Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мероси бебаҳои тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ мебошад, ки бо қурбониҳо ва қаҳрамониҳои ногуфтанӣ ба даст оварда шудааст.
Дар Тоҷикистон хотираи корнамоиҳои гузаштагонро, ки барои аз асорати фашистӣ наҷот додани Иттиҳоди Шӯравӣ – Ватани миллионҳо мардуми шӯравӣ ҷони худро нисор карданд, пос медоранд. Ин хотира наслҳоро муттаҳид намуда, мардонагию матонати гузаштагон ва арзиши осмони осоиштаи болои сарамонро хотиррасон мекунад.
Ба хотираи Ғалабаи бузург
Дар Тоҷикистон хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва замони шӯравӣ эҳтиёткорона нигоҳ дошта мешавад. Дар кишвар зиёда аз ҳазор ёдгориҳо, муҷассамаҳо ва ҳайкалҳо бахшида ба аскарони дар солҳои 1941—1945 ҳалокгардида мавҷуданд. Мақомотҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои волонтёрӣ бо барқароркунӣ ва нигоҳубини ин ёдгориҳо машғуланд.
Чанде пеш, 10 марти соли 2025 дар қабристони православии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи калисои Николаи муқаддас ёдгории барқароркардашуда ба ёди сарбозони Артиши Сурх, ки дар майдони ҷанг ё бар асари захмҳо дар госпиталҳои Тоҷикистон ҷон бохтаанд, ифтитоҳ гардид. Дар ин госпиталҳо зиёда аз 50 ҳазор нафар аскарони ярадор табобат гирифтанд. Аз ноҳияҳои ғарбии наздисарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурии мо зиёда аз 50 ҳазор нафар одамон, аз ҷумла 10 ҳазор нафар кӯдакон тахлия карда шуданд. Ба ҷои сутуни бетонии пешина, ки соли 1965 насб гардида, бо мурури замон хароб шуда буд, лавҳаи (сутуни) панҷметра аз гранити сурх гузошта шуд. Дар муҷассамаи нав номи 20 нафар афсарону аскарони Артиши Сурх кандакорӣ шудаанд.
Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 29 госпитали тахлиявӣ, аз онҳо 22-тоаш дар шаҳри Душанбе, таъсис дода шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи аскарони сурх муаррих, роҳбари гурӯҳи ёдбудиву ҷустуҷӯии «Хотира-201» Гафур Шерматов иштирок дошт. Вай мутмаин аст, ки ин рӯйдод дар таърихи шаҳри Душанбе ҷойгоҳи хосе хоҳад дошт: “Мо барои ин қариб 12 сол талош кардем. Дар ин муддат Хиёбони Шӯҳрат буньёд гардид, ёдгориҳо аз нав барқарор карда шуданд, инчунин барои абадигардонии хотираи қаҳрамонҳо корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ва натиҷаи ин — ёдгории ҷангиест, ки имрӯз мебинем. Ин барои мо на танҳо як ёдгорӣ, балки нишонаи эҳтироми бепоён нисбат ба одамоне мебошад, ки баҳри Ғалаба ҷони худро нисор кардаанд. Вақте “ҳалокшудагон” мегӯям, ҳамаи онҳоеро дар назар дорам, ки дар госпиталҳо аз ҷароҳатҳои вазнин ҳалок гардиданд. Тақдир ва зиндагии онҳо набояд фаромӯш шавад.
Як нуқтаи муҳимро қайд кардан мехоҳам: дар ёдгорӣ номи онҳое, ки дар ин ҷо дафн карда шудаанд, кандакорӣ шудааст. Вале аз ду тарафи (паҳлӯи) сутун барои номҳои ҳанӯз барқарорнашуда ҷой мондем».
«Умедворам, ки дар солҳои наздик мо номҳои тамоми ҳалокшудагонро барқарор ва ҷовидонӣ карда метавонем. Он гоҳ ин ёдгорӣ рамзи пурраи хотира хоҳад гардид, – мегӯяд муаррихи ҳарбӣ ва роҳбари гурӯҳи ёдгориву ҷустуҷӯии «Хотира-201» Ғафур Шерматов.
Ғафур Шерматов ҳамчунин ба онҳое, ки дар бунёди ин муҷассама кӯмак карданд, изҳори сипос намуд: “Мехоҳам махсусан ба Сафорати Федератсияи Русия ва шахсан ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев миннатдорӣ баён кунам. Бе иштирок, кӯмак ва дастгирии онҳо ин лоиҳа амалӣ намегардид».
Ғафур Шерматов ва дастаи ӯ солҳои зиёд ба ҷустуҷӯ ва барқароркунии дафнгоҳҳои ҳарбӣ машғул ҳастанд. Гурӯҳи “Хотира-201” корро аз панҷ нафар оғоз карда буд, ҳоло ба он беш аз 100 нафар, аз ҷумла низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, кормандони сафорат, намояндагони созмонҳои собиқадорон, волонтёрон, донишҷӯён ва шаҳрвандони мушфиқ шомиланд.
Масоҳати Қабристони марказии Душанбе 120 гектарро ташкил дода, дар он ҷо тақрибан 1,5 миллион гӯрҳои православӣ ҷой гирифтаанд. Аввалин қабрҳои он ба соли 1933 рост меоянд ва як давраи дурударозеро дар худ маҳфуз медоранд, ки на ҳама аз он огоҳанд. Маҳз аз ҳамин хотир иштирокчиёни гурӯҳи ёдгорию ҷустуҷӯии «Хотира-201» бо тадқиқоти бойгонӣ маҳдуд нашуда, қабрҳои фаромӯшшударо фаъолона барқарор мекунанд, ёдгориҳоро нигоҳубин мекунанд, шанбегиҳо мегузаронанд. Чунин чорабиниҳо махсусан дар санаҳои таърихӣ, вақте мардум барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Хиёбони Шӯҳрат ҷамъ меоянд, аҳамияти калон доранд.
Дар Тоҷикистон аллакай ба роҳпаймоии анъанавии «Полки ҷовидонӣ», ки рӯзи 9 май бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад, омодагии фаъол дида истодаанд. Чорабинии мазкур таҳти ҳамоҳангсозии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре раиси Шӯро Шукурҷон Зуҳуров хабар дод, раҳпаймоӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад ва айни ҳол барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ва ташкили роҳпаймоӣ корҳои васеъмиқёс идома доранд. Илова бар ин, Шӯрои собиқадорон ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як муроҷиатнома бо хоҳиши дастгирии як қатор ташаббусҳо барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ирсол намудааст. Аз ҷумла чунин пешниҳодҳо кардааст: бунёди осорхонаи тахлияи давраи ҷанг дар Душанбе; гузоштани муҷассамаи Қаҳрамонони тоҷики Иттифоқи Советӣ дар Боғи Ғалаба; нашри китоби муаррих Раҳмон Сафаров бо номи «1001 корнамоии (қаҳрамонии) тоҷикон».
Шӯро ҳамчунин ба зарурати навкунии қонун “Дар бораи собиқадорон” таъкид кардааст, зеро санади мазкур ҳанӯз соли 1994 қабул гардида буд. «Мо умедворем, ки ҳамаи пешниҳодҳои мо то ҳадди имкон амалӣ хоҳанд шуд», – қайд кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидонӣ” дар Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад ва як ҷузъи муҳими ҳифзи хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мемонад.
Нигоҳ доштани таърих барои ҷавонон
Дар Тоҷикистон Олимпиадаи умумиҷаҳонии мактаббачагон бо номи «Ғалабаи бузург» гузаронида мешавад, ки ҳадаф аз он – амиқгардонии дониши мактаббачагон дар бораи ҳодисаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Чанде пеш дар “Хонаи русӣ”-и шаҳри Хуҷанд даври аввали олимпиада баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактабҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд. Баргузории даври дуввуми олимпиада санаи 24 март ва даври ниҳоӣ санаи 6 май ба нақша гирифта шудааст. Ғолибон имкони беназир барои иштирок дар Паради Ғалаба дар Маскав, ки 9 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, пайдо мекунанд.
Моҳи декабр иштирокчиёни лоиҳаи «Миссияи Некӣ» ба Душанбе омада буданд ва дар доираи ин лоиҳа дастаҳои донишҷӯёни Русия ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватании дар мактабҳои пойтахт ҷойгиршударо барқарор карданд.
Олимпиадаи “Ғалабаи бузург” аз соли 2020 инҷониб гузаронида мешавад ва сол аз сол теъдоди иштирокчиён бештар мешавад. Имсол зиёда аз 65000 мактаббачагон аз 78 кишвар барои иштирок дар ин олимпиада ариза доданд (дархост гузоштанд). Супоришҳои олимпиада аз ҷониби олимону таърихшиносон таҳия карда шуда, аз рӯи дараҷаи мушкилӣ мувофиқи синну соли иштирокчиён гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан, аввал аз ду даври онлайн гузаштан лозим аст, баъд аз он даҳ нафар финалистон санаи 6 май дар Осорхонаи Ғалаба дар теппаи Поклонная дар Маскав вомехӯранд.
Дар Тоҷикистон олимпиада санаи 28 феврали соли 2025 дар доираи телемости Маскав-Душанбе оғоз гардид. Чорабинии мазкур дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин дар Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев баргузор гардид.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон барномаи густурдаи чорабиниҳо бахшида ба 80-умин солгарди Ғалабаи Бузург омода карда мешавад. Ташкилотчиён Россотрудничество, Сафорати Федератсияи Русия ва Пойгоҳи низомии 201-уми Русия мебошанд. Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузории марафон ба мавзеъҳои таърихие, ки дар он ҷо солҳои ҷанг госпиталҳои тахлиявӣ ҷойгир шуда буданд, дар назар аст.
Илова бар ин, дар доираи таҷлили ин санаи таърихӣ чорабиниҳои дигар низ ба нақша гирифта шудаанд: гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаҳо ва ёдгориҳо; гузаронидани гирдиҳамоиҳо ва шанбегиҳо дар дафнгоҳҳои ҳарбӣ; конференсияҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба саҳми халқи тоҷик ба Ғалаба; намоишгоҳҳо, намоиши филмҳо ва муаррифии китобҳо дар бораи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ; мукофотонидани собиқадорон ва иштирокчиёни фронти меҳнат.
Якҷоя бо хадамоти марзбонии Тоҷикистон “Эстафетаи Ғалаба” ташкил карда мешавад, ки тамоми кишварҳои ИДМ-ро фаро гирифта, ба ваҳдати халқҳо дар мубориза бо фашизм таъкид мекунад.
Бо ташаббуси собиқадорон пойгаи автомобилӣ аз Тоҷикистон то Қалъаи Брест ба нақша гирифта шудааст, ки рамзи пайванди наслҳо ва давомати хотира мебошад. Ғайр аз ин, «Диктанти Ғалаба» баргузор мегардад, ки барои санҷидани дониши иштирокчиён дар бораи воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дарки аҳамияти саҳми ҳар як ҷумҳурӣ дар Ғалабаи умумӣ имконият медиҳад. Ин чорабиниҳо ба нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни халқҳое, ки барои озодӣ ва истиқлолият якҷоя мубориза бурданд, равона карда шудаанд.
Халқҳои кишварҳои пасошӯравӣ дар тасмими роҳ надодан ба барқароршавии натсизм ва фашизм якдиланд. Нигоҳ доштани хотираи таърихӣ – ин на танҳо арҷгузорӣ ба қаҳрамонии гузаштагон, балки кафолати он аст, ки фоҷиаи он солҳо ҳеҷ гоҳ такрор наёбад. Сулҳу амнияти наслҳои оянда аз ҳушёрӣ ва оштинопазирии мо нисбат ба кӯшишҳои таҳрифи таърих вобаста аст. Эҳёи фашизм дар ҳама гуна шакл барои Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст, зеро хотираи қаҳрамонон, ки барои озодӣ ва адолат мубориза бурдаанд, дар қалбҳои мо абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Матлубаи Ќ.