Ба озмуни Тоҷикистон- кишвари сайёҳӣ

Дар ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ олами аз ҳама бойтарини наботот зиёда аз 4510 намуди растаниҳои дараҷаи олӣ ва бештар аз 4500 намуди растаниҳои дараҷаи паст арзи вуҷуд дорад. Аз ин миқдор бештар аз 800 намуди онҳо растаниҳои хоси Тоҷикистон ва ё намудҳои эндемикиро ташкил медиҳанд, ки ин ганҷи бебаҳои кишвари мо мебошад. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70%-и аҳолии Тоҷикистон ба истифодабарии захираҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳифз ва истифодабарии оқилонаи захираҳои биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некуаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳаёти инсонро бе гулу гулзор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Гулбоғи мардуми тоҷикро лолаву садбарг, наргису сунбул, бойчечаку бунафша, савсану суман, сиёҳгушу наврӯзӣ, нилуфару кофар, хайрию хатмӣ, ҳамешабаҳору гулбаҳор, бостонафрӯзу шому саҳар ва даҳҳо гулҳои  дигар оро дода, бо накҳати гуворо машомро муаттар ва дилро масрур менамоянд, ки дар байни инҳо гули лола аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ дар ҷои аввал аст. Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ ба ёд орем, ки ватани лола аслан Тоҷикистон аст, ки онро таҳлили пайдоиши наботот дар курраи замин нишон медиҳад ва аз ин ҷониб дар гузашта дар кишвари мо иди «Сайри гули лола» гузаронида мешуд. Аз манбаъҳои таърихӣ бар меояд, ки “Сайри гули лола” як рукни таърихии ҷашни Наврӯз буда, эҳёи суннатии мазкур дар самти дӯстдоштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Аз мадракҳои таърихӣ маълум мегардад, ки ин оин дар сарзамини Суғду Бохтар ва баъзе минтақаҳои дигар бо номи ҷашни “Гули сурх” хеле бошукуҳ баргузор мегардид. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, дар даҳаи сеюми Фарвардин тибқи анъана бо фарорасии шароити мусоид сарварони деҳу шаҳрҳо машварат карда, рӯзи ҷашнро муайян мекарданд. Субҳи барвақт наврасон ба лолачинӣ мерафтанд ва гуруҳи дигар шохаҳои муносиби дарахти сафедору бедро мебурриданд. Нисфи рӯзӣ наврасон бо бастаҳои калони гули лола баргашта, гулҳоро ба шохаҳои бурида мебастанд ва дар натиҷа дастагулҳои азим ба вуҷуд меомад, пас аз ин, ҷавонон бо савти мусиқӣ шохаҳои дарахтони пургулро ба базмгоҳ мебурданд. Дар базмгоҳ мардум ба пешвози лоладарахтон аз ҷой бархоста, то ғуруби офтоб суруду таронахонӣ мемамуданд. Пеш аз ғуруби офтоб иштирокдорон химчаҳои сабз дар дасту лолаҳои арғувонӣ бар сар ба хонаҳои худ бармегаштанд. Бо фарорасии шаб мардум боз ба базмгоҳ рафта, машъал меафрӯхтанд ва дар атрофи шохаҳои дарахтони бо гули лола ороёфта, базми пуршукуҳе мекарданд.

Лола яке аз гулҳои маъмултарини боғии аввали баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш мекунанд. Номи илми лола – Tulipa (ба забони русӣ – тюлпан) аз калимаи форсии «Тюрбан» (турба – барои ғизо додани ҳайвонҳо) гирифта шудааст, ки шакли гули растанӣ шабоҳати онро дорад. Маълумотҳои аввалин дар бораи лола дар асарҳои адабии олимони эронӣ дар асрҳои VI-VII оварда шудааст. Шакли маданӣ (боғии) лоларо аввалин маротиба дар Эрон парвариш намуданд. Бинобар ҳамин, шоирони форсу тоҷик Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём ва дигарон дар васфи зебоии он ғазалу рубоиҳои зиёд  гуфтаанд. Чунончи, Рӯдакӣ гуфтааст:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигирйяд абр дар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

***

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Туғрал

Баъдан навъҳои боғии лоларо аз Эрон ба Туркия оварданд ва навъҳои гуногуни он парвариш карда шуданд. Дар асри XVI дар Туркия қариб 300 навъи он парвариш карда мешуд. Баъдтар ба парвариши гули лола занҳои ашрофзодаи Туркия машғул шудаанд.

Соли 1554 намояндаи сафорати империяи Австрия дар Туркия Огир Геселин де Басбек лоларо аз Туркия ба Австрия мебарад. Дар он вақт дар боғи ботаникии Вена профессор К. Клузис кор мекард. Ҳамин тавр солҳои 60-и асри ХVI лола дар Австрия, Франсия ва Германия васеъ паҳн шуд. Дар байни шахсони намоёни Аврупо каллексионерҳо ва дӯстдорони гули лола буданд. Масалан, кардинал Ришеле, Волтер, император Франс II. Император Луи XVIII бошад дар Версал ҳар сол «иди лола» ташкил менамуд.

Аз ҳама бештар лола дар Голландия машҳур ва оммавӣ шуда буд. Дар аввалҳо лоларо дар қасрҳои шоҳон парвариш мекарданд. Парвариш ва доштани лола рамзи ашрофзода ва бадавлат будан ҳисоб мешуд.

Лолапарварони голандӣ шаклҳои гуногуни онро парвариш намуда, ба тамоми давлатҳои дунё мефӯрухтанд.

Голландия ватани дуюми лола буда, дар он ҷо боғи навъҳои лола «Кёкенхоф» мавҷуд аст. Ҳар сол дар моҳи апрел ба ин мамлакат садҳо туристон ташриф меоранд, то зебоии лолаҳои шукуфтаи баҳориро ба чашми худ бубинанд. Феълан Голландия мамлакати аз ҳама бузургест, ки дар қалмрави он навъҳои гуногуни лола парвариш карда мешаванд ва пиёзакҳои онҳо ба фурӯш бароварда мешаванд.

Дар Русия намудҳои табиии лола аз асри XVI маълум буданд, вале навъҳои боғии лоларо бори аввал Пётри I соли 1702 аз Голландия овард. То охири асри XIX дар Русия лоларо дар майдонҳои наздиҳавлигӣ шахсони доро парвариш мекарданд. Дар охири асри XIX онро дар Кавказ ва Сухуми дар сатҳи саноати парвариш карда, ба фурӯш мебароварданд. Лекин лола он қадар шӯҳрату шаҳомате, ки дар Голландия, Франсия ва Англия дошт, дар Русия пайдо накард.

Дар селексияи лолаҳо нақши директории ҳамонвақтаи Боғи набототии Петербург Э.А. Регел калон буд. Ӯ аз сафарҳои худ аз Осиёи Марказӣ зиёда аз 65 намуди лолаҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба Петербург овард ва дар Боғи ботаникии Петербург парвариш кард. Натиҷаҳои таҳқиқотҳи хешро дар китоби «Флораи боғҳо» чоп намуд. Ба шарофати ӯ намудҳои гуногуни лолаҳои осёимиёнагӣ, аз он ҷумла лолаҳои Тоҷикистон бори аввал ба Голландия, Англия, Франсия, Германия ва Америка бурда шуданд.

Лола – Tulipa, як авлоди растаниҳои бисёрсолаи пиёзакбех буда, мансуби оилаи занбақиҳо (Liliaceae) мебошад ва дар асоси маълумотҳои Флораи Тоҷикистон (1963) дар курраи Замин 70 намуди лола ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон 25 намуди лола мерӯяд, ки 19- намудашон ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шуда, 7 намудаш (Т. subguinucfolia, Т. рrаestans, Т. maximoviezii, Т. linifolia, Т. anisophylla, Т. korshinkyi, Т. subpraestans) хоси (эндемик) кишвари мо мебошанд. Дар байни лолаҳои худрӯйи Тоҷикистон, махсусан намудҳои гулкалони он (Т. fosteriana, Т. ingens, Т. lanata, Т. micheliana, Т. mogoltavica, Т. tubergeniana ва ғайра) хеле аҳамиятнок буда, пиёзаки 4 намуди лоларо (Т. bifloriformis, T. dasystemon, T. greigii, T. micheliana) ҳамчун манбаи ғизо истифода мебаранд. Мо ин ҷо оид ба хусусиятҳои экологию биологӣ ва роҳҳои ҳифзи лолаҳои худрӯи хоси маҳали Тоҷикистон чанд сухан мегӯем.

Лолаи дарвоз (бойчечак) – Tulipa anisophylla Vved. Гиёҳи нодир ва хоси Тоҷикистон буда, дар ҳолати хатарноки нестшавӣ мебошад. Бойчечак гиёҳи бисёрсола, пиёзаки байзашакли қутраш 1,5-2,5 см дошта, бо пӯстлохи ҷигарӣ ва мӯякчаҳо пӯшида шуда, одатан 3 барги гуногунандозаи ба якдигар наздик ҷойгирифта дошта, моҳи март давраи гулшукуфташ мебошад. Онро фақат дар як маҳалли Тоҷикистон байни деҳоти Шикай ва Куфи қаторкӯҳи Дарвоз ёфтаанд, ки дар нишебиҳои хокии ҷангалзори гармсери сирак дар баландии 1200 – 1400 м. аз сатҳи баҳр сабзида, аз тухм зиёд мешавад. Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳи бойчечак сохтмони роҳҳои мошингард, чидани нодурусти гулу пиёзакҳо ва бенизом чаронидани чорво мебошад.

Лолазағирак – Tulipa linifolia Regel. Гиёҳи камёфт ва хоси Тоҷикистон буда, онро танҳо аз қаторкӯҳи Дарвоз чидаанд. Лолазағирак гиёҳи бисёрсолаи пиёзакаш тухммонанди қутраш 1-2 см буда, пояаш 10-25 см қад кашида, баргаш 5-8 то буда, ба якдигар наздик ҷойгир шудааст. Гулбаргаш 2-4 см сурх ва қисми поёнии дохилаш бунафш аст. Моҳҳои апрел – июл гулу мева медиҳад ва дар нишебиҳои санглохи минтақаи ҷангалзори гармсер, бисёр вақт дар настаранзор дар баландии 1300 – 1800 м аз сатҳи баҳр сабзида, хеле кам аст, зеро маҳалли рушдаш маҳдуд аст. Миқдори умумии лолазағирак дар ҳудуди рушд тақрибан 1000 – 1200 бех буда, аз тухм зиёд шуда, соли 4-ум мешукуфад ва як бехи он то 180 дона тухм мебандад.

Лола – Tulipa мaximowiczii Regel. Гиёҳи нодир буда, хоси ҷануби Помиру Олой мебошад, ки босуръат кам ва рушдгоҳаш маҳдуд шуда истодааст. Лола гиёҳи бисёрсолаи пиёзакаш тухмшакли қутраш 1-2 см буда, пояаш 15-30 см қад кашида, баргаш 5-8 то ва то 5-10 мм дароз мешавад. Моҳҳои апрел – июл гулу мева медиҳад. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳазратишоҳ, Чолтоғ, Табакчӣ, Қаротоғи назди Панҷ, Қаротоғи Вахш, Сарсарак, Санглох, Ғозималику Ариқтоғ дар пистазор, ҷойҳои рангон дар баландии аз 650 – 1500 м аз сатҳи баҳр одатан тӯп-тӯп месабзад. Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад ва ҳангоми аз тухм рустан солҳои 4-5-ум мешукуфад. Як бехи он то 200 дона тухм мебандад. Истифодаи маҳалли сабзиш, аз меъёр зиёду нодуруст чидан ва кофтани пиёзаки он боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳаш мегардад. Дар Боғи набототи шаҳри Душанбе онро аз соли 1966 ва боғи набототи шаҳри Кӯлоб аз соли 2003 ин ҷониб парвариш карда, онро барои ороиши манзаравӣ тавсия медиҳанд.

Лолаи ҷангалӣ – Tulipa subquinquefolia Vved. Гиёҳи нодир ва хоси ҷануби шарқии Тоҷикистон ва Афғонистони Шимолӣ буда, дар зери таҳдиди нестшавӣ мебошад. Лолаи ҷангалӣ гиёҳи бисёрсола буда, пояаш то 50 см қад кашида, 5-6 барги паҳниаш 2-3,5 см дорад. Гулбаргаш сурх буда, қисми дохилаш доғи сиёҳ ва зард дорад. Моҳҳои май – июл гулу мева медиҳад. Дар қаторкӯҳҳои Ҳазратишоҳ, Тирай, Қаротоғи назди Панҷ ва кӯҳҳои Имомаскар дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва настаранзор, ҷинсҳои кӯҳии кушоди рангон, бештар дар буттазору пистазор дар баландии 1600 – 2000 м аз сатҳи баҳр месабзад. Шуморааш кам буда, гурӯҳ – гурӯҳ (3 – 5 бехӣ) мерӯяд. Миқдори умумиаш дар ҳудуди маҳалли рушд тақрибан 10 – 15 ҳазор бех буда, аз тухм зиёд мешавад ва як бехи он то 180 дона тухм мебандад.

Чаманлола – Tulipa subpraestans Vved. Гиёҳи камёфт ва хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ буда, дар зери хавфи нестшавист. Чаманлола гиёҳи бисёрсола буда, 15-30 см қад кашида, 3-4 барги бараш 2-4 см дошта, дар пояаш 1-3 гул дида мешавад. Гулбаргаш сурх, бедоғ ва дарозиаш 3-5 см буда, моҳи апрел гул карда, моҳи май мева медиҳанд. Дар ҷануби Тоҷикистон (қаторкӯҳи Вахш, Сипоктоғ, Себистон, Санглох, Сарсарак) дар нишебиҳои санглох ва гилхок, минтақаи нимсаваннаи алафаш хӯшадори баланд ва ҷангалзори гармсер, бодому фарқзор ва алафзори хоклес дар баландии 700 – 1500 м аз сатҳи баҳр гурӯҳ – гурӯҳ (2 – 4 бехӣ) ва аксар тоқа-тоқа месабзад. Миқдори умумиаш дар ҳудуди маҳалли рушд тақрибан 3 – 4 ҳазор бех аст ва аз тухм зиёд мешавад. Агар аз тухм рӯяд, соли 4 – 5-ум мешукуфад ва як бехи он то 280 дона тухм мебандад. Дар Боғи набототи шаҳри Душанбе онро аз соли 1953 ва шаҳри Кӯлоб аз соли 2003 ин ҷониб парвариш мекунанд. Дар шароити парвариш калонҳаҷм, бисёр вақт гулаш назар ба гули чаманлолаи табиӣ 3 – 4 маротиба калон мешавад. Ҳангоми парвариши хуб дар як бехи он то 6 – 8-то гул мешукуфад, ки як гулдастаи хуб аст.

Лолаи саҳро- Tulipa tubergeniania Th. Hoog. Гиёҳи нодир ва хоси ҷануби ғарбии Помиру Олой буда, миқдоран кам ва рушдгоҳаш маҳдуд шуда истодааст. Лолаи саҳро гиёҳи бисёрсолаи пиёзакаш байзашакл, қутраш 3-5 см ва ба хок то 30 см чуқур меравад. 3-4 дона барги дастшакли баъзан мӯякчадори паҳнии барги аз ҳама поёниаш 2-4 см буда, баргҳои наздигулии он сурхранг мебошад. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ (қаторкӯҳи Боботоғ, Ғозималик, Табакчӣ, Санглох ва кӯҳҳои Тошбулоқ, Хоҷамастон ва ноҳияҳои ҷанубии Ӯзбекистон аз қаторкӯҳи Кӯҳитанг то Боботоғ) дар санглоху гилхок ҷойҳои рангон дар пистазору бодомзорҳо дар баландии 450-1600 м аз сатҳи баҳр мезабзад. Миқдори умумиаш бештар аз 950 ҳазор бех буда, аз тухм зиёд мешавад ва баъди 4 соли кишт гул карда, як бехи он то 200 дона тухм мебандад.

Лолаи бедоғ – Tulipa praestans Hoog. Гиёҳи нодир ва хоси Помиру Олой буда, маҳалли рушдаш торафт маҳдуд шуда истодааст. Лолаи бедоғ гиёҳ бисёрсола буда, пояаш 15-50 см қад кашида, аз 3-4 барг иборат аст. Дар як пояи он аз 1 то 3 гул дида мешавад ва фарқияташ аз дигар лолаҳо дар он аст, ки дар дохили косагулаш доғ надорад. Лолаи бедоғ моҳҳои апрел – июл гулу мева медиҳад ва фақат дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Петри I, Ҳазрати Шоҳ, Вахшу Дарвоз, Тирай, Сарсарак, кӯҳҳои Хоҷамастону Хоҷамӯъмину Санглох дар нишебиҳои хокию санглохи минтақаи ҷангалзори гармсери (пистазор, бодомзор), паҳнбарг (чормағз, чинор, фарқ ва настаранзор) дар баландии аз 1000 то 2000 м аз сатҳи баҳр, тӯп-тӯп (то 30 – 40 бехӣ) ва бештар тоқа- тоқа вомехӯрад.

Бояд ёдовар шавем, ки гули лола дар миёни ҷавонон ҳамчун рамзи ишқу муҳаббат ва саодат маҳсуб меёбад ва туҳфаи беҳтарини ошиқон ин гули лола мебошад ва исми маъшуқаи худро лола мегузоранду ба номи ӯ байту ғазалҳо эҷод мекунанд. Ба мисоли рушан, як ҷавон номи дӯстдоштаи хешро лола гузошта, чунин изҳори муҳаббат мекунад:

Лолаи дастам кунам рӯзе туро,

Офтоби зиндагӣ хонам туро.

Лаҳзае, ки дур бошӣ аз барам,

Аз миёни лолазор ҷӯям туро.

Ин гуна мисолу суханҳои ба вижа, миёни миллати тоҷик зиёд аст ва донандагони ин риштаи суннатии тоҷикон бисёр дар атрофи гули лола гуфтаанду эҷод кардаанд. Аз ин ҳама бар меояд, ки гули лола дар фарҳанги шифоиву ахлоқии тоҷикон нақши муассир дорад ва мардуми тоҷик гули лоларо чун рамзи саодату садоқат ва “Сайри гули лола”-ро чун оини бостон пос медоранду имрӯз ҳам дар шаҳру навоҳӣ хиёбону гузаргоҳҳоро оро медиҳанд, ки албатта, сайёҳони хориҷӣ ба ин оини куҳан таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Мирзомурод САИДОВ, сардори маркази илмӣ ва маърифати экологии назди факултети Биологияи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь