Умари Хайём мутафаккири бузурги форсу тоҷик буда, дар соҳаҳои ҳайат (кайҳоншиносӣ), тиб, фалсафа, риёзиёт, адабиёт ва ғайра ҳамчун олим ном баровард. Дар адабиёт ӯро ҳамчун рубоисарои забардаст мешиносанд. Шахси хеле доно буд вай, барои ҳамин ҳам нотарсона фикрашро дар рубоиёташ изҳор мекард. Рубоиҳои ин файласуфи нотакрор беҳтарин чакомаҳоянд дар олами адабиёт, ки хурду калон қироат карда, қалби хешро мунаввар месозанд.

Наврӯз иди миллии тоҷикон аст. То ба имрӯз бисёр аз шоиру нависандагонамон перомуни ин ҷашни ниёгон каму беш навиштаанд, вале асари ягонаи мукаммали илмию таърихию бадеӣ перомуни Наврӯз маҳз “Нарӯзнома”-и Умари Хайём ба ҳисоб меравад. Ин асар дар байни солҳои 1095-1098 эҷод шудааст.

Дар аввали “Нарӯзнома” муаллиф сабаби пайдоиши оламро шарҳ медиҳад, сипас дар бораи кашфи ҳақиқат сухан меравад. Пас аз он оид ба ҷашнгирии Наврӯз нақл оғоз меёбад.

Умари Хайём мегӯяд, ки ҳисоби солу моҳҳоро маҳз подшоҳи аввали олам Каюмарс ба тартиб даровардааст: “Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб аз аввали дақиқаи Ҳамал омада, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд”. Аммо рӯзи ҷашн гирифтани Наврӯз аз замони ба тахт нишастани подшоҳ Ҷамшед оғоз ёфтааст. Маҳз дар замони Ҷамшед ҳар сол Наврӯз бо тантанаи бузург ид карда мешуд. Дар айёми Наврӯз шабу рӯз баробар мешавад. Аз ҳавои гарм замину замон бедор шуда, ҳама ҷо сабзу хуррам мегардад, мардумро ҳусну малоҳати табиат хушнуд мегардонад: “Чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад; яке аз он ҳар 365 рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд-ин дақиқа, ки натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфту “Наврӯз” ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз ӯ подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд”.

Олими маъруф Умари Хайём дар баробари оид ба Наврӯз маълумоти саҳеҳ додан перомуни урфу одат, расму оин ва тарзи ҳукмронии подшоҳони Эрони қадим нақлҳои аҷоиб мекунад ва маросимҳои гуногуни мардумро шарҳ медиҳад, сабаби ба ҳар моҳ номи махсус гузоштани ниёгонамонро мефаҳмонад. “Наврӯзнома” аҳамияти бузурги илмӣ ва фарҳангӣ дорад, дар он ҳар моҳи форсӣ хусусияти худро дорад, масалан, “Фарвардинмоҳ –ба забони паҳлавӣ аст, маънияш чунон бошад, ки ин он моҳ аст, ки оғози рустани набот дар вай бошад ва дар ин моҳ мар бурҷи Ҳамалрост, ки сар то сари вай Офтоб андар ин бурҷ бошад”, “Озармоҳ-ба забони паҳлавӣ “Озар”оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошад ва ба оташ ҳоҷат бувад, яъне моҳи оташ. Ва навбат Офтоб дар моҳ бурҷи Қавсро бошад”. Мувофиқи навиштаҳои ӯ, мардуми он замон чунин ақида доштаанд, ки агар одам рӯзи Наврӯз аз таҳти дил хурсанд бошад, то Наврӯзи дигар шод хоҳад буд. Умари Хайём дар ин бора ин тавр навиштааст: “Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то ба Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон карданд”.

Олим, шоир ва нависандаи забардастамон Умари Хайём дар китоби “Наврӯзнома”-аш оид ба тақвим, гардиши Замину Офтоб, кай омадани соли кабиса, хосияти маъданҳо, масалан, хосияти тилло, аҳамияти он, инчунин хусусиятҳои шифобахшии растаниҳо менависад. Дар бораи ҳайвонҳои хонагӣ ҳам ҳикоятҳои аҷоиб меорад, масалан, перомуни асп ва аҳамияти он суханҳои неку муфид овардааст. (“Ёд кардани асп ва ҳунари ӯ ва он чи воҷиб ояд дар бораи он”).

Умари Хайём дар “Наврӯзнома” ба мавзуъҳои дигари гуногун дахл мекунад. Вай мегӯяд, ки асбоби ҷангию шикории даври қадим тиру камон буд, аз ин олати зарурӣ барои мусобиқаҳо ҳам истифода мебурданд. Ба мавзуи шароб ҳам эътибори махсус додааст адиби эъҷознависамон. Шароб бо заҳмат ва муддати зиёд тайёр карда мешавад, он вақту соати истеъмоли худро дорад, агар майро ба андоза истеъмол кунед, манфиаташ бисёр аст ва агар меъёрро фаромӯш кунед, шарм аз шумо дур мешаваду худро подшоҳ ҳис мекунед: “Ин дувум қадаҳ бихӯрдам, нишоте ва тарабе дар дили ман омад, ки шарм аз чашми ман бигрифт ва ҷаҳон пеши ман сабук омад. Пиндоштам миёни ману шоҳ ҳеҷ фарқ нест ва ғами ҷаҳон пеши ман фаромӯш гашт”. (“Гуфтор андар манфиати шароб”).

Дар “Наврӯзнома” доир ба адлу дод, ҳиммату садақа, ҷазои гунаҳгорон ва ободии мулк суханҳои муфиду хуб қайд шудаанд.

Хулоса, “Наврӯзнома” бо забони равону фаҳмо ва бо ҷумлаву ибораҳои дилчасп иншо гардида, донишу фаҳмиши моро оид ба Наврӯзи хуҷастапай васеъ мегардонад.

Пирони Шодмон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь