«Совершенно секретно»: Ҳукуматдорони шаҳри Советски вилояти Калининград ягона осорхонаи кишваршиносӣ дар минтақаро ба далели нарасидани буҷа барои нигаҳдошти персонали кории он, барҳам доданд. Шояд дар назари аввал мебояд
дар бораи бетафовутии ҷинояткоронаи соҳибмансабон ҳарф зад, ки мехоҳанд аз ҳисоби фарҳанг сарфаҷӯӣ кунанд ва бо ҳамин ба таърихи бисёрасраи аврупоӣ (Советск-ин собиқ Тилзит аст, ки ба ҳамагон аз замони Наполеон маълум аст). Аммо дар асл чунин ҳам нест. Хабарнигори «Совершенно секретно» ин мавзӯро пайгирӣ намуд.
Ҷудоихоҳии маъмулӣ
Нашрияи «Совершенно секретно» дар атрофи ин муаммо як пажуҳиши журналистӣ анҷом дод ва ба ин суол посух ҷуст, ки оё роҳбарони ин осорхонаи қадимии замони СССР ягон гумоштаи хориҷие набуданд, ки даст ба ин иқдом заданд?
Моҳе қабл губернатори вилояти Калининград Антон Алихонов изҳороти муҳиме интишор дод: “Омилони нуфузи хориҷӣ (ҷосусони хориҷӣ) дар Калининград хеле зиёданд, онҳо зарар мерасонанд ва бисёре аз онҳо бештар аз даҳ сол аст, ки фаъолият мекунанд”,- гуфт ӯ.
Бино ба асноди дарёфтӣ омилони нуфуз бештар дар самти фарҳангӣ-маърифатии ин ё он кишвар фаъолият мекунанд. Ва вилояти Калининград аз мавқеъияти ҷуғрофӣ хеле муносиб барои роҳандозии корҳои тахрибкорӣ мебошад. Дар ҳамон мусоҳибаи баландовозаи ёдшуда Алихонов “вижагиҳои” омилони нуфузро баршуморда буд: “Ҳамсояҳои мо, аз ҷумла бо воситаи омилони нуфуз ҳамеша дар бораи Литваи кӯчак бо мо ҳарф мезананд ва гӯё мо дар ин ҷо, дар Калининград одамон бо ҳуввияти хос бошем”.
Яъне, ин ҳамон таблиғотест, ки гӯё дар ҳақиқат қаламрави Калининград таърихан ба Литва ва ё Полша мансуб буд, на ба Русия. Магар ин ҷудоиандозии маъмулӣ нест?
Ва баъди се ҳафтаи ин мусоҳиба хабаре интишор ёфт, ки ҳокимон мехоҳанд ин осорхонаро, ки дар шаҳри ҳаммарз бо Литваи Советский ҷойгир аст, барҳам зананд. Ин осорхона ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷониби Литва будааст. Гузашта аз ин осорхонаи замони Шӯравӣ борҳо дар маркази баъзе моҷароҳо низ қарор доштааст.
Солномаи моҷароҳо
Тобистони соли 2016. Дар осорхона намоиши “Тилзит-шаҳри беназир” ифтитоҳ шуд, ки ба таърихи нимаи аввали асри ХХ-и ин шаҳр бахшида шуда буд. Экспонатҳои он дар Олмон аз ҷониби намояндагони ташкилоти “Пруссияи Шарқӣ” омода шуда буд ва сокинони шаҳрро ба ваҷд овард.
Аз ҷумла, дар яке аз бахшҳои он расме ҷо дода шуда буд, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тайёраҳои Шӯравӣ ба Тилзит ҳамла кардаанд. Ин корномаи аввалин халабони Шӯравӣ Михаил Кривсов буд, ки шаҳрҳои ҳамммарз бо Олмонро як рӯз пас аз ҳамлаи гитлерчиён ба СССР бомбборон карда буд.
Зери ин аксҳо навишта буданд: “Баъди оғози ҷанг зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳавопаймоҳои душман аллакай рӯзҳои 22 ва 23 июни соли 1941 Тилзитро бомбборон карда буданд”. Ва дар идома: “Бо оғози ҳамлаи густардаи Артиши Сурх дар тобистони соли 1944 шаҳрро хатар таҳдид мекард”.
Муаллифони экспонат менавиштанд: “Ҳар касе ба дасти Артиши Сурх асир уфтод, ба корҳои маҷбурӣ фиристода шуд ва ё ба Сибир бадарға гардид. Дар охири соли 1945 дар шаҳри Тилзит 1659 олмонӣ боқӣ монда буд, ки 328 нафари онҳо кӯдакон буданд”.
Раиси Шӯрои собиқадорон Владимир Проскурин инро “таблиғоти геббелсӣ” номид. Он вақт шарҳдории Советск, ки ташкилкунандаи ин намоиш буд, ба зудӣ вокуниш нишон дод ва ин гӯшаро аз намоиш берун кард ва моҷаро бо ҳамин ба дарозо накашид.
Баҳори соли 2017. Дар осорхонаи Советск намоиш бахшида ба содсолагии нависандаи олмонитабори Тилзит Иоҳанес Бобровский баргузор шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравии замони баъди ҷанг ин ном ошно буд, чун соҳиби он аз ҷумлаи касоне маҳсуб меёфт, ки дар сатҳи олмониҳо меандешид. Дар синни 24-солагӣ вай сарбози артиши Гитлер буд ва соли 1941 дар ғасби Новгород ширкат намуд. Баъдан ба дасти Артиши Сурх асир шуд ва дар барқарорсозии шаҳри Донбас, ки ҳамватанонаш хароб карда буданд, иштирок намуд. Соли 1949 ба Олмон баргашт ва ба навиштани повесту ҳикояву шеър шуруъ намуд ва мавзӯи он масъулияти олмониҳо барои азияти сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ин ки кормандони осорхона аз ҳамватани худ ёд карданд, ин ҷойи бадӣ надорад. Вале дар чанд расм Бобровский бо сару либоси сарбози Вермахт тасвир шуда буд. Намоиш рӯзи 9-уми апрел, дар рӯзи мавлуди Бобровский ифтитоҳ шуд ва маҳз дар ҳамин рӯз Калининград санаи таърихии ҳамла ба Кёнигсбергро ҷашн мегирад ва дар шаҳр кӯчае бо номи 9-уми сентябр мавҷуд аст.
Он вақт шаҳрдори Советск талаб кард, ки ин бахш аз намоиш хориҷ карда шавад ва аз директори осорхона Анҷелика Шпилёва хоста шуд, ки ба истеъфо равад, вале вай рад кард.
Зимистон-баҳори соли 2018. Осорхонаи Советск бори дигар ба моҷарои байналмилалӣ кашида шуд, аммо ин бор ин моҷаро литовӣ буд, на олмонӣ. Моҳи феврал, дар ҷашни садсолагии истиқлолияти Литва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ намояндаи идораи дипломатии ин кишвар дар Советск Брониус Макаускасро, ки дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб мошин меронд, боздошт карданд. Ҳамроҳ бо консул дар ин мошин директори осорхона Анжелика Шпилёва менишаст. Албатта, касе тибқи қонун ҳақ надорад иртиботи як шаҳрвандро бо консули кишвари дигар мавриди шубҳа қарор диҳад. Вале моҳе баъд ҳодисае рух дод, ки бо ҳамин рӯйдод ба хотир омад.
Моҳи март намоиш ба муносибати 150-солагии драматурги Литва Виндунас баргузор шуд, ки дар Тилзит зиндагӣ кардааст. Расонаҳои хабарии Русияро дар маросими ифтитоҳи он хабар накарданд, аммо журналистон аз Литва даъват шуданд ва омаданд. Сужаи телевизионии литовиҳо бо ин титр пахш шуд: Karaliaučiaus, Tilžė, яъне Караляучус ва Тилже-номҳои литовии Калининград ва Советск.
Чанд сол пеш директори осорхона сиёсатшиноси литвонӣ Витаутаса Ландсбергисро даъват кард, ки як русбадбини ашадист. Ҳузури ин сиёсатмадор як пайғоми нохуш ва сард ҳам барои ҳукуматдорон дошт ва ҳам барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Дар натиҷа Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як номаи эътирозӣ аз Литва талаб кард, ки консулаш дар Севетскро иваз кунад.
«Ин як шабакаи комил аст»
Александ Бурих – ҷонишини маъмурияти Советск ба нашрия гуфтааст, ки “ҳадаф бартараф кардани шахсони ҷудогонаи ҳуқуқӣ буд, на худи осорхона”.
«Худи осорхона чун макони биниши экспонатҳо фаъолият хоҳад кард”,-гуфтааст соҳибмансаб.
Директори осорхона Анжелика Шпилёва дар суҳбат бо «Совершенно секретно» барҳам дода шудани осорхонаро дар изи литвонӣ надидааст.
Доктори илмҳои таърих Владимир Шулгин, ки шуъбаи калининградии Академияи масъалаҳои геополитикиро сарварӣ мекунад, гуфтааст, ки барканории омили нуфузи хориҷӣ ин ҳамагӣ як консепсияи “мубориза бо дум” аст.
«Ба назарам ҳукуматдорони мо муҳим будан ва тезутунд будани мушкилотро намебинанд, онҳо намебинанд ва ҳис намекунанд, ки ҳама ҷо тадриҷан ишғол шудааст. Бояд сарварони сатҳи болотар ҳатман иваз шаванд. Аз нигоҳи ман имрӯз сарвари бахши фарҳангии вилояти Калининград таблиғотгари аслии сиёсатҳои олмонист. Ин як шабакаи комил аст”, – гуфтааст ӯ.
«Бастани осорхонае, ки дуюмин осорхонаи бузург дар қаламрави Калининград мебошад, ин вазъи ногуворист, гуфтааст Алекскй Соколов-директори осорхонаи иқтисодии Виштинетс. – Ман омода нестам моҷарои литвониро шарҳ диҳам, вале мегӯям, ки ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои ҳаммарз ин муҳим аст”.
Максим Макаров, як фаъоли ҷамъиятӣ гуфтааст, ки аз нуқтаи назари амнияти миллӣ бастани осорхона ин тадбири муҳим ва саривақтист.
Шояд дар ҳақиқат шабакаи ҷосусони хориҷӣ вориди сохторҳои ҳаётан муҳими Русия шудаанд?
Андрей ВЫПОЛЗОВ, «Совершенно секретно»
Таҳияи Ф.Муҳаммад