҳоли он нафароне аст, ки ҳамеша ба рағми мушкилот ва монеаи зиёд дар ғами ватан буданд, бо ҳама монеаву мушкилоти рӯҳиву равонӣ ҷонашонро дар роҳи миллат дареғ надоштанд, ҳарчанд расидан ба ормонҳои миллӣ аз сабаби ҷавониву камтаҷрибагӣ чандон роҳи ҳамвор, равон ва бидуни иштибоҳ набудааст, аммо, дар маҷмӯъ онон фирефтаи васвасаи бегонагон қарор нагирифтанд, виҷдонашон дар амри миллатсозӣ тоза, соф ва беғаш буд:

Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,

Осуда бош, гӯли аҷониб нахӯрдаанд!…

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь