Рӯзи 5-уми декабри соли 2023 таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронси байналмилалӣ бахшида ба 115-умин солгарди зодрӯзи шарқшинос ва арбоби давлатӣ Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури васеи мардум ва бо иштироки намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ дар Душанбе ва пажӯҳишгарон аз Фаронса, Эрон, Чин, Покистон ва Сурия (Иброҳим Истамбулӣ) ширкат ва суханварӣ намуданд.

Агар гӯем, ки Бобоҷон Ғафуров бузургтарин шарқшиносест, ки дар ҷаҳон ба сатҳи нав баровардани илми шарқшиносии шӯравӣ муваффақ шуда, таърихи Тоҷикистон ва пайдоиши халқи тоҷик фаҳмиши тозае ворид кардааст, муболиға намекунем.

Номи Бобоҷон Ғафуров рамзи як даврони том гардида, номи ӯ бо таърихи муосири халқи тоҷик пайвастааст. Ҳар касе, ки ҳадди ақал Тоҷикистон ва таърихи онро медонад, номи ӯро ҳам медонад. Ӯ намояндаи сазовори халқи тоҷик аст. Ҳар як шаҳрванди тоҷик ҳақ дорад аз вуҷуди чунин олим ва арбоби давлатӣ дар ватанаш ифтихор кунад.

Хислатҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сиёсатмадор ва тадқиқотчӣ дар вақти ба вазифаи директори Институти шаркшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ – калонтарин маркази илмии он замон дар ИҶШС, ки мамлакатҳо ва халқҳои Осиё ва Африкаи Шимолиро меомӯзад, ба кор cap кард, равшану зоҳир гардидааст. Саҳми олим ва арбоби давлатӣ Ғафуров дар рушди Институт бунёдӣ ва бебаҳо буд.

Маркази шарқшиносӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ як бахши навбунёд ва нав буд, ки шумораи маҳдуди кормандон ва тадқиқотчиёни илмӣ дошт, ки дар муқоиса бо таҷрибаи шарқшиносии ғарбӣ таҷрибаи хеле хоксорона дошт. Оре, маркази илмӣ то миёнаи солҳои 50-уми асри гузашта хеле суст буд. Академик Рыбаков ба ҳамин ишора намуда буд: Мардум мегуфтанд, ки «Шарқ бедор шудаасту танҳо Институти шаркшиносӣ ҳануз аз хоби худ бедор нашудааст».

Худи Бобоҷон Ғафуров на як бору ду бор паст будани дараҷаи донишро оид ба забоншиносӣ ва таърихи мамлакатҳои Шарқ дар байни мутахассисон қайд карда буд.

Аз ин ҷост, ки шарқшиносии шуравиро аз нав барқарор кардан, онро бо кадрҳои бештар таъмин кардан ва эҳтиёҷоти зарурии моддиро таъмин кардан зарур аст. Аз ин рӯ, Бобоҷон Ғафуров бо руҳбаландии калон ва бо суръати мислаш диданашуда ба кор шуруъ намуд.

Аз вақти ба сардории институт таъйин шуданаш ҳамагӣ як сол гузашт, ки ӯ ба баргузории конференсияи якуми шарқшиносони тамоми Иттифоқи Советӣ дар шаҳри Тошкент, даъват кард. Ин конференсия нуқтаи шуруъи ибтидоии мубодилаи таҷриба ва комёбиҳо байни марказҳои илмии Иттифоқи Советӣ буд.

Ин донишманди барҷаста ба масъалаи кадрҳои Марказ низ диққати махсус дод. Пас шумораи кормандони Институт дар соли аввали роҳбарии Ғафуров аз 185 ба 338 нафар афзуд.

Дар баробари ин, ӯ ҳама кори аз дасташ меомадаро мекард, то кӯмаки молии Институт низ аз ҷониби давлат зиёд карда шавад. Ин ба олимон имкон дод, ки мунтазам ба сафарҳои хизматӣ ва ҳайатҳои ҷустуҷӯӣ ба Институт сафарбар шаванд.

Баъдан дар соли 1957 таъсиси нашриёти махсус оид ба адабиёти Шарқ яке аз муҳимтарин нишонаҳое буд, ки ҷаҳонбинии амиқ ва дурандешонаи олим ва арбоби давлатӣ Ғафуровро тасдиқ мекард. Пас нашриёт дастхатҳои олимони рус, тарҷумаҳо ва нусхаҳои аслии маъхазҳои таърихию адабиро чоп кард. Нашриёти ба номи Ғафуров имрӯз ҳам дар нашри китобҳо ва таҳқиқот дар бахшҳои мухталифи афкор ва пажӯҳишҳои Осиёӣ ва Африқоӣ кор мекунад.

Корнамоии Ғафуров танҳо бо таҳкими заминаи илмии Донишкадаи Шарқ маҳдуд набуд. Баръакс, ин донишкадаро ба як нуқтаи қутббандии сиёсӣ ва фикрӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дод, то ки ходимони роҳбарикунанда ва ҳайатҳои вакилони кишварҳои Осиё ва Африка, ки барои боздид ба Иттифоки Советӣ меомадаанд, ба Институт ташриф оварда, дар он ҷо сессияҳои гуфтушунид ва созишномаҳои ҳамкорӣ гузаронанд.

Бобоҷон Ғафуров худро ҳамчун роҳбару масъули зирак ва сахтгир нишон медод ва чӣ тавр бартараф кардани ихтилофҳоро медонист, ташкилотчии фаъол ва қобилиятнок буд – бино бар шаҳодати профессор Игорь Михайлович Дьяконов.

Академик В.М.Алпатов замони роҳбарии Бобоҷон Ғафуровро беҳтарин давраи таърихи Институти шарқшиносӣ медонад. Дар солҳои роҳбарияти Ғафуров дар Институт як қатор кормандони ҷавон, аз ҷумла онҳое, ки ба таъқиб дучор шуда, аз кор хориҷ шуда буданд пайдо шуданд. Аввалин бор сохтори махсуси забоншиносӣ- кафедраи забонҳо таъсис дода шуд. Ва сафарҳои шарқшиносони советӣ ба мамлакатҳои мавриди омӯзиш анҷом гирифт. Нашриёт ба фаъолият дар самти кори адабиёти Шарқ шуруъ кард.

Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» назарияи «бегона, халқи беасос» будани тоҷиконро рад кардааст. Аз ҷиҳати илмӣ исбот кардааст, ки ташаккули тоҷикон ҳамчун халқ дар замонҳои қадим, махсусан дар сарзаминҳои Осиёи Миёна ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин ақидаи таърихиро маъхазҳои хаттии дар он замон пайдошуда тасдиқ карданд. Бо иловаи маълумотҳое, ки аз археология, забоншиносӣ, антропология, сиккасозӣ ва дигар илмҳо гирифта шудаанд, таъкид менамояд. Китоби «Тоҷикон» як пешрафт дар шарқшиносӣ ва ҳам дар худшиносии таърихии худи тоҷикон мебошад, ки мардуми тоҷик ин китобро гарму ҷӯшон истиқбол кардаанд.

Ин аст, ки донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ таъкид кардааст: «Асари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки соли 1972 нашр шудааст, зуд шуҳрати васеъ пайдо кард».

Бобоҷон Ғафуров, ки фаъолияти сиёсӣ ва илмиро ба ҳам пайваста, ба рушди илму фарҳанг ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи бунёдӣ медод. Бо ташаббуси ӯ соли 1948 дар Тоҷикистон аввалин Донишгоҳи давлатӣ кушода шуд. Кушода шудани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ воқеаи бузург буд.

Ӯ инчунин ҳомии истеъдодҳо буд. Дастгирии шахсии ӯ дар арсаи илму фарҳанги бисёр олимон, шоирону нависандагони боистеъдод ба муваффақиятҳои бузург мусоидат кард.

Вақте ки Бобоҷон Ғафуров котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд, корҳои зиёдеро, ки барои анҷомаш даҳ сол лозим буд, ба зудӣ иҷро гардид. Корхонаҳои саноатие, ки дар солҳои ҷанг бо сабабҳои гуногун бекор меистоданд, барқарор карда шуданд.

Бо он гуфтаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров хулоса мекунам: «Ӯ дар ҳақиқат як арбоби давлатие буд, ки ҷаҳонбинии академикӣ дошт ва академики давлатмеҳвар буд. Гузашта аз ин, тамоми умри ӯ намунаи хизмати софдилона ва фидокорона ба манфиати илм, халқ ва кишвар буд».

Сарчашма:

Бобоҷон Ғафуров – асосгузори шарқшиносии Шӯравӣ

Доктор Иброҳим Истамбулӣ. Рӯзномаи ҳафтаинаи  сиёсию мадании «ан-Нур». Ҷумҳурии Араби Сурия – Димишк, 14.12.2023

https://alnnour.com/?p=95081

аз арабӣ тарҷумаи

Одинаев Абдуҳалим,

ходими калони илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь