Яке аз авомили ҷиддии мунҳариф шудани ҷомеаи мо аз масири рушд баъд аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар миёни он ҳама ҷангу даргириҳое, ки дар тӯли чанд асри охир дар қаламрави сукунати мардуми тоҷик ба вуҷуъ омадааст ва ҷони ҳазорон нафарро гирифта, боиси сарафкандагии миллӣ гардидааст, ҳамин ҷанге буд, ки дар манобеи таҳқиқию таҳлилӣ ва умуман, забони мардумӣ аз он ба унвони ҷанги ҳамватанӣ ва шаҳрвандӣ ёд мешавад, зеро дар ин ҷанг ба тафовут аз ҷангҳои мутааддиди таърихӣ, на аҷнабиён, балки тоҷик дар паи нобудии тоҷик буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо мусибат ҳамқадам буд, қабл аз ҳама, ба рӯҳу равони мардум зарбаи ҳалокатовар зад. Дар раванди кашмакашу низоъҳои дохилӣ теъдоди зиёди сиёсатмадорону зиёиёни кишвар, ки ботину зоҳири наҳзатро мешинохтанд, мавриди таҳқиру такфир қарор мегирифтанд, ончунон ки такфиру таҳқир ба сифати шеваи кор имрӯз ҳам дар амалкарди наҳзатиёни фирорӣ ва наҳзатмаслакони дохилӣ ҳувайдост. Мубориза бар зидди сиёсиёну зиёиён (раҳбарони сиёсии вақт, шоирону нависандагон, муаллимон, табибон, муҳандисон, олимон ва амсоли инҳо), ки ҷаҳлу таассуби наҳзатиро интиқод мекарданд ва ҳамчун шахсиятҳои шинохта дар муҳитҳои иҷтимоӣ ҳаддалимкон нуфуз доштанд, ҳадафи стратегии наҳзатӣ маҳсуб меёфт. Агарчи феълан ҳизби террористии наҳзат дар ҷомеаи мо бевосита ҳузур надоранд, аммо аз тариқи фазои маҷозӣ мубориза бо равшанфикронро ҳадафи муҳимми муқовимат сиёсиаш дар хориҷ медонад. Ин ҳизб чун ҳар ҳизби террористиву экстремистии дигар бо қатлу куштори қишри зиёиён ва сиёсатмадорони кишвар мақсад дошт, ки дар байни мардум даҳшатафканиву тарсангезӣ кунад ва бо ин васила пеши роҳи муборизаи миллигароёнаву озодихоҳона ва мубориза барои барқарории ҳукумати конститутсиониро бигирад. Онҳо бо зулму тааддии худ мехостанд тарсро дар ҷомеа ба вуҷуд оваранд ва ин тарсафкании наҳзатӣ як навъ террори фикрию равонӣ буд. Ин тарс ва террор ҷангу даргириҳоро дар Тоҷикистон доман зад.

Бояд зикр кард, ки ТТЭ ҲНИ ба унвони омили аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Дар ҳар варақи китоби таърихи миллӣ дар садаи бистум амалҳои манфури наҳзатиён дарҷ ёфтааст ва онро наметавон бо музахрафоте чанд таҳриф кард. Ба қавли мардум: «он чӣ ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст».

Чи хеле ки болотар қайд кардем, дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ ба дасти нохалафон садҳо шахсиятҳои арсаи сиёсат ва илму фарҳанги миллати мо кушта шуда буданд. Дар ин миён метавон аз исми сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси тоҷик Сафаралӣ Кенҷаев ном бурд. Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷумлаи шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатие буд, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо хурофотгароёну мутаассибони мазҳабӣ дасту панҷа нарм карда, то охирин нафасҳо аз мубориза бар зидди онҳо даст барнадошт. Талошҳои пайдарпай, баҳсу мунозираҳои шадид бо гурӯҳҳои хурофотӣ, мубориза зидди таассуби мазҳабӣ ва ниҳоятан, пофишорӣ ҷиҳати таҳкими низоми давлатдории дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба яке аз душманони сарсахти мутаассибон ва рӯҳониёни муҳофизакор, аз ҷумла ташаккулаи сиёсии наҳзатӣ табдил дод. Нафрату бадбинии аҳли ҷаҳолати мазҳабӣ нисбат ба Сафаралӣ Кенҷаев оқибат кори худро кард. 30 марти соли 1999 дар синни 57-солагӣ риштаи умри ин марди сиёсат ба дасти муздурони ҳизби наҳзат барканда шуд. Ӯ қурбони сиёсатбозию қудратталабиҳои исломиёни сиёсӣ гардид. Марги дар он замон мармузи Сафаралӣ Кенҷаев мақомоти тафтишотиро пайи кофтукови сарнахи ҷиноёт раҳнамун сохт. Барои пайдо кардани муқассирони асосии қатли марҳум Сафаралӣ Кенҷаев гурӯҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд ва ба сабаби даргириҳо ва мушкилоти замон омилони асосии қатл ошкор нагардиданд. Аммо мақомоти тафтишотӣ қазияро пайгирӣ намуда, оқибат соли 2017 (бо гузашти 18 сол) гунаҳкорони аслии марги марҳум Сафаралӣ Кенҷаевро пайдо намуданд.

Ин масъала шаби 8 августи соли 2017 дар доираи барномаи махсуси телевизионӣ матраҳ гардид. Масъулини самти тафтишот – сохторҳои дахлдори мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон бар он кӯшиданд, ки сарнахи амалиёти террористии гурӯҳҳои махсуси созмонёфтаи наҳзатиро, ки бо дастгирии молиявӣ ва мафкуравии дастандаркорони хадамоти вижаи хориҷӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар қаламрави пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, боиси ҳалоки шахсиятҳои шинохтаи фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ ва ниҳоятан, ноҷур шудани вазъи сиёсии кишвар гардиданд, пайдо ва манзури мардум кунанд.

Омилони асосии террорҳои солҳои навадуми асри бист- Абдуқодир Абдуллоев (мулаққаб ба “Рустами Норакӣ”), Тағоймурод Ашрапов (мулаққаб ба “Алӣ”) ва Саймуҳриддин Қудратов (мулаққаб ба “Авлиё” ва “Эшон”) дар барномаи телевизионӣ сареҳан иқрор карданд, ки дар баробари куштори дигар шахсиятҳои бонуфузи сиёсию маданӣ, илмию фарҳангӣ ва динӣ, қатли сиёсатмадори шинохта Сафаралӣ Кенҷаев бо супориши Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви он Ҳоҷӣ Ҳалим анҷом шудааст. Ҳамин тавр маълум гардид, ки дар қатли арбоби сиёсию давлатӣ шодравон Сафаралӣ Кенҷаев дастаҳои террористии ташкилоти сиёсии наҳзатӣ даст доранд. Ҳарчанд ки саркардаи наҳзатӣ аз даст доштани ҳизбаш дар қатлу террори шахсиятҳои варзидаи сиёсӣ ва фарҳангӣ борҳо гузоришу мусоҳибаҳо интишор додааст, аммо ҳақиқат ҳақиқат аст ва онро наметавон таҳриф кард. Иддаоҳои наҳзатиҳо мақоли мардумӣ: “Офтобро бо доман пӯшонида намешавад”-ро ба ёд меоварад.

Ҳ. Мирзоев,

номзади илмҳои таърих

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь