Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) комиссия бо сарварии ректори донишкада, узви вобастаи Академияи фанҳои Тоҷикистон профессор Ориф Шукуров маро барои кор ба Кумитаи радио ва телевизиони назди Совети Вазирони Тоҷикистон ба кор фиристонданд. Он солҳо Кумитаи радио ва телевизонро марди хеле бофарҳанг Воҳид Шарифов роҳбарӣ мекарданд.

Маро хуш қабул карда, гуфтанд, шуморо ба шуъбаи ҷавонӣ ҳидоят мекунем. Ба Шумо хоҳари аллома Бобоҷон Ғафуров Тоҷинисо Ғафурова, ки вазифаи сармуҳарририи шуъбаро ба уҳда доранд, корро меомӯзонанд. Он солҳо, яъне соли 1966 ман дар синни 21 солагӣ донишкадаро, ки ҳамон сол аз 5-сола ба 4 сола табдил дода буданд, якумин хатмкунандагон будем. Маро дар қатори дигарон ба Кумитаи радио ва телевизиони назди Совети Вазирони Тоҷикистон ба кор фиристода буданд. Ҳангоми додани роҳхат ба кор ректор Ориф Шукуров гуфта буданд: Ба тарҷумаи номҳои ҳайвоноту паррандагон эҳтиёт шавед, зеро тарҷумааш душвор аст. Як ба афишаи театри опера ва балети Тоҷикистон назар андозед. Калимаи «Летучый мыш»-ро «Муши паррон» тарҷума карданд. Он номи худро дорад: «Кӯршапарак»-гуфтам, хандида буданд.

Ба шуъбаи «Ҷавонӣ» ба кор рафтам, дар шуъба як бонуи нисбатан калонсол, вале чеҳрахандон менишастанд. Шинос шудем, маълум гашт, ки ин зан Тоҷинисо Ғафурова буданд, вале он солҳо ман намедонистам, ки ин зани нуронӣ хоҳари Бобоҷон Ғафуров будаанд. Баъдтар аз наздик шинос шудам, маълум шуд, ки шавҳарашон Салбиев-муовини ректори донишкадаи омӯзгорӣ шуда, кор мекарданд ва ба донишҷӯёни мо аз иқтисодиёт дарс мегуфтанд.

Ҳавлиашон дар паси собиқ бинои факултети забон ва адабиёти тоҷик ё оқиби мактаби миёнаи рақами 10 ба номи С. Айнӣ ҷой гирифта буд.

Аз рӯзи аввал кор бо кормандони шуъба, сармуҳаррир радиостансияи «Ҷавонӣ» Тоҷинисо Ғафурова ва Зокиров, сармуҳаррири радиостансияи кӯдакон ва ғайраҳо кор мекарданд.

Ҳар чизе ки менавиштем, устод Тоҷинисо Ғафурова аз назар мегузарониданд, навиштаҳо ислоҳталаб бошад, ислоҳ мекарданд, баъд барои ба эфир сар додан иҷозат медоданд. Ҳамчун радиожурналисти ҷавон маро барои таҳия кардани мавод оид ба корвони «Тиллои сафед» ба ноҳияи онвақтаи Орҷоникидзобод (ҳоло ноҳияи Ваҳдат) фиристонда буданд. Он вақт навори садогирӣ хеле вазнин 16 кг буд. Наворбардори овозро гирифта, ба сӯи ноҳияи Орҷоникидзобод раҳсипор шудем. Дар кумитаи ҳизби ноҳия маро котиби якуми ҳизбӣ Василий Ермонович Захватов қабул карда, бо забони тозаи тоҷикӣ суҳбат карданд. Ман дар тааҷҷуб шудам, ки ин шахси русзабон ин қадар ба тоҷикӣ хуб сухан мегӯянд. Ҳатто аксент ҳам надоштанд.

Дар соати муайяншуда ба заводи пахта раҳсипор шудем. Дар роҳ аз ман пурсиданд, Шумо аз куҷо? Аз Уротеппа ҷавоб додам- эҳа, шумо аз ватани ман будаед-ку, ман ҳам дар Уротеппа таваллуд шудам, мактаби миёнаи рақами 2 ба номи В. И. Ленинро хатм кардам. Баъди хатми донишкадаи кишоварзӣ ба зодгоҳам омадам, аз муаллимӣ то директори техникуми хоҷагии қишлоқ, котиби дуюми Ҳизби коммунистии Уротеппа кор кардам ва ҳоло мебинӣ, ки ман котиби аввали Ҳизби коммунисти шаҳри Орҷоникидзобод мебошам. Маро халқу оби Уротеппа тарбия намуд ва он ватани азизи ман мебошад.

Ба заводи пахта расидем. Бинем аллакай наздик 50 нақлиёти пурбори пахта дар назди дарвозаи заводи пахта ҷамъ омадааст. Захватов В.Е. ҷамъомадагонро бо забони тоҷикӣ табрик карданд ва ман овозашонро сабт кардам ва онро ба Душанбе овардам. Дар Комитети радио ва телевизион ба баромади Захватов В.Е. ҳеҷ боварӣ намекарданд. Ба ман лозим омад, ки боз ду нафар дӯстони Захватов В.Е. аз қабили Кенҷа Муллоҷонов ва Ҳафиз Муродовро назди сармуҳаррир барам ва исбот кардам, ки овози худи Захватов аст ва ӯ ба забони тоҷикӣ озод сухан мегӯяд.

Ҳамин тавр нахусин радиорепортаҷамро аз корвони пахта марди рус бо забони тоҷикӣ сухан карда, ҳамаро ба ҳайрат гузошта буд. Баъдтар Захватов Василий Ермоновичро сардори кумитаи ҷангали Тоҷикистон таъин карданд, аз ин ҷо ба нафақа мебарояд. Баъди ин радиорепортаж нахустин устодам дар соҳаи радиошунавонӣ Тоҷинисо Ғафурова хоҳари аллома Бобоҷон Ғафуров буданд.

Сайфулло Маҳкамов,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь