Тоҷикистон сарзаминест, ки бо қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои бузург, дарёҳои пурталотум, кӯлҳои зебо, набототи гуногун, ҳайвоноти нодир ва дороии ёдгориҳои таърихию меъморӣ диқати ҳазорон сайёҳону муҳаққиқоннро ба худ ҷалб кардааст. Куҳҳо, дарёҳо ва теппаҳои хушманзар хусусияти гуногунии иқлими Тоҷикистонро нишон медиҳанд.

Таърихи пурғановати халқи тоҷик ба қарнҳои дур рафта, ба саршавии тамаддуни инсоният мерасад. Як қатор ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва бозёфтҳо аз тамаддуни қадима, маданияти шаҳрдорию давлатдорӣ ва таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо дарак медиҳад.
Аз қадимулайём яке аз шохаҳои асосии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки шарқро бо ғарб мепайваст, аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мегузашт ва нақши муҳимро дар тиҷорати байналмилалӣ ва омезиши маданӣ мебозид. Хусусан водии Ҳисор дар чорроҳаи тамаддуни омезишёфта қарор гирифта, бо таърихи бойи худ хусусияти хоси давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос мекунад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо ЮНЕСКО аз 1-уми марти соли 2012 таҳти №90 бо мақсади таъмини ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, 27-уми октябри соли 2015 ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҷлил карда шуд. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намуда, якчанд чорабиниҳоро гузаронд, аз ҷумла, тадриҷан инфрасохтори минтақаро барқарор намуд, бозорҳои нав ва чойхонаҳо сохта шуданд, ки дар худ хусусияти хоси миллӣ ва таърихиро таҷассум менамоянд. Ҳамзамон, ташкили фестивалҳо, чопи китобҳо, брошураҳо, буклетҳо, тақвимҳо ва ташвиқу тарғиби маълумот тариқи лексия, конфронсҳои илмӣ, тариқи васоити ахбори омма (радио, телевизион, рӯзнома ва ғайра) ба роҳ монда шуд.

Маълумоти таърихӣ
Водии Ҳисор яке аз вилоятҳои муҳими Тахористони қадим буда, Тоҷикистони марказии имрӯзаро дар бар гирифта, аз минтақаҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон, Чангоб, Элок, Ширкент, Қаратоғ, шохобҳои Варзоб ва дигар дарёҳо иборат буд. Тадқиқотҳои доимии шаҳрҳо ва бошишгоҳҳои то давраи мо расида, инчунин тадқиқотҳои стратиграфии баъзе минтақаҳо барои ба давраҳо тақсим намудани ёдгориҳои бостонии водии Ҳисор истифода мешаванд. Дар умум, 363 ёдгорӣ ба қайд гирифта ва тавсиф дода шудааст. 153-тои он ёдгориҳои якқабата мебошанд, ки давраҳои гуногунро муайян менамоянд: Ҳахоманишиҳо, Юнону Бохтар, Кушонӣ, аввали асрҳои миёна, асрҳои миёнаи тараққиёфта, охири асрҳои миёна, асрҳои давраи нав. Ғайр аз ин, 81 ёдгорӣ қабатҳои мадание, ки аз 2 то 5 давраро дар бар мегирад. Алҳол дар водии Ҳисор 194 ёдгорӣ ба давраи антиқа тааллуқ дорад.
Дар давраи неолит (қарни санг, ҳазораи VI-IV-и пеш аз мелод) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳои маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг дарёфт шудааст.
Соли 2014 экспедитсияи омӯзишии Институти таърихи Академияи илмҳо дар қисмати шарқии Уштурхонаи қалъа гузаронида шуд, ки дар натиҷа масканҳои одамони давраи биринҷӣ бо тамоми маснуоти рӯзгордориаш дарёфт карда шуд. Ин бозёфтҳо ба нимаи дуюми ҳазораи сеи пеш аз мелод тааллуқ доранд.
Шаҳри Ҳисор дар асри ХII-и то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбаъда, махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то 85-90 га-ро дар бар мегирифт. Маданияти моддии ин давраро бостоншиносон дар ҳудуди Қалъа, Тӯпхона, Ғозиён, Хоки Сафед ва майдони Регистон кашф намудаанд.

Давраи Ҳахоманишиҳо (асрҳои VI-IV-и то мелод)
Маълумоти пурра оид ба ёдгориҳои ин давра вуҷуд надорад, ки он вақт Осиёи Миёна, ки водии Ҳисор қисме аз он аст, дар ҳайати империяи бузурги шоҳони форси Ҳахоманишӣ буд. Сарҳади ин империя аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то Ҳиндустон рафта мерасид. Аз ҳаёти сиёсии халқҳои Осиёи Миёна, ки зери ҳукмронии шоҳони форс буданд, маълумотҳо дар нашрияҳо роҷеъ ба ин мавзуъ мавҷуданд. Дар ин ҷо мо танҳо аз баъзе ёдгориҳои бостонии водии Ҳисор, ки пурра омӯхта шудаанд, ёдоварӣ намудем.

Давраи Юнону Бохтар (асрҳои III-II-и пеш аз мелод)
Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ давлати Ҳахоманишиҳо аз байн рафт. Ба Осиёи Миёна тудаи нави мардуми юнонӣ, аз ҷумла савдогарон, ҳунармандон, меъморон, собиқ сарбозон ворид шуданд, ки барои дохил шудани маданияти юнонӣ мусоидат намуданд, ба монанди иншооти фортификатсионӣ, маданияти шаҳрсозӣ, хаттотӣ, санъат ва ҳунармандӣ. Ин раванд маданияти синкретиро ба вуҷуд овард, ки асосаш аз омезиши маданияти маҳаллӣ, ба монанди бохтарию суғдӣ ва юнонӣ иборат мебошад. Дар водии Ҳисор як қатор шаҳру шаҳракҳои бостонии давраи Юнону Бохтар ҳастанд, ки дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд. Шаҳри қадимаи Душанбе бо қабристонаш, қалъаи Золи Зард, Чоркуҳ, қалъаи Ҳисор, шаҳраки қадимаи Хоки Сафед, Чимқурғон ва Оққурғон аз ҷумлаи инҳост. Омезиши ин се компонент ба ташаккули ядрои этникии бохтариҳои қадима, аҷдодони халқи тоҷик оварда расонидааст.

Давраи Кушониён (нимаи асрҳои II-I-и то мелод ва VI-и мелодӣ)
Давлати Юнону Бохтар бо сабаби ҷангҳои дохилӣ заиф гардида, дар асри II то мелод баъд аз 150 соли ҳукмронӣ аз тарафи қабилаҳои муттаҳидшуда, ки якеашон бо номи Тахориён машҳур буд ва чиниҳо онҳоро «Юедҷӣ» меномиданд, дар қисмати шимолу шарқии Осиёи Миёна, дар наздикии манотиқи Гунҳо (дар минтақаи Муғулистон) иқомат доштанд, тасарруф шуд. Дар Бохтар Юедҷиҳо бо фарҳанги волои давлатдорӣ рӯ ба рӯ шуда, бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд ва фарҳанги моддию маънавии онҳоро қабул намуданд. Дар натиҷаи иттиҳоди сиёсии онҳо яке аз давлатҳои абарқударати он замон – Империяи Кушониён ба вуҷуд омад. (Б. Ғафуров, 1968).

Давраи аввалҳои асрҳои миёна (асрҳои V-VIII)
Дар Осиёи Миёна ин давраи муносибатҳои феодалӣ буда, санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва истеҳкомот (фортификатсия) боло рафта буд. Таърихи сиёсии ин давра бо ҳодисаҳои печ дар печ, ҷангҳои бепоён, махсусан ҳуҷуми кӯчманчиёни ҳайтолӣ, туркҳо ва Эрони Сосонӣ тавсиф меёбад. Ба ҳар ҳол, дар ин давра иқтисодиёт, обёрӣ, бинокорӣ тараққӣ ёфта буд. Давраи аввалҳои асрҳои миёнаро ёдгориҳои зерин муаррифӣ менамоянд: Қалъаи Кофарниҳон, Чоргултеппа, Шишихона, бошишгоҳи Харкуш ва бисёре аз дигарон.

Асрҳои миёна (асрҳои IX-XII)
Осиёи Миёна дар ин давра ба ҳуҷуми арабҳо дучор гардид, ки боиси дигаршавии маданияти халқ, ҳамаи расму оинҳо, ҳатто сохтори зиндагии рӯзмарраи онҳо шуд. Дар давраи ҳукмронии Сомониён водӣ як қисми аввалин давлати тоҷикон – Сомониён шуд ва баъдан, пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён, водӣ дар ҳайати як қатор сулолаҳои аксаран туркнажод буд, ба монанди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён ва давлати тоҷикон Ғуриён. (Б. Ғафуров, 1972).
Муносибатҳои феодалӣ дар ин давра дар Осиёи Миёна тараққӣ ёфта, мустаҳакам шуд. Аз минтақаҳои дур корвонҳо ба водии Ҳисор меомаданд, ки боиси беҳтар шудани зиндагии сокинони шаҳр ва баландравии иқтисодиёту фарҳанг шуд.

Охирҳои асрҳои миёна (асрҳои XIV-XVI)
Темур дар водии Ҳисор ҳокимияти Улуси Чағатойро пароканда менамояд. Водии Ҳисорро дар асрҳои XIV-XVI Темур ва ворисони ӯ идора менамуданд. Дар ин давра муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна ба авҷи аъло расид. Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ, ки дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо ба харобазор табдил ёфта буд, беҳтар гардид. Дар охири асри XV ва аввали асри XVI шароити зиндагии шаҳр хуб шуда, ҳунармандӣ ва тиҷорат тараққӣ меёбад. Дар даврони Темуриён шаҳри Ҳисор маркази кишваре аз болооби дарёи Аму то қаторкуҳҳои Ҳисору Ҳиндукуш мешавад, ки дар гузашта бо номҳои Бохтару Тахористон машҳур буд. Сабаби марказ шудани шаҳри Ҳисор дар он буд, ки маркази пешинаи ин манотиқ шаҳри Балх дар нимаи аввали асри XIV аз тарафи муғулҳо пурра вайрон шуда буд.

Давраи нав (асрҳои XVII-XIX)
Дар оғози асри XVI қабилаҳои нави кӯчӣ ба Осиёи Миёна ҳуҷум намуда, дар ноҳияҳое, ки зери ҳукмронии Темуриён буданд, давлатҳои худро ба вуҷуд меоранд. Хонигарии Бухоро яке аз бузургтарини ин давлатҳо буд. Сулолаҳои Шайбониён, Аштархониён ва Манғит пай дар пай водии Ҳисорро идора мекарданд. Дар хонигарии Бухоро Ҳисорро ҳокимон мустақилона ё ниммустақил ҳукмронӣ мекарданд. Танҳо соли 1870 Ҳисор пурра ба ҳайати Бухоро даромад. Таъсири ҳамаи воқеаҳое, ки дар хонигарии Бухоро рух медод, ба Ҳисор ба дараҷаи муайян мерасид. Дар охири ин давра шумораи аҳолии водии Ҳисор ба зиёда аз 180 ҳазор расид (Лилиентал, 1894). Шаҳрҳои асосӣ – Регар, Қаратоғ, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон (Навбозор), Золи Зард, Чӯянгарон ва дигарон буданд. Шаҳраки Шаҳринав, бошишгоҳи қадимаи Чузӣ, дар қисми ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор, дар дараҳо бошишгоҳҳои калон ба мисли Хонақоҳи Куҳӣ, Нилу, Арақчин, Симиганҷ, Харангон ва дигарон буданд.
Водии Ҳисор қад-қади қисми ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор тӯл кашида, дарозиаш тақрибан 100 километр ва бараш то 24 километр мебошад ва дар баландии 720 м – 1180 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон, Қаратоғ, Чангоб ва Элок аз қаторкуҳ ҷорӣ шуда, аз ин водӣ мегузаранд. Дар соҳилҳои дарёчаҳои куҳӣ ва дар ҳамвориҳои водии Ҳисор ёдгориҳои таърихӣ ва бостонӣ хело зиёданд. Таърихи бойи шаҳри қадимаи Ҳисор инъикоскунандаи таърихи пурғановати на танҳо водии Ҳисор, балки тамоми Тоҷикистон мебошад. Дар ин водӣ бошишгоҳи давраи санг ёфт шуд, ки баъдан бо номи маданияти Ҳисор машҳур гашт. Мавқеи ҷуғрофии водии Ҳисор муносиб ва иқлимаш мусоид мебошад. Дар умум, водии Ҳисор маркази фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асри XIII номи пешинаи Ҳисор, ки «Шумон» буд, ба номи «Шодмон» (хурсандӣ, хушҳолӣ) иваз карда шуд.
Тамаддуни Ҳисор – ин ядрои Тоҷикистони имрӯза буда, бо ёдгориҳои гуногун аз асри санг то асри XX, дар ҳаёти таърихӣ ва фарҳангии кишвар ҷои муҳимро ишғол менамояд.
Ҷашнгирии З000-солагии тамаддуни Ҳисор ва дохил кардани он дар рӯйхати ҷашнҳои ЮНЭСКО имконият дод, ки фаҳмиши миллати тоҷик нисбат ба таърихи хеш ва саҳми он дар тамаддуни инсоният мукаммал шавад. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, ҳафриётӣ, азнавсозӣ ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ шуд.

Зикрулло ҶОБИРОВ,
Директори МДҶ «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь