Ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ

(Аз дидгоҳи иҷтимоӣ)

 Туро аз ҷаҳон, баҳра ҷанг асту бас,

Ба фарҷоми гетӣ намонад ба кас.

Фирдавсӣ

Муҳтавои матлаби мухтасари мо дар робита ба масъалаи ҷанг аз нигоҳи иҷтимоӣ аз қарори зайл аст:

  1. Вожаи «ҷанг» маънои набард, пайкор, разм (ниг.: Соатчӣ М. Фарҳанги донишгоҳӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1371. -С. 496), ҷидолу қитол, корзор, ситеза, ҳарб (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. -С.1)-ро дошта, ҳамчун истилоҳи илмӣ дар шакли «полемология» (аз вожаи юнонии полемос — ҷанг ва логос — илм), яъне ҷангшиносӣ истеъмол мешавад. Ин калима (полемологияро)-ро нахустин маротиба соли 1946 донишманди урупоӣ Б. Гастон дар китоби «Сад миллион барда» пешниҳод намудааст (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. -С.1).
  2. Илмҳои ҷомеашиносӣ шаклҳо, ғалатҳо, натоиҷ ва амалкардаҳои ҷангро бо унвони як падидаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Донишмандон ба ҷанг зиёда аз сад таъриф пешниҳод намудаанд. Агар гуруҳе онро, ҷадале мусаллаҳона байни давлатҳо, ки дар куллияи равобити сулҳомез муаллақ шуда бошад… Амале зӯрмандона ҷиҳати иҷбори душман ба анҷоми хости тараф, қаламдод карда бошанд (ниг.: Масоилӣ М. Арфаӣ О. Ҷанг ва сулҳ. Теҳрон, 1371, -С. 4-6), иддае дигар ҷангро, нерумандтарин ва муассиртарин шакли тамоси тамаддунҳо… Навъе таҳаввули шитобон дар таърихи зиндагии инсонӣ таъриф додаанд.
  3. Дар адабиёт ва эҷодиёти шифоҳии тақрибан  тамоми   мардуми  дунё  ҷанг,  хунрезӣ   ва  қатлу ғорат  аз  ҷумлаи  махуфтарин  ва  палидтарин  балоҳои  мумкин  дар  радифи  зилзила, сел, тоун,  вабо,  қаҳтӣ  ва  билохира   тирагӣ  ва  ғалабаи    Шайтону  Аҳриман    маҳсуб  шуда, харобкунандаи  ҳар чизи зебо ва сарчашмаи ҳар бадию зиштӣ муаррифӣ шудааст. Андешаи сулҳи абадӣ ва оштии ҷовидонӣ аз дергоҳ — аз бомдоди фарҳанги башарӣ мардумро шефтаи худ гардонида, маҳз дар партави ин андеша, фалсафаи тӯда ё омма созмон дода шудааст (Нахҷувон А. Ҷанг. Теҳрон,  1317. -С.5).
  4. Адешаи ҷанг дар се давраи ташаккули тафаккури инсонӣ: асотирӣ, мазҳабӣ ва фалсафӣ таҳаввул пазируфтааст. Дар асотир қаҳрамонону паҳлавонон ба хотири озодию адолат меҷанганд (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. -С. 5-8) дар афкори мазҳабӣ (динӣ) ҷанг бо фармон ва машияти Худо ҳақиқат пайдо мекунад ва дар андешаи фалсафӣ ҷанг бо қотеътарин ваҷҳу далел маҳкум карда мешавад.
  5. Фалсафа ҳамчун илми огаҳӣ, ки дар раъси улуми иҷтимоӣ қарор дорад, ба ҷанг, ба ин падидаи иҷтимоӣ назари амиқ ва ҷиддӣ дорад. Ҷангро, ҳанӯз дар қадимтарин замонҳо андешамандони Эрон, Миср, Байнаннаҳрайн, Ҳинд ва Чини бостон амале сахт носавоб, бемоя, ғаразнок, аҳриманӣ хотирнишон сохта, онро «гарави тирагӣ ва заволи олами инсонӣ» сахт накӯҳиш кардаанд. Файласуфони Юнон Суқрот, Афлотун ва Арасту низ ҷангро ҳамчун як падидаи манфури иҷтимоӣ интиқод намуда, «нохудогоҳии иҷтимоӣ»-ро ба он вобаста медонанд. Фалсафаи даврони Эҳёи урупоӣ дар симои донишманди ҳоландӣ Эресм (1469 -1536) ва андешаманди франсавӣ Рабелис (1494-1553) ҷангро ба масобаи «ҳодиса ё рӯйдоди музҳиқ ва аблаҳона» нишон дода, бар хилофи афкори баъзе инҳирофандешон, ки ҷангро «амри қудсӣ» номида буданд, ҷанбаҳои муқаддаси онро бозситонидаанд. Фалсафаи маорифпарварии франсавӣ дар симои Волтер ба ҷанг ҷомеътарин назарро пешниҳод месозад. Ӯ гуфтааст: «Сад ҳазор аз ҳамнавъони девонаи мо сад ҳазор ҳайвони дасторбасари дигарро барои чанд ваҷаб хок мекушанд… Ин чанд ваҷаб хок ба касе, ба номи султон тааллуқ хоҳад гирифт» ( Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -С. 15). Фалсафаи ҷадид, ки намояндагони барҷастаи он Кант, Гегел, Шопенҳауэр, Нитше мебошанд, мафҳуми ҷангро дар партави «фалсафаи сулҳ» шарҳу тафсир дода, бар он таъқид мекунанд, ки «сулҳи доимӣ» метавонад андешаи ҷангро аз бунёд решакан созад.

Намояндагони бузурги фалсафаи муосир Жан Пол Сартр, Албер Камю, Мигел де Унамуна, Бертран Рассел, Мишел Пол Фуко таъқид мекунанд, ки «ҷанг бадбахтӣ ва мусибати бечунучарои башар» маҳсуб шуда, олами вуҷудро дар шахси инсон ба нестию нобудӣ мебарад. Ба ақидаи Сартр, «ҷанг — фалсафаи нестист ва ҳастро табъиду таҳдид мекунад».

  1. Таърихи инсонӣ ҷангҳои зиёдеро ёд дорад, ки бо селоби хуни башар анҷомида, шикасти ин ё он ҷомеаро сабаб гардидаанд. Машҳуртанин ҷангҳои таърихи башар, ҷангҳои салибӣ аз асри Х1 то Х1V идома ёфта, Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (1914-1918 ) ва Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ (1939 -1945) миллионҳо одамонро ба коми нестӣ кашида, ҷавомеи зиёдро мувоҷҷеҳи қаҳтию қашшоқӣ намудаанд. Танҳо дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки наздики ҳафт сол идома ёфт ва аз Шарқи Дур то Африқову Урупоро зери тасарруфи худ қарор дод, 70 миллион сарбоз ширкат варзида, 16 миллиони онҳо ҷони худро бохтанд. Илова бар ин, 18 миллион сокинони шаҳрҳо, аҳолии осоишта ва афроди ғайринизомӣ ба иллати ҷанг ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи ахбори дигар, Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Ҳамин тариқ, мувофиқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дар сади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дар сад мерасад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 225). Ба сухани дигар, дар ҷараёни ҷанҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот (фронт) мебошад (Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 226).

Мусаллам аст, ки асри ХХ ба унвони асри мудҳиштарин воқеот ва ҳаводис шинохта шудааст. Беҳуда нест, ки донишманди англис Колен Вилсон асри ХХ-ро «Асри девонаҳо» номида, ҷангҳои бемаъниро, ки ин асрро ба гирдоби бало мубтало сохтаанд, ба сиёсати ғаразнок марбут медонад. Маҷзуби дараҷаи аввали асри бистум Адолф Ҳитлер, ки сабабгори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гардида буд, дар китоби худ «Набарди ман» бо ифтихор мегӯяд: «Олмон бояд собиқаи ҳувият ва шахсияти иродаи худро ба дунё нишон бидиҳад» ( Ҳитлер А. Набарди ман. Теҳрон, 1373. -С. 506). Ҳитлер бо андешаи ғаразноку носолими худ Урупоро ба доми ҷангу хунрезӣ ва пас аз худ Олмонро ба кишвари фақир ва дармонда табдил дод. Ҷангҳои Якум ва Дуюми Ҷаҳонӣ бузургтарин мусибати асри бистум буда, оқибат ҷаҳонро ба беназмӣ ва қашшоқӣ мубтало кард.

  1. Ба ҷангу ҷидол инсони аз назари равонӣ носолим майлу рағбат дорад ва ҷангандешӣ заъфи равонӣ буда, инсонро ба фақри фикрӣ ва бемории асабоният гирифтор мекунад. Равоншиносонро ақида бар ин аст, ки инсони аз ҷиҳати равонӣ ва фикрӣ носолим тез-тез асабӣ шуда, ба ҷангу кашмакаш мувоҷҷеҳ мегардад. Тамоми ашхосе, ки дар раъси ҷангҳои ҷаҳонӣ қарор доштаанд, аз назари фикрӣ ва равонӣ бемор будаанд.
  2. Бузургтарин донишманд ва файласуфи асри ХХ Бертран Рассел ва Багван Шри Раҷниш Ошо мафҳуми ҷангро дар тарозуи манофеи иҷтимоӣ ва инсонӣ мавриди андозагирӣ қарор дода, инсони огоҳу хирадмандро ба набарди воқеӣ алайҳи зулму истибдоди дохилию хориҷӣ даъват намудаанд. Рассел то 86-солагӣ узви ифтихории Кумитаи Сулҳи Ҷаҳонӣ буда, барои сулҳу субот дар ҷаҳон ҷаҳду талошҳои фаровоне кардааст. Ӯ сиёсат ва назарияҳои ҷангҷӯёнаи онро сахт накӯҳиш намуда, барои муътадил нигоҳ доштани ҷаҳон, як ҳукумати воҳиди ҷаҳониро, ки тамоми силоҳҳоро таҳти назорати худ дошта бошад, зарур мешуморид ва ҳамзамон таъкид мекард, ки барои решакан намудани ҷангу сиёсат бояд фазои солими илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ созмон дода шавад.

Файласуфи шаҳири ҳиндӣ Ошо ба он эътимод дошт, ки сайёраи Замин дар се ҳазор сол, панҷ ҳазор ҷанги мудҳишро аз сар гузаронида, ки ин ҷангҳо боиси мусибату бадбахтии мардум гардидаанд (Ошо Р. О женщине. Москва:  ИД: Гелиос, 2003. -С. 118). Ба назари ӯ, зиндагии инсонӣ дар набарди воқеӣ бо зулму тааддӣ, нодонию ҷаҳолат ва сиёсату разолат ҳаққоният пайдо карда метавонад. Ошо масъалаи омода намудани инсони навро, ки аз дину сиёсати истибдодӣ дифоъ намесозад ва дар партави илм зиндагиашро созмон медиҳад, ба миён гузошт.

  1. Аз назари психологӣ, ба ҷанг метавон чунин таърифе мухтасар ва мушаххас ироа дод: «Ҳар мушкилии равонӣ, ки ба таври маънавӣ роҳи ҳал пайдо накард, дар шакли амалӣ ба сурати ҷанг ҳувайдо мегардад». Аз ин ҷост, ки ҷанг татбиқи амалии уқдаҳои равонии инсон дар замони мушаххаси таърихӣ аст.

Давлат ва ҷомеаҳои мутамаддин ҳама вақт муқобили ҷангу зӯрист. Ҷанг муҳимтарин мусибати ҷомеаи инсонист. Бар ин маъно шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Ҷалолуддини Балхӣ марги нестии зиндагиро дар ҷангҳо ва ҳастию будашро дар оштии зидҳо дида, фармуда буд:

Зиндагонӣ оштии зидҳост,

Марги он андар дарунаш ҷангҳост.

Чун дар арафаи Иди Ғалаба қарор дорем, тамоми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба хотири сулҳу амният ва озодию рифоҳи мардум алайҳи фашизми ҳитлерӣ сина сипар кардаанд, табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, сиҳатмандӣ, осудахотирӣ, умрдарозӣ ва хушнудию хушҳолӣ таманно мекунем.

Нозим Нурзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here