Дар бораи саҳми фарзанди баруманди мардуми тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров дар рушди афкори адабӣ, таърихнигории ҳирфаӣ ва адабӣ ва андешаи миллигароёна сухан ба миён оварда, бояд таъкид кунем, ки ибтидои ин фаъолияти ӯ ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (набарди шӯравӣ бо фашизми Германия дар солҳои 1941-1945) иртибот мегирад. Бобоҷон Ғафуров, ки аз солҳои 30-ум бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба арсаи фаъолияти иҷтимоӣ ворид шуда буд, дар айёми ҷанг ба сифати мудири бахши ташвиқу тарғиб ва котиби Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои тавсиа ва ба самти дилхоҳи эҷодӣ ҳаракат кардан, бахусус қувват гирифтани ҷанбаи миллӣ дар адабиёти тоҷик, кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Вай, ки худ аслан таърихшинос буд ва ба масъалаҳои ҷомеа на танҳо аз дидгоҳи мафкура ва сиёсати ҳизб, балки ба онҳо аз рӯи мантиқи инкишофи таърих, гузаштаи пурифтихори миллат ва таҳкими ҳуввияти он назар мекард. Зиндагии шӯравӣ, ки сиёсати дуҳавоӣ бисёр дошт (масалан дар канори мазмуни сутсиолистӣ шакли миллиро мегузош ва…) ва ин амал дар даврони ҷанг бисёр иттифоқ меафтод, аҳли илму фарҳанг аз аввалин имконият истифода бурда, ҳарчанд бехавф ҳам набуд, барои расидан ба асли худ ва тақвияти заминаҳои миллии андеша ва адабиёт кӯшиш ба харҷ медоданд.

Бобоҷон Ғафуров низ ба сифати роҳбари сиёсӣ аҳли адабро барои эҷоди асарҳои ба рӯҳи замон мувофиқ ва асилу миллибунёд даъват мекард. Аз ҷумла, ӯ дар маҷлиси кормандони санъат, ки 1 декабри соли 1942 дар бинои театри ба номи Лоҳутӣ баргузор гардид, вазифаҳои аҳли адаб ва ҳунарро чунин муайян намуда буд:

«Асарҳои санъат бояд образ ва намунаҳои шоёни ватандӯстии халқҳо, намунаҳои мардонагӣ ва қаҳрамониро муҷассам созанд, …ва аз ҷиҳати сифат ва бадеӣ қимати ин асарҳоро баланд бардоштан зарур аст».

Чунин ба назар мерасад, ки дар ин солҳо дар вуҷуди ин марди донишманд ва сиёсатмадори нозукбин хуни ҷавонмардию ватанхоҳӣ ҷӯш мезад, ҷанг тасаввури ӯро дар бораи Ватан, миллат ва таърихи он боз ҳам мушаххас кард ва иродаашро дар ин масъалаҳо қавӣ намуд.

Маҳз бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои аввали ҷанг диққати аҳли адабу ҳунар ба тасвир намудан ва зинда кардани ному тимсоли таърихи қаҳрамонҳои фарзандони халқи тоҷик бо исрору таъкид ба миён гузошта мешавад. Ин бесабаб ҳам набуд, зеро Бобоҷон Ғафуров худ ба сифати олими таърихшинос аҳамияти ҳофизаи таърихиро, ки асли бақо ва ҳастии ҳар миллат мебошад, дар кори мубориза барои ҳимояи Ватан ва ташаккул додани ҳувияти миллӣ хеле хуб дарк мекард…

Аслан, таърих ва таърихнигорӣ аз суннатҳои муҳимми илму фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ будааст. Ҳатто дар сангнавиштҳои кӯҳи Бесутун, ки иборат аз матнҳои забони форсии қадим буда, бо супориши Доро ҳаккокӣ шудаанд, мақсад аз зикри гузаштагон тасдиқи он ҳақиқат аст, ки вай дар салтанати шоҳаншоҳӣ идомадиҳандаи салафони худ аст. Ба ибораи дигар ғараз таъкиди қонунӣ будани тахту тоҷи худ бар мабнои таърих аст. Маълум аст, ки фикри ибрат ги рифтан аз таъриху гузашта ба осори мазҳабӣ низ хос будааст.

Ба ин маънӣ, дар зарфи садсолаҳо хеле аз таърихҳо таълиф шудаанд. Дар байни онҳо асарҳои зиёди таърихӣ ҳастанд, ки ба сифати сарчашмаи муътабар дорои аҳамияти бузурге ҳастанд. Аз ҷумла, «Таърихӣ Табарӣ»-и Муҳаммад ибни Ҷалили Табарӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Зайнулахбор»-и Абӯсаиди Гардезӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Равзатуссафо»-и Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуди Мирхонд, «Ҳабибуссияр»-и Хондамир ва дигаронро ном бурдан мумкин аст. Вале аксари зиёде ба ҷуз аз ин таърихҳо хусусияти зеҳнӣ дошта, ба ному корномаи амиру шоҳе бахшида навишта шудаанд. Як хусусияти ин таърихномаҳо ҳамин будааст, ки дар онҳо далелҳои таърих бо обу ранги бадеӣ, бахусус тасвирҳои муболиғаомез ва иғроқҳои ғайривоқеӣ пайваста омада, симои аслии воқеаву ҳодисаҳо ва амали шахсиятҳо омехта бо тавсифу муболиғот нигошта мешуд. Албатта, дар ин осор хеле аз далоил ва воқеоти таърихӣ мавҷуд аст, ки онҳоро ба сифати сарчашма ва маъхази омӯзиши замонҳои гузашта ба кор нагирифтан ғайри имкон аст. Ҳарчи ҳам ҳаст, ба гуфти донишманд Худоӣ Шарифов: «Дар воқеъ шаклҳои гузориш ва қабули хотираи таърих насри адабӣ аз ҳам тафовути зиёде надошт».

Аммо, ба фикри банда, ин масъала баста ба ташаккули афкори таърихии ҷомеа иртибот мегирад, замону макони муайяни таърихиро тақозо дорад, то ки дар ҷомеа фардгароӣ ба ҷойи авал гузарад ва инсон худнигар шавад, яъне барои дар чӣ марҳалаи зиндагӣ ва чӣ сатҳи маънавӣ қарор доштани худро фаҳмидан омода бошад. Аммо ин вазъият, мисли дигар манотиқи олам, дар кишвари мо танҳо дар замони маорифпарварӣ ва ҷадидизм (рӯшангарӣ) ба миён омад.

Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки кӯшиши шинохти замон ба таҳқиқ ва баррасии таърихи он овард. Масалан, асосгузори рушанфикрии тоҷикӣ Аҳмади Дониш (1826-1897), ки мутаваҷҷеҳи вазъи зиндагии замони худ гардид, пеш аз ҳама ба баррасии таърих рӯ овард, то мантиқ ва моҳияти амали ҳукмронони кишварашро сарфаҳм рафта бошад. Вай бо ҳамин мақсад асари «Таърихча» («Таърихи амирони Бухоро»)-ро таълиф намуд. Баъдтар яке аз ислоҳотгарон Абдуррауфи Фитрат (1886-1938) барои «ҳар миллате, ки ҳаёт мехоҳад, донистани таърих лозим аст». Садри Зиё (1871-1932) дигар аз рӯшанфикрони замон силсилаи асарҳои таърихӣ эҷод кард, то барои шинохти замон ба мардум мавод дода бошад.

Баъди инқилоб, мешавад гуфт, устод Садриддин Айнӣ ин суннатро идома дод ва якбора се асари таърихӣ – «Таърихи амирони Манғитияти Бухоро» (1918-1920), «Таърихи интибоҳи фикрии Бухоро» (1918) ва «Таърихи Инқилоби Бухоро» (ба забони ӯзбакӣ, 1922)-ро навишт, ки ин амал барои ба таҳлил гирифтани замони муайян, масъалаҳои муҳимми он ва дарки раванди таърих ба ӯ кӯмаки бузурге карданд. Дар ин маврид аз хизматҳои «Ҷамъияти илмии тоҷикшиносӣ…» (Тошканд, солҳои 1925-1930), ки дар он олимони бузурги шарқшинос ҷамъ омада, барои омӯхтани таърихи тоҷикон корҳои зиёдеро анҷом додаанд, ёдовар бояд шуд. Масалан, маҳз дар ҳамин ҷамъият, аз тарафи яке аъзои он, мусташриқи шаҳири рус Бартолд мақолаи бунёдии «Тоҷикон» (1925) таълиф шуд…

Баъди чанде (соли 1930) Абдураҳим Ҳоҷибоев, раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рисолае таҳти унвони «Тоҷикон» таълиф намуд. Соли 1934, дар анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон И. Бройдо, муншии аввали ҳизби Тоҷикистон, масъалаи таълифи таърихи Тоҷикистонро ба миён гузошт, ки ин вазифаро Нарзуллоҳи Бектош ба ӯҳда гирифт. Вале ба чӣ анҷомидани ин кор ба мо маълум нест.

Дар солҳои баъди инкилоб, дар канори таърихнигории илмии ҳирфаӣ, ҳамчунин таърихнигории адабӣ (ҳунарӣ) низ зуҳур кард, ки намунаҳои беҳтарини он қиссаву румонҳои устод Садриддин Айнӣ будааст. Аммо ин осори чи таърихӣ ва чи адабӣ бар вақоеи ду-се асри охир маҳдуд монда, дар кулл таърихназарии давраи аввал бар мабнои ҷабҳагирӣ ва қазоватҳои табақотӣ бунёд ёфта буд.

Танҳо замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дарки илмиву адабии таърих марҳалаи тозае гардид ва ин корро сабаб тағйири сиёсати ҳизб ба таърих ва фарҳанги миллӣ будааст.

Муаррихи югославӣ Никола Попович сиёсати ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро дар давраи ҷанг ба таҳқиқ гирифта навишта буд, ки: «Дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар сиёсати дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд». Ба мушоҳидаи вай ба таърих ва афроди қаҳрамони он мутаваҷҷеҳ шудан ва тамоми миллатҳои шӯравиро баробар бо халқи рус ба шумор овардани ҳизб будааст.

Маълум аст, ки ин ҳама сабаби саломати нисбии ҷомеа дар масоили маънавӣ гардид. Дар Тоҷикистон низ кормандони ҳизбӣ, бахусус афроде, ки ба масъалаҳои мафкура сару кор доштанд ва онҳое, ки мисли Бобоҷон Ғафуров аз таърихи халқи худ огоҳ буданду онро азиз мешумориданд, аз мавриди муғтанам истифода карда, барои дар заминаи миллӣ инкишоф ёфтан ва дар адабиёт бештар мавқеъ пайдо кардани андеша ва афкори адабии мардуми тоҷик шароит мусоид оварданд. Ба ин мақсад ба Иттифоқи нависандагони Тоҷиистон супоришҳои махсус низ дода шуд.

Воқеан дарсҳои таърих барои рӯзгори ҳассоси замони ҷанг хеле коршоям омад. Бинобар ин Бобоҷон Ғафуров ба қазияи мазкур ҳассосият нишон дода, дар оғоз китобе бо номи «Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарон ва асоратгарони аҷнабӣ» (1942) ва дар охирҳои ҷанги ватанӣ бо ҳамқаламии Н. Н. Прохоров китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ» (1944)-ро таълиф намуд.

Чизи ҷолиби диққат дар китобҳои мазкур ҳамин аст, ки бори нахуст дар бораи силсилаи қаҳрамонони халқи тоҷик дар гузашта – Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик бо ин муфассалӣ аз ҷониби як роҳбари ҳизбӣ сухан ба миён омад ва ҳатто назди аҳли адаб масъала ба миён гузошта шуд, ки ба нигоштани зиндагинома ва чеҳраҳои онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Гумони ғолиб меравад, ки Бобоҷон Ғафуров муҳим будани масъалаи омӯзиш ва мутолиаи таърихро кайҳо пай бурда буд ва дар замони ҷанг, бо фароҳам омадани имкон, аз мавриди мусоид истифода бурда огоҳона диққати аҳли илму адабро мутаваҷҷеҳи масъалаҳои таърих ва гузаштаи пуршарафи мардуми худ кард. Ба ҳамин маънист, ки ӯ дар ҷаласот ва суҳбатҳои расмиву ғайрирасмӣ аз шоиру нависандагон тақозо мекард, ки ба тасвири бадеии мавзӯъ ва масоили таърихӣ бештар мутаваҷҷеҳ шаванд.

Дар навбати аввал як силсила мақолаҳо таҳти унвони «Аз таърихи халқи тоҷик» ба майдон омаданд, ки мақсади таълифи онҳо иборат буд аз таҷассум кардани чеҳраи ашхоси номдори таърихӣ. Ин мақолот ва боз як силсила мақолаҳое, ки зери унвони «Аҷдодони бузурги халқи тоҷик» дар бораи Маҳмуди Торобӣ, Спитамен ва Муқаннаъ навишта шудаанд. Ҳарчанд ин осор як сохтори қолабӣ доштанд, ки иборат аз маълумоти муқаддимавӣ ва муайяни таърихӣ оғоз шуда, сипас саргузашти қаҳрамонро фаро мегирифт ва бо даъват ба илҳом аз чунин қаҳрамонҳо итмом меёфтанд, бегумон, дар якҷоягӣ як китоби хубе аз муборизаҳои фарзандони далери тоҷикро ба вуҷуд оварда, барои дар зеҳни мардум нишастани қаҳрамонони халқ ва таърихи муборизаҳои ватанхоҳонаи эшон ва ифтихори таърихии онҳо мусоидат менамуд.

Аммо аз тарафи Бобоҷон Ғафуров корҳои ҷолибе дар мавриди тасвири ҳунарии мардони таърих ба нақша гирифта шуд. Дар ин хусус далелҳои ҷолибе мавҷуд аст, ки аз ниятҳои наҷиби миллатгароёнаи ин марди бузург шаҳодат медиҳанд.

Масалан, Абдусалом Деҳотӣ, яке аз раҳбарои Иттифоқи нависандагони Точикистон, дар мактубаш ба устод Садриддин Айнӣ, ки аввали соли 1942 ирсол доштааст, чунин як қайди муҳиммеро дар бораи таваҷҷӯҳи эшон ба мавзӯъи таърихӣ баён мекунад:

«Ман (Деҳотӣ – А.Н.) кайҳо боз дар бораи як-ду масъала, бо вуҷуди ин, ки вазифаи бевоситаи худам нест, фикр ва раъйи шуморо фаҳмиданӣ будам. Якум: дар чанд маҷлисҳо ва машваратҳое, ки дар давоми шаш моҳи Ҷанги Ватанӣ дар КМ Партия ва ё ки дар зери роҳбарии КМ дар ҷойҳои дигар бо нависандагон ва коркунони санъат (ҳунар) шуда гузашт, масъалаи дар адабиёт ва санъат зинда кардани номи гузаштагони диловари халқи тоҷик (мисли Ибни Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ғайра) бардошта шуд ва рафиқ Ғафуров ин мавзӯъро борҳо ба ҳама пешниҳод кард. Баъзе аз рафиқон дар ин бора пйесаҳо (намоишнома) навиштанӣ шуданд. Аммо ҳанӯз касе ба кори амалӣ сар накардааст гӯем, хато намешавад. Майли ман ба сифати як хонанда, он буд, ки яке аз ин мавзӯъҳоро шумо кор кунед, хоҳ ба шакли ягон асари адабӣ, хоҳ ба шакли як очерки илмӣ-таърихӣ, ба ҳар ҳол, чунин асар бояд муваффақият пайдо кунад ва фоида бахшад…».

Абдухолиқ НАБАВӢ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь