Чӣ гуна метавон аз рӯйи холкӯбӣ сол, ҷойи таваллуд, моддаи ҷиноӣ, номи маҳбаси маҳбус ва хислатномаи шахсии ӯро муайян кард? Дансиг Балдаев ин ҳамаро медонист. Ӯ буд, ки тамоми умр маҷмуъи холкӯбиҳои маҳбусон ва фолклори зиндонҳоро ҷамъоварӣ мекард.
Бештар аз 11 сол пеш аз ин, аниқтараш 23-юми январи соли 2005 муҳаққиқ ва ҷамъоварандаи фолклори ГУЛАГ ва ҷиноӣ Дансиг Сергеевич Балдаев корманди хидматнишондодаи Вазорати корҳои дохилӣ, полковники мустаъфӣ аз олам рафт. Балдаев шахсияти шинохта, муаллифи китоби “Феня аз А то Я” дар ду ҷилд, “Холкӯбиҳои зиндониён” ва чандин китоби дигар буд, ки на танҳо дар Русия, балки дар хориҷ аз он низ мунташир шуда буданд. Ба он нигоҳ накарда, ки худи ӯ дар боздоштгоҳи тафтишотии “Крест” нигаҳбон кор мекард, дар тарҷумаи ҳолаш навишта буд: “Ҳамаи мо дар ҳукумати пурмоҷаро ва авбошӣ муддати дурудароз зиндагонӣ кардаем ва шукри Худованд, ки он ба оҳистагӣ аз миён меравад, ҳарчанд ҳоло ҳам ҳар гуна “паханҳо”-ву “паханчаҳо” ба буғӣ кардани мо идома медиҳанд. Ва то даме, ки онҳо миёни худ ҳама сохтаҳои бобоёну падарони моро байни худ тақсим намекунанд, ба муқобили фасод ва ҷиноят мубориза нахоҳанд бурд”.
Яке аз китобҳои Балдаев “Нақшҳо аз ГУЛАГ” ном дорад ва он соли 2010 дар интишороти “FUEL Publishing”-и Британия мунташир шуд. Дар китоб 130 мусаввадаи муаллиф, ки саҳнаҳои мудҳиши ҳаёт дар ГУЛАГ (Сарраёсати идораи лагерҳо ва маҳбасҳо)-ро дар бар мегирад, ҷо дода шудааст. Ва хеле тасвирҳое, ки касро ба ҳайрат меоваранд: пурсишҳо ва шиканҷаи маҳбусон, таҷовузи гуруҳии занон, қатли афрод ва ғайра. Он замон журналист Роланд Браун дар “Guardian” навишт: “Ин тасвирҳои даҳшатноки зиндагонии системаи ҷазодиҳандаи шӯравист – омехтаи ногувор аз рӯйдодҳои воқеъӣ ва рамзиву тамсилӣ”. Вай ҳамчунин зикр кард, ки чун нозири ҳамин система Дансиг Балдаев дар зиндонҳои зиёди СССР будааст. Вай худ мустақилона ин ҳамаро ҷамъоварӣ кард…”
“Guardian” Дансиг Балдаевро чун антропологи ҳаваскор муаррифӣ кард, ки ба сабаби табъизи хонавода аз таҳсил маҳрум шуда буд. Нашрияи британиёӣ асарҳои ӯ бахшида ба “ваҳшонияти сиёсӣ” ва эҷодиёти рассомоне чун Франсиско Гойя (муаллифи силсилаи “Бадбахтиҳои ҷанг”) ва Гюстав Доре (мусаввада ба “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте)-ро бо ҳам муқоиса кард. Ва дар ҳақиқат Дансиг Балдаев, ки тамоми умр дар системаи ВКД корманди фаврии тафтишоти ҷиноӣ ва баъдан нигаҳбон буд, дар кораш аз шеваҳои падараш Сергей Балдаев, ки дар Бурятия чун этнограф ва фолклоршинос маъруфият дорад, истифода намуд. Дар тарҷумаи ҳолаш менависад: “Боре ман ба падарам нусхаҳои холкӯбиҳои маҳбусонро нишон додам ва падарам ба ман гуфт: Писарам, ҳама холкӯбиҳо ва фолклори зиндониёнро ҷамъоварӣ намо, наққошиҳояшонро низ, зеро ҳамаи инҳо якҷо бо онҳо ба гӯр меравад”.
Дар миёни “душманони халқ”
Оилаи Дансиг Балдаев ба табъиз низ рӯ ба рӯ шуда буд. Тибқи ҳисобҳои падараш паси девори зиндонҳои Раёсати идории сиёсии давлатӣ (ОГПУ) ва Комиссариати халқии корҳои дохила (НКВД), дар бадарға 58 нафар хешовандони онҳо қурбон шуда буданд. Ҳамаи онҳо одамони босавод буданд: духтурон, техникҳо, заминкорон, механизаторон, муаллимон ва ғайра. Дар синни 96-солагӣ дар зиндони Бохани НКВД бобои ӯ Пётр Балдаев вафот кард. Соли 1937 бошад падараш Сергей Петрович Балдаев, олими маъруф, аввалин директори мактаби ҳафтсолаи буряту муғулӣ, хатмкардаи институтии масковии халқҳои Шарқ, собиқ аспиранти академик Николай Марр боздошт шуд. Ӯро аввал озод карданд, вале як сол баъд дубора ба ҳабс гирифтанд.
Дансиг ва хоҳари хурдии ӯро ба хонаи бачагони ба номи Инқилоби Октябри деҳаи Икейи ноҳияи Тулунски вилояти Иркутск ҷо карданд. Дар хонаи бачагон 156 нафар бачаҳои “душманони халқ”-ро ба ҳам оварда буданд. Бисёре аз онҳо фарзандону наберагони ашрофҳо буданд ва бо чандин забон ҳарф зада метавонистанд.
Соли 1940 падари Балдаевро озод карданд, чун ҷурмашро натавонистанд исбот кунанд. Барояш ҳатто дар Улан-Уде хона ҷудо намуданд, мебелҳояшро баргардониданд ва имкон доданд, ки ба кораш идома диҳад. Аммо соли 1948 бори дигар таҳдид ба ҳабс шуд. Муншии аввали ВКП (б)-и Ҷумҳурии мухтори Буряту Монгол Кудрявсев, ки хеши Маленков буд, талаб кард, ки олим Балдаев мақолаи торуморкунанда зидди “панмонголистон ва хушомадгӯёни Ғарб” нависад. Кудрявсов масъули тозакунии панмонголистон дар ин ҷумҳурии мухтор буд. Балдаев рад кард ва ба шаҳри Ленинград, ба хонаи духтараш, ки шавҳари ӯ капитани дараҷаи 2 буд, рафт. Дар Ленинград олими маъзулшударо бидуни қайди ҷойи истиқомат дар ягон муассисаи илмиву таълимӣ ба кор намегирифтанд ва ӯ гоҳ дар ошхона кор мекарду гоҳ дар ҷойи дигар. Вақтҳои холии худро дар китобхонаи ба номи Салтиков-Шедрин мегузаронд, корҳои илмӣ мекард. Бо мадади дӯсташ, профессор Марк Азадовский соҳиби шаҳодатномаи хонандагӣ дар китобхона шуда буд.
Соли 1943 Дансиг Балдаев ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд ва дар марзи СССР бо Манҷурия хизмат кард. Баъди анҷоми ҷанг ва озод шудан аз хизмат соли 1948 якҷо бо падараш ба Ленинград омад. Он ҷо аввал ҳамчун корманди идораи сӯхторхомӯшкунӣ кор кард, баъдан нигаҳбон дар маҳбаси “Крест” ва сипас корманди фаврии ВКД шуд. Соли 1957 мактаби милитсияи Қафқозро бо баҳои аъло хатм намуд ва дар милитсияи криминалии Ленинград ба кор даромад. Аз рӯйи ваколатҳои хидматӣ вай даҳҳо зиндону маҳбасҳоро дар сар то сари Иттиҳоди Шӯравӣ гашт, дар Осиёи Марказӣ ҳам буду дар Қафқоз ҳам, дар Украина, дар Шимол ва дар ҷамоҳири назди Балтик низ. Ҳама вақт вай талош кард фолклори зиндониён, маводҳо дар бораи забонро ҷамъоварӣ кунад. Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки барояш супориш шуд маълумотномаи мухтасар барои истифодаи хидматӣ бо номи “Жаргон ва холкӯбӣ”-ро дар Сарраёсати корҳои дохилии Ленинград омода созад. Баъдан дар нашриёти «Край Москва» луғати калимаҳои хос ва холкӯбиҳо дар маҳбасҳо нашр шуд. Журналист Евгений Баранов нақл кардааст, ки он замон дар Маҷористон (Венгрия) ду китоби холкӯбиҳои зиндониён, дар Олмон албоми энсиклопедии “ГУЛАГ” дар расмҳо” ва дар нашриёти Ленинград «Лимбус Пресс» аввалин қисми энсиклопедияи Балдаев “Холкӯбиҳои маҳбусон” чоп шуд, ки 3 ҳазор вашмро дар бар мегирифт. Аз рӯйи асари вай рассом Пётр Белов тасвири машҳури худ “Белеморканал”-ро офарид.
Доғҳои даҳшатноки холкӯбӣ
Дансиг Балдаев навишт: “Ҳар он чизе аз сари кишвар гузашт, чун оина дар ҳаёти маҳбусону зиндонҳо акси худро ёфтааст. Оё ин оинаи каҷнамо буд? Бо вуҷуди соддагиву соддадилӣ, хурофотпарастии онҳо ва фисқу фасодашон гумон намекунам ин оина инъикоси бардурӯғ дошт. Дурӯғи идеоложӣ, барафрӯхтани низоъҳои дурӯғини миллӣ, таҳқиру тавҳини одамон, нақзи ҳуқуқҳои онҳо барои як ҳаёти шоиста ба худи мавҷудияти гуноҳи давлат дар доғҳои даҳшатафкани холкӯбиҳо ва жаргонҳо, сужаҳои криминалӣ ва фисқомези намояндагон-созандагони ҷамъият, миллатҳо ва ғояҳои иҷтимоӣ инъикоси комилу пурраи худро ёфтааст”.
Ҳолатҳое ҳам буданд, ки ин ҳама навиштору гуфторашро ба идораи КГБ ҳам мерасониданд. Вале ҷолибтар аз ҳама: дар ин идорае, ки рамзи даҳшату хушунат буд, аз иқдомаш пуштибонӣ карданд: таҳқиқоташ дар мавриди аз рӯйи холкӯбӣ муайян кардани сол ва ҷойи таваллуд, моддаи ҷиноӣ, номи зиндон ва ё ҷинояткори дар ҳоли ҷустуҷӯ ва ғайраро муҳим донистанд. Бино ба навиштаи Балдаев худи ӯ дар замони фаъолияташ дар мақомоти милитсия бештар 300 дуздону ғоратгарон, қотилон ва мутаҷовизинро боздошт кардааст.
Соли 1981 подполковник Дансиг Балдаев ба нафақа рафт. Баъдан аввали солҳои 1990 дар нашрияҳо пайи ҳам очеркҳои Балдаев дар бораи ҷурму ҷиноят дар Русия интишор ёфтанд. Ва шуҳрати ӯ ҳам аз ҳамин оғоз гирифт.
Ҳамчуноне Евгений Баранов навишт, дар аввали солҳои 90 бо вуҷуди он ки Балдаев 70-сола шуда буд, вале ҳоло ҳам бардаму боқувват, нерӯманд, бо лабони пурханда ва лаҳни хуши гуфтору рафтор ба назарҳо ҳувайдо мешуд. Марде буд хушсуҳбат, маҷлисоро. Вай намерафт ба идораи нашрияҳо, радио ва телевизион, балки онҳо худашон ӯро меҷустанд, ин “пирамарди буряту муғул”, набераи азоимхон (бибии ӯ азоимхонӣ мекард) одами наҷибе буд. Балдаев дар солҳои сахту мудҳиши баъди пош хӯрдани СССР бо ҳамсар ва ду сагаш дар ҳуҷраи хурдакаке дар Петербург зист. Навиштаҳои вай як сарахбор доштанд: Одамон, ғулом набошед, ҳайвони корӣ набошед, то аз ҳисоби шумо ҳокимият кунанд ва сармоядор шаванд. Озод бошед, нерӯманду ба худ муттакӣ ва сарватманд! Ба он роҳ надиҳед, ки гузашта дубора баргардад, зеро он гузашта хеле даҳшатноку ҳузновар буд!”
Тимур ДУГАРЖАПОВ,
“Совершенно секретно”, No.2/379, феврали соли 2016
Таҳияи Ф.Муҳаммад