Ман ин матлабро дар рӯзи фавти Бахтиёр Худойназаров навишта будам. Намедонам кай буд, вале Фейсбук ҳам гузошта будам. Ҳоло ба баҳонаи зодрӯзи ин ҳунарманди нотакрор онро дубора ин ҷо мекорам.

Худоё, беватан мемирам охир,

Ва бе гӯру кафан мемирам охир.

Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,

Парешонҷону тан мемирам охир.

Мисраъҳои зиндаёд Искандари Хатлонӣ, ки хеле пештар аз маргаш суруда. Ва гӯё медониста, ки сарнавишташ ба чӣ меанҷомад. Искандар гумон надошт ҳадафи ҳамлаи номардона қарор мегирад ва билохира дар ғарибӣ, дур аз ёру диёр, пайвандону азизон ҷон ба Холиқаш таслим мекунад. Ҳар сол дар рӯзи таваллуд ва марги фоҷеабораш дӯстон ва мухлисони ашъораш ҳатман аз ин шеър ёд мекунанд ва он ба ҳадде маҳбубият дорад, ки мегӯӣ барои ҳар ғарибгӯр навишта шуда.

Чӣ зиёданд мардону занони номуроди ин миллат. Дар тӯли таърих даҳҳову садҳо, балки ҳазорҳо тан аз ҳамватанони моро ҳамин қисмат насиб шуда: рафтан пайи рӯзӣ ва қурбон шудан. Ба қавле бо по рафтанду беҷон баргаштанд ва ё аслан барнагаштанд.

Ва ҳамин қисмат Бахтиёр Худойназаровро насиб шуд. Замоне, ки фазои Ватан бо садои тиру тӯп печида буд, барои ҳунараш майдон меҷуст. Аз оғӯши гарми Душанбеи азизаш рахт барбаст, то боли парвоз ба ҷаҳони ҳунар боз кунад. Дар муҳити барояш бегона дӯстони нав пайдо кард. Ба назар мерасид мехост пуле миёни гузашта ва имрӯз бошад. Бахтиёр парвардаи мактаби Шӯравӣ буд ва ҳамеша бо бӯи гуворои ҳамон замон мезист. Филмҳояш то ҳадде интизории бозгашт доштанд. Бозгашт ба гузашта номумкин буд, вале яқинан вай чун фарзанди ҳамин миллати нимбемор бозгашт ба асли хешро мехост. Аммо бо шеваи муосире, ки худаш дар ҷустуҷӯяш буд.

Ва дар ин ҳиҷрат Бахтиёр боз ҳам танҳо набуд. Вай пайроҳаи даҳҳо бахтиёрҳои дигарро тай кард ва билохира дар қалби Аврупо қарор ёфт. Аммо наметавонист беватан бошад. Ҳамвора бо Тоҷикистон буд, филмҳояш, ҳатто агар дар маҳалу кишварҳои дигар рӯи навор омада буданд, бӯи Тоҷикистон мекунанд. Зеро ҳавои ин Ватан фикру ёди ӯро тарк накард. Мо инро дар намоиши чор филми ӯ дар ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дидем ва мушоҳида кардем.

Ҳамватанони дар суг нишаста

Ман рӯзҳои хабари марги нобаҳангомашро хуб дар ёд дорам. Ин хабар аввал фазои маҷозиро фаро гирифт, садҳо нафар аз дуру наздик дар саҳифаҳои иҷтимои марсияҳои хайрбод менавиштанд, аз ӯ бо дард ёд мекарданд. Аз ҷумлаи онҳо ҳунарманди дӯстдоштанӣ ва маъруфи кишвар Шералӣ Абдулқайсов буд, ки бо як ҷаҳон андуҳ навишт:

“ТААССУФ!

Умеди тозаи мо буд, ки эҳёгари кинои миллии мо БАХТИЁР хоҳад шуд!

Интизориҳои фаровоне доштем, ки БАХТИЁР дар матоъи синамои ҷаҳонӣ арзишмандтарин сурату сирати ҳикмати ниёгонро пойдор мегардонад!

Бовар доштем, ки иллати хуфтагиву кӯфтагиҳои ифтихору ғурури фарҳанги муосири моро бо навори тозагуфтор мезудояд!

Дареғ, марги нобаҳангом пайгирона дар камин будааст!

УМЕД!

ИНТИЗОРӢ!

БОВАРӢ моро шикаст!

БАХТИЁРИ моро рабуд!

Ва корбари дигаре ин сатрҳоро кошт: “Талафоти ҷуброннопазир барои Тоҷикистон. Яке аз маъдуд тоҷиконе, ки дар олами санъати синамо мешинохтанд ва эҳтиромаш мекарданд! Афроде назири Бахтиёр Худойназаров обрӯи тоҷиконро боло мебардоштанд… хеле афсӯс…”.

Насрулло Наимов, аз ҷумлаи корбарони дигар Фейсбук нигошт: “Кош даҳ фисади мардум мефаҳмид, ки киро аз даст додааст ва ҳатто пайдо мешаванд одамоне, ки бо тамасхур ин хабарро қабул кардаанд”.

Бахтиёр дар мулки ғарибӣ бори гарон ва пурмасъулияти муаррифии синамои Тоҷикистонро болои шонаҳояш мебардошт. Даҳҳо образи нотакрораш дар чандин филми мондагораш баёнгари ин воқеъият аст.

Ғарибдарду ғарибмарг шуд, Бахтиёр

Ман он шабу рӯз бо афроди зиёде ҳамсуҳбат шудам, то ӯро бештар бишносам. Ҳунарманди шинохта Сафарбеки Солеҳ, ки хабари фавти ҳамкасб ва дӯсташро дар Маскав шунида буд, суҳбатро аз ин ду мисраъ шеър оғоз кард, ки яқинан моли ӯст, ки тоза эҷод кардааст:

Бахт ёри мо набуд, Бахтиёри мо бирафт,

Сахт кори мо дигар, ихтиёри мо бирафт.

Ва баъдан ин шеърро такмил кард ва бо изофаи чанд мисраъи дигар комил сохт. Рӯзи нахустини ҷашнвораи синамои “Дидор”, ки бо филмҳои бахтиёр Худойназар оғоз шуд ва худи ин ҷашнвора ҳам ба номи хотири ин ҳунарманди нотакрор баргузор гардид, ҳамин шеърро дар саҳифаи худ дар Фейсбук кошт.

Сафарбеки Солеҳ гуфт, ки “бо Бахтиёр ҳамсоя будем. То аз Душанбе рафтанаш дар хиёбони Рӯдакӣ дар як бино зиндагӣ мекардем. Ӯ аз ман шаш сол хурд буд, нав ба омӯзишу таҳсили синамо машғул буд. Меомад хонаи ман ва соатҳо ҳарфи ҳунару синамо мезадем. Баъди рафтанаш аз Душанбе, пайвандонаш низ аз ин хонаи аввалаашон рафтанд. Баъдан, дар хориҷ медидамаш, бештар дар ҷашнвораҳо ва ё дар “Мосфилм”. Муваффақтарин коргардони синамо буд. Ғарибдарду ғарибмарг шуд. Худованд биёмурзад. Бахтики мо рафт…”.

Ёдҳои гулусӯзанд ин ёдҳо. Ҳунармандон ҳамин тариқ намемиранд, чун ёдашонро осрашон ва хотираи ҳамзамонону ҳамкасбонашон зинда медорад. Аз Сафарбек пурсидам, ки баъди рафтанаш иртиботҳоятон гусаста шуданд ва мулоқотҳо комил тасодуфӣ рух медоданд?

– Бале, ҳар вакт дар Маскав мебудам, ҳатман аз аҳволи хамдигар хабардор мешудем. Дигар  мулоқоту дидор тасодуфӣ буд. Ӯ шадидан саргарми корҳои худ буд, вақт ҳам намеёфт. Яке аз муваффақтарин коргардонҳои даҳаи ахири кишварҳои собиқ Шӯравӣ маҳсуб аст. Боистеъдод буд. Коргардони ҳирфаии сатҳи олӣ буд.

Бахтиёр Худойназаров рӯзи 21-уми апрели соли 2015, соати 6:30-и субҳ, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Берлин аз дунё гузашт.  Ва худи ҳамон рӯз дар Душанбе даҳҳо тан аз ҳамкасбону ҳамкорони собиқаш дар “Тоҷикфилм” гирди ҳам омаданд ва ғоибона бо дӯст, ҳамкасб, бародар падруд гуфтанд.

Ӯро дар Берлин ба хок супурданд. Акнун дидорҳо ба қиёмат монданд.

Б. Шафеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь