Яке аз журналистони баруманди тоҷик, ки аз дасти наҳзатиҳои хунхор ба қатл расонда шудааст, Нафасбек Раҳмонӣ мебошад.

Фарзанди фарзонаи миллат – Нафасбек Раҳмонӣ (Раҳмонов) 23 -юми декабри соли 1952 дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим таваллуд шудааст. Соли 1975 факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгориро хатм карда, ҳамчун муаллим фаъолият намудааст. Солҳои 1977-1987 мухбири рӯзномаи «Маориф ва маданият», солҳои 1987-1991 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», рӯзномаи ҷумҳуриявии «Омӯзгор»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Таърих ба дунё шахсиятҳоро меоварад, ки вуҷуди онҳо   ва маргу шаҳодати онҳо сабаби бедории як миллат ва сокинони як кишвар мегардад. Зиндагии пурбаракати   шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, шодравон Нафасбек Раҳмонӣ ба қатори ин шахсиятҳои наҷибу меҳандӯст дохил мегардад.

Бисёр афсус, ки дар таърихи 7-уми майи соли 1995 тири хоинони дастаи ҷинояткорони ТЭТ ҲНИ бо сардории ҷинояткори ашаддӣ Ризвон Содиров нафареро аз фарзонафарзандони миллати тоҷик аз байни аҳли Ватани мо рабуд, ки дар эҷодиёти шеър ва дар фаъолияти кори рӯзноманигории худ манфиати халқу миллати  худро аз тамоми  дориҳои ҷаҳон ҳатто аз ҷони худ ҳам болотару волотар медонист.

Хоинони миллат, ки роҳбарашон хунхори наҳзатӣ Ризвон Содиров буд, ҳатто ҷуръате пайдо накардаанд, ҷасади шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик шодравон Нафасбек Раҳмониро ба зодгоҳаш биёранд.  Ин гурӯҳи ҷинояткори наҳзатии Ризвон  Содиров дар шаҳри Баҳораки ҶИА дар қатори  Нафасбек Раҳмонӣ, дигар муҳоҷирони  бегуноҳи  тоҷик, ки  аз сабаби  ҷангҳои таҳмилии  шаҳрвандӣ дар давлати ҳамсоя паноҳ бурда буданд,  ваҳшиёна ба қатл расониданд. Мардуми таҳҷоии ин макон ҳамаи онҳоро дар қабристони умумии муҳоҷирони тоҷик ба хок супурданд.

Дар сӯгвории устодаш Нафасбек Раҳмонӣ, барандаи  ҷоизаи давлатии ба номи устод Мирзо Турсунзода шоир Ато Мирхоҷа бисёр хуб гуфтааст:

Сангро нест ғурури Нафаси Раҳмонӣ.

Ки шавад ҳайкали гӯри Нафаси Раҳмонӣ,

Во дареғо, ки чу машшота таҷалло медод.

Шеърро дасти булӯри Нафаси Раҳмонӣ,

Сӯхтанд ахтари умраш чу накарданд дигар

Камдилон тоқати нури Нафаси Раҳмонӣ,

Ин сутурони мазаратталабатро ё Раб.

Бахш як зарра ғурури Нафаси Раҳмонӣ,

Манзилаш ғамкада бод, он-к тиҳӣ кард абад

Маҳфиламро зи ҳузури Нафаси Раҳмонӣ.

Гуфта мешавад, ки шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, шодравон Нафасбек Раҳмонӣ ҳангоми баргаштан аз муҳоҷират   ба зодгоҳаш деҳаи Рэни ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон аз тарафи силоҳбадастони ҷинояткори Ризвон Содиров боздошт гардида, дар назди қароргоҳи ҳарбии ин гурӯҳи ҷиноятпеша, дар шаҳри Баҳораки ҶИА ба ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Соҳибназарон ба он ақидаанд, ки қатли ин зиёии тоҷик кори тасодуфии ин гурӯҳҳои ҷинояткор набуда, балки идомаи кушторҳои  олимону шоирон ва рӯзноманигорон ва дигар табақаҳои равшанфикри Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳҳои ҷинояткори  ТЭТ ҲНИ  бо фармоиши хоҷагони хориҷиашон мебошад.

Шояд ба ин разилони силоҳбадасти  хунхори наҳзатӣ  ашъори дилчаспу ҷозибадори  ин шоири тавоно Нафасбек Раҳмонӣ писанд наомада буд, ки ба ин шахсияти меҳандӯсту миллатпарвари тоҷик чунин амали ноҷавонмардонаро раво диданд. Шоир дар яке аз шеърҳояш чунин гуфта буд:

Ай сабзазори хотираҳоям баҳор ку?

Ай моҳтоб гунбади исторазор ку?

Ҷонам, ки зарра-зарра ба роҳат пареш шуд,

Марзе, ки ҷони дигаре орад қарор ку?

Ва ё ин ки:

Аз дил  мафикан  русуми ҳамроҳиро,

Пуршӯр макун фасоду расвоиро.

Аз худ марав, ҳарза магӯ, тез машав,

Аз ёд мабар сандали бобоиро.

Қотилони Нафасбек Раҳмонӣ ҳамеша мавриди дуоҳои ҷонсӯзи модари то ба нафаси охирин чашм ба роҳи интизори ин марди хирад будаанд….

Барои саҳми муносиб дар рушди адабиёту рӯзноманигорӣ ва гиромидошти хотираи неки ӯ, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияи Ишкошим ба номи шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик устод Нафасбеки Раҳмонӣ гузошта шудааст.

Садоншо Улфатшоев,  журналист 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь