Дар солҳои навадум ҷанги шаҳрвандие, ки омилони асосии он саркардагони наҳзати террористӣ буданд, сабаби куштори ҳазорон фарзандони донишманду хирадманд ва рӯшанфикру озодандеши тоҷик гардид. Мутаассифона дар рафти он қишри зиёӣ ва бедори миллат низ ҳадафи ҷисман аз байн бурдан қарор гирифта, иддае аз онҳо ба тарзи ваҳшиёна нобуд карда шуданд, ки дар фазои рӯшангарию озодандешӣ холигоҳи бузургеро ба вуҷуд овард.

Мақсад аз ҷисман нобуд кардани олимону донишмандон ва эҷодкорону зиёиён аз ҷониби наҳзатиёни террорист ба гумроҳӣ бурдани аҳолӣ, аз аслу насаби хеш дур сохтани халқ, задани теша ба решаи миллат ва бад-ин васила пиёда кардани ҳадафу нақшаи хиёнаткоронаву душманони худи онҳо буд. Зеро ҳузури шахсиятҳои огоҳу бедор ва фаъолияти миллатдӯстонаву меҳанпарастонаи онҳо монеаи бузурге дар роҳи пиёда кардани аҳдофи нопоку палидонаи террористони наҳзатӣ буд.

Аз ин рӯ, роҳбарияти вақти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагону пуштибонони онҳо сари мақсад омаданд, ки бояд шахсиятҳои саршиносу таъсиргузори ҷомеаро ҷисман аз байн баранд. Зеро агар ин шахсиятҳо нобуд нагарданд, террористони наҳзатӣ наметавонад, ки мардумро ба гумроҳа баранд ва амалҳои хиёнаткоронашонро пиёда намоянд. Маҳз бо ҳамин мақсад, ҷаллодону қотилони наҳзатӣ шахсиятҳои маъруфе, чун Моёншо Назаршоев, Мунавваршо Назриев, Абдураҳим Раҳимов, Ҳайдар Қосимов, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Фатҳуллохон Шарифзода, Муродулло Шерализода, Махсум Олимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур,  Карим Юлдошев, Нурмаҳмад Атобеков ва садҳо рӯзноманигорону эҷодкоронро ба таври ваҳшиёна ва усулҳои хоси худашон ба қатл расониданд.

Яке аз чунин шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст ва ҳомии қонуну адолат Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки дар солҳои 1991-1992 дар вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Мавсуф намояндаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин Прокурори генералӣ ва шахси ба касбияти худ содиқ ва донишманд буд. Нурулло Ҳувайдуллоев пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз солҳои 60-ум дар системаи прокуратура корро оғоз намуда, то ба дараҷаи Прокурори генералӣ зина ба зина фаъолияти хешро идома додааст. Зикри он бамаврид аст, ки Нурулло Ҳувайдуллоев, ки худ дар баробари намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол буданаш, дар як вақт муовини раиси Иттиҳоди ҳуқуқшиносони ИҶШС ва раисии Иттиҳоди ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта аз байни фарзандони меҳнаткаши одӣ теъдоди зиёди шогирдон, ҳуқуқшиносҳои маъруфро тарбия намудааст, ки имрӯз дар прокуратура, суд ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва посдори номи неки ӯ ҳастанд.

Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояи бечунучарои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро бо қатъияти том талаб менамуд. Ӯ мутмаин буд, ки риоя нашудани қонун ва беҷазо мондани ҷинояту ҷинояткор сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ мегардонад. Ба вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон расидани Нурулло Ҳувайдуллоев солҳои аввали навадум рост меояд, ки замони бисёр хашин ва нооромиҳои сиёсӣ дар кишвар буд. Аз як сӯ ба даст даровардани Истиқлолияти сиёсии кишвар ва аз тарафи дигар, ба дасти хоинони миллаткуши наҳзатӣ бо роҳи зӯрӣ, ғайриқонунӣ, тарсафканӣ, ҷиноятпешагӣ мардумони ноогоҳро аз минтақаҳо ба пойтахт оварда ба роҳ мондани табаддулоти сиёсӣ ва аз роҳи ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ аз воқеоте буданд, ки дар он замон дар кишвар рух доданд. Яъне, ба таври дигар, Нурулло Ҳувайдуллоев замоне ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ва давлатӣ эътироф гардид, ки дар кишвар омилҳои бадхоҳ ва вайронгар фазои кишварро мағшуш намуда, бо дастгирии қувваҳои беруна соҳиби пулу аслиҳа гардида, ҷиҳати бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ аз худ кардани ҳокимият ба мубориза шурӯъ намуданд.

Нурулло Ҳувайдуллоев воқеан ҳуқуқшиноси ҳирфавӣ ва шахси бо қатъияту устуворӣ ва далеру ҷасур буд. Барояш волояти қонун ва риояти он аз ҳама чиз болотар маҳсуб меёфт. Ҳамин буд, ки ҳарчанд он замон баъзе аз ниҳодҳои қудратӣ ва баъзе аз шахсиятҳои ин ниҳодҳо хиёнат варзида ба алайҳи ҷинояту бесару сомонӣ чашм пӯшида буданд ё аз рӯи тарс ё аз рӯи ваъдаҳои гурӯҳҳои мухолифи то дандон мусаллаҳ гардида ё ба воситаи пулҳои аз онҳо рӯёнидашуда бетарафиро ишғол намуда, дар баробари ин гуна равандҳо ҳатто вокуниш намекарданд, Нурулло Ҳувайдуллоев шахсе буд, ки бо ҷасорати том аз ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ пуштибонӣ намуда, алайҳи ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ мубориза мебурд. Ӯ мутмаин буд, ки танҳо аз роҳи риояти бечунучарои қонунҳо ва муқаддас шумурдани қонун мо метавонем ҷумҳуриямонро бо роҳи осоишта пеш бибарем. Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ҳеҷ гоҳ бо олами ҷиноӣ ва махсусан бо ҷинояткорони террористӣ наҳзатӣ созиш накард ва барои ҳар нафаре, ки қонунро вайрон намуда, аз чорчӯбаи қонун беруна рафта буд, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳоро ҳамчун ҷинояткор дар назди қонун муаррифӣ карда буд. Ӯ ҳамеша ба таъкид мегуфт, бояд ҳама баҳсу талошҳо аз роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарро таҳаммул намудан дар доираи қонунҳои амалкунанда ва ҷавонмардона сурат бигиранд. Аммо пас аз ба тарзи зӯрӣ аз худ кардани ҳокимият дар пойтахти кишвар алайҳи унсурҳои ҷиноӣ мубориза мебурд ва амалкардҳои онҳоро қонунӣ намеҳисобид ва ошкоро аз ҷинояткории онҳо ҳарф мезад. Террористони наҳзатӣ аз роҳҳои зиёде истифода намуданд, то ин нафарро ба тарафи худ моил карда бо пулу сармояҳое, ки аз берун ба даст оварда буданд, харанд ва баъдан ҳамчун зочаи дасти худ истифода намоянд, аммо чун Нурулло Ҳувайдуллоев ахлоқи баланди инсонию касбӣ дошт, дилаш барои миллату кишвари худ месӯхт, ӯ ҳеҷ гоҳ ба унсурҳои ҷиноӣ ҳамкорӣ накард ва ҳайсияту виҷдону обрӯи хешро қурбони манфиатҳои пулию молӣ накард. Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ба як душмани сарсахти ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ табдил ёфт ва ин қотилони миллаткуш тасмими ҷисман аз байн бурдани ӯро гирифтанд ва муддати мадиде онро мавриди назорат қарор дода, ахиран 24 августи соли 1992 ҳангоми ба кори давлатӣ равона шудан бо ҳамроҳи ронандааш ба қатл расониданд. Террористони наҳзатӣ сараввал мошини хизматии ӯро боздошта, ӯ ва ронандаашро аз мошин берун карданд ва амр намуданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бояд ба зону нишинад ва аз онҳо узр пурсад. Нурулло Ҳувайдуллоев ҷавоби рад дод ва гуфт ҳеҷ гоҳ аз ҷинояткору дузду авбошу одамкуш узр нахоҳад пурсид. Бо шунидани ҷавоби рад террористони наҳзатӣ ба зонуҳояш чанд тир заданд ва пас аз афтоданаш ӯ ва ронандашро тирборон карданд. Бо қатл намудани Нурулло Ҳувайдуллоев охирин унсурҳои қонунмандро дар ҷумҳурӣ хоинони ҷиноятпешаи наҳзатӣ аз байн бурданд ва ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи қатли Нурулло Ҳувайдуллоев дар ҳафтуми сенябри соли 1992 бо зӯри аслиҳа Президенти қонунан интихобшударо маҷбуран ба истеъфо бурданд. Чи қатли хунхоронаву золимона, бераҳмона буд, ин қатл. Кушта шудани Н.Ҳувайдуллоев қатли авбошонаи шахсият набуда, балки ин сӯиқасд ва куштори ҳуқуқ, қонун ва адлу инсоф буд, ки ба дасти ҷиноятпешагони наҳзатӣ махсус ва бо тарроҳии пешакӣ сурат гирифт.

Қотилон ҳуқуқдони машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ,  инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош варзида, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳим буд ва ҳамзамон ҳомӣ ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мерафт, бераҳмона куштанд. Гарчанде қотилон ба ҷазои истисноии қатл маҳкум гардида бошанд ҳам, амали разилонаи онҳоро оламу одам намебахшад.

Гоҳо инсон аз бешармиву палидии саркардагони ҷиноятпешаи наҳзатӣ, ки дар Аврупо имрӯз аз “ҳуқуқи инсон”, “волояти қонун”, “ҳақиқату адолат” ҳарф мезананд, дар тааҷҷуб мемонад. Зеро инҳо ҳамонҳоянд, ки дар соли 1992 волоияти қонунро дар кишвар аз байн бурданд.

Ҳазорон – ҳазор нафарро ба қатл расониданд, кишварро ғорати сартосарӣ карданд, асоси ҳамаи бадбахтиҳо, ҷинояткориҳои баъдиро, ки баъзе аз онҳо то ҳол идома доранд, аз ин кирдорҳои нобахирадонаи онҳо маншаъ мегирад. Яъне нафароне, ки қонуну адолатро дар кишвар қатл карданд, мардумро муҷиби бадбахтиву оворагиву сарафкандагӣ карданд, имрӯз аз адолат ҳарф мезананд. Набояд фаромӯш созанд, ки амалҳои касифона ва бадбахтиҳои ба сари миллати тоҷик овардаашон дар зеҳнияти таърихии миллат сабт гардидааст ва онҳо бо ҳар чеҳрае, ки хешро вонамуд месозанд, чеҳраи хашини миллаткуши даҳшатафканашон ҳамеша бармалост. Аммо хотираи неки Нурулло Ҳувайдуллоев дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст. Тамоми ҳамватанони мо хотираи ин инсони шарифро ҳамчун муҳофизи қонуну адолат ва озодии Ватану миллат пос медоранд.

Раҷабалӣ Хайруллоев,

сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь