Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистони соли 1961 – ум мо, як гурӯҳ шарикдарсон, дар ҷӯи деҳаи Комсомоли ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) баъди оббозӣ дар болои қуми гарм ғелида, роҳат мекардем. Ин дам ҳамсинфамон Табаралӣ ба наздамон давида омад:

– Ба хонаи Ғуломрасули шарикдарсамон нависанда Сотим Улуғзода омадааст. Бо падараш бобои Абдукарим суҳбат дорад.

Мо, хонандагони синфҳои болоӣ, ин нависандаи маъруфро аз рӯи асарҳояш – романи «Навобод» ва повести «Субҳи ҷавонии мо» медонистем. Баробари шунидани ин хабар гӯё забон як карда бошем, қийю чувкунон либосҳоямонро шитобон пӯшида, ҷониби манзили мурод давидем. Ба ҳавлӣ даромада, тарбузи умед аз бағаламон афтид. Меҳмон кайҳо аз хонаи бобои Абдукарим рафта будааст. Ба пешвозамон бо чеҳраи шукуфон Абдураҳмон, набераи дӯстдоштаи бобои Абдукарим, баромад.

– Ман дар назди магазин истода будам, – бо шавқ ба қисса оғоз кард Абдураҳмон. – Ҳамин вақт дар рӯ ба рӯям мошини боркаше омада истоду аз он марди солори қоматбаланде дастовез дар даст фаромада ба ман гуфт:

– Писарам! Ман бояд бо амаки Абдукарим вохӯрам.

– Он кас бобои ман мешавад, – зуд ҷавоб гардондам.

– Тасодуфро бинед, – хушҳол шуд мусофир. – Корам омад кард. Ин тавр ки бошад роҳбалади ман мешавед.

– Хуб шудаст, – гуфтам.

Бобоям меҳмонро хушҳолона пешвоз гирифта, баъди салому алайк болои курпачаи наву нарм шинонд ва ба муносибати қадам ташриф оварданаш даст ба дуо бардошт. Баъди ҳолпурсии самимона меҳмон дастовезаш – як либос тик, тоқии чустӣ, миёнбанд ва як ҷуфт калушро назди бобоям гузошта, худро муаррифӣ намуд:

– Ман, нависанда Сотим Улуғзода ҳастам.

Бобоям бо шунидани номи меҳмон бо тааҷҷуб изҳори норозигӣ кард, ки чӣ тавр роҳбарони ноҳияву хоҷагӣ чунин як нависандаи маъруфро сазовор пешвоз нагирифта, бе роҳбалад гузоштаанд.

– Амаки Абдукарим, – хушҳолона посух гардонд адиби шинохта, – дар айни долу зарби кор калоншавандаҳоро ташвиш додан нахостам. Аслан орзуи навиштани роман дар бораи Восеъ маро ба назди шумо овард. Агар Иттифоқи нависандагон ба сафари эҷодӣ мефиристод, он гоҳ маҷбур будам, ба роҳбарони ноҳия аз омаданам хабар диҳам.

Ҷавоби меҳмон бобоямро қонеъ гардонд.

– Амаки Абдукарим! – гуфт меҳмон. – Ҳангоми сафарҳоям ба гушаҳои Сари Хосор, Ховалинг, Балҷувон ва Кангурт шоҳидони ҳол маро бовар кунонданд, ки шумо яке аз иштирокчиёни фаъоли шӯриши Восеъ будаед. Саргузашти шумо як ҷузъи муҳими романи ман мешавад.

– Корномаи Восеъ ба мо, мардуми заҳматкаш, рӯҳи тавоно ва нерӯи тозае мебахшид. Шӯришгарон ва шоҳидони бевоситаи он ҳодисаи таърихӣ аз далерию матонати Восеъ ва ёронаш қиссаву ривоятҳои тоза эҷод  мекарданд. Қисми зиёди мардуми Балҷувону Кангурт, Ховалингу Сари Хосор ва даҳҳо деҳоти бекигарӣ фарзандони шӯришгарон ва ё хешу табори онҳо буданд. Тирамоҳи соли 1916 – ум беки Балҷувон дар арафаи мавсими дарав андози ушрро аз ҳосили ҷамъовардаи ғалладона зиёд кард. Бар ивази он як қатор андозҳои дигарро бар гардани мардуми заҳматкаш бор намуд. Ғайр аз ин, аз аҳолӣ маҷбуран аспҳоро барои фиристодан ба Русия, ки ба муқобили Гирмон меҷангид, кашида гирифт. Ҳамин сабаб шуду  мардуми деҳаҳои Кӯли Сӯуфиён, Калот, Кибил, Тутқавул, Зардолу, Гули Зиндон, Даҳана, Шӯргузар, Шингхо, Сантуда ва даҳҳо деҳоти дигар бо сарварии деҳқони чоряккор Назир бар алайҳи амали бек ба шӯриш бархестанд. Ман дар ана ҳамин шӯриш иштирок кардаам.

Устод Сотим Улуғзода, ки нақли бобоямро ба тафсил дар дафтарашон қайд мекарданд, бо шунидани номи Назир саволомез сар бардоштанд.

– Не, не, – бобоям зуд шубҳаи адибро бартараф кард. – Назири мо бо мулло Назири дӯсту бародархонди Восеъ ҳеҷ пайвандие надорад. Иштибоҳи шумою фарзандону хешу наздиконам ҳам дар ҳамин аст, ки Назири роҳбари шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувонро дар соли 1916 ба Назири бародархонди Восеъ як мешуморанд. Назир дар деҳаи Кӯли Сӯфиён мезист ва шахси обруманде буд.

Дар ҳамин ҷо бобоям ба қиссааш хотима бахшида, ҷелакашро аз тан бадар карду пушташро ба тарафи нависанда гардонд. Ҳамсояҳо, ки бори нахуст ин манзараро медиданд, аз ҳайрат аз ҷойҳои худ хестанд. Бо гузашти беш аз 45 сол изи дурраи ҷаллодҳо равшан аён буд. Устод дарҳол дастгоҳи суратгириашонро ба даст гирифта, ду – се навбат пушт ва баъд чеҳраи бобоямро аксбардорӣ намуда гуфтанд:

– Ман аксҳои бардоштаамро ба Осорхонаи миллии таърихӣ – кишваршиносӣ месупорам ва ходимони он дар навбати худ сурати шуморо дар паҳлуи акси сардафтари адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ, ки ҷаллодони Бухоро ба пушташ 75 чӯб зада буданд, ҷой медиҳанд. Бигузор халқи тоҷик боз як ваҳшонияти амирони манғитро бо чашми худ бубинад ва илова карданд. – Ҳикояи шумо саҳифаи навест дар таърихи халқи тоҷик. Азбаски мақсади банда навиштани асар дар бораи Восеъ мебошад ва роҷеъ ба ин шӯриш маводи зиёде гирд овардаам, фикр мекунам, ки пас аз анҷоми ниятам ба ҳодисаи соли 1916 – ум бармегардам.

Устод Сотим Улуғзода дар ҳақиқат, ба қисми ваъдаашон вафо карда будаанд. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Камолиддин Беҳзод даромада дидам, ки дар паҳлуи акси сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ сурати Ҳакимов Абдукарим низ овезон буд.

Пас аз нашри романи «Восеъ» шӯҳрати нависанда ба маротиб афзуд. Дар аввали солҳои 70 – ум бар асари фоҷиае устод муддате аз офаридани асарҳои бадеӣ канорҷӯӣ намуданд. Эҳтимол бо ҳамин сабаб устод бахши дигари ваъдаашонро анҷом дода натавонистанд.

Қиссаи набераи шӯришгари фаъол Абдукарим Ҳакимов ба ман таъсири амиқ расонд ва аз пайи ҷустуҷӯи корномаҳои Назир шудам. Зеро ки Абдукарим Ҳакимов падари шарикдарсам Каримов Ғуломрасул буданд ва ман борҳо бо ӯ вохӯрда будам. Ӯ одате дошт, ки бо сабабҳои номуайян саргузашти худро ба касе нақл намекард. Илова бар ин, писарони Назири ошӯбгар Абдураҳим, Мирзо, Соҷида, Одинамоҳ ва Руқия дар ҳамсоягии мо зиндагонӣ мекарданд. Писари бузургаш Абдукарим дар деҳаи Боҳтуробод (ноҳияи Бохтар) умр ба сар бурда, хеле барвақт аз дунё гузашта будааст. Аҷоибаш дар он буд, ки инҳо низ дар бораи корнамоии волидайн даҳон намекушоданд.

Пас аз гузашти солҳо абераи Назири паҳлавон Абдуҷаббор Абдураҳимзода ба хотир овард:

– Бобоям Абдураҳим шабҳои дарози зимистон дар бораи далерию шӯҷоати падараш – саркардаи шӯриши деҳқонони Балҷувон ба муқобили беки бераҳм Раҳимбий қиссаҳои аҷиб нақл мекард. Вале мо корнамоии бобокалонамонро ба Назир – бародархонди Восеъ нисбат медодем. Зеро  аз китоби дарсии таърих дар бораи шӯриши Восеъ ва ҳамсафи ӯ Назир маълумот гирифта будем. Доир ба шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувон бо сардории Назир писари Халифа Қурбон дар китоби дарсии таърих то ҳол сатре ҷой дода нашуда буд.

Ба кулвори саволҳои печ дар печ ба Роҳат Набиева (равонаш шод бод), ки аз куҳансолтарин устодони факултети таърихи ДМТ ба шумор мерафт, муроҷиат кардам. Устод ба саволи ман оид ба ин шӯриш маълумоте дода натавонист. Собиқ декани факултети таърих Раҷабов С. М. ва собиқ мудири кафедари таърихи нави халқи тоҷики ин факулта Қ. Расулиён низ дар ҷавоби ин савол оҷиз буданд. Декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ Муродов А. аз ин ҳодисаи таърихӣ умуман бехабар будааст. Декани тозатаъиншудаи факултети таърихи ДМТ Шарифов Р. Я. қиссаи ба шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувон навиштаи маро варақ зада, аз ҳайрат иброз намуд, ки дар китоби дарсӣ ба ин рӯйдод сатре бахшида нашудааст. Муроҷиатҳои ман ба собиқ директори Пажӯишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов З. ва Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бе ҷавоб монданд. Профессор Пирумшоев Д. зимни мулоқот изҳор намуданд, ки то аз бойгониҳо оид ба ин исён маълумоте дастрас накунем, ҳеҷ гуна иловаҳо ба китоби дарсии таърих ворид карда намешавад.

Ҷустуҷӯи ман ба кӯчаи сарбаста даромад. Ҳайрон будам, ки кормандони Пажӯишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чаро ба чунин ҳодисаи таърихи миллат таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Бо ин андешаҳои ғамангез ғӯтавар будам, ки шогирдам мудири Раёсати маорифи ноҳияи Дӯстӣ Абдуҷаббор Абдураҳимзода (воқеан абераи Назир сардори шӯришгарон) аз шаҳри бостонии Кӯлоб занг зад. Аз рӯи маълумоти ӯ муайян гардид, ки дар Қомусномаи шаҳри Кӯлоб номи мақолаи илмии академик Аҳрор Мухторов вобаста ба ин шӯриш дарҷ гардида будааст. Мақоларо аз китобхонаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намудам, ки он бо сарлавҳаи «Шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувон дар соли 1916» ном дошта, он дар асоси гузориши ходимони илмии Пажӯишгоҳи забон ва адабиёти Академия Р. Л. Неменова ва М. Мирсаидов, ки солҳои 1964 – 1966 дар маҳаллаҳои шӯришгарон татқиқотҳои илмӣ мебурдаанд, таҳия гардида, соли 1967 дар Ахбори шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академия таҳти рақами 1(47) ба табъ расида будааст.

Пас, чаро ба ин ҳодисаи таърихӣ, ба ин корнамоии миллат, ки баҳри озодӣ ва истиқлолият муборизаи беамон бурдаанд, аҳамият дода нашудааст. Оқибати ин татқиқот ба чи анҷомид? Наход мо ба таърихи миллати худ чуинин муносибати бепарвоиро раво бинем? Ин саволҳо маро ба гирдоби андешаҳои ҳузнангез ғарқ менамуд.

Қарор додам, ки ҷустуҷӯи худро аз самти дигар оғоз намуда, бо хешу ақрабо ва дӯстону пайвандони шӯришгарон вохӯрам. Бо кӯшишҳои бевоситаи абераи Назирпаҳлавон Абдуҷаббор Абдураҳимзода ҳамаи онҳоро дар манзили истиқоматиаш гирд овардем ва суҳбати хотирмоне ба миён омад.

Нахуст куҳансолтарин сокини деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолидддини Балхӣ Зикрулло Юнусов суҳбатро ҳусни оғоз бахшид.

– Писари Назирпаҳлавон Абдураҳим баъзан дар суҳбатҳои хосса аз саргузашти падараш ба мо қиссаҳо мегуфт ва сабаби сар задани шӯришро чунин баён карда буд.

Беки Балҷувон ба Назирпаҳлавон супориш медиҳад, ки андози ҷамъкардаи ушрро ба воситаи улов (хару барзагов) ба Сарой Камар бурда, аз он ҷо ба воситаи кемаҳо ба шаҳри Бухоро расонида, ба надимони амир супорад. Ҳамон солҳо гурӯҳу дастаҳо туркнажодон, махсусан лақайҳо, дар роҳҳо ба роҳзанию ғоратгарӣ машғул шуда, савдогарон, тоҷирон, муҳоҷирон ва одамони роҳгузарро ғорат намуда, баъзан ба қатл мерасониданд. Аз сабаби он ки роҳ дуру хатарнок ва аз байни даштҳои беоб ва куҳсорҳои касногузар мегузарад, Назирпаҳлавон аз иҷрои амри бек саркашӣ менамояд.

Ба суҳбати мо набераи Назирпаҳлавон Асомуддин аз деҳаи Боҳтуробод (ноҳияи Кушониён) ҳароҳ шуда, рафти ҳодисаро чунин қисса намуд.

– Бобоям аз кирдори бек, ки бо роҳи макру фиреб мехост мардуми Кӯли Сӯфиён ва деҳаҳои атрофи онро аз сарвар ва пуштибон маҳрум созад, огоҳ гардида, дар атрофаш беш аз 600 нафар деҳқононро гирд оварда, мақсади беки Балҷувонро ошкоро мефаҳмонад. Аҳолӣ ба шӯр омада талаб мекунанд, ки ба қалъа ҳуҷум карда, бекро маҷбур кунанд, ки амрашро бекор кунад. Назирпаҳлавон пешниҳоди эътирозгаронро қабул намуда, дар навбати худ таклиф мекунад, ки оид ба амалҳои номатлуби бек ба амир аризаи дастҷамъона нависанд. Шикоятро Мирзо Халифа аз деҳаи Кӯли Сӯфиён дарҳол менависад ва қарор медиҳанд, ки онро Мулло Мирзоалӣ аз деҳаи Даҳана бурда, шахсан ба дасти амир супорад.

Дар назди қалъа Назир аз номи деҳқонон арз мекунад, ки мо андози ушрро ба Сарой Камар намебарем ва бек бояд ин амрашро бекор кунад.

Беки Балҷувон ин амали эътирозгаронро ҳамчун итоат накардан ба амри амир ҳисоб карда супориш медиҳад, ки Назирпаҳлавонро ҳамчун саркардаи ошӯбгарон ба ҳабс гиранд. Байни сарбозони бек ва ошӯбгарон задухӯрд сар мешавад ва дар натиҷа 9 нафар ошӯбгарон, аз он ҷумла Назирпаҳлавон, Абдукарим Ҳакимов, Холмирзо Қурбон, Бекмирзои Холмирзо, Тоири Устоҳамид, Раҳим, як нафар аз деҳаи Сангтуда, як нафар аз деҳаи Гирдоб, Абдулазим аз деҳаи Хуҷаи Нур ва як нафар аз деҳаи Кибилро ба ҳабс мегиранд.

Давоми қиссаро писари Назирпаҳлавон Мирзо сокини деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ нақл намуд.

– Дастони падарамро баста дар деҳаҳои бекигарии Балҷувон гардонданд ва маҷбур карданд, ки чунин суханонро ба забон орад: «Бигузор Худованд маро барои ба муқобили бек баромаданам ҷазо диҳад». Аммо падарам ягон калима ба забон намеовард. Он гоҳ бек аз қаҳру ғазаб фармон медиҳад, ки ба пушти ҳар кадомаш 49 дурра зада, шӯришгаронро дар пустхона (ҳабсхона) ҳабс кунанд.

Деҳқонони муҳорибаро бой дода, аз чунин қарори бек ба ғазаб омада, дар атрофи Мири Надир аз деҳаи Калот ҷамъ мешаванд ва ба сӯи қалъаи бек равон мешаванд. Ҳангоми ҳаракат сафи онҳо ба якчанд ҳазор мерасад. Мардум бо дос, каланду бел, шохӣ ва дигар олотҳои деҳқонӣ мусаллаҳ шуда, дар роҳ як чанд осиёбҳое, ки ба бек тааллӯк доштанд, вайрон мекунанд. Ошӯбгарон дар тарафи рости соҳили дарёи Қизилсу ва дастаи бек, ки шумораашон аз ҳисоби сарбозони фиристодаи амир афзуда буд, дар тарафи чапи соҳили дарё саф мекашанд.

Ба суҳбат Ғулом Наимов аз деҳаи Кибили шаҳри Норак ҳамроҳ шуд.

– Дар ҳамин лаҳзаи ҳалкунанда руҳониён миёнарав шуда талош намуданд, ки баҳси ба миён омадаро бе хунрезӣ ҳал намоянд. Аммо деҳқонони шӯришгар сар нафароварданд. Он гоҳ бек фармон дод, ки ба муқобили шӯришгарон аз силоҳ оташ кушоянд. Ҳоло амр иҷро нашуда, як гурӯҳ сарбозони бек, ки аз ҷумлаи деҳқонон гирд оварда буданд, ба тарафи шӯришгарон мегузаранд. Азбаски сарбозони Бухоро камшумор буданд бек аз муқобилият даст мекашад ва маҷбур мешавад, ки талаби ошӯбгаронро оид ба озод кардани маҳбусон, нафиристодани андози ушрро ба Бухоро иҷро намояд ва андозҳои бешумори ҷорикардаашро ба мисли тамбеҳона, қушпулӣ, ховондан ва дигаронашро бекор кунад.

Ошӯбгарон Назирпаҳлавони маҷруҳро, ки ҳангоми ҷазои бераҳмона сутунмуҳрааш аз се ҷой шикаста буд, болои гилем бардошта, ба деҳаи Кӯли Сӯфиён меоваранд. Пас аз бемории тӯлонӣ ӯ соли 1923 вафот мекунад ва мардум бо эҳтироми бузург ин саркардаи шӯришро дар қабристони деҳа ба гӯр месупоранд.

Мири Надир ва як қисми шӯришгарон пас аз фирори амир аз Бухоро ба ҳодисаҳои рӯйдода сарфаҳм нарафта, ба ҳаракати босмачигарӣ пайвастанд ва Мири Надир дар яке аз муҳорибаҳо дар соҳили дарёи Вахш аз тарафи аскарони сурх паронда мешавад. Бо гузашти солҳо хешовандони Мири Надир дар ҷойи ҳалокшудаи сардори дуюми шӯришгарон мақбара бардоштаанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз сабабҳои лаб ба хомӯшӣ задани ошӯбгарони боқимонда, аз он ҷумла Бегмирзо Холмирзоев, Абдукарим Ҳакимов ва дигарон ана ҳамин пайвастани як қисми шӯришгарон ба ҳаракати босмачигарӣ бошад.

Ба ҳар ҳол ин ғалабаи бузурги шӯришгарон руҳияи мардумро бардошт ва беки Балҷувон маҷбур шуд, ки то соли 1920 дигар андозҳои иловагӣ бар гардани мардум бор накунад ва андози ушрро ба Бухоро нафиристад.

Пас аз хотимаи суҳбат ману абераи Назирпаҳлавон Абдуҷаббор Абдураҳимзода қарор додем, ки ба деҳаи Кӯли Сӯфиён рафта, гӯри Назирпаҳлавонро зиёрат намоем. Сокини деҳаи номбурда Файзулло Каримов иброз намуд, ки аҳолии деҳаро соли 1948 ба водии Вахш муҳоҷир намуданд ва ин иқдом боиси аз ҷониби хешовандон ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтани нигоҳубини қабрҳо гардид. Аз ин хотир, кӯшишҳои мо барои дарёфт кардани қабри саркардаи шӯришгарон бе натиҷа анҷомид. Танҳо қабри Бегмирзо Холмирзоев, ки соли 1989 дар синни 93 – солагӣ вафот кард, аз ҷониби фарзандон ва хешу таборон нигоҳубин карда мешавад.

Бо ташаббуси собиқ мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастгирии декани факултети таърихи ҳамин Донишгоҳ Шариов Р. Я. 19 – уми декабри соли 2017 дар факултети таърих бахшида ба 100 – солагии шӯриши деҳқонони Балҷувон бо роҳбарии Назирпаҳлавон маҳфиле барпо гардид ва иштирокчиёни ин ҷамъомад якдилона қарор қабул карданд, ин ҳодисаи таърихӣ ба китоби дарсии таърихи халқи тоҷик ворид карда шавад. Аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам то ҳол китоби нави таърихи халқи тоҷик, ки дар он шӯриши деҳқонон бо сарварии Назирпаҳлавон инъикос ёбад рӯи чопро надидааст.

Часпу талошҳои ман доир ба қисмати Назирпаҳлавон дар ҳамин ҷо хотима ёфт ва ман боз ба андеша рафтам.

Соли 2016 ба исёни Назир, ки аз ҷиҳати мавқеъ ва фарогирии масоҳат, шумораи иштирокчиёни шӯриш ва илова бар ин бо муҳосираи қалъаи бек муваффақ гардида буданд, сад сол пур шуд. Бепарвоии тӯлонии ба тоҷик аз таърих мерос монда имконият надод, ки аз музаффариятҳои халқи ҷафокашидаи мардум ифтихор намуда, ин санаи таърихиро қайд намоем. Барои як деҳаи Кангуртро ишғол кардани Восеъ як ноҳияро ба номаш сабт намудем. Вале Назир, ки тавонист бо маҳорат ва шӯҷоати ҳарбиаш қалъаи бекро муҳосира намояд ва аз рӯи қайдҳои академик А. Мухторов: «Бинобар ҳамин, ин шӯриш дар байни аҳолии бекигариҳои Аморати Бухоро ҳамоовозии зиёдеро ба бор овард. Масалан, пас аз шӯриши Қаландаршо дар амлокдории Қалъаи Лаби Об, дар соли 1916 хуруҷи заҳматкашони бекигарии Балҷувон ба миён омада буд», на танҳо ноҳия, балки дар китоби дарсии таърих сабт нагардидааст.

Ин ҷо саволе ба миён меояд. Далерию қаҳрамонии Восеъ ба баҳру бар тавассути эҷодиёти даҳонии халқ паҳн гардид. Мутлақо дуруст аст. Зеро ки аз корнамоии Восеъ 34 соли оромӣ сипарӣ гашт ва халқ тавонист дар ин муддат орзую армонашро дар мисоли корномаҳои Восеъ дар суруду тарона васф намояд. Вале аз шуҷоату матонати Назири Халифа Қурбон ҳамагӣ чор сол нагузашта Аморати Бухоро, ки макони зулму истибдод ва ҳукмронии туркони манғит буд, сарнагун гашт ва воқеаю ҳодисаҳо, аз қабили  босмачигарӣ, барқарор намудани Ҳокимияти Шӯроҳо, давраи пурдаҳшати ҳукмронии сталинӣ, солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳоҷиркунӣ ва обод гардонидани водии Вахш ва ниҳоят мубориза барои истиқлолияти «тилои сафед» барқосо гузаштанд. Ин рӯйдодҳо имконият надод, ки мардум на танҳо барои ин фидоиёни халқ суруду тарона эҷод кунад, балки сиёсати ҳизби ҳукмрон корномаҳои мардуми таҳҷоиро нодида мегирифт.

Акнун чи? Ҳоло, ки мо 31 сол дар давраи Истиқлолият умр ба сар мебарем, пас барои чӣ дар ин давра аз қаҳрамонони асил, ки барои озодӣ, баҳри мавҷудияти халқи тоҷик алайҳи зулму истисмори туркони манғит муборизаи беамон бурда, дар ин роҳ ҳалок гардидаанд, бо ифтихор сухан наронем. Ва чаро мо бемасъулиятона дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки борҳо таъқид менамоянд, ба таърихи миллат эҳтиромона арҷгузорӣ намоем ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳавола медиҳем.

Хеле ба маврид мебуд, ки Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо дигар мақомоти дахлдор муносибати худро ба ин ҳодисаи таърихӣ муайян намоянд ва роҷеъ ба гиромидошти номҳои қаҳрамонони шӯриши деҳқонони бекигарии Балҷувон бо сардории Назири Халифа Қурбон ва даҳҳо дигар сарбозони роҳи озодӣ чораю тадбир андешанд. Ва гумон мекунам, ки дар сурати аз байн бардоштани сангару монеаҳои сунъӣ ин воқеаи нодир дар саҳифаҳои китоби дарсии таърихи халқи тоҷик ҷои сазовори худро мегирад.

Зариф ҒУЛОМ,

адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь