Ман аввали моҳи июли соли 1984 аз хизмати аскарӣ дар ҳайти Неруҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ба хона баргаштам. Он вақт анъана буд, ки барои сарбози аз аскарӣ омада, маърака ороста, хурсандӣ мекарданд. Чун ман шаб омадам ва касе ҳоло ба дидорбинӣ наомада буд, тасмим гирифтем, ки худи пагоҳ маърака биороем. Ҳама чиз омода буд, танҳо барои маъракаро обод кардан, чанд нафар ҳофизони ҳаваскорро аз худи деҳа бояд даъват мекардем. Вақте сари ин масъала маслиҳат мекардем, модарам гуфт, ки бе суруду мусиқӣ мегузаронем ва дар чашмони ӯ ашк ҳалқа зад. «Ба фавти бобоят нав 3 моҳ шудааст»,- гуфт модарам, гиряашро базӯр дошта.

Бобои ман, Раҷаб Давлатов, ки дар барқароркунии Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон саҳм дошт ва солҳои 20-уми садаи ХХ бар зидди босмачиён ҷангида, тир ҳам хӯрда буд, бо саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёран ба фронт рафт ва бо фашистони малъун ҷангид. Ӯ дар муҳорибаи Сталинград, ки аз 17-уми июли соли 1942 то 2-юми феврали соли 1943 идома ёфт, иштирок карда, аз гулӯлаи фашистон ярадор гардид ва баъди чанд моҳи табобат дар госпиталҳои ҳарбӣ охири ҳамон сол бо асобағал ба Душанбе баргашт ва то охири умраш оҳанмайдаҳои гулӯлаи душман танашро азият медоданд.

Модарам мегуфтанд, ки бобоям пеш аз вафот кардан қариб 3 моҳ бистарӣ буданд. Аз ба пушт хобидан, захми гулӯлапораи тахтапушташ кушода мешавад ва аз он ҷо духтурон қариб 5 метр докаро берун меоранд, ки тӯли беш аз 40 сол дигар нашуда, сафеду оҳарӣ мондааст.

Бобоям баъзан бо хоҳиши мо аз саргузаштҳои ҷангиаш қисса мекард ва ҳамеша мегуфт, ки «Худо он рӯзҳоро нишон надиҳад. Шумо ба қадри осоиштагӣ бирасед ва кӯшиш бикунед, ки дигар ҷанг нашавад».

9-уми майи соли равон ба ғалаба ба Олмони фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 сол мешавад. Кишварҳои ғолиб барои таҷлили санаи мазкур дер боз омодагӣ мегирифтанд, вале бо паҳншавии коронавирус ин ҷашни бошукуҳ дар Россия то фурсати мувофиқ мавқуф гузошта шуд. Вале дар расонаҳои Россия ин рӯзҳо аз ин ҷанги хонумонсӯз ва ҷанговарону он нафароне, ки дар ақибгоҳ ғалабаро наздик оварданд, ёд мекунанд.

Бояд гуфт, дар ин ғалаба саҳми тоҷикистониён низ зиёд аст ва инро нодида гирифта намешавад. Масалан, аз рӯи маълумоти бойгонии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз соли 1941 то соли 1945 аз ҷумҳурии мо 289 ҳазор нафар ба фронт рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дар ҷанг ҳалок гаштаанд. Ҳамчунин, 45 ҳазор нафар ба фронти меҳнатӣ равона гардида, қисми зиёди онҳо аз он ҷо ба ҷанг даъват шудаанд. Барои шуҷоату мардонагӣ 54 нафар тоҷикистониён бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 56 ҳазор нафар бо орденҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд. 15 нафар бошад, бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» қадрдонӣ шудаанд. Бояд гуфт, ки он вақт аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 миллион нафар буд.

Ҳамчунин, дар ақибгоҳ халқи тоҷик барои фронт заҳмати сангин кашидаанд. Аз ҷумла, меҳнаткашон ба фонди мудоифа ва аслиҳа ба маблағи 1 миллиард рубл маблағ додаанд, ки ин дар ҳамон вақт ба 225 тонна тилло баробар буд.

Мутаассифона, хабарнигорони расонаҳои чӣ давлативу чӣ хусусии Тоҷикистон дар ин мавзуъ ба лаб муҳри хомӯшӣ задаанд. Магар метавон қаҳрамониҳои халқи тоҷикро дар ин ҷанги хонумонсӯз фаромӯш кард?!

Агар хоҳем, ки наслҳои оянда моро фаромӯш накунанд, гузаштаи худро набояд фаромӯш бикунем.

Ҷовид МУҚИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь