Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалабаи умумии тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистону Русияи  имрӯза мебошад. Мо ҳеҷ гоҳ пирӯзии аҷдодонамонро фаромӯш намекунем ва онро гиромӣ медорем, гузашта аз ин, хотираи қаҳрамониву Ғалабаи онҳоро ба наслҳои оянда мерасонем. Тоҷикистон дар ин Ғалабаи умумӣ саҳми арзанда гузоштааст, биёед бори дигар ин саҳифаҳои таърихро ба ёд орем ва бубинем, ки чӣ гуна хотираи ин Ғалабаро дар замони мо пос медоранд.

Тоҷикон дар фронт

Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4 сол – аз 22-уми июни соли 1941 то 9-уми майи соли 1945 давом кард. Дар ин муддат бештар аз 26 миллион нафар шаҳрвандони советӣ ба ватан барнагаштанд, ки дар байни онҳо на танҳо ҷанговарони ҳалокшуда, балки мардуми осоишта низ буданд.

Содироти идеологияи неонатсистӣ аз ҷониби Ғарб, бознависӣ ва тақаллуби таърих ҳатман ба ҷанги арзишҳо ва парокандагӣ дар ҷомеа оварда мерасонад.

Ба фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар аз ҶШС Тоҷикистон даъват шуда, зиёда аз 90 ҳазор нафар ба ватан барнагаштаанд. Дар байни аҳолии осоиштаи Тоҷикистон 102 ҳазор нафар бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шуданд. 54 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар дорандаи се дараҷаи Ордени «Шараф» гардиданд.

Яке аз фарзандони шуҷои Ватан падари муаррихи маъруфи тоҷик Ғафур Шерматов, Ашӯр Шерматов буд: «Падарам моҳи августи соли 1942 ба полки 1003-и Дивизияи 279-и тирандозӣ, ки ба ҳайати артиши 43-юми фронти Калинин шомил буд, таъйин шуд. Падарам ёдоварӣ мекарданд, ки баъд аз муҳорибаҳо мурдагонро дафн намекардаанд, зеро шумори онҳо хеле зиёд буда ва ба ҳамаи онҳо қувваташон намерасидааст. Масъалаи таъмини хӯрокворӣ хеле сахт будааст ва то ба назди аскарони онҳо танҳо нони қоқ мерасидааст. Аммо дар таъмини лавозимоти ҷангӣ ҳеч мушкилие надоштаанд – аз мурдагон лавозимоти ҷангии зиёдро мегирифтаанд. “Дар яке аз муҳорибаҳо ҷилди милтиқи Ашӯр аз тир сӯрох шуд. Ӯ то назди пулемёт хазида омада ва тавре ки онҳоро дар омӯзишгоҳ таълим дода буданд, бо фосилаи кӯтоҳ ба тирпарронӣ оғоз кард, то ин ки пулемёт аз ҳад зиёд гарм нашавад”.

Дере нагузашта Ашӯр захмдор шуд: тир ба тарафи чапи синаи ӯ вогузар хӯрда,  китфашро майда-майда кард. Ду моҳ дар шифохонаи тахлиявии шаҳри Иванов бистарӣ буд ва боз ба фронт, ба ҳайати бригадаи 11-уми гвардиячиёни баҳрии Фронти Шимолу Ғарбӣ баргашт. Ӯ хизмати сангинро дар сафи қӯшунҳои Комиссариати халқии корҳои дохилии ИҶШС  то охири ҷанг давом дода, хоки давлатҳои назди Балтика ва Полшаро аз шарикони фашистон озод кард.

Ғафур Шерматов мегӯяд «Ғалабаи мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз миллионҳо ва миллионҳо чунин сарнавиштҳо, ҳазорон муҳорибаҳо, сахтиҳо ва заҳматҳои бениҳоят бузурги падарон, бобову бобокалонҳои мо ташаккул ёфтааст! Ва нури ин Ғалаба дар тӯли даҳсолаҳо ба мо равшанӣ медиҳад».

Содироти идеологияи неонатсистӣ боиси ихтилоф дар Украина гардид ва ин ҳолат дар ҳар кишваре, ки бо миллатгароӣ ишвагарӣ мекунад, ба вуқӯъ омада метавонад ва ин ногузир ба натсизм табдил меёбад.

Ҷанговарони тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳо ва воқеаҳои муҳимми Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд: дар мудофиаи қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо. Онҳо барои аз фашистон озод кардани Ленинград ва Москваи муҳосирашуда, инчунин,  Белоруссия, Прибалтика ва Полша  ёрӣ мерасонданд.

Дар муҳорибаи Сталинград, дар хонаи машҳури Павлов, тоҷик -Ахмад Турдиев каҳрамонона ҷангида буд. 28-уми октябри соли 1942 газетаи «Тоҷикистони сурх»  дар бораи лётчик Ойгул Муҳаммадҷонова аз Панҷакент, ки 93 парвозҳои ҷангӣ анҷом дода, захмдор шуда буд, матлаберо нашр кард. Барои корнамоиаш вай бо ордени “Ленин” мукофотонида шуд.

Мардуми тоҷик дар муҳорибаҳои охирини Ҷанги Бузурги Ватанӣ — муҳориба барои Берлин каҳрамонона ҷангиданд.

Ғафур Шерматов кӯшиш мекунад, ки донишҳои худро дар бораи Ғалаба ба наслҳои оянда расонад. Ӯ муаллифи чанд китоб, аз ҷумла асари “Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” аст. Ин китоб барои онҳоест, ки мехоҳанд дар бораи Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасаввуроти ҳамаҷониба пайдо кунанд.

Бо шарофати Ғафур Шерматов маълумотҳо дар бораи  як тоҷики дигар – Борис Шмелёв пайдо карда шуда, ба ин тоҷик, ки 10-уми июни соли 1944  дар ҷараёни рахна кардани мудофиаи финҳо дар Истмуси Карелия корнамоӣ нишон дод, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ  дода шуд. Барои ин муаррих ҳазорҳо ҳуҷҷатҳои бойгониро   омӯхтааст, аз ҷумла дар Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон, Бойгонии давлатии Русия, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷустуҷӯ кардааст.

Ниёз Мирзоев, сиёсатшинос, устоди кафедраи робитаҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Мо дар як хона зиндагӣ мекардем ва дар ин ҷанг якҷо беш аз 26 миллион нафарро талаф додем. Имрӯз шахсоне ёфт мешаванд, ки таърихро аз нав навиштан мехоҳанд, масалан, дар давлатҳои назди Балтика, дар Украина нақши ИҶШС-ро дар ғалаба бар фашизм кам карданӣ мешаванд. Аммо ғалаба маҳз бо қувваҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омад. Агар фашизм ғалаба мекард, на Англия, на Франсия ва ҳатто Америка арзи вуҷуд намекарданд, тамоми мамлакатҳо дар зери асорати фашизм нобуд мешуданд.

Ба иштирокчиёни амалиёти Берлин, фиристодагони Тоҷикистон П. Балакин, А. Горелов ва Ф. Чепурин барои шуҷоат ва мардонагӣ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ дода шуд.

Англия ва ИМА иттифоқчиёни мо буданд, мо аз онҳо миннатдорем ва инро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем. Вале бори сангин ва талафоти асосӣ ба дӯши Иттифоқи Советӣ буд. Мо набояд ба он роҳ диҳем, ки давлатҳои дигар муаззам гардида, таърихро таҳриф кунанд  ва нақши Иттифоқи Советиро паст зананд. Ман мехоҳам, ки мардум ин Рӯзи Ғалабаро ҳамеша дар хотир дошта бошанд. Ин Ғалабаи бузург буд ва одами солимфикр ҳеч гоҳ бовар намекунад, ки нақши Иттифоқи Советӣ дар ин ғалаба ҳалкунанда набошад».

Тоҷикон дар ақибгоҳ

Китоби дигари Ғафур Шерматов бо номи “Госпиталҳои тахлиявии Тоҷикистон” соли 2022 нашр гардид. Ин китоб дар бораи табибони низомие, ки  сарбозони шӯравиро наҷот медоданд, нақл мекунад.

Хуҷум ба (фатҳи) Рейхстаг анҷоми муҳориба барои Берлин буд. Ишғол кардани пойтахти Олмони рейхӣ аз ҷониби армияи советӣ аз ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳодат медод. Миллионҳо нафар намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри Ғалабаи бузург ҷони худро нисор карданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҶШС Тоҷикистон 29 госпиталҳои тахлиявӣ фаъолият  мекарданд,  дар бораи 9-тои онҳо дар ин китоб маълумотҳо ва инчунин, аксҳои бойгонӣ оварда шудаанд. Барои ҷамъоварию тафтиши далелҳо ва навиштани ин китоб муаррих чанд соли умри худро сарф кардааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанговарони советии ҷароҳати вазнин бардоштаро  ба кишварҳои Осиёи Миёна мефиристоданд: «Дар минтақаи мо ҷанговаронро ҳамчун хешу табор пешвоз мегирифтанд ва нисбати онҳо на танҳо духтурон, балки мардуми оддӣ низ ғамхорӣ мекарданд. Дар ин госпиталҳо зиёда аз 60 фоизи беморон  комилан шифо ёфтанд.

Дар солҳои ҷанг заводу корхонаҳо қисман ё пурра ва ҳатто аксар вақт гурӯҳҳои меҳнатӣ ба Тоҷикистон кӯчонида (тахлия карда) шуданд.

«Танҳо як  ҷарроҳихона ва ҳамагӣ панҷ духтур буд. Духтурон беистироҳат, 12—14 соат дар як шабонарӯз кор мекарданд, илова бар ин, ба ҳар кадоми онҳо дар як ҳафта 2—3 маротиба  навбатдории шабонарӯзӣ рост меомад.  Он замон дастамон базӯр барои шустушӯ кардан, иваз кардани либос ва   захмбандии ярадорон мерасид. Аскарони мондашудаву азияткашида гоҳ хомӯш, гоҳ асабонӣ ва барои ҳар майда-чуйда бетоқат мешуданд. Барои вақтхушии онҳо ҳунарпешагони театрҳои ба Тоҷикистон тахлияшуда ба бемористон омада, ҳунарнамоӣ мекарданд” – порчае китоби Ғафур Шерматов:

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ба Сталинобод (Душанбе) гурӯҳҳои эҷодӣ тахлия карда шуданд. Дар байни онҳо театри эстрада ва миниатюраи Ленинград ба номи Аркадий Райкин, Театри давлатии сиганҳои Москва «Ромэн» ва сирки Юрий Дуров буданд. Ҳамагӣ 17 театр ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи маҷбуран ба ҶШС Тоҷикистон интиқол додани иқтидорҳои истеҳсолӣ, танҳо дар соли 1942 250 адад корхонаҳои нав бунёд карда шуданд, ки онҳо барои саноати кишвар замина гардиданд.

«Ҳар як ҳунарманд ҷойи худро медонист. Ҳама кор мекарданд. Душанбе ба майдони азими театр табдил ёфта буд. Театрҳо ба тамоми шаҳрҳо сафар мекарданд. Чунин ҳолат  пеш аз ҷанг ва баъд аз ҷанг низ набуд ва эҳтимол, дигар ҳеч гоҳ нахоҳад шуд” – мегӯяд Ғафур Шерматов.

Соли 1941 киностудияҳои «Союздетфилм» ва киностудияи Одесса ба Сталинобод кӯчонида шуданд. Ҳузури ходимони намоёни фарҳанг аз тамоми  Иттифоқи Советӣ ба тараққиёти фарҳангии Тоҷикистон такони бузург бахшид.

Аз октябри соли 1941 то августи соли 1944 дар Тоҷикистон 15 филми бадеӣ ва зиёда аз 100 филмҳои хроникавию хуҷҷатӣ ба навор гирифта шудааст. Дар Сталинобод чунин ҳунармандони машҳур, ба монанди Фаина Раневская, Борис Тенин, Георгий Милляр, Рина Зеленая, Сергей Мартинсон, Сергей Филиппов, Борис Андреев, Алексей Консовский ва дигарон кору зиндагӣ мекарданд.

Бо шарофати Ғафур Шерматов дар бораи як тоҷики дигар Борис Шмелев маълумотҳо пайдо карда шуда, ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Кам касоне медонанд, ки филми машҳури кӯдаконаи “Кашейи бебозгашт” дар нақшҳои асосӣ –  Георгий Милляр ва Сергей Столяров маҳз дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст.

Ҳудуди 100000 нафар дар хоки Тоҷикистон сарпаноҳ ёфтанд, ки аз онҳо тақрибан 10000 нафарашон кӯдакон буданд. Халқи тоҷик онҳоро бо манзил, хӯрок, сару либос ва пойафзол таъмин кард. Ба шарофати иқлими субтропикӣ, оромӣ ва парастории табибон ҷанговарон зуд шифо ёфта, ба фронт бармегаштанд. Дӯхтурони ин госпиталҳо  бештар аз 50 ҳазор нафар ҷанговарони захмдоршудаи советиро табобат намуданд. Ин тақрибан 5 дивизияи мукаммал аст.

Хотира дар тӯли солҳо

Мардуми Тоҷикистон ҳамеша  каҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдоварӣ мекунанд: дар ҷумҳурӣ ҳудуди 20 маҷмӯаи ёдгорӣ мавҷуд аст. Дар Душанбе: Майдони Ғалаба, маҷмӯаи ёдгорӣ ва оташи  абадӣ ба сарбозони ҳалокшуда, дар Норак ва Кӯлоб маҷмӯаҳои ёдгории ҷанговарони  ҳалокшуда, ёдгории хотира ва андӯҳ дар Султонобод, муҷассамаи  аскарони ҳалокгардидаи деҳаи Сарвода ва бисёр дигарон.

Муаррих  Ғафур Шерматов-ташкилотчӣ ва илҳомбахши идеологии гурӯҳи ҳарбӣ-мемориалии ҷустуҷӯӣ ва ихтиёрии «Хотира-201» мебошад. Ин гурӯҳ аз афсарону хизматчиёни шартномавӣ ва кормандони ғайринизомии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои ихтиёрӣ ба дастгирии мақомоти кишвар ва ҷанговарони интернатсионалист ба эҳёи ёдгориҳои замони Шӯравӣ машғул аст.

Ҳоло ташкили шанбегиҳо бахшида ба Иди «Ғалаба» ба анъана даромадааст, ки дар онҳо на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони пойтахти Тоҷикистон, балки роҳбарияти пойгоҳи низомӣ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Дар доираи ин чорабиниҳо қабристони православии шаҳр ва ҷойҳои дафни низомиён дар Душанбе, Турсунзода ва дигар шаҳрҳо ба тартиб оварда мешаванд.

Корнамоии ин қаҳрамонон дар Рӯзи Артиши миллӣ –  23-уми  феврал низ ёдоварӣ  карда мешавад. Имсол дар мактаби миёнаи русӣ- тоҷикии ба номи Д.И. Менделееви шаҳри Турсунзода кормандони Пойгоҳи низомии 201 дар якҷоягӣ бо Ғафур Шерматов дарси мардонагӣ дар мавзӯи «Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд»  ташкил намуданд.

Ғафур Шерматов дар бораи ҷанговарони тоҷик, ки ба муқобили фашистон ҷангида, сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд, нақл кард. Инчунин, филмҳои ҳуҷҷатӣ дар бораи муҳорибаҳои Сталинград, муҳорибаҳои Курск ва назди Берлин намоиш дода шуданд.

Хотираи ин ҷанговаронро дар Тоҷикистон аз хурд то калон арҷгузорӣ мекунанд: дар боғчаҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо чорабиниҳои мавзӯӣ гузаронида мешаванд, намоиши “Полки ҷовидонӣ” баргузор карда  мешавад, сокинон нишони Георгийро дар сари синаи худ насб мекунанд. Тоҷикистону Русия якҷо зиндагӣ мекарданд ва якҷоя меҷангиданд ва аз ин рӯ, ояндаи худро низ якҷо месозем ва онро муҳофизат мекунем.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь