Тақриз

Ҳар касе дар бораи Назиру шӯриши деҳқонони охири асри 19 ва аввали асри 20 ба мулоҳиза ояд, албатта, ҳамон Назири додархонди Восеъу дӯстдоштаи Гулъизорро ба хотир меорад. Лекин ин Назире, ки нависандаи боистеъдод Зариф Ғулом ба тасвир овардааст, тамоман шахси дигар буда, мисли он Назири шогирди Восеъ шӯришгару исёнкорест. Агар Назири Гулъузор яке аз қувваи асосии шӯришгарон, дасти рости Восеъ ҳисоб шавад, ин Назир баҳри манфиати халқу миллати худ мисли Восеъ кори таҳамтанонае иҷро кардааст. Назири шогирди Восеъро, ки устод С. Улуғзода дар романи “Восеъ” ба тасвир овардаанд, шӯришгари солҳои 1883-85 Дараи Мухтор буда, баъд аз пахш гардидани шӯриши Восеъ зинда монд ва бо дӯстдоштааш Гулъизор зиндагиро идома бахшид, лекин Назири таълифкардаи Зариф Ғулом ба шӯриши охири асри 19 мутааллиқ набуда, ҳарчанд ин исён ҳамчунин дар Балҷувон мегузарад, дар деҳкадаи Кӯли Сӯфиён тамоман шахси дигарест, ки баъд аз сӣ сол дар Балҷувон мисли Восеъ ҷонфидоӣ менамояд. Мо феълу амали исёнкоронаи ин Назирро асосан дар шӯриши соли 1916-и Балҷувон ба мушоҳида мегирем. Балҷувон қариб дар як вақт Восеъ ва Назир ду қаҳрамонеро ба зуҳур овардааст, ки паёпай феълу амали яке аз ҷониби дигаре ҳамон тавр пурҷӯшу хурӯш ва пур аз мубориза гузаштааст.

Назир ҳам мисли  Восеъ пас аз хобонда шудани шӯриш аз азми дар пеш гузоштааш, яъне озод намудани тоҷикон аз зулми лақайҳои мангит ҳеҷ канда нашуда, чун имконе ба вуҷуд меомад, боз барои ҳимояи халқу миллати худ ба шӯриш мепардохт. Вай мисли Восеъ ҳомӣ, нигаҳдорандаи шаъну шарафи халқу миллати худ буда, мардумро аз бори гарони андоз, ҳуҷум ва азиятҳои ҳокимону амирони манғит ҳимоя ва эҳтиёт мекард.

Амир Музаффари мангит ва ҳомиёну ҳокимони дар вилоятҳо мондааш бо гирифтани аспу ҷамъоварии андози чандсола ва ушр, навъҳои нави толону тороҷ хуни деҳқонону косибонро мемакиданд. Мардум бо вуҷуди хушксолиҳои пай дар пай ҷон ба лаб монда, дигар ба зулми манғит тоқат карда натавонистанд, онҳо бо талафёбӣ маҷбур мешуданд, ки бо шӯриш аз чунин балоҳои ба сарашон омада худро эмин нигаҳ доранд. Ҳокими Балҷувон Раҳимбий бо як миқдор нӯқарони худ Кӯган, Жоббор, Қлич, Қулчуқ, Юлдош ва монанди инҳо деққонону косибони дар зулму ситам мондаро талаву тороҷ ва намояндагонашонро бо роҳҳои гуногун нобуд менамуданд. Масалан, Қлич Мардонро, ки барои писарашро хонадор кардан шаш сол дар Тошканд ба душворӣ меҳнат карда, пулу моли бо заҳмат ёфта овардаашро бо зӯрӣ гирифта, худи ӯро дасту по баста, ба дарё партофт, гулӯи Саримсоқро низ бурида, ҳамин амалро иҷро намуд. Ҳаиталӣ бо сару рӯйи баста корд ба ғулӯи Теша ронд, Юлбасарро гӯр кард. Ин хел пинҳонкорӣ ва ноаён нест кардани мардум аз тарафи лақайҳои  манғит зиёд дида мешуданд. Онҳо пешвоёни халқро ҳамчунин бо роҳҳои гуногун нобуд менамуданд.

Кӯган душмани баттол буд, ёрламчии асосии Раҳимбий ва раҳбари асосии горатгарон ба шумор мерафт, ҳамеша дар маъракаҳои гӯштингириву човандозӣ, суҳбатҳои хоса маглуб шудаву шикаст хӯрда, сипас одамонашро ба қасосгирӣ меандохт.

Мардуми таҳҷоӣ роҳҳои аз душманон халос шуданро фақат дар мубориза медиданд. Руҳи Восеъ ба онҳо тавоноӣ мебахшид. Назир ба дӯстдоштаи Абдукарим–Аноргул гуфтааст: “Сарамро дар санг мезанаму маҳбуби дилатро аз дасти ин тоифаи ҳайвонҳо озод мекунам. То дами марг, то охирин соати зинлагӣ, ҳатто дар лаҳзаи марг мекӯшам, ки ӯро озод намоям ва дар тӯятон рақсу бозӣ кунам” (с. 64). Назир ҳамеша мардони шуҷҷоу далери деҳаҳоро дар тифоқу ҳамият оварда, мангитҳоро метарсонд, чанд маротиба гирди қалъа оташ андохта, ҳомиёнашонро озод кардааст. Дар мавридҳои зарурӣ аз баъзе шахсони баобрӯе мисли шоири забардасти Кангурт Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Мавлоно Юсуфи Хатлонии донишманд, Карими Шиши ҳофиз истифода карда, дасти душманонро кӯтаҳ менамуд, то ин ки онҳо аз амалҳои беҷо даст кашанд, вале онҳо ҳамеша пинҳонкорона ба мардум зарар мерасонданд.

Назир дар Тошканд бо Михаил Архангелский, Нусратулло Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур шинос шуд, ки боиси  пешрафти маънавӣ ва бедории фикрии ӯ гардид.  Вай то ин вақт агар мардумро муттаҳид намуда, ба муқобили душманон танҳо мубориза мебурд, акнун дар вохӯрӣ ба Мири Надир ҷиддӣ фаҳмонд, ки дар пайи торумор кардани мангит сарҷамъ шуда, асосан давлати тоҷикии худашонро барқарор кунанд.

Худогаҳӣ ва худшиносӣ, бо таърихи миллат шинос шудан, дӯстиву ҳамраъйӣ бо халқу миллатҳо, бедории шуури синфӣ роҳи асосии халосӣ ва аз байн бардоштани манғитиён тадриҷан асоси фаъолияти Назирро ташкил менамуданд. Вале мулоҳизаҳои донишмандони маҳаллӣ ва ҳам пешвоёни миллат дар асар бояд ҳамаҷониба кушода дода мешуд, вале ин ҳодиса камтар воқеъ шудааст.

Назир мисли Восеъ дар авҷи фаъолият дастгир шуда, бо 100 дурра задан сутунмӯҳра аз се ҷой шикаст ва оқибат вафот кард. Кори ӯро баъд Мир Надир ҳамчун пешвои халқ идома додан мехоҳад. Лекин қасосашро фарзандони Назир аз Раҳимбий ва Жоббор, ки пеш аз амир ба Афгонистон мегурехтанд, – Абдукарим ва Абдураҳим ситонданд.

Роман аз сад саҳифа иборат мебошад. Он воқеан, дар мавзуву мундариҷа мазмуни романро дорад, худи муаллиф кӯшидааст, ки барои хонандагони имрӯз жанрҳои муҳташамро мухтасар баён намояд. Лекин дар бисёр маврид баъзе мавзуву масъалаҳои романро сарфи назар кардан даркор нест.

Табиати роман аслан аз ишқу муҳаббат дур нест, ҳамаи муаллифони дунё, ки ба масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ саргарм шуда, роман навиштаанд, ба масъалаҳои ишқу муҳаббат ниёз доштанд. Зариф Ғулом ҳам дар баробари 2романи таърихӣ” навиштан дар мавридҳои зарурӣ аз дӯстдориҳои Назиру Ашӯрбӣ, Абдукариму Аноргул, Абдураҳиму Қурбонбӣ мулоҳизаҳо ба миён гузошта,  аз  ишқу муҳаббат, орзуву хаёл ва андешаҳои оиладорӣ муфассал андеша менамуд, лекин муаллиф дар ин маврид ин табиати асарро тамоман фаромӯш кардааст. Муҳаббату садоқати зану шавҳар, ошиқони барнодил хосияти лирикии романро, ки ба хонанда руҳу димоғ ва идҳоми тоза мебахшад, бо баъзе чунин намунаҳо доштан: “Духтар худашро ба ӯ часпонд ва мисли дарахти маҷнунбед меларзид” (с. 60) ин масъаларо қариб тамоман фаромӯш кардааст. Раҳимбий Аслияи 9-соларо ба амир тортуқ фиристод, вале тақдири минбаъдаи вай тамоман маълум нашуда мондааст.

Романҳои устодон С.Айнӣ, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ ва дигар адибон бо вуҷуди мавзуъҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихӣ доштанашон ҳеҷ гоҳ аз муҳаббату садоқати инсонӣ дур набуданд, онҳо ба ин восита дар роман ҷилоҳои тозаи лирикӣ ба вуҷуд оварда, барои хонандагон асарро хонданбоб мегардониданд.

Зариф Ғулом дар роман ба анъанаҳои миллии тоҷикон: меҳмондӯстӣ,  дасткушодиву олиҳимматӣ, ба ҷон хизмат кардан зиёд диққат додааст, ки аз сифатҳои олии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд, ки мо ин хосиятро дар дигар миллатҳои дунё хусусан турку муғулу мангит кам мебинем, то инқилоб кори онҳо дуздӣ, толону тороҷу куштан буд. Нависанда ин авзои мардумиро яке аз сифатҳои олии  тоҷикон дида, дар роман хуб ба тасвир овардааст.

Гӯштингирию човандозӣ дар миёни халқу миллатҳо шоеъ истифода мешаванд, ин фаъолияти мардумӣ ҳунари аслии ориёиҳо буда, солҳои охир дар миёни турку муғулу манғит вусъат пайдо кардааст. Нависанда ин ҳодисаи дар миёни халқ шоеъро хеле табиӣ ва бисёр зебо ба тасвир оварда, дар ҳар ду ҳолат саҳми падару писар Халифа Қурбон ва Назирро ҳайратовар ва муҳташам кашидааст. Дар човандозӣ роҳҳои гуногунро истифода кардани Халифа Қурбон ва дар гӯштин бо ҳалук сар ба замин задани Кӯган аз ҷониби Назир тамошобинонро ба ҳайрат овард. Дар чунин маврид аз таҷрибаҳои доштаи адибони баркамол устодон Айнӣ, Улуғзода ва Ф.Муҳаммадиев бамаврид истифода кардан зарур мебошад. Онҳо хусусан дар тасвир кардани фаъолияти гӯштингирӣ гӯйи сабқат мерабуданд.

Романи таърихии нависанда Зариф Ғулом “Исёни Назир” дар муддати кӯтоҳ навишта шуда, зуд ба чоп расидааст, муаллиф мебоист онро аввал дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба чоп расонда, фикру андешаҳои хонандагонро мегирифт ва пасон дар шакли китоб нашр менамуд, он гоҳ асар хеле пухта ва ба завқи мардум боз бештар менишаст. Дар асар хатоҳои имловию орфографӣ ҳам зиёд гузаштаанд.

Дар ҳар сурат ба чоп расидани романи нав ва дар қатори Восеъ ҳамчун қаҳрамони миллӣ нуфуз пайдо кардани Назир ва корҳои дар пеш гузоштаашро баркамол гардонидани ӯ дар шӯриши минбаъдаи соли 1916 ва то инқилоби соли 1920  аҳамияти умумимиллии маърифати халқамонро боз хубтар нишон медиҳад.

Шоҳзамон РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь