Аз нуқтаи назари муаррихон, калимаи Ғозималик аз ду қисм иборат аст: Ғозӣ – калимаи арабӣ буда, ба касе нисбат дода мешавад, ки дар роҳи ислом мубориза бурда буд. Маънои калимаи Малик – «Султон», «Шоҳ» мебошад. Аз гуфтаҳо бармеояд, ки Ғозималик ободкунандаи ҳамин диёр буда, таърихан ин диёр ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Дар имрӯза ноҳияи Хуросон ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асри 1-3-юми пеш аз милод аз давраи Кушониён (фарози назди деҳаи Сарбанд, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа) дарёфт гардида, дар он 800 адад нигораҳои таърихӣ аз давраҳои асри сангин мерос монда, дар осорхонаи мактаби №14-и ноҳия нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асрҳои миёна аз оромгоҳи уламои шариат Таъба Тобеин (аз деҳаи Тобини Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод), ки зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он мебошад, бозёфт гардидааст.
Қалъаи Ғозималик
Дар баландии қаторкуҳи Ғозималик аз тарафи шимол ба шимолу ғарбии деҳаи Куҳичим чанд қалъа бо номи қалъаи Гусар, қалъаи Ғозималик (Чилтан), қалъаи Дустак ҷойгир шудаанд. Деҳаи Кучим 9 километр дуртар аз тарафи шимолу ғарбии Обикиик воқеъ гаштааст. Қалъаи Ғозималик аз рӯи масоҳаташ аз ҳама калон мебошад. Он аз тарафи шимолии қаторкуҳи Ғозималик дар баландии 1700-1800 метр ҷойгир мебошад. Сатҳи болои қалъа майдонча, ки якумаш 20х20 метр ва сатҳи шимолиаш 2 метр баландтар буда, масоҳаташ 15х15 метрро ташкил менамояд. Аз тарафи шимолии он зиёда аз 2,5 метр пасттар аз сатҳи баландаш ба андозаи бештар аз 30 метр ҳамвории байзашакли баромада, ки бараш 6 метр тӯл кашидааст. Тарафи ҷанубӣ-шарқӣ бошад, ба андозаи 1,5 – 2,5 метр пасттар буда, дар он низ баландии байзашакл ба назар мерасад, якумаш зиёда аз 3,00х5,00 метр ва дуюмаш бошад, 20х10 метр буда, аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Дар самти болои қалъа шакли сохтмон ба назар мерасад. Аз тарафи ҷанубӣ 10 метр пасттар аз сатҳи болои қалъа ба тарафи ҷангал ғори бо номи Чилтан ҷой гирифтааст. Он ба ғайр аз айвон (2,40х1,50 метр) миёнасаро (3,40х2,40) аз тарафи шимол миёнасарои як хона (1,40х11,00метр), долон аз тарафи ғарб аз миёнаайвон (1,40х9,40) ва ду хонача иборат мебошад. Дар охири долон хонаи росткунҷа (1,40х5,00 метр) аз ҷануб ба шимол ҷойгир шудааст. Баландӣ аз хонаи шимол то айвони ғарбӣ ҷойгирбуда 2,5 метр, аз фарш то боло 1,45 метр аст. Қисми ғарбӣ, ҷанубӣ ва шимолии қалъа баландии байзашакл буда, аз зерасос 80 метр мебошад. Дар қисми ғарбӣ ва шимолу ғарбии он работ (корвонсарой) ҷойгир буда, аз самти шарқ нишебии 300 метр ба ғарб мазор ҷойгир шудааст. Дар байни қалъа ва самти рост ҳамвории васеъ домон паҳн намудааст, ки мумкин аст ҷои ҷамъшавии бошандагони қалъа будааст.
Дар вақти низоъҳо ва ташаккулёбии ҳукмронии амирони манғитӣ, ки аз нимаи дуюми асри XVIII оғоз меёбад, сокинони муқимӣ барои муҳофизати худ манзилҳояшонро тарк карда, ба қалъаҳо паноҳ меовардаанд. Қалъаи Ғозималик яке аз онҳост.
Шаҳрчаи Ҳалқаҷар
Ин шаҳрча дар аввали пайдоиши давлати Кушониён сохта шуда, тамоми биноҳояш ба он давра мансубанд. Аввалин сохтмони шаҳр аз давраи Кудҷула Кадфиз оғоз меёбад. Шаҳрча дар шафати деҳаи Сарбанд ҷойгир буда, он давраҳо онро аз тарафи шимолу шарқӣ дарёи Вахш, аз ҷануб сойи баланд ҷудо карда, қисми ғарбиашро девори баланди хиштин иҳота мекардааст. Масоҳати шаҳрча тахминан 3-4 гектар буда, гирду атрофи он аз 1000 гектар зиёд буда, 25 деҳаи хурдро дар бар мегирифтааст. Худи шаҳрча маркази иқтисодию сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳрча хумдони калон, ибодатхонаи ҳаҷман 30х40 метр, дӯконҳои бофандагӣ, заргарӣ ва пулсикказанӣ ҷойгир буданд. Сокинони шаҳрча бо роҳи хушкӣ ва обӣ ба дигар шаҳрҳо алоқа доштанд. Аз эҳтимол дур нест, ки маҷрои дарёи Вахш дар даврони гузаштааш ба маҷрои ҳозирааш не, балки ба назди шаҳрчаи имрӯзаи Хуросон (Уялӣ) мегузашт. Тахмин аст, ки ин маҷро тезобии обро нигоҳ дошта, барои заврақронӣ мусоидат мекард. Тангаҳои аз шаҳрча ёфтшуда давраи Кушонӣ буда, ба тангаҳои ёфтшудаи аҳли Кушонии Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна монандӣ доранд.
Ҳалқаҷар ёдгории машҳури тарихиест дар ноҳияи Хуросон, ки ба давраи кушониёни бузург, ба асрҳои II-III-и милодӣ тааллуқ дорад. Шаҳристони мазкур дар тарафи рости шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, дар назди фарози мавзеи Сарбанд, болои теппа воқеъ аст. Аслан ба мавзеи имрӯзаи Уялӣ (деҳаи Хуросон) бодиққат назар андозед, бараъло мебинед, ки он дар гузаштаи қадим ҷои об будааст. Рӯди Вахш таг-таги теппаҳои имрӯза ҷараён дошт ва аз ин ҷиҳат қасру кӯшк ва қалъаҳоро низ дар лаби дарё месохтанд. Бо мурури замон дарё маҷрои худро дигар карда, алҳол қариб ду фарсах дуртар аз он куҳандиз ҷорист. Дар Ҳалқаҷар бостоншиносон ковишҳои зиёде гузаронида, осори зиёди пурқимате дарёфт намудаанд.
Дар бораи Ҳалқаҷар, аҳамияти он Бобоҷон Ғафуров дар асараш «Тоҷикон» низ маълумот додааст. Қобили қайд аст, ки шогирдони муссисаи таълимии №14 бо сарварии муаллими фанни таърих Бобоҷон Раҷабов чандин сол аст, ки ёдгории мазкурро ба сарпарастӣ гирифтаанд ва аз ҳисоби бозёфтҳои худ дар мактабашон осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ таъсис додаанд. Ба хидмати муаллим ва шогирдонаш бостоншинос, доктори илмҳои таърих, академик Б. Литвинский баҳои баланд додааст.
Муҷасамаи зану мард бо ситораҳо
12-уми апрели соли 1961 инсон бори нахуст ба кайҳон парвоз намуд. Ин ба Юрий Алексеевич Гагарин муяссар гардид. Олимону муҳандисони соҳаи кайҳоннавардӣ ба оламу оламиён қудрати шуури инсоро нишон доданд ва бо ин ба хулосае омаданд, ки на танҳо қуллаҳои баланди сайёра, қаъри уқёнусу баҳрҳо ва ғорҳои беканор, балки инсон метавонад фазои сайёраи Замин ва коинотро тадқиқ кунад. Имрӯзҳо бо тараққиёти чунин техникаи муосир ва технологияи давраи панҷум мо шоҳиди он ҳастем, ки инсоният дар бораи дигар ситора ва сайёраҳои системаи офтобӣ галактикаро аз худ карда истодааст. Ба хотири тараққиёти инсоният дар соҳаи кайҳоншиносӣ соли 1972-1973 дар яке аз мавзеъҳои баланд (1500 метр аз сатҳи баҳр) ва зебои ноҳияи Хуросон, ки номи Фахрободро гирифтааст, муҷассамаи «Зану мард бо ситорагон»-ро бунёд карданд. Баландии муҷассама 12 метр буда, дар майдони 0,01 га сохта шудааст.
Муҷассамаи «Водии Вахш»
Аз давраҳои қадим бошандагони ин водӣ ба кишоварзӣ машғулияти васеъ доштанд. Гувоҳии ин нуктаҳо дар китоби «Тоҷикони»-и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гаштааст: «Каналҳои қадимаи давраи кушониён дар хоки Тоҷикистон ҳам масалан дар водии Вахш ёфт шудаанд. Барои обёрӣ на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо низ, ки дар он давра бешак хеле бисёр буданд, истифода мешуданд. Масалан, дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, масалан Ҳалқаҷар қарибии посёлкаи Уялӣ аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба инҷо фақат ба насос об мебароранд. Дар давраи кушониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои ин манзилҳо, аз оби чашмаҳои куҳӣ шодоб буданд».
Майдонҳои васеъ ва корами ин диёрро ба назар гирифта, солҳои 1970-1972 аз маҷрои дарёи Вахш ба заминҳои имрӯза ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ канали обӣ барпо намуданд, ки то ҳол аз он истифода мебаранд. Ба ин хотир, соли 1972 дар баландии деҳаи Хуросон (Уялӣ) муҷассамаи «Вахшская долина» барпо карда шуд. Баландии муҷассама 6 метр ва паҳноияш 18 метрро ташкил медиҳад.