(Бозёфте ба ифтихори зодрӯзи мардумшиноси шинохтаи рус Николай Кисляков)

Ҳозир албатта масъалаи қирғиз дар миён нест, аммо чун ин бозёфт ба миён омад, онро ба диққати алоқамандони мавзуъ мерасонам, ки ҳамин тобистон навишта шудааст. Инро як навъ идомаи мақолаам дар бораи баҳси қирғиз дар соли гузашта бипазиред. Донишманди маъруф Николай Андреевич Кисляков умри пурбору гаронмояашро ба таҳқиқи этнографии тоҷикон бахшида, дар заминаи мардумшиносии як зумра қаламравҳои тоҷикон – Қаротегин, Дарвоз, ноҳияҳои назди Помир, Кӯлоб, Сайроб, Қашқадарё, Исфара, Сӯх ва ғайра асарҳои хубу барҷастае навиштааст. Ба вежа як мақолаи бисёр баарзиши ин олими номвари этнографро бо номи “Бархе мадорик оид ба мардумшиносии Тоҷикистони Исфара” аз барориши 5-уми “Ахбороти Шуъбаи фанҳои ҷамъиятии АФ РСС Тоҷикистон” (1954, с. 43-56) ба забони русӣ мехонем ва бо бисёр нуктаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ шинос мешавем. Нусхаи ксерокопии мақола тобистони ҳамин сол ба тасодуф аз байни қоғазҳоям пайдо гашт ва табиист, ки ба матолиби он аз нав ва хуб назар кардам. Чанд нуктаи мақола оид ба минтақаҳои баҳсбарангези Ворух ва Чоркӯҳи Исфара хеле арзишманд намуданд. Аввалан, Кисляков пеш аз он ки тавсифи мардумшиносии тоҷикони ин сарзаминро диҳад, дар шарҳи маъмурии Исфара ва деҳоташ низ санад ва иттилооти муфид ва арзишманде фароҳам оварда, дар ин риштаи кораш ба пажӯҳишҳои олимони беназири тоинқилобиву пасоинқилобии рус А. Федченко, П. Кузнетсов, Н. Маллитский ва дигарон бамаврид такя кардааст. Дар таснифоти ин осор Ворух ва Чоркӯҳ калонтарин ду Шӯрои қишлоқ дар тобеи Исфара муаррифӣ шудаанд (с. 43). Дар тавсифномаи Кисляков ҳайати миллии аҳолии Исфара 80 дар сад тоҷикон, 10 фоиз ӯзбекон ва фоизи ками аҳолӣ қирғизу русҳоянд. Ӯ бисёр равшан менигорад, ки “Дар шӯроҳои деҳоти Ворух ва Чоркуҳ ба таври истисноӣ Тоҷикон иқомат доранд” (с. 44). Баробари ин Н. Кисляков ба як сухани бавазни П. Кузнетсов бисёр бовармандона рӯй оварда ва онро хеле бамаврид иқтибос гирифтааст, ки “Ворух, Чоркуҳ ва Исфра аз ҳама қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишинанд “ ва ҳам ин мардумшинос қавли сайёҳ А. Федченкоро аз ҷараёни сафар ва тавсифи сафараш ба ин қаламрав (1871) оварда ва ҳам Кисляков ин нуктаро бо натиҷаи таҳқиқи худаш хеле созгор донистааст, ки “Дар роҳи байни Чоркуҳ ва Ворух ягон деҳаи  дигар вуҷуд надорад” (с. 44). Хонандагони азизам, ба ҳамин нуктаи иқтибос аҳаммият дода монем, зеро поёнтар вобаста ба он як хулосаи ба назар хеле муҳим кардаам! Аз рӯйи ин таҳқиқи мардумшиносӣ “Ворух, мисли Ӯзгант ва Хуҷанд ҷойи зисти қадимии аҳолӣ дар водии Фарғона аст; худи номи Ворух ҳам баргирифта ах номи ҳокими қадимии афсонавии Ворух Фаррухшо баромадааст” (с. 45). Баъди зикри ин ҳама шаҳодати бастшуда Кисляков бо такя ба асари Маллитский ба як нуктаи бисёр муҳим рӯй меоварад, ки исботи ягонагии мавҷудии Тоҷикон дар ин қаламрав аст ва ин нукта ҳамеша ба мо барои дарки ҳақиқати таърих хидмат бояд намояд: Дар гузашта Ворух на дар ҷойи ҳозирааш, балки боз ҳам ҷанубтар аз водии Исфара, наздик ба кӯҳҳо қарор доштааст. Ин ҷойи зисти аввалияи аҳолии тоҷик дар ҷанубтари Исфара бино бар фурӯпошии кӯҳҳо номусоид будааст; рӯзе фалокате рух дода, сангҳои куҳӣ поён фаромада, ҷойи зисти аҳолиро аз хоку санг пур кардаанд, ҳатто ҳолати пешомад ба фавти бисёр одамон боис гардидааст. Баъди ин мардуми боқимонда дигар натавонистаанд он ҷо бимонанд ва ба ҷойи зисти ҳозираи Ворух фуруд омадаанд. Барои он ки оби дарё ба ҷойи нави аҳолинишин ҷорӣ шавад, як одами зӯрманди ташаббускор сӯрохии кӯҳро рахна карда, об фароварда (с. 45) ва бо ҳамин Исфарарӯд – дарёи Исфара ба вуҷуд омадааст. Оё қирғиз ин гапҳоро медонад? Пас на аз Чоркӯҳ то Ворух (аз рӯйи гуфтаи сайёҳ Федченко), на аз Ворух боло – то доманаи кӯҳҳо (ҷуғрофишинос Маллитский) дар ягон ҷойи зисти тоҷикон – ҳам қадимиашу ҳам ҳозирааш ягон аҳадде, аҳолии ғайри тоҷике ҳузур надошта ва сокин набудааст. Ин нуктаро Кислякови худораҳматӣ танҳо як тарафи қазияи пайдоиш ва сукунати тоҷикони водии Исфара донистааст. Тарафи дигараш омадани аҳолии дигар минтаҳқаҳо ба ин водӣ дар арзёбии олим аст. Аз пешниҳоди илмии ӯ вуруди дигарон ба ин минтақа аз ду ҷониб ҷолиб ва қобили баррасӣ будааст: ҷониби аввал, аз шимол, аз водии Фарғона ва, аз ҷониби ҷануб, аз водиҳои кӯҳии Қаротегин ва болооби Зарафшон. Аммо Кисляков инро ҳам равшан ва бо таассуф қайд карда, ки мадорик ва асноди кофӣ барои ҳалли ин масъала дар ихтиёр надоштааст, равшан ҳам набудааст, ки кадоме аз ин муҳоҷират аз ҳам бартаранд, кӣ аввал ва кӣ сонӣ омадаанд? Бо вуҷуди ин, муҳоҷирати шимолӣ аз назари ин олим меҳварӣ будааст, яъне вуруд ба Ворух асосан аз минтақаҳои ҷудогонаи водии Фарғона ва, хусусан, аз ноҳияҳои дурдасти Самарқанд сурат гирифтааст. Ҷанбаҳои гуногуни маданият ва ҳастии маънавии аҳолии Исфара дар муносибат ба зисту зиндагӣ, либос, хоҷагидорӣ, истилоҳот ва забон бартарии ҳиҷрат ба Ворухро аз тарафи шимоли он собит мекунад. Кисляков наздикии маҷмуи забони гуфтугӯи тоҷикони Исфараро ба гуфтугӯи тоҷикони Конибодом, Ленинобод (Хуҷанд) ва вилояти Фарғона назар ба бахши ҷануби Исфара далели собити ҳамин вуруди бештари шимолиён ба ҳисоб меоварад (с. 45). Нуктаи дигаре, ки Кисляков ба миён ниҳода ва он хеле ҷолиб ба назар мерасад, вуруди муҳоҷирон аз навоҳии куҳӣ, асосан аз Масчо (болоби Зарафшон) танҳо дар болоби Исфара – яъне болотар аз Ворух ҳам ба мушоҳида мерасад, ки ин наздикии бахши болооби Исфараро ба ноҳияҳои куҳӣ низ ба исбот мерасонад. Аз ин аснод равшан мешавад, ки бахше аз сокинони Ворух дар маҳаллаҳои Тидону Майдон муҳоҷирон аз рустоҳои Водиф, Де Манор, Мадрушкат, Сабағ, Пакшифи Масчо будаанд. Аммо ба нигориши Кисляков бисёре аз ворухиҳо аз чӣ сабабе норавшан пайванди худро бо асли масчоиашон комилан инкор мекунанд. Чаро чунин аст, ин ҳам нуктаи хеле ҷолиб аст, аммо бояд далелаш низ ёфта шавад… Кислякови хушҷустуҷӯ ва ҳушманд ба муаммои таърихи пайдоиши деҳаи Масчоӣ – ҳоло Хоҷаи аъло низ диққати моро мебарад ва нуктаҳои дигари хонданиеро ба арзи мо мерасонад. Замони рухдоди омадани мардуми Масчо ба қаламрави Исфара солҳои 70-уми садаи Х1Х сурат ёфта будааст. Маълум гашт, ки номи аввалаи Хоҷаи аъло Хоҷалон (кӯтоҳшудаи Хоҷа Калон) – аз номи таъсисдиҳандаи ин деҳа будааст. Кисляков дар мақолааш аз ҳамсуҳбат шудани худ бо набераи Хоҷа Калон – Мулло Мухтор низ дарак медиҳад. Бино ба фарзияи аввал, сабаби асосии ҳиҷрати масчоиён аз ҳад фузун шудани зулми ҳокими бераҳми мастчоӣ Ботур Хоҷа ба ҳисоб омадааст, ки баъдан ба сабаби чунин золимиаш аз ҷониби амири Бухоро ба қатл расидааст. фарзияи дувум диққатрабойтар аз фарзияи аввал аст: як гурӯҳи мардуми Масчоро чун туҳфа (тортуқ) бояд ба амири Бухоро мефиристоданд. Аз байни гурӯҳ чанде пинҳоншудагон низ баромаданд, аммо фиреби онон ошкор гашт ва 16 нафар – он гунаҳкорон бо саркардагии Хоҷа Калон ба гурез рӯ ниҳоданд. Аввал ба Исфара расиданд, аммо баъди рухдоди ҷанҷоле бо аҳли Исфара деҳаи худро дар Хоҷалон – Хоҷа Калон, Хоҷаи аъло (дар замони шуравӣ Октябр) таъсис доданд. Як хулосаи дурусти Николай Кисляков ин аст, ки ҳодисаи мазкур баъди сайру саёҳати Федченко ба Ворух дар соли 1871 сурат ёфта будааст, зеро вай умуман вуҷуд надоштани ҷойи аҳолинишинро байни Ворух ва Чоркӯҳ бисёр равшан таъкид дошта буд. Инро бояд донем, ки агар асли рӯйдодро таърих шаҳодат диҳад, онро ягон намуди инсон онро рад карда наметавонад. Чӣ расад ба қирғиз… Баъдан Кислякови исфарашинос ба ҷуз бародарони Масчо ба омадани қаротегиниён ба водии Исфара низ раъйу назари муносибе додааст. Фикр мекунам, ин нуктаро шояд бисёриҳо донанд, аммо барои ман ин далели хеле нав буд. Кисляков шаҳодат медиҳад, ки ҳузури чанде аз қаротегиниёнро дар байни чоркӯҳиёни Исфара шунидааст. Инҳо чун дар Қаротегин дар ҷойи навашон Чоркӯҳ низ бо лақаби “Шо” (лақаби ҳокимони маҳалии Қаротегин), маъруф будаанд. Сабаби аввалини вуруди мардуми Қаротегин ба Чоркӯҳро Кисляков дар муносибатҳои паёпайи тезутунди байнихудӣ ва ихтилофҳои ҳамешагӣ ба “Шо”-ҳони он арзёбӣ кардааст. Ва аммо дар мавриди ҳузури ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар водии Исфара чӣ назарҳо ҳастанд? Охир ман махсус ба ҳамин сабаб ин мақолаи хубу ҷолиби Кисляковро ҳиҷа карда хондам, ки ягон далели хуб аз он ҷо пайдо намоям ва барои ҳамин ҳам дарҳол пешнависи мақоларо рӯи саҳифа овардам, ки оянда онро метавон такмил дод. Кисляков ба ҳамзистии осоиштаи ӯзбекҳо аз қавли тоҷикони водии Исфара хуш назар додааст, ки байни онон то дараҷаи никоҳи фарзандон рух медодааст. Аммо ман дидгоҳи бисёр ҷолиби ин олими русро дар бораи Қирғиз махсусан бо ҳарфҳои калон аз русӣ ба тоҷикӣ меоварам: Қирғизҳо, сокини атрофи навоҳии кӯҳӣ, аз афташ баъдтар ба водии исфара дохил шуданд; дар як қатор ҷойҳо ба мо чунин имкони шунидан фароҳам омад, ки Қирғизҳо участкаҳои замини Тоҷиконро мехаридаанд – (Киргизы, населяющие окрестные горные районы, проникли в долину Исфары, по-видимому, позднее таджиков; в ряде мест нам приходилось слышать, что киргизы покупали участки земли у таджиков – с. 46). ” Ба як нукта таваҷҷуҳ кунед, бубинед, далели заминхарии қирғизҳоро аз тоҷикон то миёнаҳои солҳои 50-уми садаи бист ин донишманди мардумшиноси рус аз аҳолии қаламрави Исфара шунида ва инро рӯйи саҳифа оварда ва ба нашр дода будааст.” Ана ҳамин қадар матлаби ҷолиби таърих дар як мақолаи арзишманди як донишманди маъруфи этнограф зимни тавсифи мардумшиносӣ ба кор рафта будаасту он чандин сол дар хонаи ман хобидааст ва аммо ман ба нуктаҳои зарури он беаҳаммиятӣ кардаам. Албатта ором ҳам нанишаста дигар аснод фароҳам овардам ва мақолае низ дар ин бобат навиштам… Боз ба як нуктаи дигар диққати хонандаро бибарам, бамаврид хоҳад буд. Шуҳрати ривояти мардумӣ оид ба он ки сокинони қадимии водии Исфара комилан “муғҳо” будаанд, бо далелҳои бисёр ҷолиб бозгӯ ва бознамо шудааст: муғҳо – мардуми меҳнатӣ, коргари кӯшо ва ба шеваи маҳаллӣ, ки онро Кисляков ҳам айнан ба забон овардааст, “муғҳо бисёр коргар будан”-д. Онҳо меҳнат накарда ҳам наметавонистаанд ва гӯё ҳамеша бояд меҳнат мекардаанд, зеро агар чунин натавонанд, ба онҳо азоб хоҳад буд ва ба ривояти мардумӣ агар ба меҳнат рӯй наоваранд, “нохуношона кирм мезад”-ааст. Ҳадафмандиву фикру зикрро аз ҳамин нукта ҳам ёбеду гиред! Ҳамин тавр, дар зерниҳояти мақолаи мардумшиноси кӯшо Николай Кисляков боз дигар аснод ва иттилооти муҳимму муфиде нуҳуфтаанд, ки ба ростӣ чашми моро ба бисёр нуктаҳо мекушоянд, аммо, фикр мекунам, ҳоло ҳамин қадараш кифоя аст… Ин қадар санаду далел, ки ҳама хеле ва хеле муҳимманд ва аммо қирғиз аз гапашу таҷовузаш намонд, ки намонд! Қариб 70 сол аз таълифи мақола гузаштааст, мана боз арзишаш бори дигар кашф шуд! Рӯҳаш шод бод ин донишманди густурдапажӯҳишро, ки дар ҳамин ноябр зода шудааст!

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь