Ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) 23-уми ноябри соли 1930 ташкил ёфта, моҳи январи соли 1955 ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик номи Садриддин Айниро гирифтааст. Маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ деҳаи Варз (имрӯза Айнӣ), тақрибан аз асрҳои VII-VIII арзи вуҷуд дорад. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон, ки дар асрҳои X-XI сохта шудаанд, деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.

Ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ӯ (Деваштич) аз солҳои 708 – 722 дар вилояти Бутамони давлати Суғд – Панҷ шоҳигарӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷекат буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бошандагони ин сарзамини кӯҳан дорои таърихи бою маданияти баланд буданд. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хаттии суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар – Қалъаи Муғ (воқеъ дар кӯҳистони ноҳияи Айнӣ) ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд. Мо имрӯз ба шарофати ин дастхатҳои нодир дар бораи забону адабиёт, хатту савод, санъату маданияти баланд, доду гирифт, – хулоса таърихи мукаммали яке аз халқҳои калонтарини гузаштагони тоҷик – суғдҳо бо ифтихор сухан мегӯем.

Аз рӯи ахбори сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои X-XII Бутамон аз се қисм иборат буд: Бутамони аввал, миёна ва охир. Ба Бутамони аввал қаторкӯҳҳои Туркистон, ба миёна Зарафшон ва ба охир ё берунӣ- Ҳисор дохил мешуданд. Аз рӯи маълумоти ҷуғрофҳои асрҳои X-XII маълум мегардад, ки вилояти Бутамон гуфта ҳамаи кӯҳистони ҳавзаи рӯди Суғд (Зарафшон)-ро меномидаанд. Аз Кӯҳҳои Бутамон рӯдҳои Сурхондарё, Варзоб, Кофарниҳон ва баъзе шохаҳои Вахш ва Сир ҷорӣ мешаванд. Бутамон дар асрҳои VII-XII дар ҷанубу шарқ бо вилоятҳои Чағониён, Ахарун, Шуман, Вашгирд, дар ғарб бо Шаҳрисабз, Самарқанд ва Панҷекат ва дар шимол бо Истарафшану Аспара (Исфара) ҳамсарҳад будааст.

Муаллифи «Ҳудуд ал-Олам» менависад, ки дар «Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар, Фалғар (имрӯза ноҳияи Айнӣ) ва Дарёҷой (Искандаркӯл) андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин, дар «Ҳудуд ал-Олам» гуфта мешавад, ки «ба Дарёҷой 4 рӯди хурд дарафтанд (Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон) ва аз он рӯде (Зарафшон) берун ояд, ки аз замини Парғар (Фалғар) дар гузарад, ба Бунҷакату (Панҷекат) Самарқанд омада, ба Бухоро равад». Сарчашмаҳои таърихӣ далели онанд, ки дар болооби водии дарёи Зарафшон ҳанӯз аз асри I – III сар карда, деҳаҳои аҳолинишин арзи вуҷуд доштаанд. Олими юнонии асри I-и эраи мо чӣ тавр сарчашма гирифтани дарёи Зарафшонро хеле хуб тасвир кардааст: «Фазои калонеро (Суғд) бо дарёе обёрӣ карда мешавад, ки онро сокинони маҳаллӣ Политимет меноманд. Вай дар ибтидо бо маҷрои танг ҷорӣ шуда, баъд ба ғоре мерезад ва дар зери замин пинҳон мегардад». Ин тавсифот ба қисми поёнҷараёни дарёи Яғноб – Талоқи Марзич алоқаманд мебошад. Зеро дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна сарчашмаи асосии Зарафшонро на рӯди Масчо, балки Фон-Яғноб меҳисобиданд. Вале дар соли 1870 А. П. Федченко дар деҳаи Варзи Манор (имрӯза маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ) мушоҳида кард, ки дарёи Масчо ба дарёи Фон ҳамроҳ шуда, дарёи Зарафшонро ташкил медодааст. Муҳаққиқ ба хулосаи дуруст омад, ки саргаҳи Зарафшон Фон-Яғноб набуда, балки Масчо мебошад, зеро он дарозтар ва пуробтар мебошад. Олими юнонии асрҳои I-II эраи мо Аррион дар бораи дарёи Зарафшон навиштааст: «Искандари Мақдунӣ тамоми музофоти бо дарёи Политимет (Зарафшон) обёришавандаро гузаштааст. Бо вуҷуди он ки ин дарё сероб аст, вай дар регзор нобуд мешавад».

Географи асри IX-араб ибни Хурдодбеҳ Искандаркӯлро – Айн ва дарёе, ки аз он ҷорӣ мешавад – Ҷирк номидааст. Сайёҳи охирҳои асри IX- и араб ал-Яъқубӣ аз тилло бой будани реги дарёи Зарафшонро тавсиф намуда, менависад: «Дар ин дарё порчаҳои рехтаи тилло мавҷуд аст ва дар Хуросон чунин дарёе нест, ки аз он зиёдтар тилло дошта бошад».

Ба вилояти Бутамон рустоҳои; Яғноб, Мадрушкат (Масчо), Парғар, Киштут, Моғиён ва Фароб дохил мешуданд. Ин диёри пурфайзу хушобу ҳаво бо манзараи зебои табиат ва ёдгориҳои бостонии пурбаҳояш машҳури ҷаҳон мебошад. Харобаҳои кушки «Абаргар» (Қалъаи Муғ) ва боқимондаи қасри «Гардани Ҳисор», ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудаанд, нодиртарин ёдгориҳои бостонии халқи тоҷик мебошанд. Тадқиқотҳои бостонӣ дар хароботи Гардани Ҳисор нишон медиҳанд, ки ин ёдгорӣ яке аз марказҳои калонтарини иқтисодӣ ва сиёсии Бутамон дар асри VIII будааст. Қасри Гардани Ҳисор аз рӯи нақшаи худ яке аз шоҳасарҳои нодири санъати меъмории асри VIII-и таърихи халқи тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки  Гардани Ҳисор маркази Бутамон дар асрҳои VII – VIII будааст. Дар ин ҷо фармондори Деваштич менишаст. Қасри Мадм қароргоҳи Деваштич дар ин музофот мебошад.

Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кӯҳи Муғ, дар яке аз рустоҳои Бутамон – Паргар ёфт шудаанд, Бутамон тахминан аз солҳои 715 то 722, яъне дар охири давраи ҳукмронии Деваштич ба ҳайати давлати Панҷ дохил мешуд. Дар Бутамон фармондори шоҳ Деваштич меистод. Фармондор аз болои ҳамаи деҳаҳо ва рустоҳои Бутамон ҳукмронӣ мекард. Дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои бисёр рустоҳои Бутамон, ба монанди Мадрушкат (Мадчо), Парғар, Моғиён, Киштут ва деҳаҳои Марғузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировад, Искодар, Хушикат, Варз, Рарз, Испағн, Фатмев, Похут, Шаватк, Вешаб, Фатмовут, Дарғ, Марғ, Вардаккат, Курут, Саритоғ, Утоғар, Вишак ва ғайраҳо зикр ёфтаанд. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки баробари деҳаҳои номбаршуда, деҳаҳои Урметан, Дар-дар, Вешканд, Зосун, Вору ва ғайра низ дар асрҳои VII-VIII вуҷуд доштаанд. Аҷибаш он аст, ки ин деҳаҳо дар муддати 1300 сол ҷой ва номи худро дигар накардаанд.

Аввалин маълумоти хаттиро дар бораи Бутамон дар сарчашмаҳои суғдӣ ва арабии асри VIII-и мелодӣ пайдо менамоем. Масалан, муаррих ал-Билозарӣ дар асари худ «Футуҳ ал-Булдон» менависад, ки Бутамон дар замони ҳукмронии Язид ибни Муҳаллаб (солҳои 701-704) аз тарафи писари ӯ Мӯҳаллаб, фатҳ карда шуд. Лекин мардуми озодидӯсти ин диёри кӯҳӣ ба зудӣ арабҳоро зада пеш карда, расму оини худро аз нав барқарор намуданд. Вилояти Бутамон бори дуюм дар замони лашкаркаши номии араб Қутайба ибни Муслим аз тарафи Ҷаҳм ибни Заҳр дар солҳои 713-714 забт карда шуд. Арабҳо аз ин ҷанг бо ғаниматҳои зиёд ва махсусан бутҳои заррини бутамонӣ баргаштанд. Арабҳо дар ду бори истилои худ ин сарзаминро ба ғорат бурданд. Дар миёни онҳо бутҳои заррини аз ибодатхонаҳои Бутамон ғораткардаашон дар таърих хеле машҳур мебошанд. Бутҳои заррин, ҳайкалчаи гачини аз қалъаи деҳаи Кум ва чӯбҳои нимсӯхтаи пур аз нақшҳои нодири аз харобаи Гардани Ҳисор (Мадм) бадастомада, нишон медиҳанд, ки офарандагони онҳо устодони моҳиру гулдасти замони худ буданд. Чӯбҳои гулбурикардашудаи аз Гардани Ҳисор ёфтшуда, ба меҳроби машҳури Искодар, сарсутунҳои Урметан, Обурдону Курут шабоҳат доранд. Баъзе тадқиқотчиён тахмин менамуданд, ки нақшаҳои меҳроби Искодар, сутунҳои Обурдону Урметан маҳсули дасти устоҳои шаҳрҳои Самарқанд ва дигар марказҳои мадании Осиёи Миёна мебошад. Бозёфтҳои Гардани Ҳисор, Панҷакент ин фикрҳоро ба куллӣ рад менамоянд. Мо метавонем гӯем, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд дошт. Офарандагони ин шоҳасар – мардуми маҳаллӣ дар таърихи санъати тасвирӣ-наққошӣ ба монанди ҳамватану ҳамзамонашон Абуабдулло Рӯдакӣ бузург буданд.

Географ ал-Муқаддасӣ (с.985) аз 17 рустоқ (округ) иборат будани Истаравшанро (ба қавли Н.Неъматов (1957) дар давраҳои қадим саргаҳи водии Зарафшон ба сарзамини (мулки) Истаравшан дохил шуда, як қисми таркибии Суғдро ташкил мекард) қайд намуда, аз ҷумла рустоҳои Бургор (Фалғар, имрӯза ноҳияи Айнӣ), Масчо ва Буттамро ном мебарад, ки онҳо қисми саргаҳи водии Зарафшонро ташкил менамоянд.

Мувофиқи маълумотҳои ибни Ҳавқал (асри ХХ) дар саргаҳи Зарафшон ноҳияи кӯҳии Буттам ҷой гирифта, аз рустоҳои Масчо, Бургор ва Буттам (Фон-Яғноб) иборат аст. Аз ин тавсифот бармеояд, ки Буттам ҳам номи ноҳия ва ҳам русто будааст. Дар тасвири ал-Истахрӣ (с.933) ва ибни Ҳавқал (асри Х) ноҳияи Буттам аз кӯҳҳои баланд ва дастнорас иборат буда, дорои деҳаҳо ва қалъаҳои каснорас (Қалъаи Муғ, Гардани Ҳисор ва ғ.) мебошанд.

Дар кӯҳҳои Бутамон аз қадимулайём мис, оҳан, нуқра ва тилло истеҳсол мекарданд. Симоб ва навшодири бутамониро дар асрҳои миёна дар ҳамаи бозорҳои Ҳинду Чин, Турону Эрон, Мисру Ироқ ва Юнону Рим дидан мумкин буд. Дар китобҳои «Ҳудуд ал-Олам», «Сурат ал-Арз» ва «Масолик ва Мамолик» навишта шудааст, ки аз кӯҳҳои Бутамон тилло, нуқра, зоч, симоб ва навшодир ҳосил мекунанд. Шиносоии халқу давлатҳои кӯҳан ба табиату сарватҳои табиии Гава Суғд (Бутамон, музофоти Зарафшон) ҳанӯз аз аҳди қадим сурат гирифта буд. Дар аҳди қадим Кӯҳистони Зарафшон қисми калони мамлакати бостонии хушманзари Суғдро ташкил медод. Баъдан ин шиносои дар замони истилои Искандари Мақдунӣ (асри IV- и то милод), забткориҳои арабҳо (асрҳои VII-VIII милод) ва алалхусус дар замони ҳукмронии Сомониён густариш ёфта, водии Зарафшон ҳамчун истеҳсолкунандаи тилло, қалъагӣ, навшодир, симоб, сангҳои гаронмоя ва ғайра шӯҳрати калон пайдо намуда буд.

Дар солномаи асримиёнагии географи Чиннистон Ли-ян-шоу-Бейши (Таърихи шимол с.435-милод) хабар дода шудааст, ки дар болооби Зарафшон тилло, оҳан, ва санги сулаймонӣ (оникс) истихроҷ мекунанд, боғу токпарварӣ, парвариши зироатҳои полизӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтааст. Дар китоби муқаддаси зардуштимазҳабон – Авасто доир ба об, хок, наботот, олами ҳайвонот, зироатпарварӣ, коркарди замин, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз Гава Суғд (Кӯҳистони Зарафшон) маълумотҳои ихчам, вале ҷолиб фароҳам омадааст. Дар Авасто ҳосилхез кардани замин, барҳам додани ботлоқзорҳо ва обшор намудани заминҳои беҳосилро аз ибодат афзалтар шуморидааст. Шояд ҳамин андарзи китоби муқаддас боиси он гардид, ки Кӯҳистониён порчаҳои хурди заминро бо машаққати зиёд ободу хуррам гардонида, ба наслҳои оянда ба меросӣ доданд. Дар асарҳои ал-Истахрӣ ва ибни Ҳавқал омадааст, ки дар Буттам дарахтони мевадиҳанда хеле бисёранд. Буттам аз сабзавот ва кабудӣ бой аст, дар он марғзорҳо ва чарогоҳҳо фаровон буда, ҳайвонотро дар фаслҳои гуногуни сол мечаронанд.

Баъди шӯриши соли 722 ва пароканда шудани давлати Панҷ Бутамон вилояти мустақил мешавад ва дар асри IX дар он маликае бо номи Зул-нона фармонфармоӣ мекард. Дар асри Х Бутамон якҷоя бо Истарафшан ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад.

Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахборҳо вонамехӯранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кӯҳистон ва рӯди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.

5-уми майи соли 1867 Самарқанд ба Русия тобеъ гардид. 11-уми июли соли 1867 дар ҳайати империяи Русия Генерал-губернатории Туркистон таъсис ёфт ва дар ҳайати ин Генерал-губернаторӣ бо маркази Самарқанд Округи Зарафшон ташкил шуд. Ин замон бекигариҳои болооби Зарафшон – Киштут, Моғиён, Фалғар, Фон ва Мастчоҳ, ки замоне тобеияти Самарқанду Бухоро мекарданд, ба миригариҳои ниммустақиле табдил ёфтанд. Баҳори соли 1870 Панҷакант ба тобеияти Русия гузашт. Ба мақсади тобеъ кардани Кӯҳистон 25-уми апрели соли 1870 бо сарварии сардори округи Зарафшон генерал-майёр А.К. Абрамов ба мақсади ба округи худ ва ба ин васила ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани Кӯҳистон юриш оғоз мешавад. Ва худи ҳамон сол ноҳияи Айнӣ дар қатори Панҷакенту Самарқанд ба ҳайати Русия дароварда мешавад.

Ноябри соли 1917-1918 дар қаламрави имрӯза Тоҷикистони шимолӣ (дар ҳудуди он ноҳияи Айнӣ) русҳо Ҳокимияти Шӯравӣ барпо намуданд.

14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.

16-уми октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон мубаддал гардид.

9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here