Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз 57-сола мешуду миёни фарзандону наберагон зиндагии хубу хушеро дар ихтиёр дошт. Аммо сад афсус, ҳамагӣ 19 сол дошт, ки тобуташро аз сафи хизмат дар Артиши шӯравӣ ба волидон баргардонданд. Марҳум Қудратулло Пӯстаков ҳамчун сарбози интернатсионалист дар ҷумҳурии Афғонистон хизмати ҳарбиро адо мекард. Номи ӯ ҳоло дар майдони ба номи Мироненкои шаҳри Душанбе, дар лавҳаи ёдгории шаҳидони ҷанги Афғонистон, дар қатори даҳҳо ҷавонони ғуррамарг ҳаккокӣ шудааст.

Марҳум Пӯстаков Қудратулло 23-юми январи соли 1966 дар деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда, ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаро хатм кард. Он замон мактаб дар деҳаи Сафедорон 8-сола буду хонандагон маҷбур буданд, ки ду синфи болоиро дар мактаби 10-солаи рақами 4, маркази колхози ба номи Держинский, деҳаи Турдишайх бихонанд. Ин мактаб аз деҳаи Сафедорон 2 км дур аст.

Қудратулло дар оила фарзанди дуюм ва миёни 4 хоҳар писари ягона буд. Пайвандон мегӯянд, ки марҳум мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кард. Азбаски аз хурдӣ орзуи ҳуқуқшинос шуданро дошт, ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ)  супурд. Мутаассифона, як баллаш камӣ карду Қудратулло аз мандат нагузашт.

-Он замон барои дохил шудан ба факултети ҳуқуқшиносӣ ба ҷавони дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизматкарда имтиёз медоданд. Аз ин рӯ, ҳарчанд ба яккаписарҳо хизмати аскарӣ ҳатмӣ набуд, аммо бародарам хост хизмати ватанро адо карда, боз ба ин факултет ҳуҷҷат супорад,- 40 сол қаблро ёд оварда мегӯяд хоҳари марҳум Қудратулло-Зулайхо Пӯстакова.

Ҳамин тавр, марҳум Пӯстаков Қ. 25-уми октябри соли 1984 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷи вилояти онвақтаи Қурғонтеппа ба сафи қувваҳои мусаллаҳи СССР сафарбар карда шуд. Пас аз тайёрӣ дар қисми омӯзишии ҳарбӣ, моҳи апрели соли 1985 ӯ ҳамчун разветчик-пулемётчӣ дар отряди таъиноти махсус ба давлати Афғонистон сафарбар шуд. Аммо бадбахтона, пас аз 4 моҳ, 15-уми июли соли 1985 дар муҳориба ба хотири наҷоти ҷони ҳамгуруҳонаш ба ҳалокат расид. Марҳум Қудратулло Пӯстаков пас аз марг бо Ордени Ситораи Сурх мукофотонида шудааст.

Ман ҳамчун ҳамдеҳа, ҳарчанд он замон 11 сол доштам, он рӯзи наҳсу даҳшатро, ки тобути чӯбини мехкӯбшудаи Қудратуллоро ба деҳа оварданд, дар ёд дорам: нолаву фиғони модари зор ва хоҳарони бечора замину осмонро ба ларза овард. Бобои Неъматулло, падари Қудратуллои ҷавонмарг ҷои нишастанашро намеёфт, чӣ кор карданашро намедонист, пеши чашмонашро сиёҳӣ пахш карда буд…

Модар – холаи Алифмоҳ ҳарчанд пойфишорӣ дошт, ки тобутро кушоянду ӯ рӯи писари ягонаи ҷавонмаргашро бубинад, аммо бобои Неъматулло намегузошт: ҷасад бӯй гирифта буду истодан дар наздикиҳояш  ғайриимкон. Новобаста аз ин ҳолат зану марди деҳа дар мотамхона ҷамъ буданд. Хонаводаи Қудратуллоро танҳо гузоштан намехостанд. Холаи Алифмоҳ он замон бовар надошт, ки дохили тобут писари яккаву ягонааш хобидааст…

Ҳамин тавр, бо гузашти 38 сол аз фоҷеа ҳоло ҳам модар бар он бовар аст, ки писараш рӯзе дари хонаашро мекӯшояд. “Ана, ман баргаштам, очаҷон”-гуфта модарро ба оғӯш мекашад, тамоми ғаму ранҷу дарди чилсола кашидаи ӯро аз дил мебарорад. Аммо ҳайҳот, дидор ба қиёмат монда будааст…

Солҳо гузаштанд, ман донишҷӯ шудаму ҳар бор, ки ба деҳа мерафтам, аз ҳолу аҳволи бобои Неъматулло хабар мегирифтам. Ӯ аз диданам шод мешуд. Мо дар ҳар мавзӯъ суҳбат мекардем. Аммо аз чашмони маҳзуни бобои Неъматулло маълум буд, ки ғами аз даст додани Қурдатуллои ягонаи ғуррамаргаш ӯро хеле озӯрдаву руҳафтода ва чашмонашро камнур кардааст. Бо ин вуҷуд, кӯшиш мекард ғамашро нишон надиҳад.

Замони дар мактаб таҳсил карданам ман сардори дружинаи пионерӣ будам. Дружинаро ба номи Қудратулло Пӯстаков номгузорӣ карданд. Ҳамчунин, ба хотири зинда нигоҳ доштани ному корнамоиҳои Қудратулло дар мактаби миёнаи рақами 20-и деҳа Музейи қаҳрамон ҳам ташкил гардид, ки аксҳои зиёди Қудратулло аз даврони мактабхонӣ бо ҳамсинфон ва замони хизмати аскарӣ бо ҳамсафон гирд оварда шуд. Кӯчаеро низ дар деҳа ба номаш гузоштанд. Аъзоёни дружина бо навбат ба оромгоҳи деҳа, ба сари қабри Қудратулло мерафтем ва ба ниҳолакони арча, ки он ҷо шинонда будем, об медодем, лавҳаи ёдгории Қудратуллоро, ки сари кӯчаи ба номаш гузошташуда бунёд карданд, назорат ва гулҳои атрофи онро нигоҳубин мекардем.

Хулоса, он замон барои гиромидошти ному корнамоиҳои Қудратуллои ҷавонмарг хеле амалҳои некро анҷом медодем. Бадбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ ва асароти он хеле арзишҳои инсониро аз байн бурд, бахусус, номи ин қаҳрамони ватанро. Дигар ёдбуди Қудратулло Пӯстаков на дар мактаб баргузор карда мешаваду на дар деҳа. Дар ноҳия бошад умуман аз вуҷуди чунин қаҳрамоне хабар надоранд ва ё вонамуд мекунанд, ки хабар надоранд. Ҳатто кор то ҷое расидааст, ки ному насаби Қудратулло дар Лавҳаи ёдгории сари кӯчаи ба номаш гузошташуда аз байн рафтаву касеро парвое нест. Ному ёди қаҳрамон- Қудратулло Пӯстаков гиромӣ боду манзили охираташ обод.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь