Таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик пур аз ҳаводисҳои рангин ва ибратбахш буда, кору пайкори онҳо, ки аз бунёдкориву созандагӣ ва ободон намудани диёри аҷдодии хеш аст, мояи ифтихороти ҷомеаи башар мебошад. Тоҷикон дар дарозои таърих ва масири пур аз шебу фарози таърих бо хислатҳои наҷибона, ақлу заковати дурбинона ва донишу хиради азалии хеш мароми созандагиро пеша намуда, давлату империяҳо ташкил намудаанд ва гоҳҳо низ, бо амри тақдир ва ноадолатиҳои таърих ба шикастҳо дучор шуда, аз шукуҳу шаҳомат ва давлатдориҳои худ маҳрум гаштаанд. Вале дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ бо донишу заковат ва ақлу хиради хеш пешсафиро ихтиёр намуда, ҳатто ғолибонро мутеи худ сохта, ҳамеша ҷилави ҳокимиятро дар дасти худ мегирифтанд.

Бояд гуфт, ки бо заволи давлати пуриқтидори Сосониён дар таърихи тоҷикон марҳилаи наве оғоз гардида, дар ин росто, сарзамини Эронзамин аз ҷониби арабҳо ишғол гардида, муддати муайяне тоҷикон аз ҳокимият маҳрум гаштанд. Бо гузашти андаке арабҳо, ки тарзи давлатдориро хуб намедонистанд ва ҳамзамон дар қисматҳоти шарқии хилофат шуру ошубҳо мунтазам рух медод, маҷбур шуданд, ки аз тоҷикон дар корҳои давлатдорӣ истифода намуда, аз донишу заковати онҳо баҳра гиранд. Гарчанде ки Умавиён кушиш ба харҷ доданд, ки дар идораи давлат аз ғайриарабон истифода набаранд, аммо муддати тӯлоние ҳукумат накарда, маҳз тавассути тоҷикон бо сарварии Абумуслим сарнагун шуда, Аббосиён ба қудрати сиёсӣ расиданд. Тоҷикон, ки таҷрибаи хуби давлатдорӣ доштанд, бо истеъдоди худодӣ ва ақлу заковати нотакрорашон ҷилавӣ ҳокимиятро зуд ба даст гирифта, ғолибонро идора мекардагӣ шуданд. Ҳамакнун, дар ин давра ҳузури чашмгири эрониён-тоҷикон дар идороти хилофат ба назар расида, нуфузи тоҷикону хонадонҳои маҳалии тоҷикӣ дар идораи хилофат афзун ва ниҳоят барҷаста гардида, то он ҷое, ки тамоми сохторҳои асосии идораи давлатро онон ба дасти хеш мегиранд.

Хонадони Бармакиён яке аз хонадонҳои машҳуру сернуфузтарини тоҷикӣ буда, муддати беш аз панҷоҳ сол дар идораи Хилофати Аббосиён ба авҷи қудрат ва шукуҳу шаҳомат расида, дар идораи хилофат нақши бузург бозиданд, ки ин давронро метавон асри тиллоии Аббосиён номид. Дар мариди пайдоиши номи ин хонадон миёни муаррихон ихтилофи назар мавҷуд аст ва қисме аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки номи Бармакиён аз номи маҳали зист –деҳаи Бармак, воқеъ дар Балх гирифта шудааст. Қисмати дигар бошад, андеша доранд, ки номи онҳо аз номи вазифаашон, ки саркоҳини маъбади Навбаҳор буданд ва ин шуғл бармак номида мешуд, баргирифта шуда бошад. Андешаи дигаре низ ҷой дорад, ки шояд саравлоди ин хонадон Бармак ном дошт ва минбаъд номи хонадон аз ӯ гирифта шуда аст. Аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда намояндагони ин хонавода аз ҷумлаи шахсони маърифатпарвару донишманд ба шумор рафта, дар замони Умавиён исломро мепазиранд ва баъдан аз худ шуҷоату далери нишон дода, бо ҳамроҳии Абумуслим дар лашкаркашиҳо иштирок меварзанд ва барои ба қудрат расидани Аббосиён хизмати шойистае анҷом медиҳанд. Ҳамин омил боис мегардад, ки онҳо дар дастгоҳи хилофати Аббосӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи муносибе касб мекунанд ва ба қавли Ҷаҳшиёрӣ “Холид ибни Бармак нахустин фарди ин хонадон буд, ки ба дарбори аббосӣ роҳ ёфт ва фармондеҳи бахше аз сипоҳи Абумуслимро ба ӯҳда гирифта ба иллати тавонмандии молӣ ва идорӣ ва бартарии ақлӣ назари Саффоҳро ба худ ҷалб кард ва халифа масъулияти девони хироҷ ва сипоҳро ба вай вогузор кард”.

Бояд қайд намуд, ки Холиди Бармакӣ аз нахустин афроди хонадони Бармакиён буд, ки ба дарбори Аббосиён роҳ ёфта, бо ақлу дониш, хислатҳои ҳамидаӣ инсонӣ, фурутанию раъиятпарварӣ, инсондӯстӣ ва маърифатнокии худ диққати халифаҳои Аббосиро ба худ ҷалб намуда, ибтидо сардори девони лашкару хироҷ ва пасон ҳокими як қатор вилоятҳои Хилофат гардида, қадру манзалати ва ҷойгоҳи бузургро ба даст меорад. Муҳаммад Абдуразоқ Конпурӣ дар китоби худ аз бузургии Холид навишта, зикр мекунад, ки “Холид дар ҳукуматҳои худ бо адл ва дод бо мардум рафтор мекард, шикоётро мавриди расидагӣ қарор медод ва намегузошт, ки ҳаққи касе поймол гардад”. Дар воқеъ, Холид, ки тамоми фазилатҳои инсониро доро буд, дар минтақаҳое, ки зимоми ҳокимият ба ӯ супурда шуда буд, одилона ҳукумат намуда, барои пешрафту нумӯи он минтақаҳо саъю кушиш ва талошу тадбир меандешид ва маҳз ҳамин сифатҳои ӯ буд, ки Ҷаҳшиёрӣ навиштааст, ки “…тамоми мардуми Хуросон Холидро дӯст медоштанд ва камтарин касе буд, ки аз хони неъмати ӯ бархӯрдор нагардида…” бошад.

Дар ин айёме, ки Холид дар вазифаҳои муҳими давлатӣ масъул буд, фарзанди ӯЯҳё низ, ки аз ҷумлаи шахсони соҳибмаърифат ва донишманд ба шумор мерафт, аз ҷониби халифа Маҳдӣ сарпарастии тарбияи валиаҳд Ҳорунаррашидро бар дӯш гирифта, ҳамзамон девони рисолатро ба ӯҳда дошт. Пас аз оне, ки Ҳорунаррашид ба сари ҳокимият меояд, ҷойгоҳ ва нуфузи хонадони Бармакиён боз ҳам афзун мегардад, зеро дар баробари он ки Яҳё дар тарбияи Ҳорун нақши арзишманде дошт, ҳамсари ӯ ба Ҳорунаррашид шир додааст ва ин амр боис бар он мешавад, ки миёни фарзандони Яҳёву Халифа қаробату наздикӣ пайдо шавад. Ҳорунаррашид ҳатто Яҳёро “падар” мехонд. Бо вазир шудани Яҳё, ки дар фазлу хирад, илму дониш, заковату каромат, мардумдорӣ ва додгусастарӣ шуҳрат дошт, обрӯи Хилофати Аббосиён низ афзун мешавад. Бо тадбирҳои андешидаи ӯ ва фарзандонаш даромади Хилофат афзун шуда, шаҳрҳо пешрафту тараққӣ мекунанд ва тиҷорат низ густариш ёфта, ҳамзамон илму фарҳанг густариш ёфта, дар баробари ин сунату ойинҳои қадима ва расму русуми эрониён-тоҷикон эҳё мегардад.

Бояд гуфт, ки Яҳё ҷилави ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, тамоми корҳои муҳимро ба фарзандон ва наздикони худ месупорад, то он ҷое, ки донишманди араб Ибни Халдун навиштаст, ки “тамоми машоғили муҳим дар дасти хешовандон ва дастпарвардагони Яҳё қарор дошт, б тавре ки ҳамеша бармакиён муътабартарин машоғили лашкарӣ ва кишвари дарбори Аббосиёнро ба ӯҳда доштанд ва ҳар касро, ки аз онон набуд аз кор дур медоштанд. Бузургон барои онон ҳадяҳое мефиристоданд ва эҳтиромоте маъмул медоштанд, ки бештар аз эҳтиромоте буд, ки барои халифа менамуданд… ва онон чунон сарвати дастгоҳи хилофатро дар ихтиёр гирифта буданд, ки халифа ҳам барои гузарони умури худ, ночор буд даст ба сӯйи онон дароз кунанд”. Дар воқеъ, Бармакиён идораи Хилофатро ба дасти хеш гирифта, тамоми умури идории онро назорат мебурданд, аммо ҳақиқатан ҳам барои пешрафти Хилофат нақши бориз гузоштанд, ки ҳатто арабҳо низ аз фарохдастии онҳо бенасиб намемонданд ва беҳуда нест, ки шоир ва арбоби Олмон Гёте дар ҳаққи ин хонандон чунин суханони бузургеро арзони доштааст: “давроне, ки Бармакиён дар Бағдод аз эътибор ва нуфузи зиёд бархӯрдор буданд, ҳамеша аз дурахшонтарин давраҳои салтанати Аббосӣ шинохта мешавад… Бармакиён баҳравар аз илму дониш ва адаб чароғи маърифатро фурӯзон нигаҳ …дошта… бар асари ҷавонмардӣ, муддабирӣ ва сиёсатмадории хеш мӯҷиби равнақи илму адаб ва салтанати Аббосӣ гардиданд”.

Яҳёи Бармакӣ дорои чаҳор писар бо номҳои Фазл, Ҷаъфар, Мусо ва Муҳаммад буд, ки  ҳар яке дорои илму дониш ва маърифати бузурге буда, ҳамчун шахсони донишманду соҳибмаърифат аз худ ном баоварда, шуҳрату шаҳомати хонводаро боз ҳам афзун намуданд. Дар ин росто, аз миёни ин чаҳор фарзанд Фазл ва Ҷаъфар вижагиҳои ба худ хосеро доро буданд ва ҳамин буд, ки яке паси дигаре ба маснади вазорат нишаста, барои пешрафти Хилоати Аббосиён ва ободон намудани қаламрави он, хусусан ватани аҷдодии хеш Хуросону Мовароуннаҳр хизмати барҷастае намуданд. Фазли Бармакӣ ибтидо ду сол вазифаи вазириро иҷро намуда, пасон ба волигии Эрони Ғарбӣ ва баъдан ҳокими Хуросон таъин мешавад. Бо расидан ба ин маснад, Фазл барои пешрафту тараққиёт ва махсусан ободу зебо намудани диёри аҷдодии хеш кушишу тадбир ва як қатор чораҳо андешида, роҳҳу пулҳо бунёд намуда, дар байни мардум обрӯ ва эҳтироми хосро соҳиб мешавад, то он ҷое ки шуҳрати ӯ афзун мешавад, ки ба қавли донишманди Афғонистон Моили Ҳиравӣ “…чиҳил ҳазор тифли навзодро аз Хуросон “Фазл” номгузорӣ намуданд”. Тбқи маълумотҳо, Фазл аз ҳисоби тоҷикон артиши бузурге ташкил менамояд, ки халифа Ҳорунаррашидро ба тарсу ваҳм меорад.

Ҷаъфари Бармакӣ низ бо ақлу дониш, хирадпешшагӣ ва хислатҳои наҷибонаи худ дар назди Ҳоунаррашид ҷойгоҳи махсусро касб намуда, ба маснади вазирӣ менишинад ва дар идораи хилофати Аббосиён нақши арзишманде аз худ мегузорад. Дар воқеъ, “дар миёни вазирони давраи Аббосӣ камтар вазире аз ҳайси тадбир ва доноӣ… сиёсатмадорӣ ва фазоили ахлоқӣ ба пояи Яҳё ва Ҷаъфари бармакӣ расидааст. Ӯ (Ҷаъфар – С.М.) ҳарчанд дар кушодадастӣ ба пояи Фазл бародари бузургтараш намерасад, вале Ҳотами Тойи асри худ буд” (М.А.Конпурӣ, Бармакиён Яҳё, Фазл, Ҷаъфар ё дурнамое аз асри тиллоии Ислом ва дастгоҳи хулафои Аббосӣ, Теҳрон, 1330, С. -230).

Бояд қайд намуд, ки аз нуфузи рузафзун ва мақому мартабаи ин хонадони тоҷик баъзе аз ҷоҳталабон ҳасад бурда, дар назди халифа бадгӯйиҳоро шурӯъ намуданд ва дар воқеъ, худи Ҳорунарашид аз қудрати онҳо ба ваҳм афтода, пайи нобуд кардани ин хонадони маърифатноки тоҷик афтоданд. Дар соли 803 бо амри ӯ Ҷаъфар ба қатл расонида шуда, дигар намояндагони ин хонадон ба зиндон партофта шуданд ва қисми зиёд дар он ҷо вафот намуданд. Доир ба сабаби ба ин амал даст задани Ҳорунаррашидро қисме дар никоҳи Аббоса хоҳари Ҳорунаррашид бо Ҷаъфару соҳиби тифл шудани онҳо медонанд, аммо инро аксари муаррихон рад намуда, аслан нуфузи зиёди ин хонадонро дар идораи хилофат ва тарси Халифа аз маҳрум шудани худ аз ҳокимият, медонанд. Бо суқути Бармакиён, ба қавли Масъудӣ “хилофати Аббосӣ рӯ ба заъф ниҳод ва ҳама дарёфтанд, ки идораи умур тавассути Ҳорун чи қадар ноқис ва ҳукумати ӯ то чи поя фосид аст”.

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки даврони вазорати Бармакиён замони рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Албатта, бо чанд андешаи кутоҳ наметавон тамоми хизматҳову корномаиҳои хонадони Бармакиёнро баён дошт, аммо метавон гуфт, ки ҳақиқатан ҳам замони Бармакиён асри тиллоии Хилофати Аббосиён маҳсуб меёбад. Дар воқеъ, Бармакиён, ки аксаран шахсони донишманду соҳибхирад ва соҳибмаърифат буданд, бо ақлу заковати хеш тавонистанд идораи Хилофатро ба даст гирифта, барои ба авҷи қудрат расидани давлат ислоҳотҳо гузаронанд ва ҳамвора барои ободон намудани кишвар талош варзанд. Ин хизматҳои хонадони тоҷикии Бармакиён дар сафҳаҳоти таърих бо оби заррин дарҷ шуда, мояи ифтихороти мо тоҷикон мебошад.

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ, унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ,

Самандар МАҲМАДАМИНОВ, донишҷӯи факултети таърихи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь