Моҳи декабри соли 1967 банда дар Хуҷанд сафар доштам. Бо ташаббуси мудири кафедраи адабиёти тоҷик Атахон Сайфуллоeв ва муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд Темурхон Мақсудов банда ба ин донишкада ба кор даъват шуда будам. Дӯсти азизи ман Салоҳи Солеҳиро низ даъват карда буданд. Мо ҳар ду ба меҳмонхонаи шаҳр ҷой гирифтем.

Он сол ҳаво бисёр хунук шуд. Ҳар рӯз хабар меомад, ки дарёи Сир ях кардааст. Ва чунон ях кардааст, ки аз болои яхи он ароба мегузарад. Бисёр меваҳоро хунук зад. Шафтолуи равғани гов, ки шарбатдор буд ва ҳар ду-се донааш як кило меомад, ҳамон сол аз водии Вахш нест шуд.

Дар ҳамин зимистони қаҳратун ҳам дар меҳмонхонаи мо як бор барқ хомӯш нашуд ва мо хунук нахӯрдем.

Меҳри шӯълавари дӯстони хуҷандӣ дили моро гарм медошт ва меҳри моро нисбат ба онҳо афзунӣ мебахшид.

Дар ин миён як воқеа рӯй дод, ки боиси шӯълаафрӯзии бештари меҳри мо гардид.

Як шаб муовини раиси Донишкадаи омӯзгорӣ Темурхон Мақсудов моро ба хонааш даъват кард. Бо Акои Салоҳ ба ҳавлии ӯ омадем, ки чанде аз дӯстони дерини мо он ҷо ҷамъ шудаанд. Дар байни онҳо як ҷавони қоқинаи қоматбаланди зебо низ буд, ки дар паҳлӯ рубобе дошт. Пас аз андаке бо ишораи Темурхон он ҷавон рубоб ба даст гирифт ва сурудан оғоз кард. Мо ҳама моту мабҳут суруди ӯро гуш мекардем.

Ин ҷавон Ҷӯрабек Муродов будааст. Ӯ ба ҳамин қарибиҳо Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст ва акнун дар сарояндагӣ шӯҳрат меёфтааст.

Барои мо шиносоӣ бо Ҷӯрабек Муродов, ки хеле ҷавон ва овозаш ҳанӯз дуруст кушода нашуда, вале бисёр форам ва дилнавоз буд, кашфи як ҷаҳони тозаи санъат буд.

Он шаб Ҷӯрабек базми моро чунон тафсонд, ки бехабар аз он ки соат аз 12 гузаштааст, мафтуни ҷодуи санъати ӯ будем. Тахминан соати 1-и шаб бо дили нохоҳам аз ҷо хестем ва ба кӯча баромадем. Ҳаво чандон сард набуд ва мо дили пур аз шавқи ҳунари Ҷӯрабек шоду хуррам оҳиста-оҳиста қадам мезадем. Ҳеч кас аз якдигар ҷудо шудан ва сӯйи хонаи худ роҳ пеш гирифтан намехост. Ҳама бо ҳам мерафтем.

Як замон аз пеши мо нонвойнхонае баромад. Дар соати 2-и шаб нонвойҳо нон мепухтанд. Ҷӯрабек ин бидид ва гуфт:

– Инҳо дар ин шаби зимистон то саҳар нон мепазанд, то ки пагоҳ мардум серу бардам бошанд. Мардуми нонвой бисёр мӯҳтараманд ва ман ҳоло ба ин нонвойхона медароям, чанд суруд мехонам ва онҳоро хурсанд мекунам.

Мо 6-7 нафар ҳама ба нонвойхона даромадем. Ҷӯрабек дар миёнҷойи нонвойхона истода, рубоб зад ва суруд хонд. Нонвойҳо аввал аз даромадани мо ҳайрон ва баъд шунидани суруди Ҷӯрабекро бисёр хурсанд шуданд. Онҳо лаҳзае аз корашон боз намонданд, корашонро ҳамчунон давом медоданд ва ба Ҷӯрабек нигоҳ карда, бо таҳсину офарин сар меҷунбонданд. Чун Ҷӯрабек оҳанги шӯх сар кард, кадоме аз ҳамроҳони мо ба рақс даромад. Нонвойҳо бениҳоят хурсанд шуданд. Онҳо нони гармеро, ки нав аз танӯр канда буданд, ба оби хунук ғӯтонда, ба пеши мо гузаштанд. Нони гармро ба оби хунук тар бикунанд, бисёр бамазза мешудааст. Мо, ки имшаб зиёфати калон хӯрда ва сер будем, боз ҳам аз он нон хеле хурдем.

Базми нонвойхона бисёр давом накард, лекин ба дили ҳама ҳозирон бисёр шодӣ овард. Дар охир чун Ҷӯрабек бо нонвойҳо хайрухуш сар кард, онҳо ҳама даст бардошта, ӯро дуо карданд, ки ту моро шод кардӣ, Худо туро ҳамеша шод бидорад. Мо ҳама омин гуфтем.

Чунонки мебинем, Ҷӯрабек Муродов аз нахустин қадамҳо бо санъати худ дуо мегирифт. Дар ҳақиқат санъат, ҳунар, ҳаловат бахшидан ба дили мардум кори савоб аст. Дили мардумро аз зангор тоза кардан, ба илҳом овардан, қувват бахшидан, ки ба санъаткори асил муяссар мегардид, айни савоб аст. Санъаткоре, ки ба роҳи савобҷӯйӣ даромадааст, ҳар лаҳза аз пиру ҷавон ошкору ниҳон дуо мегирад. Ва бо дуои мардум ба муроду мақсад, ба қуллаҳои баланди санъат мерасад.

Ҷӯрабек Муродов чунин санъаткори асил аст, ки аз нахустин қадамҳои эҷодкорӣ ба роҳи дуоҷӯйӣ даромад ва бо дуои мардум сол то сол ҳунарашро сайқал медиҳад.

Аз ҳамон рӯз Ҷӯрабек ба дили ман ҷо гирифт. Ҳар кас санъати Ҷӯрабекро як бор бубинад, ба ӯ дил мебандад ва дигар аз ӯ дил канда наметавонад. Мухлисони ӯ то рафт зиёд мешуданд. Хушбахтона, Ҷӯрабек мухлисонашро ҳар рӯз шод мекард, ҳар рӯз муваффақияте ба даст меовард, ки боиси шодмонии мухлисон мегашт.

Ҷӯрабек соҳиби истеъдоди фавқулодда аст. Ӯ сурудҳои гуногунро иҷро мекунад. Гоҳ сурудҳои халқӣ ва гоҳ классикӣ мехонад, гоҳ асарҳои имрӯзаро, ки бештарашро худ эҷод кардааст, яъне ба шеъри ҳамзамонон оҳанг бастааст, тараннум менамояд. Дар ҳама маврид тараннуми ӯ олиҷаноб аст. Ҳам сурудҳои халқӣ ва оҳангҳои «Шашмақом»-ро хуб месарояд. Инро мухлисон медонанд ва ҳамеша мунтазири сурудҳои нави вайанд.

Ҷӯрабек Муродов навпардоз аст. Навангезиҳои ӯро дар мусиқӣ ва суруд, дар санъати сарояндагӣ мутахассисон хоҳанд гуфт. Ман фақат ҳаминро ишора мекунам, ки масалан, як намуди нави консерт, ки ширу шакар номидаанд, яъне консерти ду нафар-сароянда ва шоир бо ташаббуси Ҷӯрабек оғоз ёфт. Ҷӯрабек ва Лоиқ бо ҳам як консерт доданд, ки бисёр зебо ва дилангез буд.

Ба пиндори банда Ҷӯрабек дар «Шашмақом» низ услуби хос дорад. Тарзи мақомхонии ӯ аз дигар мақомхонон каме фарқ мекунад ва гӯё ба сабки халқии зодгоҳаш наздик аст. Ба ҳар сурат Ҷӯрабек Муродов яке аз онҳоест, ки имрӯз ривоҷу равнақи «Шашмақом» ба ҷидду ҷаҳди онҳо  вобаста аст.

Он гоҳ ки Ҷӯрабек Муродов ба баландтарин унвони сарояндагони замон-унвони Артисти халқии СССР пешниҳод шуд, ӯ як консерти калон иборат аз суруди халқҳои шӯравӣ омода кард. Ӯ ба барномаи худ сурудҳоеро дохил кард, ки онҳоро устодони забардасти ҳар ҷумҳурии шӯравӣ иҷро мекарданд. Гӯё Ҷӯрабек бо устодони ҷумҳуриҳо ба мусобиқа даромада буд. Лекин дар воқеъ, ин тавр нашуд, Ҷӯрабек бисёр оқилона рафтор кард. Ӯ бо устодони санъати ҷумҳуриҳо мусобиқа оғоз накард, балки роҳи дигар, роҳи аҷиберо пеш гирифт. Ӯ сурудҳои машҳури халқҳои гуногунро ба тарзи хоси худаш ва бо истифодаи унсурҳои санъати иҷрогарии тоҷикӣ, як каме ба тарзи тоҷикӣ иҷро кард. Вай бо сурудҳои халқҳои гуногун андаке обу тоби тоҷикӣ дод. Ба ин тарз сурудҳои халқҳои дуру наздикро ба дили мардуми тоҷик наздик овард.

Ба андешаи банда консерти Ҷӯрабек аз ҳамин ҷиҳат ба санъатшиносони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ маъқул шуд.

Ин ҳам яке аз навовариҳои Ҷӯрабек Муродов дар санъати сарояндагӣ буд. Бовар дорам, ки навҷӯйиҳои ӯ зиёданд ва донишмандон онро кам- кам муайян хоҳанд кард.

Мухлисони Ҷӯрабек зиёданд ва дар байни онҳо шахсиятҳои намоёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳастанд. Дар ёд дорем, ки дар ҷашни 25-солагии эҷодиёти Ҷӯрабек нависандаи мумтози Тоҷикистон Ҷалоли Икромӣ суханронӣ кард. Ӯ дар бораи санъати сарояндагии Ҷӯрабек Муродов бо таҳсину офарини зиёд ҳарф зад.

Ширкати Ҷӯрабек дар гурӯҳи мақомхонони Хуҷанд «Нури Хуҷанд», ҳамкории ӯ бо устоди забардаст Боймуҳаммад Ниёзов натиҷаҳои хубе дод. Ӯ дар андак муддат чун як сарояндаи намоёни «Шашмақом» шӯҳрат ёфт. Ин шӯҳрати ӯ ба вежа пас аз хондани «Ироқи Бухоро» бениҳоят афзуд. «Ироқ»-ро Барно Исҳоқова ба дараҷаи олӣ хонда буд. Ва пас аз ӯ чандин сол касе ба иҷрои «Ироқ» ҷуръат накард. Ҷӯрабек буд, ки оқибат ҷуръат кард ва «Ироқи Бухоро»-ро ба таври худ, ба услуби хосе хеле хуб хонд.

Ба ёдам меояд, ки чун ба муносибати 135-солагии ҳазрати қиблагоҳам Садри Зиё як конфаронси илмӣ баргузор кардан хостем, Ҷӯрабек Муродов омад ва гуфт, ки ӯ низ дар ин конфаронс маърӯза хоҳад кард. Мо номи ӯро ба барнома дохил кардем.

Ба конфаронс Ҷӯрабек бо дастаи навозандоганаш омад. Донистем, ки суруд низ хоҳад хонд. Дар ҳақиқат аввал андак суханронӣ кард ва баъд эълон дошт, ки барои шодмонии рӯҳи поки Садри Зиё  «Ироқи Бухоро»-ро хоҳанд хонд.

Он рӯз Ҷӯрабек «Ироқ»-ро чунон хонд, ки гӯё дигар ҳеч гоҳ ин тавр нахонда буд. Дар толори Академияи илмҳо, ки пур аз одам буд, шӯре барпо шуд. Ҳама бо ғулғулаву кафкӯбӣ Ҷӯрабекро офарин хонданд.

Ман он лаҳзаҳоро ҳеч фаромӯш нахоҳам кард ва Ҷӯрабеки азизро як умр сипосгузорам.

Банда низ яке аз мухлисони Ҷӯрабек ҳастам. Шиносойии ману Ҷӯрабек  ҳамон шаби нишасти ҳавлии шодравон Темурхон Мақсудов сар шуд. Шодравон Темурхон марди шарафманде буд ва ба шарофати ӯ миёни ману Ҷӯрабек як риштаи ниҳонии вобастагии маънавӣ кашида шуд. Ман солҳои баъд ҳамеша ҷусторҳои эҷодии Ҷӯрабекро пайгирӣ мекардам ва аз комёбиҳои ӯ завқ мебурдам. Ҷӯрабек нисбат ба камина чандин бор бо тарзҳои гуногун лутфу марҳамат зоҳир кардааст. Чун синни банда ба 60 расид ва бо дӯстон нишасте оростем, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов ва Ҷӯрабек Муродов базме барпо карданд, ки он солҳо шояд назир надошт. Баъд ҳам бо дидадароӣ ва меҳрбонӣ сари бандаро ба осмон расонидааст. Ҷӯрабек барои маъракаи 80-солагии банда махсус аз Хуҷанд ба Душанбе омад ва бо Мастона Эргашева ин маъракаро хеле оро доданд.

Ин аст, ки «то ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Ҷӯрабек Муродов яке аз хушхонтарин ҳофизони Тоҷикистони кунунист. Ҳам овози хуш дорад, ҳам услуби хуб. Сабки халқии табиъии ӯ дилрабост. Месазад бигӯем, ки Ҷӯрабек Муродов булбули чаманзори тоҷикон аст.

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ,

академик

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь