Дар бораи солҳои махуфи 1937-1938 дар сарнавишти мардуми собиқ шӯравӣ ва тоҷик, бахусус рӯшанфикрони тоҷик, ҳарчанд бисёр навишта шудааст, аммо он ҳанӯз ба як тадқиқи ҷиддии беғаразона ва ошкорои илмӣ ниёз дорад. Ҳанӯз дари бойгониҳои ҳизбӣ ва мақомоти қудратӣ барои дақиқ ва ба беғараз мавриди баррасӣ қарор додани омилу сабабгорони воқеии террори он солҳо боз нашудаанд. Аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда, то ҳоло корҳое дар ин мавзӯъ анҷом дода шудааст. Чи аз тарафи таърихнигорону сиёсиюн ва чи адибону пажӯҳишгарони таърихи адабиёт мақолаву гузоришҳои зиёд чоп гардид, ёддошту хотирот ва ҳуҷҷату далолили бисёре манзури хонандагон карда шуд. Дар ин ҷараён номаҳои адибон низ аз ҳуҷҷатҳои муҳим ба шумор меояд, зеро маҳз онҳо аз ҳолу ҳавои он даврон, на танҳо маълумоти дақиқ медиҳанд, балки аз тазйиқи гарони рӯҳию равонии муаллифонашон низ гувоҳ мебошанд. Дар ин маврид дар бораи устод Айнӣ ва сарнавишти талху риққатбори ӯ бисёр навишта шудааст. Аммо, дар ҳар маврид, агар дар ин мавзӯъ чизи тозае, ки ба даст ояд, албатта, барои равшан кардани ҷузъиёти он айём кӯмак хоҳад намуд, балки баъзе фикру андешаҳоро дақиқ ва тасаввуроти нодурусту тахминиро ислоҳ хоҳад кард. Ин ҳам барои худи он афрод ва барои дар сарнавишти онҳо чӣ нақше бозидани вазъи нобасомону беадолатҳои замон бисёр муҳим мебошад. Зеро ҳатто дар миёни пажӯҳишгарон низ афроди ноогоҳ дар ин мавзӯъ, ашхоси ба матбуоти он даврон ноошно ва аз ҳолу ҳавои давру замон бехабар ҳастанд, ки айби сиёҳкориро на ба замон ва ашхоси воқеан бадхоҳу кинагир, балки ба сари афроди алоҳида, бисёр маврид бо пешдоварӣ дар асоси ёддоштҳои зеҳнӣ, на бар асоси ҳуҷҷатҳои дақиқ муайян карданӣ мешаванд ва ба сурати додситон ҳукму маҳкум менамоянд. Номаҳои адибон дар ин мавзӯъ, ҳарчанд ки он низ аз зеҳнгароӣ холӣ нест, аммо далели боэътимоде буда метавонад. Бино бар ин, ҳар ҳуҷҷати тоза дар ин ҷараён бисёр муҳим мебошад.

Инак, як номаи устод Айниро, ки дар ду гуна (вариант) ба даст овардем, манзури хонандагони муҳтарам менамоем. Пешопеш мегӯем, ки ин номаҳо бо ду ҳуруф (бо ҳуруфи форсӣ, ки дастхати худи устод аст ва ҳуруфи кириллӣ, ки чопи монишканависшуда мебошад) мавҷуданд ва дар ҳар ду гуна каму беш аз ҳам фарқ мекунанд. Умед аст, ки хонандагони муҳтарам дар муқоисаи ин ду гуна, ки пешниҳодашон мешавад, тафовутҳоро тамйиз дода, сабаби такмилу таҳсеҳҳои воридомадаро пай мебаранд. Сабаби асосӣ, ба фикри мо, ин аст, ки гунаи кириллӣ, ки бояд ба дасти Протопопов, сарвари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мерасид, ба далелҳои тоза такмил шуда, сабкаш ҳам як андоза тасҳеҳ шудааст.

Ҳамин тавр, чунонки гуфта омад, нома ба сарвари аввали Тоҷикистон Протопопов навишта шудааст ва аз ҳамин ҷо ҳам муҳим будани он фаҳмост. Дар он масъалаҳо дар иртибот ба зиндагиву сарнавишт ва кору эҷоди минбаъдаи Айнӣ дар Тоҷикистон ба миён гузошта мешавад. Аввалан, маълум мешавад, ки агарчанде то охири соли 1937 масъалаи бегуноҳии устод дар Узбекистон ҳал шуда буд, вале дар доираҳои расмии Тоҷикистон ин масъала мубҳаму номуайяниҳо доштааст. Бино бар ин, дар Тоҷикистон бо супориши баъзе шахсони расмӣ, ҳатто ғайрирасмӣ, масалан, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» Шарипов, гӯиё бо такя ба дастури боло мақолаи супоришии зоҳиран сиёсии устод дар бораи қарори ҳизб оид ба азнавсозии ташкилотҳои адабию бадеии соли 1932, аз чоп боздошта мешавад. Ҳамчунин чопи асарҳои вай ва ҳам дар хрестоматияҳо ҷой додани онҳо бо сабабҳои ғайрирасмӣ мамнуъ шуда будааст. Маълум мешавад, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон Айниро барои дар муддати таъиншуда иҷро накардани таълифи «Луғат» (шояд ҳамон «Луғати нимтафсилии забони тоҷикӣ»-ст) ба маҳкама кашидааст. Устод Айнӣ маҷбур мешавад, ки сабаби ин ҳама бадбинӣ ва муносибати сардро ба худаш ба сарвари ҳизби ҷумҳурӣ шарҳ диҳад. Бисёр муҳим аст, ки устод сабабҳои чи дар Узбакистон ва чи дар Тоҷикистон бо номи «душмани халқ» бадном карда шуданашро низ тавзеҳ медиҳад, ки ба дар ин маврид ба тахмину душманҷӯиҳои беасос баъзе бародарон ҷой намемонад. Дар маҷмӯъ, номаҳо барои рӯшан кардану дақиқ намудани як саҳфаи зиндагӣ ва чанд масъалаву мушкилоти рӯзгори устод кӯмак хоҳанд намуд.

Инак, мо бо тартиб, аввал номаи устод Садриддин Айнӣ ва баъд гунаи таҳрирхӯрдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

Муҳтарам рафиқ Прототопов!

Дар моҳи марти ҳамин сол яке аз коркунони журнали «Шарқи сурх» ба ман барои журноли мазкур мақола фармуд. Ман дар мавзӯи қарори таърихии соли 1932 дар бораи санъат ва адабиёт баровардаи СеКа ВКП(б) мақола навишта фиристодам.

Аммо дар ҳамин рӯзҳо он коркуни журнол ба ман навишт, ки ба дарҷ кардани он мақола муҳаррири газетаи «Тоҷикистони сурх» рафиқ Шарипуф, ки айни замон муҳаррири журноли «Шарқи сурх» ҳам ӯст, ба дарҷ кардани мақола рухсат надодааст ва ба ин сабаб нишон додааст, ки гӯиё як нафар аз коркунони СеКа ба вай гуфта бошад, ки дарҷ накун.

Инчунин, аз яке коркунони нашриёт шунидам, ки нашриёт ҳам чоп кардани асарҳои маро ва ба Хрестоматияҳо даровардани порчаҳои асарҳои маро ба кадом сабаби номаълум аз чоп нигоҳ дошта истода будааст.

Ба ҳамин муносибат бояд инро ҳам арз кунам, ки дар 29-ми ноябри соли 1937 дар нумраи 274 (2770)-и газетаи «Тоҷикистони сурх» бо имзои Очилдиев ва Ҷалилов як мақола баромада буд. Мавзӯи асосии мақола тарҷима ва таҳрири Конститутияи РСС Тоҷикистон буд, ки ба ман ҳеҷ дахл надошт. Бо вуҷуди ин нависандаи мақола дар як ҷои мақолааш бе ҳеҷ асос ва бе ҳеҷ муносибат маро «миллатчии буржуазӣ» гуфта навишта буд.

Ин масъала ҳам то ба ҳол яктарафа нашуда истодааст. Ман гумон мекунам аҷаб нест, ки дар хусуси бо роҳҳои номаълум нигоҳ дошта истодани чопи асарҳои ман ҳамин масъала ҳам дахлдор бошад.

Албатта, чоп шудан ё чоп нашудани як мақола на барои ман ва на барои дигарон аҳаммият надорад, аммо аз он ҷо ки ба чоп накардани он як навъ дар бадномӣ нигаҳ доштани маро мехоҳанд, масъала аҳаммият пайдо мекунад.

Ман ба воситаи щахси Шумо аз СеКа-и Тоҷикистон илтимос мекунам, ки бо ягон таълимот масъалаи маро муайян мекардед, сабаби хотирҷамъона давом кардани ман ба кор мегардид.

Боз як масъалаи дигар: бояд ба ишорати Шумо бошад, ки ТоҷГиз кори судии дар ҳаққи ман кушодаашро хобонд ва кори луғатро давом кунонида, то сари июли 1938 тамом карданамро ба ман фармуд. Ман кӯшиш карда истодаам, ки то муҳлати мазкур корро тамом кунам. Аммо ТоҷГиз 4274-11 суми маро, ки бо ҳисобии 14-и майи соли 1937 аз ман, аз ваҷҳи корҳои дигари ман қарздор мондааст, намефиристонад. Ман маҷбурам, ки танҳо бо пенсия зиндагонӣ кунам, ба болои хароҷоти рӯзгор, хароҷоти мошин ҳам ҳаст.

Агар кори ман, чунонки дар Ӯзбакистон шуд, дар Тоҷикистон ҳам яктарафа мешуд, ТоҷГиз ҳам ба ман ингуна муомила намекард.

Барои маълумот як нусха аз копияи қарори Узголовлит ва як нусха ҳам аз газетаи «Ленин йули», ки нодуруст будани чизҳои дар ҳаққи ман навиштаашро бо мақолаи редаксионӣ эълон кард, ҳамроҳи ин хат фиристодам.

Бо салом ва эҳтиром: Айнӣ

(Сана надорад)

Нусхаи дувуми нома:

Муҳтарам рафиқ Прототопов!

Дар моҳи марти ҳамин сол як нафар аз коркунони журнали «Шарқи сурх», ки дар Сталинобод нашр мешавад, ба ман хат карда, барои журнали мазкур ягон мақола навиштанамро хоҳиш кард. Ман дар мавзӯи қарори таърихие, ки ЦК КПСС соли 1932 феврал дар бораи санъат ва адабиёт бароварда буд, мақола навишта фиристодам.

Аммо дар ҳамин рӯзҳо он коркуни журнал ба ман навишт, ки ба дарҷ кардани он мақола муҳаррири газетаи «Тоҷикистони сурх» рафиқ Шарипов, ки айни замон муҳаррири журнали мазкур ҳам ӯст, рухсат надодааст ва ба ин сабаб карда, ҳаминро нишон додааст, ки гӯиё яке аз коркунони ЦК-и Тоҷикистон ба вай гуфта бошад, ки дарҷ накун.

Инчунин аз яке коркунони нашриёт шунидам, ки ТоҷГиз баъд аз ба чоп тайёр кардани асарҳои ман ва ба Хрестоматияҳо даровардани порчаҳои асарҳои ман ба кадом сабаби номаълум, дубора онҳоро аз чоп нигоҳ доштааст.

Ба ҳамин муносибат мехоҳам ҳаминро ҳам арз кунам, ки 29-ми ноябри соли 1937 дар шумори 274 (2770)-и газетаи «Тоҷикистони сурх» (дар ҳамон рӯзҳо дар газетаи «Коммунист Таджикистана» ҳам) бо имзои Очилдиев ва Ҷалилов як мақола баромада буд. Мавзӯи асосии мақола тарҷима ва таҳрири Конститутияи РСС Тоҷикистон буд, ки ба ман ҳеч дахл надошт. Бо вуҷуди ин нависандаи мақола дар як ҷои мақолааш бе ҳеч асос ва бе ҳеч муносибат маро «миллатчии буржуазӣ» гуфта ном бурда буд.

Ин масъала ҳам то ба ҳол яктарафа нашудааст. Ман гумон мекунам аҷаб нест, ки дар хусуси бо роҳҳои номаълум нигоҳ дошта истодани чопи асарҳоям ва ба надаровардани мақолаам дар журнал, ҳамин масъала ҳам дахлдор бошад.

Албатта, чоп шудан ё чоп нашудани як мақола на барои ман ва на барои дигарон аҳаммият надорад ва аммо аз он ҷо, ки ба чоп накардани он як навъ бӯйи маро беобрӯ кардан ва дар бадномӣ нигаҳдоштан ҳаст, масъала аҳаммият пайдо мекунад.

Ман ба воситаи шахси Шумо аз ЦК-и Тоҷикистон илтимос мекардам, ки бо ягон таълимот масъалаи ман муайян ва яктарафа карда мешуд, сабаби хотирҷамъона ба кори адабӣ давом кардани ман мегардид.

Боз як масъалаи дигар ҳаст, ки он ҳам ба масъалаи дар боло гуфташуда бедахл нест.

Шояд ба ишорати Шумо бошад, ки ТоҷГиз кори судии дар ҳаққи ман кушодаашро хобонд. Договорро дубора ба амал дароварда, ба ман фармуд, ки то сари ҳамин сол кори луғатро тамом кунам. Ман ҳамаи корҳои дигарамро хобонда ба болои ҳамин кори ТоҷГиз кор карда истодаам ва умедворам, ки то сари муҳлат тамом кунам.

Аммо ТоҷГиз 4274-11 суми маро, ки бо ҳисобии 14-и майи соли 1937 аз ман, аз ваҷҳи корҳои дигарам қарздор мондааст, намефиристад. Ман маҷбурам, ки танҳо бо пенсия зиндагонӣ кунам, ба болои хароҷоти рӯзгор, хароҷоти мошин ҳам ҳаст, ки хеле вазнин аст.

Агар кори ман, чунонки дар Ӯзбекистон шуд, дар Тоҷикистон ҳам яктарафа мешуд, ТоҷГиз ҳам ба ман ингуна муомила намекард ва бо додани ҳаққи корам маро дар сахтӣ нигоҳ намедошт.

Барои як нусха маълумот аз копияи қарори Узголовлит ва як нусха аз газетаи «Ленин йули», ки дар соли гузашта, ҳуҷум ба манро редактори собиқи ӯ – душмани фошшудаи халқ – Закӣ Сатторов дар ҳамин газета ташкил карда буд ва ҳоло ин газета дар ҳамин номерааш нодуруст будани он ҳуҷумҳои ба ман кардаашро дар як мақолаи редаксионӣ эълон кардаст, бо ин мактуб фиристодам.

Бо салом ва эҳтиром: Айнӣ,

29-ми ноябри соли 1937.

Таҳияи Абдухолиқ Набавӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь