(Магар Ғалаба монополияи як давлат аст?)

Рӯзи 9-уми май аз кӯдакӣ дар хотираам бо чанд ҷузъиёташ мондааст: хондани китобҳо аз пирӯзии халқи советӣ бар фашизми Олмон, субҳи барвақт ҳозир шудан ба мактаб барои гузаштан аз парад, хӯрдани кулчақанду “лимонад”-ҳои машҳури ҳамон давра…

Чун одат, дар арафаи ин ҷашн ба мактаб меҳтарони ҷангро даъват мекарданд ва онҳо аз саргузаштҳояшон нақл мекарданд: ҳама воқеаҳо ранги сиёҳу сафед дошт, неруҳои сиёҳи гитлерӣ ва қувваҳои сапеду озодибахши шӯравӣ, ба масъалаҳое, аз қабили дар дохили худи Олмон рӯйидани неруҳои зиддифашистӣ, муоҳадаи қаблазҷангии миёни Шӯравӣ ва Олмон дар соли 1940, ба ҷуз халқи шӯравӣ дар ин набарди тӯлонӣ саҳм гузоштани Амрикову Инглистон, дигар мардумони аврупоӣ умуман сухан намерафт… Идеология тақозо мекард, ки бояд як андеша ҳукмфармо бошад: ғалаба дар ин ҷанг танҳо монополияи Шӯравист…

Ин дар гузаштаи дур буд, аммо акси сусти садояш то кунун ҳама ҷо танин меандозад: ҳар сол, ҳар гоҳ, ки аз ғалаба дар ҶБВ сухан равад, ба ҷуз русҳо саҳми дигар халқҳои он замон дар фазои шӯравӣ мавҷуд хира-хира номбар мешавад, ё бидуни таъкид мемонад. Дуруст, он замон як абарқудрат ё империяе буд бо номи Иттифоқи Советӣ ва халқи рус барои 14 ҷумҳурии дигар ҳаққи бародари калониро дошт. Шакке нест, ки маҳз русҳо нисбат ба дигар ҳалқҳо бештар талафоти ҷонӣ доданд, аз ҳама зиёд сарзаминҳои руснишин ва мардумони словянӣ – укроину беларусҳо харобу валангор шуданд. Аммо пирӯзии мутлақ ба шарофати ҷоннисориҳои намояндаҳои ҳама кишварҳои аъзои СССР дар майдони набард ва таъмини ғизову дигар масолеҳи ҷанг дар ақибгоҳ (махсусан дар чумҳуриҳои Осиёи Марказӣ) таъмин шуд… Чаро ин фикр бояд махсус таъкид шавад, поинтар хоҳам гуфт…

Табиист, ки маркази таҷлили ғалаба дар ҷанги зидди Олмони фашистӣ шаҳри Маскав аст ва инак, 76 сол аст, ки маърӯзаи асосӣ роҷеъ ба ин ҷашн аз ҷониби сарвари Русия хонда мешавад. Бисёр аҳаммият дорад, ки ӯ чӣ мегӯяд ва чӣ гуна сухан мекунад: дар ҳама “фронт”-ҳои идеологӣ (ВАО, созмонҳои давлатӣ, сохторҳои мафкурапардозӣ ва ғ.) маҳз ба нуктаҳои асосии ҳамин гуфтор диққат медиҳанд ва хулоса мебароранд… Ёд надорам, ки солҳои ахир дар чунин суханрониҳо аз саҳми тоҷикон (ва дигар халқҳо) ном ба ном сухан рафта бошад, ё ман хато мекунам? Имсол низ банда суханронии президенти Русия Путинро гӯш кардам: фақат як маврид зикр шуд, ки халқи шӯравӣ тавассути қаҳрамонии бузургаш пирӯз гардид ва дар як мавриди дигар гуфта шуд, ки маводи ғалабаро дар заводҳои Поволжйе ва Урал, Шарқи Дур ва Сибир, дар шаҳрҳои Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна таъмин карданд…

Чӣ мешуд, агар бо ду-се ҷумлаи дигар номи он халқу миллатҳое, ки паҳлу ба паҳлу бо русу словинажодҳо дар ин набарди хунин намунаи бемисли қаҳрамонӣ нишон додаанд, гуфта мешуд? Бо назардошти шиддат гирифтани мавҷи нави ҷанги сард миёни Русия ва олами Ғарб, ташаннуҷи вазъ дар Донбаси Укроин, гуфтугӯҳои сарди пасипардагии миёни Малдоваю Русия барои заминҳои соҳили Днестр ва чанд омили дигар магар ба ёд овардани он дӯстиву рафоқат, ҷоннисориҳо ба хотири ҳамдигар, он суннатҳои эҳтиромӣ магар лозим набуд? Лозим буд, аммо гуфта нашуд, пас, чӣ монеа буд? Камэътибор шудани шукуҳу шаҳомати Русия дар назари Ғарб ё ифтихори великорусӣ?…

Халқи советӣ ё шӯравӣ гуфта он замон мардумонеро дар назар медоштанд, ки дар СССР якҷо ва дар як сарзамин мезистанд: беларусу укроину қазоқу тоҷику арманиву гурҷиву туркману дигару дигарҳоро. Дар алоҳидагӣ халқи шӯравӣ вуҷуд надошт, ин ибораро барои ҳама халқҳо сохта буданд ва баъди фурӯпошии Шӯравӣ табиист, ки аз халқи советӣ нишоне намонд, акнун он халқҳо ҷудо-ҷудо дар марзҳои худ зиндагӣ мекунанд ва имрӯз ҷумҳуриҳои мустақили худро доранд. Агар имрӯз аз ғалаба дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ёд кунем, пас, мантиқан халқи ягонаи дирӯз мавҷуд ва имрӯз набударо (яъне халқи шӯравиро) ёд кардан чӣ маъно дорад?

Маълум, ки гуфторҳои Путинро беҳтарин идеологҳои рус омода мекунанд, пас, чаро ҳамасола зикри қаҳрамониву ҷасорати мардумони дар он набарди таърихӣ ширкатдошта ва қурбоншуда аз ёду хотири он идеологҳо фаромӯш мешавад? Шояд ин ҷо ҳадафе бошад, ки банда намедонам…

Бисёр мехостам дар он маърӯза чунин сатрҳоро бубинам: “Тоҷикон дар таъмини ғалаба саҳми бузург доштанд, дар ин набард аз ин мардуми таърихан қаҳрамон на танҳо одамони одӣ, балки онҳое иштирок ва қурбон шуданд, ки олиму муаллиму эҷодкор буданд. Метавонистанд ва ҳуқуқ ҳам доштанд, ки дар ақибгоҳ бошанд, аммо эҳсоси гарми ватандорӣ онҳоро ихтиёран ба корзорҳо бурд. Тоҷикистон дар он замон набардгоҳи заҳмату кори бемислу монандро мемонд: тоҷикон худашон намехӯрданду нони даҳонашонро ба фронт мефиристоданд, пашму пахта ва даҳҳо навъи маҳсулотро ба майдонҳои ҷанг равон мекарданд… Дар шифохонаҳои ин кишвар захмиёни ҷанг ҳам бо доруву даво ва ҳам бо муҳаббати софи тоҷикона дубора бапо хезонда мешуданд…”.

Чунин ёдкард барои мо, ки дар “ҷаҳони русӣ” қарор дорем ва бо саду як восита аз Русия вобастаем, хеле зарур буд, Барои муҳоҷирони мо лозим буд, ки ниҳодҳои дахлдори русӣ нисбат ба онҳо камтар бераҳмӣ кунанд, аз қоидаҳои байналмилалии рафтор бо муҳоҷирон кор бигиранд, ҳадди ақал баробар бо дигар мардумони минтақаҳои пасошӯравӣ муносибат дошта бошанд… Барои стратегҳои рус лозим буд, ки модом Тоҷикистонро дар “ҷаҳони русӣ” нигаҳ медоранд, пас, барномаҳое барои рушди ин кишвар биандешанд ва сармоягузориҳое муассир роҳандозӣ кунанд, то ки ҳамон “дӯстӣ”-и таърихӣ дубора эҳё шавад… Боз чанд омили дигар…

Аммо аз чӣ бошад, ки Русияро ин масъалаҳо чандон андармон намекунад, ин кишвар ҳоло бо ИМА ва Шӯрои Аврупо сару ҳисобе дорад ва вазъи муносибатҳо аз давраи ҷанги сард садҳо маротиба бадтар шудааст… Зарофатгӯён ҳатто ҳамин вазъро ҳам латифа кардаанд. Чунончи, аз сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова хоҳиш мекунанд, ки дар глобус кишварҳои дӯсти Русияро нишон бидиҳад. Ӯ баъди муддате мепурсад: “Глобуси дигар надоред?”…

Латифаро як сӯ гузорем, воқеан, Русия ин шабу рӯз буҳронро дар муносиботи байналмилалиаш пушти сар мекунад: мо ҳоло маҷоли таҳлили ҳамаҷонибаи ин буҳронро надорем, аммо дар муносибат бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ Русияро лозим аст, ки ҳамчун давлатҳои соҳиби истиқлол муносибат кунад, эҳтиром ва манофеи миллии кишварҳоро ба эътибор бигирад, барои пешгирии ҳар навъ низоъҳо (хоҳ марзӣ бошад, хоҳ миллӣ) барномаҳои махсус дошта бошад… Дар шароити ихроҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва дубора сар боло кардани толибон дар ин мамлакат Тоҷикистон барои Русия бояд ба кишвари рақами як аз нигоҳи амнияти саросарӣ эътироф шавад…

Ва боз як андешаи дигар. Маълум, ки 9-уми май рӯзи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва гиромидошти онҳоест, ки хушбахтона, зиндаанд ва аз хушнудӣ дида ғаму андуҳи фироқи ҳамяроқони хешро мехӯранд… Дар умум, ёди бузурге аз таърих аст, аз қурбониҳост ва ғояаш ин аст, ки дигар ҷанг такрор нашавад…

Инро дигарон ҳам гуфтаанд, банда ҳам ба ин андешаам, ки дар ин рӯзи ёдбуди қурбониён ва шодӣ аз пирӯзӣ бар душмани ғаддор ба намоиш гузоштани силоҳу техникаи навтарини ҷангӣ чандон мантиқ надорад. Ин кор беҳтараш рӯзи таъсиси артиш шавад, ба ҳадафи намоиши қудрат: бинед, ки мо чиҳо дорем ва эҳтиёт кунед, ки ин ҳама ба кор хоҳад рафт… Аммо дар умум, се маънои ҷашни ғалабаро пайхас кардан мумкин аст: ёди шаҳидон, хушнудии пирӯзӣ ва омодагӣ ба ҳар набарди нав…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь