(ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад)

Асари бунёдии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҷуръати бесобиқа, таърихи миллати тоҷикро, аз қаламрави пайдоиш ва зист, то ба давраҳои ташаккули давлатдорӣ зимни сарчашмаҳои хаттии қадим, ҳафриёти бостоншиносӣ, манбаҳои мӯътамади илмӣ-таърихӣ ва рисолаву мақолаҳои бешумори илмӣ таҳқиқ кардааст, ки имрӯз барои ворисонаш ифтихор доштан ва ҳисси худогоҳиву худшиносиро аз таърихи пурғановат арҷ мегузорад.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин китобро сарнавишт ва шиносномаи миллат номидаанд: «Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёгони хешро аз худ намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдорамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлату миллатамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддас ҳамеша омода бошем».

Китоби безаволи Бобоҷон Ғафуров, ки пойдевори таърихи истиқлолият ва озодихоҳии тоҷик аст, моро ба сӯи худсозӣ ва ҳувияти миллӣ ҳидоят мекунад, ки дар таҳким ва пойдории давлатдорӣ ва дар ҳимояи марзу буми ватан содиқ бошем. Чунин аст ва муҳим аст, ки Бобоҷон Ғафуров бо таълифи китоби «Тоҷикон» рӯҳу биниши таърихи тоҷикро сӯи мантиқи илмӣ-таърихӣ, озодиву афкор, бунёдҳои иҷтимоӣ арзёбӣ кардааст ва бо шӯру шавқ эҳёи фикриву фарҳангии миллатро ташдиду таъкид намудааст. Ӯ ки таҳсилкардаи замони шуравӣ буд, наметавонист, ки фориғ аз ғояҳо ва партавҳои сотсиализми ваҳдатгароӣ таърихи тоҷикро берун аз замимаи таърихи қавмҳои осиёӣ ва тарзи тафаккури марксистӣ-ленинӣ таҳлил намояд, вале ӯ бо ин низоми коммунистӣ китобашро «Тоҷикон» ном гузошт. Бобоҷон Ғафуров дар он замон наметавонист берун аз арзишҳои сотсиалистӣ, ахлоқи коммунистӣ ва маънавиёти шуравӣ сарнавишти таърихии тоҷикро дар алоҳидагӣ пажӯҳиш намояд ва навиштааст: «…омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Миёна, бо ошкор намудани он чӣ ки онҳоро муттаҳид сохтааст, алоқаи ҷудонашаванда дорад…»

Аён аст, ки дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров биниши сотсиалистӣ, парвариши коммунистӣ ба унвони материализми фалсафӣ, ормонгароии мутлақ, романтизми инқилобӣ, аз ин нигоҳи дилбастагии диалектикӣ, шӯравипарастӣ, гароишҳои атеистӣ ва билохира «суннат»-ҳои материализми ахлоқӣ фаровон аст. Бузургтарин мушкиле, ки Бобоҷон Ғафуров аз он ранҷ мебурд, дақиқан ҳамин аст, ки бо истилоҳи «халқи шӯравӣ», ки шуури ҷиддӣ дошт ва таҳти идеологияи бесобиқа реша дошт, ба ин мушкил, дар эҷоди китобаш кам рӯ ба рӯ шудааст ва бештар аз таҳлили илмӣ аз таърихи тоҷик сухан гуфтааст. Ҳама ҳукмҳояш роҷеъ ба таърихи тоҷик, маънои нотамомӣ надоранд, пешорӯи илми таъриханд. Ҳар андеша ва ҳар таъбири ӯ фақат ҳамон маъниро месозад, ки муаллиф мехоҳад. Ӯ таърихи халқиятҳои гуногунро, ки дар ин сарзамин, он замон иқомат доштанд, на бо маслиҳатбозӣ, балки бо ҳақиқатҷӯии хеш, бо ҳаду сарҳад, бо далел таҳлил намуд ва бо манбаъҳои раднопазир онро тасдиқ кардааст. То ҷое, ки илоҷ буд, Бобоҷон Ғафуров бо ин усули таҳлил таърихи тоҷикро шарҳу баст дод, ки таърих дар ҷойгоҳи китоби ӯ пойгоҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии бо эътимод, дар навъи фаҳми миллӣ таҳлил гардидааст.

Тоҷик бо қавмҳои он замон як сикка набуда, ному насабаш ва тақдираш дар нажоди ҳиндуаврупоӣ ва ёддошташ сӯи марзи Тоҷикистон аст. Бо ин маънӣ, Бобоҷон Ғафуров берун аз тамизи ҷомеаи шӯравӣ ва сиёсатбофӣ, бо масъулият, таърихи миллатро наҷот бахшидааст ва барои худшиносии мо хизмати бузург кардааст. Ӯ ҳамчун вориси шукуфтаи таърихи тоҷик, «ворисони» дигари талхро шикастааст маҳз бо «таърихи онҳо», таърихи миллатро хулоса кардааст ва ин тариқ ба мо худшиносиро таълим додааст, ки рафта-рафта ин калима дар фарҳанги муосири мо маънои ватанхоҳиро ба худ гирифт ва муодили худогоҳ гардид. Ӯ бо ин маъно, дар мавриди фикрронӣ, ки пайвастаи фалсафаи илми таърих аст, ҷойгоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллатро дар масири таърихи ҷаҳонӣ муайян кардааст.

Китоби Бобоҷон Ғафуров на танҳо асари илмӣ, балки шукӯҳи тоҷик аст, ки худогоҳии ворисонашро афзун менамояд ва бо таҳлили фалсафиаш ва шеваҳои тавлидиаш миллатро бо мӯҳтавояш таъкид менамояд, ки дар натиҷа, арзишҳои миллӣ ҷиҳатгириву имону армон ва масъулияти тоҷик дар давлатдорӣ, мизону рушди илми фарҳанг, пешрафи санъат, бинобар ин дар сарнавишти миллат муайян гардидааст. Бо ин тартиб, ӯ тақдири ҷомеаи башарӣ қодир сохтааст.

Ӯ собит кард, ки таърихи иҷтимоии миллат, тағйири вазъи миллат ба «огоҳии миллӣ» нуқта дорад ва мӯҳтавои воқеии ҷомеаи тоҷик на мӯҳтавои ҷобаҷошудаи миллат, балки мӯҳтавои ҳақиқати чӣ гунагии миллат аст. Дар ин ҷо асолат ва азамат, вазни тоҷик дар таърихи иҷтимоии башарӣ, масъулият дар ҷодаи тағйири вазъи иҷтимоӣ ва ниҳодҳои воқеии бунёдӣ, зиндагӣ ва тақдири таърихиаш ошкор мегардад ва миллате, ки тақдири иҷтимоиашро, имрӯз муайян месозад, масъулият дорад. Бад-ин гуна Бобоҷон Ғафуров, бо таҳлили рангини сарнавишти ин миллати қадими башар, иродаи худогоҳии моро равшан намуд, ки дар зербинои истиқлоли ватан шакл гирифтааст.

Бобоҷон Ғафуров бо огоҳии асил, бо ин амали илмӣ, ба вижа ба дунёи моддиву маънавии тоҷик арзанда баҳо дод ва бо ин таҳқиқоти арзандаи худ, дар сайри сафари ҳазорсолаи миллат, ки меросталабии шарқ ва ниёзҳои онро медонист, масъулияти воқеиятофарини таърихи иҷтимоии миллатро ба уҳда гирифт ва санг ва лавҳаҳои фавриро дар таърихи тоҷик гузошт. Ӯ дунёи нажодии тоҷикро дар асоси маълумотҳои бостоншиносӣ ва ҳам далелҳои таърихиву забоншиносӣ, ки «Осиёи Миёна ба ноҳияҳои ҳамҷавори ҳуд қадимтарин маҳалли иқомати тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва маркази асосии паҳншавии онҳо аст ва ҳамон тоифаҳои эроние, ки дар Осиёи Миёна монданд, ниёгони аҳолии аслии Осиёи Миёна, аз оғози аҳди таърих ҳисоб меёбанд», ҷудо сохт, ки ин ҷиҳатгирии фикрӣ таърихии ӯ дар таърихи забон ва фарҳанги тоҷик асоси устувор дорад. Бо ин ҷаҳонбинӣ, бо ин таҳлили мантиқӣ ва огоҳонаи таърих Бобоҷон Ғафуров таърихи шарқиро тағйир дод ки ин таъғир, дар масири ҳаракати фикрӣ-таърихии тоҷик таъинкунанда аст. Ӯ бо бузургиаш, тағйири таърихаш аз ин даъват ва посухи таърихӣ, дар ҷиҳати таҳқиқ ва роҳбарӣ дар таърихи тоҷик, дар таквини низоми илми таърих, масъулият доштанро нақш намуд. Бо ин мақсад, Бобоҷон Ғафуров забонҳои бохтарӣ ва суғдиро забонҳои «таърихии» тоҷик номида дар фасли нахустини китобаш, дар асоси сарчашмаҳои асрҳои ҳафт ва шаши пеш аз мелод, тоҷиконро ориёнотабор гуфтааст. Ӯ ҳамин тариқ, нақши ориёии таърихии тоҷикро дар таърих муайян сохтааст.

Гар он чӣ ки тамоми чеҳраҳои илмӣ-адабӣ, фалсафӣ ва ақлии забони тоҷик маълум буданд, Бобоҷон Ғафуров адабиёти классикии тоҷику форсро дар ошёни таърихаш тавсиф ва таҳлил кардааст, аз ҷумла навиштааст: «Ҳар гоҳ сухан аз таърихи қадимтарин марҳилаҳои инкишофи ин забон равад, забони адабиёти классикии тоҷику форсро бояд аз давраҳои гузаштаи тараққиёти он ҷудо кард. Ин забон дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст…», ки ин таърихнигории фалсафаи забон, дар тули таърих, дар даргириҳои фикрӣ-забонӣ устувор монд, ки мӯҳтавои он на як иқтибос ва такрори таърихи тоҷик аст, балки такомули он, ҷабҳагирии созанда ва зиндае ба асоси он чӣ ки буд, ҳаст. Ӯ дар «сафар»-аш ба таърихи тоҷик, дидаи бинои тоҷик, розу ниёзи ӯро ҳамчун «шинохт» ва огоҳона, тариқи ҷаҳонбинии фалсафӣ, бо забони қаламаш мушаххас кард.

Бобоҷон Ғафуров бо огоҳии фалсафӣ марзи таърихи тоҷикро бо унвони робита миёни таърих ва арзишҳои миллӣ, дар воқеиятҳои айнӣ ва бо пажӯҳиши зеҳнӣ ва пайванд дар илми таърих, ба гунаи «хабари ҳамзод» таъбир кардааст. Илова аз ин, ӯ ҷавҳари шинохти миллиро ба гунаи зеҳну фикри тоҷик, ҳамчун воқеияти таърихӣ ва ҳақиқат исбот намуд, дар таслими мо бо дидани симои «хеш» ва ба ҳаққонияти «хештан» расидан, дар колбади зиндагии «хеш» дамидан, аз ҳаққи таърихӣ сухан гуфтан ва соҳиби ба он баланд шаҳодат шуданро омӯхтааст. Сирри таърихи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар огоҳии фалсафӣ таърихи миллатро мушаххас сохтааст, ин огоҳиест, ки аз се унсур сарчашма гирифтааст: «таърих», «миллат» ва «арзиш». Ин аст, ки китоби Бобоҷон Ғафуров фалсафаи печида нест ва ҳам чашмаи хушки илмӣ надорад, дар он муаллиф рӯҳи таърихӣ миллатро дар огоҳӣ бо ин се унсур ҷӯстуҷу кардааст. Бобоҷон Ғафуров дар такомули таърих ду ҳунари арзандаи тоҷик, фарҳангсолорӣ ва тамаддунсозиро ҳамчун ду навъи зиндагӣ ба таъбир гирифтааст. Ӯ дар талаби ҳақиқати таърих дар касби қудрати илмӣ пайгирона макони тоҷикро дар пажӯҳиши васеъи ҳарфиётҳои марзи имрӯзаи кишвар тасдиқ кардааст, ки «замони нашъунамои маданияти мусте, замони мавҷудияти неандерталҳо буд, ки дар ҳудуди палеолити миёна ва боло аз онҳо инсони навъи имрӯза ташаккул ёфтааст». Ончуноне, ки Бобоҷон Ғафуров ва мо мефаҳмем, маънии таърихи тоҷик вуҷуди воқеӣ, асли нуру нерӯ, ҳаракат ва ҳаёт, сарчашмаи зебоиҳои фарҳангӣ, пойгоҳи асили арзишҳо, озодиву ҷиҳатгириҳо, вафодорӣ ба диёр, фидокорӣ, мантиқи илмӣ-адабӣ ва фалсафӣ доштан, ҳидояту пайванду ҳамбастагӣ, ҳамоҳангӣ, ҳадафи муайян доштан, билохира маънои «будан» аст. Худро дар таърихи ҷаҳон ёфтан, яъне ҷаҳонро на ончунон дидану пиндоштан, на он чунон, ки исбот кардаанд, балки худро «аҳли» пурсафои таърих донистан ва чунин дарёфтан, худро шинохтан, шинохте, ки аз замину ҳаёти миллат аст ва ибтидои он аст, аз сарчашмаҳои дуру пинҳон шукуфтаҳои пуршукуҳи онро дарёфтан аст. Миллатро чунин «ёфтан», яъне онро на ончунон дидан ва пиндоштан, ки мепиндоштанд, ин аст, арзиши китоби Бобоҷон Ғафуров, ки ӯ аз таърих онро дарёфтааст ва шинохти миллатро пайгирӣ кардааст. Шинохте, ки дар сатҳи ҳаёти таърихӣ, бо таҷрибаву равобит, падидаҳои дар қаноат буда сар аз азал доштааст. Бобоҷон Ғафуров тоҷикро аз сарчашмаҳои дуру пинҳон ва шукуфта пуршукуҳ кардааст ва ҷойгоҳи бунёдии таърихи тоҷикро дар қолаби амиқ яқин кардааст.

Китоби Бобоҷон Ғафуров ҳаракати таърихӣ ва ҷомеашиносии тоҷик аст, ки ойнаҳои миллат ва суннатҳои қадими тоҷикро ҷиҳатёбӣ кардааст. Ӯ бо ин армон, таърихи миллатро борони ҳидоят бахшид, таърихро дар печу хамҳо аз дур нерӯи шуълавар намуд, ки моро ба зиндагиву дилбастагӣ ва худсозӣ, ба ҷустуҷӯи сарнавиштҳо даъват менамояд.

Бобоҷон Ғафуров таърихи қадимтарини тоҷикро дар асоси мадракҳои амиқ, зимни ҳарфиётҳои сағонаҳои қадим тоифаи ориёӣ будани тоҷикро исбот карда ҳамин тавр, шарҳи зиндагии онро расо намуда маънии иҷтимоии онро бо таърихнигориаш худбинӣ кард, воқеиятҳои сиёсии онро камолҷӯӣ карда зиндагӣ ва ҳаёти миллатро файласуфона қомат афрохт. Дар ин амиқфаҳмӣ ва шеваю нигориш ва дар мантиқу тафаккур ва рафтору низом, арзиш ва бунёди ахлоқӣ ва дар натиҷа, сохтмони иҷтимоӣ ва фалсафаи зиндагии тоҷикро русурх намудааст, ки макони хайру эҳсон ва шодиву хуррамии тоҷик «ҳамон ҷост, ки ӯ барои худ маскан сохта бо дасти чапу рост ва росту чап замин меронад ва мекорад… ва касе, ки ғалла мекорад, … тухми некӣ мепошад». Шояд Муҳаммад Иқбол дар маснавии «Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?» нисбати қадри заҳмати он айёми миллати тоҷик ин мисраҳоро гуфта бошад:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Бобоҷон Ғафуров бо заҳматаш мактабҳои фикрӣ ва рӯҳи ғолиби миллатро дар фалсафаи ахлоқии рӯзгори мо гузошт ва сипас, таърихи тоҷикро дар дунболи он гузашта бо тавваҷӯҳи ҷӯр ба худшиносии мо часпонид, ки натиҷа он шуд, ки рисолати миллат аз таърихи шинохт ва шинохти наҳзатҳо, қудратҳо, низомҳо, даъватҳо ва суннатҳое, ки бунёди ҳадафи мардумӣ буданд, рубинои «миллат» ва зербинои «арзиш» гардиданд ва парастишҳои беҳтарини он барои мо намуна ва барои миллат заминаи худсозӣ гузошт.

Бобоҷон Ғафуров бо биниши фикрӣ ва равишҳои илмӣ ба таърихи қадимтарин, ки тоҷик «…тарафдори муқимнишинӣ ва барқарор намудани ҳокимияти пурзӯру зиндагии осоишта буд ва нақши ӯ аз рӯи назарияи иродаи озод ва адолат муайян аст» арзишҳои таърихӣ ва зиндагии пешрафтаи он замони тоҷикро ба насли имрӯз муаррифӣ кард ва фаровонии айнии он ва қазоватҳои онро ба унвони далоил равшан таъкид намуд. Ӯ қадрдониҳоеро, ки интизор дошт, таърихи сарбастаи миллатро бо сарсупурдагӣ ба миллаташ ва бо тавоноӣ ва ҷаҳдҳои ақлиаш, озодии фикраш, бо рӯҳу таҳаввулоташ ва бо тамоил ба муҳофизагароӣ ва камол баён намудааст, дар ҳақиқат нусха-бардории тоҷик аз шароити нажодӣ ва салтанатӣ маданият, одобу ахлоқ ва низоми арзишҳои миллати тоҷик аст: «Маданияти халқи тоҷик … дар асрҳои IX-XII аз маданияти ҳамзамони аврупоӣ чандин мартаба баландтар буд».

Оре, мо имрӯз наметавонем, ки аз Бобоҷон Ғафуров, ки як олими муттарҷим, ҷомеашиноси худогоҳ ва огоҳ аз ахбори ҷаҳону пешрафтаи илм, наҳзатҳои муттарақӣ, қиёмҳои сиёсӣ буд, ҳамаи воқеиятҳои таърихӣ дар матни зиндагии тоҷик бударо воқиф созем, зеро худи ӯ гуфтааст: «Муаллиф, бешак, ба тадқиқи муфассали ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои таърихи халқи тоҷик накӯшидааст. Аслан, мақсад воқеа ва ҳодисаҳои асосии таърихро бо тадқиқи проблемаҳои хеле муҳим, мураккаб ва баъзан мубоҳисавӣ пайвастан аст». Дар ҳар ҳолат, Бобоҷон Ғафуров воқеиятҳои таърихро дар матни зиндагӣ ва фарҳангии тоҷик таблиғ кардааст хонаводагии ориёӣ ӯро дар қисмату масъулият муаррифӣ намудааст ва берун аз ширки миллатгароӣ, ин сармояи тавонои хешро ошкор кардааст. Ӯ бо ин амалаш, бо баҳрагирии китобаш, ки сармояи миллат аст, бо ин амалаш, ба унвони тоҷике аст, ки мустақилияти нажодиро аз ҳама «мустақилият» берун кашидааст ва ҳаққона санҷидааст ва олимона арзёбӣ кардааст ва мо дарёфтем, ки китоби «Тоҷикон»  шиносномаи миллат, ҷавҳари рӯҳ ва матни андешаи тоҷик аст ва ҳама таърихи тоҷикон, таърихи ҷомеаҳо, мактабҳо, даъватҳо, имону амали интихоб, масиронатарин таъкидҳо ба таърих, нигоришҳои тафаккур, тадбири шинохт ва фаҳми ҳақиқатҳои шӯрангезу муқаддаси миллат аст. Ин сар-навишти тоҷикон на ба хаёлу қиёс ва ваҳму гумон, балки бо мантиқ, бо ҳидоятҳои таърихӣ, бо фалсафаи моддӣ ва маънавӣ, яъне бо ҷаҳоншиносии илмӣ, фалсафае, ки дар мушоҳидаи айнӣ ва огоҳии илмӣ ва шинохти назар такомулёфта ва устувор шудааст, шинохти миллат дар пояи шинохти таърихӣ арзёбии гардидааст.

Бобоҷон Ғафуров бо ин ният, бо таҳқиқ ва шинохти таърих нақши миллат ва саҳми ӯро бо огоҳӣ ва иродаи амал ва масъулияти қудратманд рӯ ниҳод ва моро ба ин паём думболи шинохти таърих, нақши таърих, худогоҳӣ, масъулият, миллатсозӣ, равшанфикрӣ ва билохира ба бедории миллӣ, қадри арзишҳои истиқлол даъват намуд. Ӯ бо китобаш, ҳамзамон, сарнавишти миллат, фардои миллат, таърих ва моҳияти онро дар тақдири миллат ба унвони як инсони худогоҳ ташхис дод.

Бобоҷон Ғафуров таърихи тоҷикро дар чеҳраи рӯҳоният, тарзи шеваи зиндагӣ, пойгоҳҳои адабӣ, ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва аносири муттарақӣ дарёфт ва дар пояи он, ба мо чунин таъбири дақиқ – таърихдониро ташвиқ кард, дар аснои беҳтарин таҳқиқоти фалсафӣ – таърихӣ, дар таълифи тарҷумаҳои бадастомада таърихи тоҷикро бо ҳама бунёдаш шинохт ва ҳама масоили онро ҷамъу тарҳ кард ва ҳам аз Марксу Ленин ва ҳам сотсиализм решаҳои илмӣ гирифт ва дар баробари чунин «шинохт» ва «бардошт» сиёсату фалсафа, илм ва идеология, чеҳраи фикрии худро сохт. Ӯ ки муноқишаҳои сиёсиро дида буд ва муддате дар таъмини вазоифи он буд, бо унвони як муҳаққиқ ва муаллиф, бо шиддат, мавзуоти «даруни»-и таърихи тоҷикро бо баёну ҳамоҳангии маънӣ дар пояи материализм, ки пояи ҷаҳонбинӣ буд, дар «уммати» марксистӣ қарор дошт, мизону қисмати тоҷикро бо асолаташ ва моликияти миллиаш, амонати таърихиаш ва мантиқу маънидоштанаш дар таърихи безаволи «Тоҷикон» исбот кард. Бобоҷон Ғафуров дар «арзишҳои марксистӣ», бо хайру шар доштанаш, ҳадафи таърихро бо азаматаш манзури худсозии тоҷик намуд.

Китоби Бобоҷон Ғафуров мояи қудратталабии миллӣ ва рӯҳияи дилнишини озодандешӣ дорад, ки таърихи миллат чун тафсир ва таъбир худсозиву масъулиятро тақозо менамояд. Илова аз ин, шоҳасари ӯ бозофаринӣ, коштани меҳру истиқлол ру ба ватанпаймои шуданро бо арзишу нигориш шавқ медиҳад ва аз фикру фарҳанги арзишманд, аз нерӯҳои зиндасоз, нерӯву ҳаракат, талош ва созандагӣ шаҳодат медиҳад. Аз ин лиҳоз, ин китоб таҷриба ва мероси ғанитарин ва тафсидатарини таърихи миллат аст, ки аз зери хокистари ҷаҳл, тоҷик фасл карда шудааст.

Бобоҷон Ғафуров таърихи миллаташро бо каромату лутф арзёбӣ кард, рӯҳу қолаби ӯро зарпечонӣ намуд, чеҳраи саршори ҳаёту зиндагии ӯро, ки дар ҷӯши ишқ зинда буд, ба унвони як ҷаҳонбинӣ мантиқ бахшид. Ӯ бо ҳамин минвол, рисолати таърихофаринӣ, масъулияту бедории миллиро ҳидоят намуд. Бобоҷон Ғафуров ҷанбаҳои ақлонии миллат, ки дар инҳисори пойгоҳи қавмиятҳои бегона буд, бо шеваи зиндагии тоҷик мувофиқ сохт. Ӯ бо чеҳраи зебову саршор, розу ҷозиба ва ҳаёту каромат ва бо ишқи зинда ва бо таҳлили таърихи тоҷик афканд, ки ба унвони як муаррихи шӯҷоъ, бо як ҷаҳонбинии васеъ ва худогоҳӣ рисолати таърихии худро бо як даъвати таърихӣ, бо муттарақитарин андеша, таърихи дар гирдоббудаи миллатро аз макру ҳила, озордиҳиҳо, бо пешбинии илмӣ ва муборизаҳои фикрӣ, на бо агарбиниҳо, балки бо пажуҳиши худ фатҳ намуд. Бо ин ният, Бобоҷон Ғафуров қавмҳои сарзамини тоҷики худро «тарозкӯҳан» медонанд, ормони таърихи куҳан доштани онҳоро ботил сохт. Бобоҷон Ғафуров, барои мо, бо ин заҳматаш як «ҷомеаи андешаи таърих» аз зербинои таърихи сарзамин эҷод намуд, ҳаққи таърихдоштанро аз интизориҳо доштан бо ин қиссаи тоҷикшиносии худ бунёд кард. Ӯ аз тақвияти мактаби марксистӣ ва ҳам аз мактаби худшиносӣ ва аз як таҳлили илмӣ дар шароити яқини сотсиалистӣ таърихи тоҷикро дар арсаи пайванд бо истиқлолу озодӣ ба мо гузошт. Ӯ бо шинохти хайрдоштаи сарвати миллат, қавмҳои бегонаи ин сарзамин, ки ғояи суботу худшиносии онҳо мансубият дар лафзи тоҷик аст ва ноилоҷ, бо қавми тоҷик умумияти фарҳангӣ меҷӯянд, ишора намуд ва Лоиқи ширин-калом, ки аз ин «қолу мақом» воқиф аст, гуфтааст:

Миллати ман сарвати бо нангу ном,

Лафзи худро дод дар қолу мақом.

Бобоҷон Ғафуров таърихи тоҷикро дар амал, дар ҷиҳатгириҳои фикрӣ ва дар ҷабҳагирии иҷтимоиву сиёсӣ ба пештоқи миллат гузашт ва фарҳангу дониш, тамаддун, сиёсати қадимии тоҷикро дар таърихи фардои миллат хайр бахшид.

Бобоҷон Ғафуров вақте, ки таърихи тоҷикро эҳё кард, дар он низому саҳм ва нақши боризро дар он ҷо кард, ки дар як калимаи бунёдии «тоҷик» моликият ва рӯҳоният бо ҳам бофтаву сохта шудааст ва ин сартанӣ ин аст, ки ишора ва мизони китоби ӯ бо миллаташ ба по мехезад, зеро ҳар миллат поя дорад ва дар партави истиқлоли давлатӣ ҷабҳаи муттаҳидии миллиро бино месозад. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров барои мо занги ҳушдор аст, ки баҳри ҳифзу нигаҳдории сарзамини аҷдодӣ омода бошем ва сар-навишти худро аз ин сарриштаи таърих бисозем.

Каримҷон Қодиров,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь