Дар таърихи тамаддуни башар, империяи Сосониён яке аз бузургтарин империҳо ба шумор рафта, бо шукуҳу шаҳомат, қудрату азамат, фарҳангсолорӣ ва дигар хусусиятҳои хосаш аз дигар императориҳо фарқ мекунад. Ин давлат, ки худро ворисони ҳақиқӣ ва бевоситаи империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо медонистанд, бо ба сари қудрат омаданашон мароми созандагию бунёдкориро пеша карда, расму русум ва тамаддуни аҷдодиро барқарор ва ташаккул дода, шаҳрҳо сохтаву наҳрҳо кофта, илму фарҳанги бағоят бузургеро офариданд ва нақши мондагоре аз худ бар ҷой гузоштанд. Хосатан, яке аз таваҷҷӯҳоти аслии шоҳони ин сулола ба рушди илму фарҳанг нигаронида шуда буд, зеро ки онҳо илмро чун нури пурзиёи эзидӣ дониста, омӯзиши онро чун василаи баромадан аз торикию зулмот меҳисобиданд. Бинобар ин, аз нахустин шоҳи сулола – Ардашери Бобакон сар карда, то вопасин шоҳаншоҳи давлат, ба илму фарҳанг мароқи хоса аз худ зоҳир намуда, дар тараддуди барқарор намудани осори ниёгон гаштанд ва барои пешрафти он бо азму иродаи қавӣ корҳои наҷиберо ба сомон расониданд, ки аз ҷумлаи он ташкили Фарҳангистон ё худ Донишгоҳи Гунди Шопур ба ҳисоб меравад, ки бо азамати худ дар ҷаҳони онвақта беназиру нотакрор буд.
Бояд гуфт, ки бунёди чунин фарҳангистони бузург, ки дили садҳову ҳазорҳои донишмандону илмҷӯёнро аз тамоми гушаву канори ҷаҳони онвақта тасхир кард ва касро ба худ мафтун сохта, ба ҳайрат меовард, ҳанӯз дар фикру хаёли бунёдгузори империяи Сосониён- Ардашер Бобакон омада буд, аммо умр ба ӯ вафо накард ва ин иқдоми наҷибонаву некандешонаи ӯро вориси ягонааш Шопур амалӣ намуд, зеро ба андешаи ӯ “донишу хирад аз шамшер зуртар…” буда, метавонад мавҷудияти империяро садсолаҳо нигоҳ дорад. Ҳамин андешаҳои нек буд, ки бо ташаббуси ин шоҳи фозилу хирадманд Фарҳангистони Гунди Шопур бунёд карда шуд, ки он дар оянда барои пешрафти илму фарҳанги оламгири тоҷикон саҳми арзандае аз худ барҷой гузошт.
Фарҳангистони Гунди Шопур яке аз бузургтарин, муҳташамтарин ва бостонитарин маркази омӯзишӣ дар Ховари Миёна маҳсуб ёфта, дар соли 271 дар наздикии Дизфул бунёд ёфтааст ва он дорои як бемористонӣ омӯзишӣ ва як китобхонаи бузург буд. Тибқи навиштаи Н. Нурӣ, ки онро Ҳақназар Назаров дар китоби хеш- “Нақши эрониён- тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон” иқтибос овардааст, Шопур ҳангоми ифтитоҳи он чунин суханони оқилонаеро ба забон овард, ки ҳозиринро ба ҳайрат овард: “Шамшери мо тарзҳоро мекушояд ва дониш ва фарҳанги мо қалбҳо ва мағзҳоро тасхир мекунад”.
Қайд намудан зарур аст, ки оиди замон ва аз ҷониби кадом шоҳаншоҳи Сосониён сохта шудани Донишгоҳи Гунди Шопур ихтилофи назар аст, зеро ки бархе аз муҳаққиқон замони сохта шудани ӯро марбут ба даврони ҳукмронии Шопури аввал ва бархеи дигар ба замони Шопури дуюм медонанд. Аз ҷумла, дар китоби “Таърихи халқи тоҷик, китоби якум, Аз ин сони оқил то тоҷики баркамол” – и Н. Неъматов ва … омадааст, ки “Дар шаҳри Аҳвоз бо фармони Шопури 2 аввалин мактаби олӣ – Фарҳангистони Гунди Шопур кушода шуда буд, ки он пасон ба Донишгоҳи бузурги тиббӣ табдил ёфт”. Айнан ҳамин матлаб, дар китобҳои баъзе аз муаррихони дигар низ оварда шудааст. Баръакси ин бошад, дар китобҳои “Нақши эрониён – тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон” -и Ҳ. Назаров, “Таърихи мухтасари тибби тоҷик” – Исҳоқӣ Ю. Б., Тоҷиев Я. Т., инчунин дар сайтии интернети tg.wikipedia.org (Донишномаи озод), www.maorif.tj дар мақолаи “Таълиму тарбия дар давраи ғуломдорӣ” ва даҳҳо сайтҳою дигар сохта шудани Фарҳангистони Гунди Шопур аз ҷониби Шопури аввал гуфта шудааст.
Қобил ба зикр аст, ки дар донишгоҳи Гунди Шопур омӯзишҳои пизишкӣ, фалсафӣ, илоҳиёт, нуҷум ва улуми дигар сурат гирифта, дар он теъдоди зиёди донишмандону пизишкон машғул ба тадрис, таҳсил ва табобат буданд. Дар ин марказ, илова бар китобҳои таълифшудаи донишмандони эронӣ, бисёре аз китобҳои юнонӣ ва ҳиндӣ ба забони паҳлавӣ тарҷума карда шуда, таълим дода мешуданд. Ба донишгоҳ фақат ҷавононе қабул мегаштанд, ки ҳафт ҷузъи муҳими илм (сарфу наҳв, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум, диалектика, илми маонӣ ва баён, мусиқӣ)-ро омӯхта, дар ин бобат дониши кофӣ дошта бошанд. Донишгоҳ дар як муддати кутоҳ ба авҷи аълои худ рушд карда, диққати тамоми олимону донишмандон ва илмомӯзонро ба худ ҷалб менамуд ва ҳамин буд, ки аз бисёр минтақаҳои ҷаҳон онвақта донишмандону донишҷуён ба ин макони илму фарҳанги ниёгони мо ташриф оварда, дониши хешро муккамал мегардониданд.
Бемористони Гунди Шопур низ яке аз нахустин беморхонаҳои таълимӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, пизишкони зиёди донишманд дар он фаъолият мекарданд, ки тавассути онон илми тиббӣ тоҷик ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар он замон ба яке аз маконҳои пешрафтатарин дар соҳаи пизишкӣ табдил ёфта, шуҳрати ҷаҳониро пайдо намуд. Шоҳаншоҳони Сосонӣ аз кишварҳои тасхиршуда табибони зиёдеро ба инҷо оварда, тавассути онон дар густариши илми тиб саҳми назаррас гузоштанд. Табибони машҳури он Барзуя, Бухтишу ва дигарон буданд. Табибон, гарчанде ки эронӣ буданд, аммо рисолаҳои хешро бештар ба сурёни менавиштанд, зеро он замон суннати адабии тиб ҳамон буд. Ба навиштаи баъзе аз муаррихин, аз ҷумла Артур Кристенсн “Шопури аввал… дастури ҷамъоварии китобҳое, ки шохаҳое аз Авесто буданд ва дар Ҳиндустон, Рум ва сойири сарзаминҳо пароканда бударо содир кард. Ин китобҳо, пештар марбут ба пизишкӣ, ситорашиносӣ, ҳаракат, замон, макон… офариниш ва… буданд. Ба ин тартиб, тиби сосонӣ низ то андозае таҳти таъсири тибби ба истилоҳ юнонии он давра қарор гирифт”.
Китобхонае, ки дар назди Донишгоҳи Гунди Шопур таъсис дода шуда буд, дар он айём беназир буд. Он аз 250 ҳуҷра бештар иборат буда, китобҳои зиёдеро аз забонҳои паҳлавӣ, суриёнӣ, юнонӣ ва ҳиндӣ дар худ ҳифз медошт. Ин махзани илму фарҳанг барои рушди улуми мухталиф хизмати шоёне кардааст. Сабаби сохта шудани чунин китобхонаи бузург аз он гувоҳи медиҳад, ки шоҳони сосонӣ ба илму дониш ва китоб алоқаи хос доштаанд ва Ибни Надим ин нуқотро қайд намуда, иброз медорад, ки “Он гоҳ ки Ардашери Бобакон истило ва ғалаба ёфт, китобҳое ки аз Эрони бостон монда ва пароканда шуда буданд, аз Ҳинд ва Чин гирд оварду дар китобхона нигоҳдорӣ мекард, писараш Шопур кори ӯро дунбол кард ва он чи аз забонҳои дигарба форсӣ баргардонида шуда ва ба сурати китоб даромада буд, ҳамаро фароҳам овард ва ҳамчунин ба ҷамъоварии Авасто пардохт ва бо кумаки бузурги мубаон Авасторо бори дигар… эҳё кард”.
Қайд намудан зарур аст, ки рушду такомули Фарҳангистони Гунди Шопур ба замони яке аз бузургтарин ва одилтарин подшоҳони дунё Хусрави 1, ки бо номи Анушервони Одил машҳури ҷаҳон аст, рост меояд, зеро ки ин шоҳи “Абадзинда” худ донишманд буду ба илму дониш рағбати зиёд дошт ва ҳамин боис шуд, ки ӯ дар кору пайкори хеш ободкорию созандагӣ ва рушди илму фарҳангро пеша намуда, нисбати донишмандону олимон эътибори хоса аз худ зоҳир намояд. Вай бо забони хеш, заковатмандона баён дошта буд, ки “Аз ҷумлаи бузургтарин ва зеботарин зеварҳое, ки салтанати як подшоҳро музайян (зебу зиннат – С. М.) месозад, он аст, ки ба ҳақ эътироф намояд ва илму донишро мӯҳтарам дошта, ба он таъзим ва аз он пайравӣ кунад…”
Бояд гуфт, ки Хусрави Анушервон бо мақсади инкишофи илм аз гушаҳои канори дунё олимону донишмандонро ба дарбори худ даъват намуда, барои пешрафти кори онҳо шароити хуберо фароҳам меовард. Дар баробари ин баъди баста шудани маркази теологӣ ва илмии насрониёни несторианӣ дар соли 489 аз ҷониби императори Византия Зенон ва дар соли 529 пеш карда шудани файласуфони юнонӣ аз ҷониби император Юстиниан донишмандони онҷо ба дарбори Анушервон паноҳ бурданд, ки шоҳ онҳоро ба хуби пазируфт ва ба онҳо супориш дод, ки матноҳи юнонию сурёниро ба паҳлавӣ тарҷума кунанд, ки дар натиҷа асарҳои гуногун оид ба тиб, астрономия, фалсафа ва ҳуннарро баргардон намуданд. Ҳамчунин, Хусрав донишмандони зиёдеро аз Ҳинду Чин даъват карданд, ки асарҳои зиёдеро тарҷума карданд. Худи табиби машҳури сосонӣ Барзуя китоби “Панчатантра” – ро аз ҳиндӣ ба паҳлави баргардонӣ намудааст.
Фарҳангистони Гунди Шопур беш аз се аср фаъолияти пурсамар намуда, баъди истилои арабҳо рӯ ба ғуруб мениҳад ва китобхона, бозёфтҳои илмӣ ва як қисми донишмандони он ба Бағдод интиқол дода мешавад. Маҳз, донишмандони ҳамин боргоҳ, дар асрҳои баъдӣ маркази бузурги илмиеро дар Бағдод бунёд сохта барои пешрафти илми форс- тоҷик саҳми арзишманде мегузоранд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Фарҳангистони Гунди Шопур дар таърихи тамаддуни башарӣ яке аз асоситарин ва бузургтарин маркази илмии ҷаҳони онвақта ба шумор рафта, дар ташкилу пешрафти он ва ба яке аз макони фарҳангии ҷаҳони онвақта табдил ёфтанаш, саҳми шоҳаншоҳони Сосонӣ – Шопури якуму дуюм ва Хусрави Анушервон бориз аст. Тавассути ин иқдоми наҷибонаи онҳо, аввалан расму ойин ва фарҳанги ниёгонамон барқарор шуда, сипас улуми мухталиф рушд намуда садҳо донишмандон ба камол расида, ба пешрафти илм хизмати шоён намуданд. Гарчанде ки дар он айём ҷомеа ба табақаҳои мухталиф ҷудо шуда, ҳама аҳли кишвар ҳуқуқи таҳсил кардан ва дониш андӯхтанро надошта бошанд ҳам, аммо аз табақаҳои сарватманд афроди зиёде илму дониш омӯхта, дар пешрафти ҳама гуна илмҳо, ба хусус илми тиб нақши бориз мебозанд ва маҳз, таъсири ҳамин маркази илмии гузаштагони мо буд, ки баъдтар халифаҳои араб аз мо пайравӣ намуда, дар шаҳри Бағдод маркази илмии худро кушоданд ва дар ифтитоҳи он низ нақши хатмкунандагони ҳамин маркази илмии тоҷикон назаррас буд.
Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ, унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ
Самандар МАҲМАДАМИНОВ, донишҷӯи факултети таърихи ДМТ