Баъде, ки китоби «Ғозималик қавм ва чилтанҳои ӯ» (Душанбе, 2016) дастраси хонандагон гашт, чандин донишмандону олимони шинохтаи ҷумҳурӣ атрофи он баёни андеша карданд. Аз ҷумла, дар хусуси шахсияти воқеӣ ва таърихӣ будани шоҳ Ғозималик фикрҳои арзишманд пешниҳод карда, нигоштаҳои муаллифи китобро аз бисёр ҷиҳатҳо дастгирӣ намуданд.

Доктори илми таърих, бостоншинос, устод Юсуфшоҳ Яқубов навиштаанд:

«Ғозималик» номи маъноии шоҳзодаест, ки замоне ободкунандаи ҳамин минтақа будааст. Ӯ ҳатто қалъаи худро доштааст, ки он дар рӯйхати ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад. Ин қалъа бо ҳамин ном дар китоби «Таърихи ҳумоюн»-и М. С. Гулшанӣ, ки соли 1909 дар Бухоро таълиф шудааст, дар чандин маврид номбар гаштааст. Ғозималик шахсияти таърихист, ӯ чун шоҳ ва пешво дар таърихи мавзеи ҳамномаш ва мардуми он ҷойи худро дорад». («Чархи гардун», №16, 19.04.2017).

Устод Ю. Яқубов дар ҳамин нигоштаашон вожаҳои «малик» ва «ғозӣ»-ро низ шарҳу эзоҳ додаанд:

– «Вожаи «малик» – «шоҳ» гуфтанӣ гап аст. Вожаи «ғозӣ» бошад, маъниҳои ҷиҳодгар, ҷиҳодкунанда ва муборизро ифода мекунад. Ҷиҳодро на танҳо барои дин, балки барои Ватан, озодӣ, ҳақиқату адолат ва алайҳи бедодгарӣ, ҳатто алайҳи нафс ҳам мекунанд. Ин вожаҳо арабиасосанд. Дар замони ҳукмронии арабҳо калимаи «ғозӣ» на танҳо ба маънои амал, балки ба маъноҳои унвон, вазифа, лақаб ҳам корбаст мешуд. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки замони ҳукумронии шоҳ Ғозималик замони Осиёи Миёнаро забт кардани арабҳо ё давраҳои баъди он бошад».

Нисбати шахсияти Ғозималик гуфтаҳои зерини устод Юсуфшоҳ Яқубов дар китоби А. Абдулзод ва Н. Абдуллозода «Ғозималик диёри одамони сарбаланд» («Субҳи Ғозималик», 2001. Саҳ. 46-47) низ омадааст:

– «…Ғозималик як шахси машҳуру ободкунандаи ҳамин диёр будааст, зеро одамони зиёди ин мавзеъ худро ғозималикӣ мегӯянд. Агар Ғозималик одами бад мешуд, мардум ҳеҷ гоҳ худро ба номи вай вобаста намекарданд…».

Доктори илми таърих, сардори шӯъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон устод Давлатхоҷа Довудӣ ҳам ба ин гуфтаи устод Юсуфшоҳ Яқубов мувофиқанд. Масалан, он кас хеле пеш аз замони тақризашонро дар матбуот чоп кардан, ба камина чун маслиҳат навишта буданд:

– «…қисса ва ривоятҳо дар ҷойи холӣ пайдо нашудаанд. Асоси пайдоиши ин қиссаҳо Ғозималик ном доштани ноҳия («Ноҳия» ба маънои имрӯзааш нест. Он ҳудуди хеле калонро, ки устод Юсуфшоҳ Яқубов гуфта буданд, дар бар мегирад) мебошад ва ин ноҳия хеле калон ҳам ҳаст. Аз ин ҷо бармеояд, ки Ғозималик шахсияти воқеӣ аст, вагарна ноҳия номи ӯро намедошт…».

– «Шоҳ Ғозималик шахсияти барҷаста будааст ва дар таърихи ин ноҳия нақши калон доштааст… Мардум бо назардошти ҳамин нукта дар бораи ӯ қиссаву ривоятҳо эҷод кардаанд ва беҳтарин хислатҳои инсониро ба ӯ нисбат додаанд ва ин як амри воқеист».

– «Андешаи муаллиф (манзурашон камина аст) дар бораи шахсияти таърихӣ будани Ғозималик ва нақши муҳим доштани ӯ дар таърихи ин минтақа дуруст ва боварибахш ба назар мерасад. Бо номи ӯ боқӣ мондани як ноҳияи калон, худ гувоҳи ин аст. Агар чунин намебуд мардум… беҳтарин хислатҳои инсониро аз қабили ватандӯстӣ, далерӣ ва адолатхоҳӣ ба ӯ нисбат намедоданд» («Минбари халқ» 50, аз 13.12.2017).

Дар такя ба арабӣ будани калимаҳои «ғозӣ» ва «малик» чанде аз адибону рӯзноманигорон замони ҳукмронии шоҳ Ғозималикро давраи исломӣ тахмин кардаанд. Аммо дар ин масъала назари Шоири халқии Тоҷикистон, ҳамзамон нависанда, тарҷумон ва муҳаққиқи варзидаи соҳаи таърих Муҳтарам Ҳотам тамоман дигар аст, ки камина чун муаллифи ин китоб аз бисёр ҷиҳатҳо бо он кас мувофиқам. Устод нигоштаанд:

– «Ба эҳтимоли қавӣ Ғозималик шахсияти пеш аз исломист. Зеро агар дар замони ислом нуфуз мекард, имкони аз таърихҳо ва ёдҳо барканор шудани ӯ камтар вуҷуд медошт. Дар адабиёти шифоҳиву хаттиамон лаҳзаҳоеро, пайдо кардан мумкин аст, ки рӯйдодҳои тоисломӣ бо рангу бори исломӣ тасвир шуда, шахсиятҳо номи нав гирифтаанд. Масалан, кишвари Чамбули Мастон аз достони «Гурғӯлӣ» дар адабиёти тоисломӣ бо номи Шамбала вуҷуд дорад, ки ҳамчун кишвари нимривоятӣ машҳур аст. Вале қаҳрамонҳои ин достон Аваз, Нуралӣ, Шералӣ ва ғайра номҳои нав ва исломӣ доранд, ки бо тақозои замон ба достон чунин тағйирот ворид гардонида шудааст» («Адабиёт ва санъат», №47, аз 23.11.2017).

Чуноне қайд шуд, камина чун муаллифи китоб ба ин ақида бештар мувофиқам. Зиёда аз ин, боз мисолҳое меорам, ки ҳам гуфтаҳои устод Муҳтарам Ҳотам ва ҳам андешаҳои худамро пурқувваттар мегардонанд: То андозае, ки ёд дорам, Искандари Мақдунӣ низ дар баъзе асарҳо ба чунин тағйироте, ки устод Муҳтарам Ҳотам гуфтанд, дучор шудааст. Ё қиссаҳои «Ҳазору як шаб»-ро гирем, ки аз ибтидо моли мо ориёиҳо будааст. Вале, бо туфайли кадом як Рӯзбеҳ- писари Додбеҳ арабҳо онро аз худ кардаанд, гарчи хеле баъд бо иловаи фақат як қисса онро аз арабӣ бо форсии навин гардонидаанд.

Бо дар назардошти ҳамингуна печутоби воқеоти таърих, саҳеҳ намешавад, агар замони воқеъшавии ҳодисаҳои таърихӣ ва ё давраи ҳукмронии ҳокимонро аз рӯйи номҳои шахсиятҳо тахмин ё ҳукм кунем. Зеро кам нашудааст, ки «таърихнависе» беибо воқеоти арзандаи таърихии як давлатро ба давлати худ нисбат додааст, ё қаҳрамонии қаҳрамони халқи дигарро «дуздида» аз они халқи худ гуфтааст. Ҳамчунин, кам нашудаанд ҳолатҳое, ки «қиссанависи» як халқи бефарҳанг ба мақсади гӯё ба халқи дигар наздиккунии халқи хеш, қиссаю устураҳои китобатнашудаи он халқро китобат кардааст ва номи қаҳрамонони он қиссаҳоро бо номҳои маъмулии халқи худ иваз намудааст.

Бинобар ин, дар бораи давру замони ҳукмронии шоҳ Ғозималик андеша ронда, танҳо аз рӯйи арабӣ будани ном ё лақабаш, салтанатдории ӯро замони ҳукмронии арабҳо ё баъди онҳо гуфтан баҳсталаб аст. Ин масъаларо танҳо баъди ҳафриёт гузаронидану муайян кардани давраи бунёдшавии қалъа ва аниқ намудани замони зиндагии Ғозималик дақиқ гуфтан мумкин аст.

Ҳамчунин, нигоштаи дигар ҳам баҳсталаб мебошад. Дар китоби болотар зикргаштаи «Ғозималик диёри одамони сарбаланд» омадааст:

– «…қалъаи Ғозималик… ба асрҳои миёна ба замони нав тааллуқ дорад. Дар вақти низоъҳо ва ташаккулёбии ҳукмронии амирони манғитӣ, ки аз нимаи дуюми асри XVIII оғоз меёбад, сокинони муқимӣ барои муҳофизати худ манзилашонро тарк намуда, ҷойҳои хилват ва пинҳонро интихоб намуданд. Қалъаи Ғозималик яке аз онҳост» (саҳ. 50).

Ин ҳукм аз чанд ҷиҳат бисёр шубҳаовар ва баҳсангез аст:

  1. Бино ба маълумоти «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе – 2008) «асрҳои миёна» аз охирҳои асри 5, то миёнаҳои асри 17-ро дар бар мегирад. (Саҳ. 87). Пас муаллифон чӣ тавр тавонистаанд, ки қалъаи Ғозималики ба қавли худашон дар нимаи дуюми асри XVIII бунёдшударо ба «асрҳои миёна ба замони нав» мансуб донанд?
  2. Агар ин қалъа воқеан дар нимаи дуюми асри XVIII бунёд мешуд, осораш то имрӯз хеле зиёд ва аёнтар боқӣ мемонд.
  3. Сокиноне, ки манзилашонро тарк мекунанд, яъне фирорӣ мешаванд, оё қалъа бунёд карда метавонанд? Боз қалъаи одӣ не, қалъаи бисёр устувори шоҳона?!

Ман намедонам, ки муаллифони муҳтарами ин китоб чиро ба асос гирифта чунин ҳукм карда бошанд. Охир дар қалъаи Ғозималик ҳафриёти бостоншиносӣ куҷо, ки ҳатто таҳқиқу тадқиқи дурусти рӯизаминӣ гузаронида нашудааст. Он чиеро, ки аз маълумотномаи бе рақаму бе таърихи рӯз ва бе имзо овардаанд, танҳо як маълумоти аввалияи тахминӣ ё «сигнал» ҳисобидан мумкин аст, на аз ин беш.

Мо аллакай асосҳо дорем бигӯем, ки Ғозималик шахсияти таърихӣ аст ва чун шоҳ салтанати воқеӣ рондааст. Ӯ аз подшоҳоне будааст, ки адолат, ҳақиқат ва инсофро ченаки асосии фаъолияти хеш қарор дода, инро аз ҳар як соҳибвазифаю соҳибмансаби кишвараш низ талаб мекардааст. Вай тавонистааст тавассути фаросату оқилӣ, пурдонию хирадмандӣ, дилогоҳию диловарӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва ватандӯстию раиятпарварии хеш қувваҳои накӯсиришт, ба номус ва ҳақталошу адолатхоҳро атрофи худ ҷамъ оварад ва алайҳи мардуми ғосиб, яғмогар, шӯрангез ва аҳриманахлоқу бадкеши аҷнабӣ дар набарди оштинопазир шавад, адолату ҳақиқатро дар кишвараш пойдор гардонад, ҳаққу ҳуқуқ ва озодии мардуми хеле қадимии як минтақаи кӯҳистони тоҷикро таъмин намояд. Қиссаю ривоят ва ҳикоятҳои бисёр далолат мекунанд, ки дар ин масъала ҳиссаи шоҳ Ғозималик собиқа надорад. Ӯ чун фарзанди содиқ ва ҷонфидои халқу Ватани худ хизмат кардааст, баҳри озодӣ, осудагӣ ва хушбахтии халқу Ватанаш талош варзидааст ва дар ин ҷода муввафақ ҳам шудааст. Ӯ чун подшоҳ, сарвар, роҳбар ва пешво худро ба обу оташ задааст, аммо нангу номуси халқашро ҳимоят кардааст. Чунки дигар тобу тоқати озори халқашро надоштааст. Маҳз ба ҳамин хотир бо озордиҳандагони халқу миллаташ дар ҷанги беамон шудааст ва пирӯз гаштааст. Пирӯзӣ бошад, нишон аз муҳаббати Худовандист. Ин аст, ки ҷовид мондааст, – гарчи дар қиссаю ривоятҳо. Албатта, чунин ҷовидӣ, аз дигар хел ҷовидиҳо беҳтару волотар аст.

Дар ҳамин радиф овардани як гуфтаи академик ва нависанда Бахтихоҷа Рустамовро айни муддао медонам: – Ту метавонӣ давлатманд бошӣ, метавонӣ вазифаи баландтарин дошта бошӣ. Лекин агар ғамхори халқи худ набошӣ, ӯ ҳеҷ гоҳ туро фарзанди арзандаи хеш намеҳисобад.

Ғозималик фарзанди арзандаи халқи хеш будааст, ки кору номаш тайи садсолаҳо ё ҳазорсолаҳо дар ҷаридаи хотири мардум сабт гаштаю дар шакли афсонаю қиссаю ривоятҳо то рӯзҳои мо расидааст. Номи ӯро як минтақаи машҳуру калони Тоҷикистон бо номи Ғозималик, ҳамчунин кӯҳистон, водӣ, маҳал, қалъа, воҳиди маъмурӣ, мавзеи географӣ, чандин мақолаю китобҳо, аз ҷумла ду китоби камина – «Ғозималик қавм ва чилтанҳои ӯ» (мусавадда, Душанбе с. 2016) ва «Аз Ғозималики бостон то имрӯза Хуросон» (Душанбе, с. 2019)  зинда медоранд. Дар баъзе аз осори таърихӣ, масалан, дар китоби «Таърихи ҳумоюн» (М. С. Гулшанӣ, Бухоро, с. 1909) вожаи «Ғозималик» чун ифодакунандаи шаҳр – шаҳристон ва ҳудуди маъмурӣ омадааст. Дар чанд ҷойи дигар чун амлокдорӣ ишора гардидааст, ки ин ҳам дар замонаш як намуди воҳиди маъмурӣ буд, махсусан, дар Бухорои асрҳои XVIII-XIX ва аввалҳои асри ХХ.

Ғозималик, ин шоҳи диловару мубориз бар зидди аҷнабиёни ғосиб, яғмогар, шӯрангез ва бадкешу аҳриманахлоқ набардҳои беамон карда, ҳақиқату адолатро дар кишвараш пойдор гардондааст, ҳаққу ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми хеле қадимии як минтақаи кӯҳистони тоҷикро таъмин кардааст.

Месазад, ки номи ин муборизи роҳи ҳақ ва адл, хизматгори халқи қадимию Ватани аҷдодиамон ҷовид гардонида шавад.

Ҳасан Юсуфи Файзбахш

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь