Азм намудам, ки академик Алоуддин Баҳоваддиновро аз ҳар ҷониб пажуҳиш намоям ва бо ҳамин ҳадаф ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ муроҷиат намудам, чунки пажуҳишгоҳи мазкур бо номи шодравон муаррифӣ мегардад. Аммо он ҷо бар ҳамаи суолҳоям як посух гирифтам ва он ҳам ин буд, ки маълумот оид ба фаъолияту зиндагиномаи академик А. Баҳоваддинов махфист ва ҳатто барои мо дастнорас аст. Аз ҳамин хотир, шавқи омӯхтан ва баррасӣ намудани ҳаёт ва фаъолияти файласуф ҷои костан дар ниҳодам афзуд. Дар ёдам ҳарфе марбут ба Баҳоваддинов омад, ки замоне қабл аз ин шунида будам ва тибқи он шуниданҳо файласуфи номовар на танҳо иштирокчии фаъоли ҶБВ будааст, балки яке аз афродест, ки дар бартарафсозии сӯиқасди машҳури соли 1943 ҳангоми дар шаҳри Теҳрон баҳамоии сиёсатмадорони аср чун Черчил, Рузвелт ва Истолин саҳмгузор будааст. Рӯзи дигар боз ба Пажуҳишгоҳи фалсафа раҳсипор шудам ва бароям маълум гардид, ки шунидаҳоям воқеият доштааст ва марҳум дар баробари олими машҳур будан боз яке аз зумраи фаъолтарин ҷанговарони аҳди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маҳсуб мешавад.
Аммо академик Алоуддин Баҳоваддинов дар Шӯравӣ чун муҳаққиқи осори фалсафии Бӯалӣ Сино машҳур буда, аз нахустин олимонест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби илмии фалсафиро бунёд кардааст. Бо ёриҳо ва ҷаҳду талошҳои ӯ дар соли 1951 дар ҳайъати навтаъсисшудаи Академияи улуми Тоҷикистон бахши фалсафа таъсис ёфта, ҳамчунин кафедраи фалсафа дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кушода шуд. Ӯ якеро дар муқобили дигаре намегузошт ва бо чунин васила бо истифода аз қиёс ба осори фалсафии миллатҳо рӯ намеовард, балки таъсирпазирии андешаҳои фалсафиро ҷоиз медонист ва ҷонибдори ин андеша буд, ки тибқи он як фарҳанг, як тамаддун метавонад бар соири фарҳангҳо ва тамаддунҳо таъсиргузор бошад, ё худ аз дигар осори фарҳангӣ таъсирпазирӣ намояд. Коршиноси варзида Сайфулло Сафаров иқрор намудааст, ки дар масоили худшиносии миллӣ аз ҳама бештар Алоуддин Баҳоваддинов машғул шудааст. Ба фикри ӯ, “Алоуддин Баҳоваддинов нафаре мебошад, ки аввалин идеяҳои миллатшиносии тоҷикро пешниҳод намуда, доир ба ин мавзӯъ китоб навиштааст”.
Академик Кароматулло Олимов дар мақолаҳои ба Баҳоваддинов бахшидааш изҳор доштааст, ки аз донишманд шогирдӣ мекард ва шояд аз ҳамин хотир аст, ки лаҳзаҳои нодиртарини ҳаёт ва фаъолияти устодро дар мақолаҳои иншошуда ба қалам овардааст. Дар яке аз мақолаҳои ба устод бахшидаи худ менависад: “Файласуфи бузурги олмонӣ Ҳегел гуфта буд, ки миллатҳо аҳкоми саҳеҳи худро аз таърих дарёфт мекунанд. А. Баҳоваддинов тибқи ҳамин ҳикмат амал карда ва аввалин шахсе буд, ки таҳқиқи таърихи ғании чандинасраи фалсафаи халқи моро оғоз кард. Бинобар ин, устод барҳақ аз саромадони донишманди файласуфи давраи нави таърихи халқи тоҷик маҳсуб мешавад”.
Файласуфи дигар А. Муҳаммадхоҷаев Баҳоваддиновро муҳаққиқи аслии осори Бӯалӣ Сино номидааст: “Дар таҳқиқоти ба таҳлили осори Абуалӣ Сино бахшидаи худ А.М.Баҳоваддинов симои воқеъии илмӣ-фалсафии ин олими шаҳри ва файласуфи беназирро барқарор намуда, нақши таърихии ӯро дар инкишоф ва пешбурди маънавии халқи тоҷик ба тамаддуни башарӣ муайян намудааст”.
Тибқи маълумоти И.Ш.Шарипов “академик Баҳоваддинов аввалин файласуфи тоҷик буд, ки дари таърихи бою пурғановати фалсафаи тоҷикро ба рӯи ҳаводорону муҳаққиқони муосири тоҷик боз кард, самту тамоюли омӯзиши афкори фалсафиро муайян сохт”.
Мавсуф дар соли 1961 пас аз таҳқиқоти доманадор китобе бо номи “Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик” навишта, дар он таърихи асримиёнагии фалсафаро, ки марбут ба тоҷикон аст, ба ду давра тақсим менамояд: давраи қаблӣ, ки садаҳои VIII-XV-ро фарогир мебошад ва замони таназзул, ки асрҳои XVI-XIX-ро дар бар мегирад. Асари мазкур то кунун дар мағзи андешамандон нуфӯз дорад, чунки муаллиф дар он ҳама гуна калавишҳои ғайриилмии понисломистону понтуркистони замонашро рад карда, ба хулосае меояд, ки таърихи фалсафаи тоҷиконро маҳз ҷараёнҳои ифротгароёнаи ғайриилмӣ мункир гардидаанд. Алоуддин Маҳмудович Баҳоваддинов арабшиноси комил буд, вале арабгироиро қабул надошт ва саҳми тоҷиконро дар густариши тамаддуни исломӣ иқрор мекард. Номбурда дар ин маврид навиштааст: “Бо истифода аз назарияи носаҳеҳи ғайриилмӣ ҷиҳати ҳамешагии феодализм дар Ховари Миёна дар фаҳмиши ҷаҳонбинӣ бархе аз уламои чаправ пиндоштаанд, ки дар ин сарзамин фалсафа вуҷуд надоштааст. Ҳамчунин, дар байни моддагироёну илоҳиётшиносон ҳеч гуна рақобати фикрӣ дар Осиёи Миёна набудааст. Мутобиқ ба чунин андешаҳои носаҳеҳ ва исботнашуда дар таърихи фалсафа илми мазкур дар ин кишварҳо танҳо дар аҳди хилофати араб пайдо шудааст. Бо дарназардошти ин тамоил, таърихшиносони манфиатҷӯ, ҳатто бузургтарин андешаманд чун Ҳегел аз як ҷониб тамоми фалсафаи Шарқро ба араб итлоқ намудаанд ва аз ҷониби дигар, тасдиқ мекунанд, ки фалсафаи араб як навъ қадаме дар рушди фалсафа набуда, мулоҳизаҳои фалсафии арабҳо танҳо дар доираи схоластик рушд ёфтаанд”.
Бино ба бархурди андешаҳо донишманди тоҷик тасмим гирифт, ки дар китоби “Очеркҳо”-яш фалсафаи қабл аз исломии тоҷикро дар мисоли “Апастак” ва дигар осори ҳикматомези Зартушт, Монӣ, Маздак аз як сӯ ва аз сӯи дигар фалсафаи зарвонияро, ки мутобиқ ба он масоили “хилқат” рад мешуд, баррасӣ карда, мехост ақидаи пурғалатро дар илми фалсафа ҷилавгирӣ кунад. Ғайр аз ин, андешаи дигари ховаршиносон, ки тибқи он мардумони Шарқ барои илман тафаккур кардан қобилият надоранд ва фикррониҳои онҳо дар пояи ҷаҳонбинии динӣ бунёд шуда, ба тарзи ақидаронии аврупоӣ бегона мебошад, файласуфро нороҳат сохта ва водор кардааст, ки барои исботи бардурӯғии инчунин андешаҳои беасос ҷаҳд бинмояд. Ҳамин авомил буд, ки академики тоҷик бар олимони муғриз мисли К. Форлендер, ки фикрро бинобар маҳалли иқомати соҳибфикр ба пасрафтаву пешрафта ҷудо кардаанд, бархурд намуда, ба илм бегона набудани осори маънавии ниёкони моро исбот мекунад ва тасдиқ менамояд, ки пас аз ғасбкориҳои араб тарзи тафаккури фалсафӣ дар сарзамини мо бо пӯшишҳои мазҳабӣ изҳор шудаанд, дар ҳоле ки тарзи тафаккури фалсафӣ то паҳншавии ислом дар Ховари Миёна дар ҷабҳаҳои гуногун инъикос ёфтааст ва далели мутаммад барои исботи инчунин фикр фалсафаи зарвония маҳсуб мешавад: “Дар андешаи фалсафӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии халқҳои Осиёи Миёна, қабл аз ғасб шудани ин сарзамин аз ҷониби истилогарони араб мо на танҳо ҳукумат доштани илоҳиёт ва тасаввуфро пайдо мекунем, балки боз густариши моддигироӣ ва ҳатто бархурди онҳоро дар шакли мустақим мушоҳида менамоем”.
Фалсафаи асримиёнагии тоҷику араб, ки аз бисёр паҳлӯҳо бо ҳам ҳамоҳангӣ доранд, маънаван майли гираванда ба фалсафаи юнониёни қадим, ба вижа ду машҳуртарин намояндаи он Афлотун ва Арасту доштааст ва ин фикр дар асарҳои Бӯалӣ Сино, Абунасри Форобӣ, Ибни Рушд, Хоҷа Насируддини Тусӣ ва амсолашон такрор ба такрор баён мешавад. Гузашта аз ин, баъзан чунин ба назар мерасад, ки осори фалсафии Бӯалӣ Сино дар илми “мобаъдуттабиа” ва “мантиқ” такрор аз Арастуст. Пури Сино бо вуҷуди шуҳрати оламгираш Арастуро муаллими аввал пиндошта, Хоҷа Насируддини Тусӣ бошад, Шайхурраисро “устод Бӯалӣ” ё худ “устоди сонӣ” муаррифӣ карда, ба таблиғи андешаҳояш камари ҳиммат бастааст. Академик Алоуддин Баҳоваддинов низ аз юнонигарии машшоиюн бехабар намонда, чун муҳаққиқи осори илмии Пури Сино ба хулосаи амиқ омада, иқрор менамояд, ки: “Ибни Сино аз Арасту пайравӣ мекард”.
Ғарб дар замони “Эҳё” ҳамлаҳои гушношуниде ба пайкари ҳикмати юнониён ворид карда, гироиш ба онро марги Аврупо пиндошт ва аз он ба баъд ғарбиён дар баёни ақидаҳои фалсафӣ зиддиюнонӣ маҳсуб мешаванд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ зимни баррасии фарҳангҳою тамаддунҳо дар китоби “Эҳёи фикри динӣ дар ислом” аз иддиои Шпенглер интиқод менамояд: “Муддаои аслии Шпенглер ин аст, ки ҳар фарҳанге як созвораи хос аст ва ҳеч нуктаи тамосе бо фарҳангҳои дигаре, ки аз лиҳози таърих нисбат ба он муқаддам ё мутааххиранд, надорад. Ба гуфти вай ҳар фарҳанг ба тамаддун тарзи нигариши хосе нисбат ба умр ва ашё дорад, ки комилан дур аз дастраси мардумон аст, ки ба фарҳанги дигаре тааллуқ доранд. Барои исботи муддаои худ бо шӯру шавқ тамоми вақоеъ ва тафсирҳои фаровонро сафбандӣ ва басиҷ мекунад то нишон диҳад, ки фарҳанги урупоӣ саросар зиддиюнонӣ аст…”. (Эҳёи фикри динӣ дар ислом. Душанбе, “ЭР-граф”, 2010, саҳ. 188).
А. Баҳоваддинов рӯоварии донишмандони тоҷику арабро дар аҳди асримиёнагӣ ба фалсафаи Юнон чун нишони эътирози онҳо ба низоми исломии Хилофат баррасӣ карда, осори фалсафиро ягона шакли озодандешӣ донистааст ва ин андешаро бо далел исбот намудааст: “Он замон, ки низоми мустабиди мутакаллимини исломӣ ҳар гуна истиқлоли фикриро мефишурд, чунин иқдомҳо ҷиҳати интишори фалсафаи юнониён, махсусан табииёти Арасту нахустин гоме оғуштаи ҷуръат буд, ки дар хеш эътирозро муаррифӣ мекард”. Дар баробари машшоиюн, наҳзати шуубия низ бо ҷамъияти “Ихвонуссафо” ҳанӯз дар асри X ба таблиғи ақоиди фалсафӣ камар баста, дар ашколи мухталиф бо низоми хилофат бархурд менамуданд ва ба вижа пайравони исмоилия дар ин маврид сахткӯш буданд. Назари Алоуддин Баҳоваддинов ҷиҳати тавлиду паҳншавии исмоилия дар Хилофати араб аҷиб ба назар мерасад. Ҳангоми таҳқиқ муаллиф менависад: “Қариб ҳамаи муҳаққиқони таърихи исмоилия чунин пиндоштаанд, ки исмоилия бахше аз шиа маҳсуб мешавад. Ин наҳзат дар байни афроде тавлид ёфт, ки аз низоми таҳияшудаи ғосибони араб норизо буданд ва бо ислом ҳамоҳангӣ надоштанд”.
Академик Алоуддин Баҳоваддинов ба ҳайси мутарҷим ва донандаи ихтисосии забони русӣ низ маъруф шудааст. Нахустин тарҷимаи русии “Донишнома”, ки онро Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино бо забони тоҷикӣ таълиф намудааст, ба қалами Баҳоваддинов тааллуқ дорад ва номбурда дар самти тарҷумонӣ муваффақ будааст.
Машраби АБДУЛЛОҲ,
рӯзноманигор