Мо дар бораи босмачиён чӣ медонем?

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ филмҳои зиёде ба навор гирифта шуданд, ки дар он аскарони диловари Артиши Сурх бо роҳзаноне меҷангиданд, ки кӯшиши “таърихро баргардонидан”, ба занони Осиёи Миёна дубора ҳиҷоб пӯшонидан ва ғайраро мекарданд. Ҳоло дар аксарияти мамлакатҳои мустақили Осиёи Миёна нигоҳи мардум ба ин гурӯҳ дигар аст: босмачиён, ки ба қавли онҳо барои истиқлолияти миллӣ мубориза бурдаанд, каҳрамон эълон карда мешаванд. Аммо асли воқеа чӣ буд?

Аксуламал ё «ҳаракати миллӣозодихоҳӣ»?

Пеш аз инқилоби соли 1917 Осиёи Миёна ба се вилояти маъмурӣ тақсим шуда буд. Қисми зиёди он бевосита қисми империяи Русия буд. Қисматҳои Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистони имрӯза ба ҳайати хонигариҳои ниммустақили Хева ва аморати Бухоро дохил мешуданд. Ин давлатҳо таҳти протекторати Русия ҳисобида мешуданд.  Онҳо ҳаққи муносибати мустақили беруниро надоштанд, вале дар сиёсати дохилӣ комилан мустақил буданд.  Онҳо меъёрҳои шариатро комилан ҳифз мекарданд ва унсурҳои волоияти қонун барояшон вуҷуд надошт. Дар зери таъсири мисолҳои берунӣ дар Хева ва Бухоро ҳаракати озодихоҳӣ ба вуҷуд омад.

Вазъияти миллии қисми русии Осиёи Миёна мураккаб буд.  Ҳукуматдорони рус, ки барои сукунати қазоқҳо ва сохтмони роҳҳои оҳан аз аҳолии бумӣ замин гирифта буданд, бо тартиботи нофаҳмои худ аз тарафи аҳолии махаллӣ ҳамчун мустамликадорон қабул мешуданд. Коргарони роҳи оҳан низ ба ҳукумат нафрат доштанд.

Баробари сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ, Осиёи Миёна (он вақт Туркистонро ҳамин тавр меномиданд) ба муддати ду сол аз боқимондаи Русия ҷудо шуд, вале равандҳои сиёсии худро дошт. Синфи коргари рус қариб, ки дарҳол болшевик шуд. Аммо ин болшевизм баҳри якпорчагии давлат буд. Болшевикони маҳаллӣ бошад, ду сол шуда буд, ки муқобили отрядҳои миллатчӣ ва исломии («миллии озодихоҳӣ») ташаккулёфтаи бойҳои маҳаллӣ мубориза мебурданд, то даме, ки қӯшунҳои командир Михаил Фрунзе ба ёрии онҳо омаданд.

Босмачиён ҳамчун лоиҳаи нокоми Тротский

Дар соли 1920 қӯшунҳои Фрунзе Хива ва Бухороро ишғол карда, онҳоро ҷумҳуриҳои халқӣ эълон карданд. Аммо дере нагузашта дар ин кишварҳо ҷудоӣ ба амал омад.  Ислоҳотчиёни маҳаллӣ инқилобро шиддатноктар карда, Хива (Хоразм) ва Бухороро бо республикаҳои шӯравӣ муттаҳид кардан намехостанд. Ҳамин тавр, фронти ягонаи зиддишӯравии миллатчиён ва фундаменталистон бо «демократҳои» вақтҳои охир ба вуҷуд омада якҷо гардиданд ва бисёр командирони отрядҳои маҳалии Армияи Сурх қурбонӣ шуданд.

Сиёсати аблаҳонаи роҳбарони шӯравӣ ба пойдор шудани мухолифони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна мусоидат карданд. Тротский ташаббускори ташкили давраи гузариш дар он ҷо барои ҷанг дар Ҳиндустони Британия буд. Тротский барои он ки рӯҳияи мусулмонони Шарқро ба револютсияи зиддиимпериалистӣ баланд бардорад, ба ҷуз илҳом додан ба онҳо чизе беҳтар наёфт аз он ки собиқ вазири ҷанги империяи Усмонӣ Анварпошо, ташкилотчии наслкушии арманиҳо дар соли 1915 – ро ба Бухоро фиристад

Соли 1919 Тротский бо Анварпошо дар Берлин, ки он ҷо аз трибунали ҳарбӣ пинҳон шуда буд, вохӯрда, ӯро ба Москва даъват кард, то дар он ҷо бо кори болшевикон ҳамроҳ шавад. Анварпошо дарк кард, ки ин фурсатест барои сарвари ҳаракати миллатгароӣ шудан. Тирамоҳи соли 1921 Анварпошо сармушовири ҳарбии Республикаи Халқии Бухоро таъин шуд, вале 23 рӯз пештар бо босмачиён алоқа барқарор карда, ба тарафи онҳо гузашт ва ба як қисми отрядҳо роҳбарӣ кард.

Таҷрибаи ҷангӣ ва ташкилотчигии собиқ вазири ҳарбии Туркия, инчунин номи ӯ ҳамчун байрақ барои босмачиён хеле муфид буд. Ҳаракати онҳо баҳори соли 1922 хеле вусъат ёфт.  Гарчанде худи Анварпошо дар моҳи августи соли 1922 дар натиҷаи амалиёти махсус бо сардории командири сурх Яков Мелкумов (миллаташ арманӣ) нест карда шуда бошад ҳам, харакати босмачиён боз солҳои зиёд давом кард.

Тайёрӣ ба ҳуҷуми босмачиён

дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Баъзе фактҳои фаъолияти НКВД дар мубориза ба муқобили босмачиён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ оммавӣ гардиданд.

Одатан чунин мешуморанд, ки дастаҳои охирини босмачиён дар соли 1931 несту нобуд ё аз СССР хориҷ карда шуданд.  Аммо дар солҳои ҷанги дуюми чаҳон ҷосусҳои немис дар Афғонистон нақшаи амалиётро бо истифодаи боқимондаҳои дастаҳои босмачиёнро, ки дар наздикии сарҳади советӣ воқеъ буданд, ташкил карданд.  Қурбошӣ Қамчибек бо мақсади тахрибкорӣ ба хоки советӣ фиристода шуд.

Баъди аз тарафи немисҳо забт шудани Сталинград дастаҳои босмачиён ба мақсади ёрӣ расондан ба ишғоли немисҳо дар ин минтақа ва дар он ҷо ташкил намудани Комиссариати Рейх «Туркистон» ба Осиёи Миёнаи Шӯравӣ ҳуҷум карданӣ шуданд.  Дар ситод «Юнион-фаал» дар Кобул, ки ба он намояндагони фашистон  сардорӣ мекарданд, 22,5 ҳазор нафар ҷанговарро доштанд, ки аз рӯи фармони якум ба сар кардани ҷанг тайёр буданд.

Дар Сталинград торумор шудани фашистон ин нақшаҳоро барбод дод  ва кирдори моҳиронаи ҷосусҳои шӯравӣ дар Кобул боиси ғайб задани сардори «Юнион-Фаал», Курт Расмус гардид.  Моҳи майи соли 1943 СССР, ки онро Англия дастгирӣ мекард, аз ҳукумати подшоҳии Афғонистон дар бораи бадарға кардани ҳамаи мутеъони немис муроҷиат кард. Фаъолияти ҷосусҳои фашистӣ дар байни босмачиёни собиқ бас карда шуд.

Сарчашма: “Пулс”

Тарҷумаи Дилноза Ҳукматуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь