Матлубахон Сатториён, вазири нави фарҳанги кишвар, бо як гурӯҳ шоирону нависандагон вохӯрӣ анҷом дод ва ҳаққи қаламро барояшон зиёд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки як масъули Иттифоқи нависандагон омили пайдо нашудани Рӯдакиву Айнии навро ба ҳаққи қалами кам рабт медиҳад. Адибон ҳам борҳо аз ин вазъ нигаронӣ кардаанд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, Матлубахон Сатториён бо як гурӯҳ адибони шинохта рӯзи 29-уми феврал мулоқот карда, мусоили доғи рӯз ва ҳамкори адибон бо вазоратро баррасӣ намуд.

Дар мулоқот муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ва шоирону нависандагон Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус, Сироҷиддин Икромӣ, Азизи Азиз, Абдуллоҳи Раҳнамо, Толиби Луқмон ва дигарон иштирок кардаанд.

Вазири фарҳанг гуфтааст, ки ҳадаф аз доир намудани ин мулоқот баррасии масоили ҷойдошта, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу фасли онҳо ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ миёни вазорат бо эҷодкорон мебошад.

Сатториён зикр кардааст, ки “яке аз омилҳои тақвияти ҳамкориҳо ҳавасмандсозии эҷодкорон тавассути пардохти ҳаққи қалами муносиб ба муаллифон мебошад”.

Мулоқоти Матлубахон Сатториён бо адибон

“Бо ин мақсад дар вазорат нархномаи мавҷудаи ҳаққи қалам бознигарӣ шуда, дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли 2024 ҷудошуда андозаи подошҳо зиёд карда шуд”, – иттилоъ додааст Матлубахон Сатториён.

Ӯ таъкид кардааст, ки “бо дарназардошти вазъи воқеии бозор дар солҳои оянда низ масъалаи пардохти ҳаққи қалам ба муаллифон таҷдиди назар хоҳад шуд”.

Чаро Рӯдакиву Айнии сонӣ пайдо намешаванд?

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукаш масъалаи додани ҳаққи қаламро бисёр муҳим арзёбӣ карда, омили асосии дар майдони адабиёт пайдо нашудани шоирону нависандагоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Улуғзодаро ба он рабт додааст.

Ато Мирхоҷа гуфтааст, ки “ҳукумати Шӯроӣ ба адабиёт ва адибон диққати махсус медод ва барои ба вуҷуд овардани шахсиятҳои адабӣ ва парваришу дастгирии онҳо шароитҳои беҳтарини маънавию моддӣ ба вуҷуд меовард”.

“Шахсиятро месохт ва осорашро тарғиб мекард. Тамоми адибони бузурги шӯравӣ аз Максим Горкию Айнӣ сар карда, то Ҳамзатову Айтматову Шолохову Лоҳутиву Турсунзодаву Муъмин Қаноатро ҳамин фазои адабпарвар ба вуҷуд овард”, – афзудааст номбурда.

Ӯ барои мисол гуфтааст, “барои он ки устод Айнӣ асар нависад, як колхози Панҷакент ба таъмини рӯзгори ӯ вобаста шуда буд. Устод ба шарофати ҳаққи қалам ба дараҷае сарватманд шуд, ки дар соли 1940 аз ҳисоби он Театри опера ва балет сохтанд”.

“Устод Ҷалол Икромӣ дар умраш дар ҷое кор накарда буд ва танҳо аз ҳисоби ҳаққи қалам зиндагии шоҳона дошт. Устод Улуғзода, дар муддати қариб даҳ соле, ки аз ҷониби ҳукумати вақт ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардид, аз баракати ҳаққи қалам зиндагии худро таъмин мекард”, – таъкид кардааст Ато Мирхоҷа.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон гуфтааст, ки “дар хусуси бо ҳаққи қалами ҳангуфт соҳиби хонаву автомобилҳои шахсӣ ва бӯстонсароҳо шудани адибони он замон мисолҳои зиёде овардан метавон ва ҳатто як рисолаи илмӣ ҳам навиштан мумкин аст. Осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва истироҳатгоҳи беҳтарини мамлакат ба таври ройгон дар ихтиёрашон буданд”.

Ӯ таъкид кардааст, “таърих нишон медиҳад, тамоми адибоне, ки мо бо онҳо фахр мекунем, ё сарватманди калон буданд, ё барои асарҳояшон аз шоҳону амалдорони маърифатдӯст пулҳои калон гирифта, аз андешаи нону таъмини рӯзгор абадан фориғ будаанд”.

Ҳамин тавр, Ато Мирхоҷа аз дороиҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ ва таъмини пурраи рӯзгори онҳо аз ҷониби шоҳони замонашон мисол оварда, гуфтааст, “аз адиби ғарибшамоил дар ду олам на Рӯдакии сонӣ месабзад, на Айнӣ”.

Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар рӯзгори аҳли зиёи Тоҷикистон, имрӯз зиёиён ҳамчун як қишри муҳими ҷомеа шакл гирифта, парчамбардори маънавият дар байни халқ мебошанд. Зиёиён талош мекунанд, ки бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он ба иҷро расонида, ба таъбири маъмул, “виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат” бошанд.

Адибон ҳам аз ин вазъ нигаронӣ мекунанд

Ин бори нахуст нест, ки адибони тоҷик аз кам будани ҳаққи қалам дар даврони истиқлол нигаронӣ мекунанд. Аз ин пештар ҳам, адибони шинохтае чун Сорбон, Кӯҳзод ва Саттор Турсун аз набудани шароит ва ҳаққи қалами мувофиқ барои эҷоди асарҳои мондагор нигаронӣ карда буданд.

Аз он ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки замони шӯравӣ вақте китоби адиб нашр мешуд, ҳаққи қалам медоданд ва нависандаҳо “Шоҳбача” буданд, ҳоло ин гуна нест.

“Дар замони шӯравӣ нашриёти “Маориф” вақте китоби маро чоп кард, ба маблағаш як мошини “Волга” харидам. Имрӯз ҳаққи қалам куҷо, ҳатто барои нашри китоб маблағ намедиҳанд, ки ин барои нависандагон хеле мушкил аст. Бояд худашон сарпараст ёбанд, нашриёт кобанд, китобашонро чоп кунанд. Пас аз чоп бояд худашон роҳашро пайдо карда, фурӯшанд. Агар фурӯхта натавонанд, китобҳояшон дар долонҳои хона хоб мекунанд”, – иброз дошт Сорбон.

Урун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҳам агарчи мегӯяд, мазҳ барои ҳаққи қалам чизе эҷод намекунад ва навиштан танҳо барояш одат шудааст, вале будани ҳаққи қаламро муҳим зикр мекунад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ҳам ба ин маъно мегӯяд, “Шоҳнома” худ аз худ пайдо нашудааст. Асари хуби бадеӣ, чӣ хеле ки даъво мекунанд, дар як моҳ ё як сол пайдо намешавад. Вақт, қувва ва маблағ даркор аст”.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз соли 1998 Қонун “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” қабул шудааст ва дар он ҳуқуқи муаллифро барои гирифтани ҳаққи қалам муайян кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь