Наврӯз яке аз бузургтарин чашнҳои бостонии мардуми форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст. Доир ба Наврӯз, таърихи зуҳури он, вақту замони таҳлили ин ҷашн донишмандону шоирони шаҳири гузаштаи форсизабон – Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайёми Нишопурӣ, Абулқосим Фирдвасӣ, Садриддини Айнӣ ва дигарон асарҳо таълиф кардаанд. Мутобиқ ба гуфтаи онон чунон ки аз номаш бармеояд, Наврӯз рӯзи нав аз Соли нав аст, ки ба аввали фарвардинмоҳи Эрони бостон оғози моҳи шамсии ҳиҷрӣ ва 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз мебошад.

Мардуми тоҷик, ки аслан аз нажоди ориёист ва дар қиёс бо дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо забони ноби форсӣ, фарҳанг ва тамаддуни худ хусусияти хосро дорост, ҷашни Наврӯзро хело пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд аз 21 март то аввали моҳи апрел таҷлил менамоянд. Аз қадами муборак ва фархундаи Баҳор-Наврӯз табиати зебо аз хоби ноз бедор мегардад, аз нав эҳё мешавад.

Устод Садриддин Айни бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва Бухоро менависад: …Ба сабаби аввали баҳор дар вақти ба ҳаракат даромадани рустаниҳо рост омадани ин ид, табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: “ Ҳамал- ҳама чиз дар амал”. Дар ҳақиқат, ин иди ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона,  оғози сар шудани кишту кор ва дигар ҳосилоти заминӣ аст, ки инсонро таъмин мекунад, сабаби бақои хаёти ӯ мешавад.

Наврӯз аз давраи пайдоишаш то имрӯз бо тарғиби зебоию накукорӣ, бузургдоштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгариаш фарқ мекунад. Риояи расму оин ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз, ки аз ниёгонамон то ба мо расидааст дар саросари Тоҷикистон бо ҳар ранге ва бо ҳар дастуре то ҳанӯз побарҷост. Наврӯзро пеш аз ҳама деҳқонон – кишоварзон пешвоз мегирифтанд. Дар ҳақиқат, калиди ризқу баракат дар мушти кишоварзон аст. Онҳо имрӯз ба саҳро баромада, баҳри фаровонии нозу неъмат каланд ба хоки нарм мезананд, ниҳол мешинонанду боғ бунёд мекунанд.

Яке аз хосагиҳои ҷашни Наврӯз дар байни мардуми ориёӣ алалхусус мардуми тоҷик ин сабзонидани майсаҳои ғалладона – гандуму ҷав буд, ки ин дар суфраи идонаи наврӯзии ҳар хонадон дида мешавад.

Наврӯз чун ҷашни мардумӣ дар ҷисму ҷони мардуми тоҷик ҷо гирифтааст. Наврӯз дар айни ҳол ҷашни бедорист ва фазилатҳои бешумори башардӯстона дорад. Бо фарорасидани Наврӯз хонаҳоро тозаву сафед менамоянд, то ки покию сафеди ҳамеша ёрашон бошад, дастархони идона меороянд, то ки хайру баракат аз хонашон кам нашавад, гулгардонӣ мекунанд, ба умеде, ки гули бахташон шукуфон бошад, об мепошанд, то ҳамасола оби раҳмат ба сарашон резад.

Дар арафаи иди Наврӯз ҳар як фард бояд ботинан худро аз ҳар гуна кину кудурат пок намоянд, манзилу хона, сарулибос ва тамоми асбобу анҷоми рӯзгорро тоза гардонанд, одамон бо меҳру шавқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондагон мераванд, сари ятимонро сила ва ба бепарасторон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша намоянд. Албатта, дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзи ороста мекунанд ва шеъру газалхони менамоянд. Дастархони Наврӯзи асосан аз «хафтсин»-у «хафтшин» иборат буда, инчунин, бо хурокҳои хушбую хушлазати наврӯзӣ оро дода мешавад.

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли дирӯзу имрӯз бо расму оин,  арзишҳои этикию эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгонамон мебошад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, мақому манзалати волоеро касб кард.

Ба кулли аҳли башар маълум аст, ки моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи  генералии Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро иди байналмилалӣ эълон намуд. Дар 64-умин ҷаласаи роҳбарияти ин созмони бонуфузтарини ҷаҳон ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзои он Наврӯзи бостонӣ ба феҳрасти мероси таърихӣ – фарҳангии халқҳои олам ворид гардида, ҳамзамон ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Акнун ин ҷашни бошукӯҳ на танҳо дар олами форс ва Ховар, балки дар дигар кишварҳои фарҳангдӯсту таърих посдори кураи арз ҳамчун иди ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад.

Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ, боиси ба ҳам наздикшавӣ ва муколамаи тамаддунҳо, ҳамдилӣ ва ҳамовозии ҳарчи бештари халқу миллатҳои эронитабор ва дигар ақвоми ҳамҷавор  гардид ва саҳифаҳои тозае дар ҳамоҳангию ҳамкорӣ барои ин ҷашн кушод.

Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин ҷашн дар дунё ҳамчун ба унвони фарҳанги миллати тоҷик шинохта шудааст. Ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат ва ахлоқи ҳамидаи инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба ин мероси маънавии гузаштагонамон месазад сазовор арҷгузорӣ намуд.

Бо самимияти хос гуфтаниям, ки ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз ба тамоми миллати тоҷик ва аҳли хонаводаашон файзу баракат ба монанди қатраҳои борони баҳорӣ, осудагиву амонӣ, сиҳатмандии бардавом эҳдо намояд.

Иброҳимова С.Ҳ., ходими калони шӯъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь